
19- уми декабр яке аз ҷавонони ватандӯсти кишвар пайрави асили сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷашни мавлуд доранд. Ба ин муносибат ба муҳтарам Раис мавлуди накуяшонро табрику таҳният гуфта, тамоми муваффақияту комёбиҳоро ба эшон таманно менамоем. Мо ҳама шоҳид аз он ҳастем, ки имрӯз бо иқдомҳои созандаи муҳтарам Рустами Эмомалӣ шаҳри Душанбе пешрафт намуда, дигаргуниҳои зиёде дар маркази пойтахт мушоҳида мешаванд. Пас бигзор ҳамеша дар кору боратон муввафақ бошеду, барои пешрафту ободонии кишвар боз ҳам корҳои бузургро ба анҷом расонед.
РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ
Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ.
19 декабри соли 1987 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.
Соли 2008 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳон, соли 2011 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисоси идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ ва соли 2014 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст.
Солҳои 2006-2009 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси сармутахассиси шӯъбаи ҳамкорӣ бо Созмони умумиҷаҳонии савдо фаъолият намудааст.
Аз моҳи апрели соли 2009 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи Сардори Раёсати дастгирии соҳибкорӣ кор карда, моҳи июни соли 2009 Сардори ин Раёсат таъин гардидааст.
Солҳои 2011-2012 дар вазифаи Сардори Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Аз соли 2012 то соли 2013 ба сифати Муовини Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Солҳои 2013-2015 Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 марти соли 2015 Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида то 12 январи соли 2017 дар ин вазифа фаъолият кардааст.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 январи соли 2017 иҷрокунандаи вазифа ва аз 4 апрели соли 2017 ба вазифаи Раиси шаҳри Душанбе таъин гардид.
Забонҳои русӣ, англисӣ ва олмониро медонад.
Бори дигар мавлуд муборак бошад муҳтарам Раис!
ОЛИМОНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО ВАЗИФАДОРАНД, КИ ДАР ИҶРОИ СЕ ҲАДАФИ СТРАТЕГИИ ДАВЛАТ – ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ, РАҲОӢ АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ ВА ҲИФЗИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ МАМЛАКАТ НАҚШИ ФАЪОЛОНА ДОШТА БОШАНД.
Навид
Categories
Ҳар як миллат арзишҳои ба худ хосро дорост ва миллатро аз рӯи арзишҳои доштааш дар арсаи ҷаҳонӣ медонанду мешиносанд. Хушбахтона миллати куҳанбунёди тоҷик аз қадим дорои расму русум ва арзишҳои миллии хеш ҳастанд, аз он ҷумла сару либоси миллӣ ин муаррифкунандаи миллат ва шахсият аст, миллати тоҷик бо бузургиву ғайрату матонати ба худ хос фарҳангу маданияту донишу арзишҳои худро ҳифз намуда, ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда тавонистаанд.
Имрӯз (06.03.2025) бонувони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба "Рӯзи модар" бо бабаркунии либосҳои миллии шинаму зебои тоҷикона аксияи "Тоҷикона мепушем" баргузор намуданд.
Ҳамзамон дар ҳошияи таҷлили "Рӯзи модар" бонувони мардумшиноси Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш намунаҳои либоси урфии бонувони тоҷикро аз минтақаҳои гуногуни кишвар муаррифӣ намуданд.
05 марти соли равон дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вохурии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон узви вобасти АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо олимони ҷавони муассисаҳои илмӣ - таҳқиқотӣ баргузор гардид.
Дар вохурӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт олимони ҷавонро дар руҳияи ватандӯстиву худшиносӣ ва хештаншиносӣ ҳидоят намуда, онҳоро барои ноил шудан ба дастовардҳои илмӣ ташвиқу тарғиб намуданд.
Таъкид гардид, ки имрӯзҳо таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати – миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи илм, махсусан олимони ҷавон равона гардидааст. Бинобар ин олимони ҷавонро зарур аст, ки донишҳои замони муосирро аз худ намуда, барои баланд бардоштани мақоми илми тоҷик дар дохил ва хориҷи кишвар саҳми арзишманди хешро гузоранд.
Дар чорабинӣ ба як қатор олимони ҷавон, ки дар курси хонишҳои сиёсии "Сарварони сиёсӣ" иштирок карданд Шаҳодатномаи хатми курси мазкур тақдим карда шуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар курси хонишҳои сиёсӣ 38 нафар олимони ҷавон фаъолона ширкат варзида, дар 13 дарсҳои ин курсҳо бо чеҳраҳои намоёни ҷумҳурӣ, ходимони давлатӣ ва академикҳо ва фаъолияти сиёсиву илмии онҳо ошно гардиданд.
Имрӯз (04.03.2025) бо ташаббуси шуъбаи фалсафаи иҷтимоии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ семинари илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Саҳми занон дар татбиқи Стратегияи рушди миллӣ” баргузор гардид.
Семинари илмиро директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ профессор Маҳмадизода Нозим Давлатмурод ифтитоҳ намуд.
Маърузаҳо аз ҷониби мудири шуъбаи фалсафаи иҷтимоӣ Абилзода Г.С. дар мавзуи “Ҳокимияти демократӣ-омили муҳимми ташаккули шахсияти зан” ва ходимони илмии шуъбаи фалсафаи иҷтимоӣ н.и.ф. Орифҷонова Н.Р. дар мавзуи “Саҳми занон дар чорчӯбаи татбиқи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон”; д.и.ф.Самиев Б.Ҷ. дар мавзуи “Модар олиҳаи ҳусн ва парвардаи зебоӣ” ва ходими хурди илмӣ Сафарова Б.Қ. дар мавзуи “Баланд гардидани мақоми занон дар замони соҳибистиқлолӣ” баромад намуданд.
Дар охири кори семинар як қатор бонувони фаъоли Институт аз ҷониби Иттифоқи касабаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ гардиданд.
МУЛОҚОТ БО ДИРЕКТОРИ ГЕНЕРАЛИИ ИНСТИТУТИ ЭКОЛОГИЯ ВА ГЕОГРАФИЯИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ХИТОЙ
04 марти соли равон мулоқоти президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо директори генералии Институти экология ва географияи Академияи илмҳои Хитой Чжан Яоминг баргузор гардид.
Дар мулоқот президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ташрифи меҳмононро ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, дар робита ба рушди дурнамои ҳамкорҳои илмӣ бо муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи илмҳои Хитой изҳори назар намуд.
Зимни мулоқот ба масъалаи баргузории конфронсу симпозиюмҳои сатҳи байналмилалӣ вобаста ба ҳалли мушкилотҳои глобалии сайёра, аз ҷумла эълон гардидани «Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» таваҷуҳи хоса равона гардида, ҷонибҳо барои баргузор намудани як конфронси сатҳи байналмилалӣ ба мувофиқа расиданд.
Дар мулоқот ҷонибҳо барои таъсиси озмоишгоҳи наву замонавӣ бо асбобу технологияҳои муосир дар заминаи Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе), ки бо дастгирии ҷониби Чин ба истифода дода мешавад ба мувофиқа омаданд.
Қарор аст, ки озмоишгоҳи нав дар Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ дар моҳи апрел бо иштироки ҷонибҳо мавриди истифода қарор дода шавад.
Кормандони илмии Институти зоология ва паразитологияи АМИТ, якҷоя бо намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ассотсиатсияи шикорчиёни Тоҷикистон ва намояндагони ширкатҳои шикорӣ дар ҳудуди ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин ва Дарвоз таҳқиқоти муштаракро ҷиҳати баҳисобгирии саршумори яке аз ҳайвоноти нодири Тоҷикистон бузи кӯҳии пармашох (морхур) гузаронида истодаанд.
Ҳамзамон дар рафти таҳқиқот дигар ҳайвоноти ваҳшии ин минтақаҳои баландкӯҳи Тоҷикистон мавриди омӯзиш қарор дода мешаванд.
БА ИСТИФОДА ДОДАНИ ОЗМОИШГОҲИ ЗАМОНАВӢ БО АСБОБУ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ МУОСИР ДАР ИНСТИТУТИ ФИЗИКА
03 марти соли равон бо ташаббуси роҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар заминаи Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умаров озмоишгоҳи спектроскопияи молекулавӣ бо асбобу технологияҳои муосир мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар маросими ифтитоҳи озмоишгоҳ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт олимону кормандон иштирок намуданд.
Таъсиси озмоишгоҳи нав бо дарназардошти зарурати рушди илмҳои табиӣ ва риёзӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардид, ки ин аз таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъмини рушд ва инкишофи устувори кишвар гувоҳӣ медиҳад.
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки чунин озмоишгоҳҳои наву замонавӣ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон солҳои тулонӣ харидорӣ нашуда буданд. Ва ин ҳама таъсиси озмоишгоҳҳои наву замонавӣ муҷҷаҳаз бо технологияҳои муосир аз натиҷаи заҳмату талошҳои президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушавахт шаҳодат медиҳад.
Пас аз аз фароҳам овардани шароити мусоид дар оянда олимон метавонанд дар ин озмоишгоҳ таҳқиқотҳои худро анҷом дода, ҳамзамон ба омӯзиши хусусиятҳои спектралӣ, динамикаи молекулавии растаниҳои полимерӣ ва доруворӣ бо усулҳои резонанси электронию паромагнитӣ, нишонаҳои спинӣ, инфрасурх бо таъсири омилҳои беруна яъне (экологӣ, география, радиатсионӣ ва ғайра) машғул шаванд.
Бояд гуфт, ки озмоишгоҳи нав бо 9 номгуи асбобу технологияҳои наву замонавӣ муҷаҳаз гардонида шуд.
Дар озмошигоҳ асбобу таҷҳизотҳои фуре спетрофотометр BK-UV1600C, спектрометр FTIR-990, калориметри дифференсиалии сканкунандаи DSC 300L, дастгоҳи электронии ченкунандаи зичӣ BK-DME 300S, таҷҳизоти гомогеникунанда баландсуръат KW-4A, таҷҳизоти сентрафуга MX-S, таҷҳизоти функсионалии ченкунандаи индуктивият, ғунҷоиш ва муқовимат TH2827C, печи баландҳарорати муфелии MX6-16TP, дастгоҳи ҳарротӣ барои коркарди металлҳо ва кристаллҳо муҷаҳаз гардонида шуданд.
Умуман, ҷиҳозонидани Озмоишгоҳ бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир имконият медиҳад, кормандони озмоишгоҳ таҳқиқотҳои худро дар ин самт анҷом дода ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд.
Бояд гуфт, ки дар баробари таҳқиқотҳои дар боло зикршуда кормандони озмоишгоҳ сохт ва таркиби макромолекулаҳои селюлозаи нахи пахтаро дар зинаҳои муайян омӯхта, таркиби монандии онҳоро дар вобастагӣ аз минтақаҳои гуногун барои растании солим ва носолим муайян намуданд. Ҳамзамон кормандони озмоишгоҳ барои табобати атрит, бемориҳои пӯст ва ғайра истифодаи лазерҳои камшидатро дар тибби ҷумҳурӣ ба роҳ монданд.
03 марти соли равон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Паём таҳти Раёсати президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо иштироки роҳбарони муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ машварати корӣ доир гардид.
Зимни ҷаласа президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт иброз дошт, ки дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба масъалаи таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таваҷҷуҳи хоса равона гардид.
Гуфта шуд, ки мо бояд базаи техникии муассисаҳои илмиро мустаҳкам намуда, барои олимону кормандон ва хусусан муҳаққиқони ҷавон шароити мусоиди корӣ фароҳам оварем.
Ҳамзамон бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ироаи Паём бо ташаббуси Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар заминаи Институти химия озмоишгоҳи наву замонавӣ бо асбобу технологияҳои муосир мавриди истифода қарор дода шуд.
Зимни ҷаласа таъкид гардид, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар санаи 30 майи соли 2024 масоили мубрами пайванди илм бо истеҳсолотро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани илм ва расидан ба натиҷаҳои илмии бозоргир ба муассисаҳои дахлдор аз ҷумла Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки яке аз тадбирҳои аввалиндараҷа ҷиҳати пайванди илм бо истеҳсолот ин таъсиси озмоишгоҳҳои наву замонавӣ бо техинкаву технологияҳои муосир дар пояи муассисаҳои илмӣ – таҳқиқотӣ ба ҳисоб меравад.
Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои пурра таъмин намудани заминаи модиву техникии муассисаҳои илмӣ, харидории озмоишгоҳҳои наву замонавӣ бо техникаву технологияҳои нав иқдомҳои муҳим рӯи кор омада истодаанд.
ИШТИРОК ДАР КОНФРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР ДОИРАИ ҲАФТАИ ИЛМИИ МАТЕМАТИКА БАХШИДА БА “БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ ДАР СОҲАИ ИЛМУ МАОРИФ”
Дар Литсейи барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе конфренсияи илмӣ-назариявӣ дар доираи ҳафтаи илмии математика бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” баргузор гадид, ки дар он директори Институти математика н.и.ф.м. Рахимзода А.О. ва ходими пешбари илмии Институти математика ва муаллифи китобҳои дарсии фаннҳои дақиқ Шарифзода А иштирок ва баромад намуданд.
Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Солҳои 2020 – 2040 – Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон гардидааст.
Олимону кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои дар амал татбиқ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ дода, дар ин самт як қатор корҳои муҳимро ба анҷом расонида истодаанд.
Имрӯз бо мақсади тақвияти корҳо дар ин самт бо дастуру пешниҳодҳои президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар конфренсия директори Инстиути математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ н.и.ф.м. Раҳимзода А.О. баромад намуда, оиди заҳмату ғамхориҳо барои пешрафти илмҳои табиӣ ва риёзӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардиданаш, ки ин таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъмини рушд ва инкишофи устувори кишвар гувоҳӣ медиҳад минатдорӣ баён намуданд.
Инчунин Раҳимзода А.О. аз номи Институт ба Литсейи барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе монография ва дастурамал барои ҳалли мисолу масъалаҳо тақдим намуданд.