
ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ ПРЕЗИДЕНТИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН, УЗВИ ВОБАСТАИ АМИТ ХУШВАХТЗОДА ҚОБИЛҶОН ХУШВАХТ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Ҳамватанони азиз! Муҳтарам генералҳо, афсарону сарбозон, собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Имрӯз мо дар остонаи яке аз муҳимтарин идҳои кишвар-Иди касбии муҳофизони далери Ватан-32-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, ки ба ин муносибат ҳамаи Шуморо табрику таҳният гуфта, бароятон баҳри мусоидат дар ҳифзи амнияту осоиштагии кишвари азизамон муваффақиятҳо ва дар тарбияи содиқонаю ватандӯстонаи ҷавонон баҳри иҷрои қарзи шаҳрвандӣ-хизмат ба Ватан-Модар комёбиҳои беназир таманно дорем. Маҳз, афсарони шуҷою далери Артиши миллии кишвар ҳастанд, ки дар ҳимояи амнияту оромии давлат ва якпорчагии кишвари соҳибистиқлолии мо тавассути матонату шуҷоат ва маҳорату кордонӣ, саъю талошҳои зиёд менамоянд.
Артиши миллии Тоҷикистон, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ ба шумор меравад, ҳамқадами соҳибистиқлолӣ ва зодаи Истиқлоли давлатӣ буда, бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи холӣ, аз сифр таъсис дода шуд.
Дар пайравӣ аз дастуру ҳидоятҳо ва илҳом аз корномаи беназири Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ афсарону сарбозон тавонистанд, ки мушкилиҳои оғози давлатдории навинро сарбаландона паси сар карда, дар як муддати кӯтоҳ ба яке аз қудратмандтарин қувваҳои мусаллаҳи минтақа табдил ёбанд.
Воқеан, ҳама гуна пешрафту гулгулшукуфоӣ дар партави сулҳу амният сурат мегирад ва хушбахтона ин саодат барои сарзамини мо таҳти роҳнамоии Пешвои муаззами миллат бо саъю талоши шабонарӯзӣ ва бедорхобиҳои афсарону сарбозони Артиши миллӣ ва дигар сохторҳои низомӣ таъмин гашта истодааст.
Вазъи имрӯзаи сиёсати геополитикии ҷаҳон, хатарҳои воқеии ба минтақа таҳдидкунанда, гаравидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, авҷи терроризму экстремизм дар сар то сари ҷаҳон имрӯзҳо зарурияти ба маротиб пурқувват намудани Артиши миллӣ ва мусоидати ҳамаҷонибаро дар тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстии ҷавонон тақозо менамояд. Сабақи таърихӣ гувоҳ аст, ки маҳз заъфи давлатдорӣ дар ҳамаи давру замонҳо аз надоштани омодагии ҷангӣ ва ба ин восита ба дасти аҷнабиён гузоштани рукни муҳими давлатдорӣ–артиши миллӣ будааст. Аз ин хотир, ҳар як афсари бонангу ори кишварро зарур аст, ки тарбияи ватандӯстии ҷавононро дар мадди аввал гузорад.
Тавре ки ба ҳамаи мо маълум аст, яке аз вазифаҳои муқаддаси шаҳрванд мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин - ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии мамлакат ба ҳисоб рафта давоми солҳои соҳибихтиёрӣ бо мақсади амалишавии вазифаи мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои муассир андешида шудаанд.
Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” санаи 29 январи соли 2021, таҳти рақами 1753 қабул карда шуд, ки он муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба иҷрои уҳдадории ҳатмии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбии шаҳрвандони Тоҷикистон танзим менамояд. Қонуни мазкур хизмати ҳатмии ҳарбиро барои донишҷӯён, аз ҷумла магистрантону докторантон ва хамткунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, ҳамзамон уҳдадории ҳатмии ҳарбиро барои онҳое, ки минбаъд хоҳиши ба кор даромадан дар мақомоти суд, прокуратура ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварро доранд, ба муддати як сол пешбинӣ намуд.
Ҳама ин кӯшишҳои Ҳукумати кишвар ҷиҳати ҳавасманд намудани ҷавонон барои ҳарчи бештар ҳимоя намудани марзу буми кишвар равона гарддааст.
Ҷашни садоқат ва ифтихори ватандорӣ муборак бошад, ҳомиёни далеру шуҷои Ватан!
ОЛИМОНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО ВАЗИФАДОРАНД, КИ ДАР ИҶРОИ СЕ ҲАДАФИ СТРАТЕГИИ ДАВЛАТ – ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ, РАҲОӢ АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ ВА ҲИФЗИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ МАМЛАКАТ НАҚШИ ФАЪОЛОНА ДОШТА БОШАНД.
Categories
Ташкилотҳои ибтидоии “Дипломат” -и КИИ “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар санаи 23 феврали 2025 дар қисми низомии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба “23 феврал - Рӯзи Артиши миллӣ” ҳамоиши ҳизбӣ-фарҳангӣ бо иштироки аскарону афсарон ва аъзои ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур таҳти сарварии Каримзода Нилуфар баргузор намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ дар қисми низомӣ раиси ТИ “Дипломат”-и ҲХДТ, директори Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ Рустам Ҳайдарзода, муовини директори ҳамин Институт Сангинзода Дониёр, сарходими илмии ҳамин Институт, муовини раиси КИИ “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар АМИТ Қурбонова Ширин ба иштирокчиёни ҳамоиш оид ба нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул ва таҳкими Артиши миллӣ мубодилаи афкор карданд.
Дар идома афсарону сарбозон ин қисми низомӣ бо “Сипоснома”и ҲХДТ ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гадиданд.
Санаи 21 - уми феврали соли 2025 дар Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида 23 феврал рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ доир гардид.
Директори Марказ Шерализода Н.Ш. чорабиниро ифтитоҳ намуда, дар мавзуи «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳарам Эмомалӣ Раҳмон бунёдгузори Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза намуданд.
Дар кори семинар инчунин ходими илмӣ Боқизода А., Қодиров Ҳ. оид ба масъалаҳои таъмини сулҳу суботи кишвар ва саҳми ҷавонон дар ҳифзи арзишҳои миллӣ баромад намуданд.
Имрӯзҳо маҳз бо сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши занону бонувон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар муҳим арзёби мегардад. Ҳукумати кишвар дар замони соҳибистиқлолӣ нақши занонро дар ҷомеа марҳила ба марҳила баланд бардошта, маҳз барои таҳсил ва фаъолияти онҳо дар ниҳодҳои гуногуни давлатӣ тамоми имкониятҳои мавҷударо фароҳам овардааст.
Дар заминаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Шурои занон ва бонувон фаъолият менамояд, ки занону бонувон дар ҳар давру замон бо масъулияти баланди ватанпарастӣ дар пешрафти соҳаи илми кишвар ва баланд бардошатни нуфузу эътибори кишвари Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ мусоидат хоҳанд кард. Бо ҳамин мақсад бо ташаббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар байни занону бонувони академия курси омӯзишии “Зан сарвар” таъсис дода шуда буд.
Шурӯъ аз лаҳзаи фаъолият дар ин курс аз тамоми ниҳодҳои илмӣ бонувон иштирок намуда, аз суҳбат бо бонувоне, ки дар ҳаёти сиёсии кишвар нақши устувор гузоштаанд баҳравар гардиданд.
Имрӯз (21.02.2025) зимни вохурии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо занону бонувон курси омӯзишии “Зан – сарвар” ҷамбаст гардид. Дар оғоз роҳбарияти академия қайд намуданд, ки таи солҳои Истиқлолият таҳти роҳбарии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлату Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон тавонист, ки ба беҳбудии вазъи занон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намояд. Ҳукумати кишвар бо назардошти воқеияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва хусусиятҳои фарҳангиву анъанавӣ шакли муайяни сиёсати беҳгардонии шароити занонро ба таври хоскор карда баромад. Сипас дар анҷоми вохурӣ зумрае аз занону бонувон бо Шаҳодатномаи хатми курси мазкур қадршиносӣ гардиданд.
РУНАМОИИ ШУРОИ ДИССЕРТАТСИОНӢ ДАР ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА, СИЁСАТШИНОСӢ ВА ҲУҚУҚИ БА НОМИ А. БАҲОВАДДИНОВИ АМИТ
Имрӯз дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ рунамои Шурои диссертатсионӣ 6D КОА – 089 баргузор гардид.
Нахуст директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ доктори илмҳои фалсафа, профессор Маҳмадизода Нозим Давлатмурод оид ба таъсиси Шурои мазкур баромад намуда, намояндаи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Мавзунаро барои иштирок дар рунамоии Шурои диссертатсионӣ изҳори сипос намуд.
Баъдан Каримзода Мавзуна фармоиши раиси Комиссияи олии аттестатсионӣ Давлатзода Сайфиддинро ба ҳозирин қироат намуда, барои фаъолияти Шурои диссертасионӣ барору комёбиҳо орзу намуд.
ҲАМОИШ. АРТИШИ МИЛЛӢ – СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
21 феврли соли равон дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 32- солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Артиши миллӣ – сипари боэътимоди соҳибистиқлолӣ ва ваҳдати миллии Тоҷикистон” ҳамоиши идона баргузор гардид.
Дар ҳамоши идона президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, олимону кормандон ва роҳбарони муассисаҳои илмӣ иштирок намуданд.
Дар оғоз президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳозиринро ба муносибати 32- солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, қайд кард, ки дар марҳилаҳои таърихии инкишофи худ Қувваҳои мусаллаҳи кишвар зина ба зина комилтар гардида, иқтидори муҳофизатиаш баҳри ҳифзи манфиатҳои давлату миллат боз ҳам афзуд. Шоистаи таъкид аст, ки дар ташкили Артиши миллӣ саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст.
Бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат дар як давраи хеле ҳассоси таърихӣ артиши пароканда ва номукаммал дар муддати кӯтоҳ ба як қувваи бузург табдил ёфт. Дар аввал баъзе аз гурӯҳҳои манфиатҷӯ, ки дар нооромии вазъи сиёсии кишвар ва ба вартаи нестшавӣ қарор гирифтани он саҳм доштанд, аз набудани Қувваҳои муссаллаҳ истифода бурда, аксаран ходимони давлатиро ба асорат бурданд. Мухолифини ҳукумат намегузоштанд, ки артиши миллӣ мукаммал шавад. Новобаста ба ин, ба Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид, ки дар барқарорсозии ин аркони муҳимми давлатдорӣ дар муддати кутоҳ муваффақ шавад.
Имрӯз Қувваҳои мусаллаҳи кишвар сипари боэътимоди давлат маҳсуб ёфта, сафи онро аксар ҷавонон ташкил медиҳанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадашон иброз менамоянд: «Ҷавонони мо дар рушди ҳама соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар саҳми арзишманд гузошта, нақши онҳо аз иштирок дар бунёди иншоотҳои азими кишвар то хизмати содиқона дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ, ҳифзи сарҳади давлатӣ, суботу оромии мамлакат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон арзандаи таҳсин ва боиси ифтихори ҳар яки мо мебошад».
Имрӯз мо – қишри зиёии ҷомеаро зарур аст, ки ҷавононро дар рӯҳияи меҳанпарастӣ, ҳифзи арзишҳои миллию давлатдорӣ тарбия намуда, дар баланд бардоштани сатҳи худшиносӣ ва худогоҳии онҳо саҳми муносиб гузорем. Маҳз иродаи боматонат ва қавии насли ояндасози кишвар омили дар дарозои таърих боқӣ мондани давлату миллати тоҷик шуда метавонад. Ҳизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар имрӯз боиси ифтихори насли ҷавон буда, бори дигар аз нақши барҷастаи ин қишри муҳимми ҷомеа дар ҳифзи манофеи миллӣ ва якпорчагии Ватан хабар медиҳад.
Бояд зикр намуд, ки ҳамасола ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар садҳо ҷавонон аз навоҳии мухталиф даъват гардида, дар қисмҳои ҳарбии манотиқи гуногуни давлат рисолати мардонагии хешро дар назди Ватан-Модар иҷро менамоянд. Дар давраи хизмати ҳарбӣ ҷавононро дар рӯҳияи меҳанпарастӣ, мардонагиву шуҷоат, қавииродагиву адолатгустарӣ тарбия намуда, ҷиҳати ҳифзу нигаҳдошти амнияти давлатӣ равона менамоянд.
Дар идома олимону кормандон маърузаҳои хешро доир ба таърихи таъсиси Артиши миллӣ моҳият ва хусусиятҳои он, рушду пешрафти он дар замони соҳибистиқлолӣ манзури ҳозирин намуданд. Дар фарҷоми ҳамоиши идона зумрае аз шахсиятҳое, ки дар тули фаъолияти худ дар барқарорсозии Артиши миллӣ ва дар ҳифзи марзу буми ватан ҷовидона хизмат намудаанд аз ҷониби Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон қадршиносӣ гардиданд.
МИЗИ МУДАВВАР “НАҚШИ ЗАНОНУ БОНУВОН ДАР АМАЛИГАРДОНИИ ҚАТЪНОМАИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД “СОЛИ 2025 – СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО”.
20 - уми феврали соли 2025 дар маҷлисгоҳи Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 -уми августи соли 2023, №407 мизи мудаввар дар мавзуи “Нақши занону бонувон дар амалигардонии қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” бо иштироки занону бонувони Маркази омӯзиши пиряхҳо ва Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ доир гардид.
Мизи мудавварро директори Марказ Шерализода Н.Ш. ифтитоҳ намуда, аз тавваҷуҳи махсуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати занону бонувон ёдовар шуданд. Аз ҷумла қайд гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани мақоми занону бонувон як қатор барномаҳои мақсадноки давлатиро қабул намудааст, ки бо амалишавии онҳо шумораи занону бонувон дар хизмати давлатӣ, илму маориф ва фарҳангу тандурустӣ нисбат ба даврони то соҳибистиқлолии кишвар маротибаҳо зиёд гардидааст.
Ин аст, ки нақши занону бонувон дар татбиқи ибтикорҳои байналмилалии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ муҳим арзёбӣ мегардад.
Зимни баромад иброз гардид, ки масъалаҳоии тағйирёбии иқлим, ҳифзи захираҳои об ва пиряхҳо дар меҳвари сиёсати хориҷии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Сипас занону бонувон дастовардҳои илмӣ ва нақшаи чорабиниҳоро ҷиҳати таҷлили сазовори конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо муаррифӣ намуда, лоиҳаи консепсияи иштироки занонро дар чорабиниҳои канории конфронси мазкур, ки санаи 29-31 майи соли ҷорӣ баргузор мегардад, муаррифӣ ва муҳокима намуданд.
РОБИТАИ ИЛМ БО ИСТЕҲСОЛОТ: ТЕХНОЛОГИЯҲОИ КОРКАРДШУДА, МУШКИЛОТИ ТАТБИҚ ВА ДУРНАМО
20 феврали соли равон дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Семинари илмии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи “Робитаи илм бо истеҳсолот: технологияҳои коркардшуда, мушкилоти татбиқ ва дурнамо” дар доираи амалисозии Нақшаи чорабиниҳои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, №263 тасдиқ шудааст, баргузор гардид.
Мақсад аз ташкили семинар муаррифӣ кардани он технологияҳо ва лоиҳаҳои инноватсионие мебошад, ки тибқи Нақшаи чорабиниҳои Стратегияи мазкур тайи солҳои 2021-2024 коркард ва барои татбиқ дар истеҳсолот пешниҳод шудаанд. Ҳамчунин муайян кардани роҳҳои минбаъдаи ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва корхонаҳои масъули татбиқи ин технологияҳо ҷиҳати дар истеҳсолот ҷорӣ намудани онҳо аз мақсадҳои дигари кори семинар мебошад.
Дар кори семинар президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, мудири Шуъбаи илм ва маорифи Раёсати илм, маориф ва маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдулло Қувватзода, намояндагони вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, энергетика ва захираҳои об, кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаҳои саноатию истеҳсолӣ, ноибони президенти АМИТ ва роҳбарони муассисаҳои илмию таҳқиқотии дахлдори АМИТ иштирок доштанд.
Дар кори семинар 12 технологияи коркардшуда ва 6 лоиҳаи инноватсионии татбиқшудаи олимони АМИТ, ҳамчунин 2 технологияи коркарду татбиқнамудаи олимони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, ки бо мақсади таъмини иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 коркарду татбиқ шуда, муаррифӣ карда шуданд.
Пас аз муаррифии технологияҳо ва лоиҳаҳои инноватсионӣ иштирокчиёни семинар аз кори анҷомёфта натиҷагирӣ карданд.
20 феврали соли равон дар ҳошияи баргузории Семинари илмии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи “Робитаи илм ва истеҳсолот: технологияҳои коркардшуда, мушкилоти татбиқ ва дурнамо” дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон намоиши дастовардҳои олимону кормандони Шуъбаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техникӣ баргузор гардид.
Дар ин намоиши дастовардҳо президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, мудири Шуъбаи илм ва маорифи Раёсати илм, маориф ва маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдулло Қувватзода, намояндагони вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, энергетика ва захираи об, кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишварзии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Зимни муаррифӣ мутахассисон аз Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе) МД Маркази пиряхшиносӣ, Институти масъалаҳои об, Институти ботаника, ва генетикаи растанӣ, Институти зоология, Институти геология доир ба натиҷаи дастоварду ихтирооти хеш маълумот манзур намуданд.
Гуфта шуд, ки олимону кормандони муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз натиҷаҳои илмю таҳқиқотӣ зиёда аз 30 патент ба даст овардаанд. Мақсад аз муаррифии ин дастовардҳо пайванди илм дар истеҳсолот буда, дар доираи амалисозии Нақшаи чорабиниҳои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, №263 тасдиқ шудааст, роҳандозӣ гардид.