Skip to main content

Зиёда аз 30 сол мешавад, ки панҷ кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ (Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон) ба истиқлолияти комил ноил гардидаанд. Ин ҳарчанд давраи аз ҷиҳати таърихӣ тӯлонӣ набошад ҳам, барои рушд додани ҳамкориҳои минтақавӣ ва ба вуҷуд овардани ҳамгироӣ муддати кифоя аст. Масалан, дар ҳамин муддат кишварҳое чун Ҷопон, Сингапур ва Чин тавонистанд падидаеро, ки «мӯъҷиза»-и Ҷопон, Сингапур ва Чин номида мешавад, ба ҳаёти иқтисодиву сиёсии ҷаҳон муаррифӣ кардаанд. Аз тарафи дигар, Аврупо дар тӯли 30 соле, ки ба ҳамгироии минтақавӣ шурӯъ карда буд, на танҳо ниҳодҳои асосии ҳамгироиро таъсис дод, балки эълом кард ва ба иттиҳоди сиёсӣ табдил ёфт. Раванди ҳамгироӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатии ҳар кадоми онҳо шурӯъ шудааст. Марҳилаи аввали талошҳо барои ҳамгироӣ дар доираи созмони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шурӯъ шуда, баъдан ин раванд хусусияти сирф минтақавӣ пайдо кардааст. Барои мисол, дар нишасти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ соли 1993 дар Ишқобод ва Тошкент аввалин кӯшишҳои ба вуҷуд овардани ҳамгироӣ миёни кишварҳои минтақа шурӯъ шуда, дар заминаи онҳо соли 1993 Иттиҳоди иқтисодии Осиёи Марказӣ таъсис ёфт, ки бо саъю кӯшиши ҷонибҳо ҳатто ба вуҷуд овардани бозори умумӣ оғоз гардид. Инчунин бояд гуфт, ки дар ин самт ҳудуди панҷоҳ лоиҳаи муштарак таҳия шуда буданд. Иттиҳоди иқтисодии Осиёи Марказӣ баъдан ба Созмони ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ табдил дода мешавад, ки як қадам аз ҳамгироии иқтисодӣ ба ҳамгироии сиёсӣ буд. Мутаассифона, то соли 2006 раванди ҳамгироӣ қатъ мегардад. Зеро Федератсияи Русия, як давлати тавоно, ки ба минтақа таъсири бевосита дошт ба узвияти Созмони ҳамкории Осиёи Марказӣ пазируфта мешавад ва дар натиҷа ин созмон обрӯи худро ҳамчун як ниҳоди сирф минтақавӣ аз даст медиҳад.

Пас аз танаффуси бештар аз даҳсола раванди мустақили ҳамгироӣ дубора дар минтақа шурӯъ гардид. Идеяи баргузории мулоқотҳои мунтазами машваратӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар соли 2017 зимни суханронии худ дар иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии СММ садо дода буд, ки минбаъд ба густариши муколамаҳо, ҳамкориҳои созанда ва таҳкими ҳамсоягии нек равона гардид, ки то имрӯз шаш ҷаласаи Мулоқотҳои машваратӣ баргузор гардидаанд. Дар ҷаласаи панҷуми машваратӣ, ки соли 2023 дар Душанбе баргузор шуд, Роҳбарони давлатҳо беш аз 70 ташаббуси навъҳои гуногунро эълон карданд, ки шумораи умумии онҳо ба 250 мерасад. Шоёни диққат аст, ки аксари онҳо аз ҷиҳати мақсаду вазифаҳо амалан ба ҳам мувофиқат мекунанд ё ба ҳамдигар ниҳоят наздиканд, ки ин барои пешравии якҷояи онҳо шароити мусоид фароҳам меоварад.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва мураккабшавии масоили сиёсати ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, кишварҳои минтақаҳо бо ҳам наздик мешаванд, то якҷоя посух диҳанд ва мавқеӣ ягона дошта бошанд. Ин раванд дар минтақаи Осиёи Марказӣ бо ду роҳ гузашта истодааст — ҳамкории минтақавӣ ва ҳамгироӣ. Гарчанде, ки ин ду истилоҳ ба ҳам наздик бошанд ҳам, дар асл ду равиши гуногун ба шумор мераванд, яъне ҳамгироӣ сатҳи баландтари якҷояшавӣ аст, ки бо муттаҳид шудани сиёсати иқтисодӣ ва ҳатто сиёсати хориҷӣ тавсиф мешавад. Барои мисол Иттиҳоди Аврупо намунаи барҷастаи он аст. Вақте ки ҳамгироии иқтисодӣ ба вуҷуд оварда шавад, пас ҳатман ҳамгироии сиёсӣ дар заминаи он шакл хоҳад гирифт. Тавонмандии иқтисодии кишварҳои минтақа барои ба вуҷуд овардани ҳамгироии иқтисодӣ басанда буда, танҳо механизмҳои ҳуқуқӣ, идорӣ ва модели хоси минтақавӣ бояд коркард карда шаванд. Таҷрибаи Иттиҳоди Аврупо чунин буд, ки аввал онҳо ҳамгироии иқтисодиро ба вуҷуд оварданд ва минбаъд дар заминаи он ҳамгироии сиёсӣ шакл гирифт.

Ҳамкории минтақавӣ бештар ба ҳамоҳангсозии фаъолиятҳо асос меёбад, вале истиқлолияти бештари кишварҳоро нигоҳ дошта, ҳамгироиро дуюм дараҷа мегардонад. Ба ин нигоҳ накарда бо омилҳои гуногун имрӯз давлатҳои Осиёи Марказӣ дар остонаи истиқлоли геополитикӣ қарор доранд ва дар он нақш ва мавқеи ҳамгироӣ хеле бориз ба шумор меравад. Баъдан, давлатҳои Осиёи Марказӣ дар остонаи табдил ёфтан аз объект ба субъекти геополитикӣ қарор дорад, ки масъулияти бештарро ин раванд аз кишварҳо талаб мекунад.

Истиқлоли геополитикӣ – мафҳумест, ки ба тавоноии як давлат, як минтақа дар интихоби озодонаи равиши сиёсати дохиливу хориҷиаш ишора мекунад, яъне бе зери фишор ва ё таъсири дигар давлатҳо ва қудратҳои сиёсӣ қарор мегирад. Ба ибораи дигар, истиқлоли геополитикӣ маънои онро дорад, ки давлат ва ё як минтақаи муайян ва ба ҳамгироии комил дастёфта метавонад, дар интихоби иттифоқчиён, шарикони сиёсӣ ва ҳамкории байналмилалӣ интихоби озод дошта бошад. Ҳамзамон ба роҳ мондани сиёсати хориҷии мустақилона дар асоси манфиатҳои миллӣ, бе дахолат ва таъсири қувваҳои беруна, ишғоли мавқеи хос дар масъалаҳои байналмилалӣ ва иштироки фаъол дар бартараф кардани хатарҳои воқеӣ ва эҳтимолии ҷаҳон низ аз нишонаҳои истиқлоли геополитикӣ маҳсуб меёбанд.

Барои давлатҳои Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон, истиқлоли геополитикӣ маънои доштани қобилияти мустақилона дар қабул кардани қарорҳо дар сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, бидун вобастагии шадид аз қудратҳои хориҷӣ мебошад. Аз тарафи дигар минтақа дар маркази манфиатҳои геополитикии қудратҳои бузург қарор гирифтааст, ки ба истиқлоли геополитикии минтақа таҳдид мекунад. Аммо талошҳои пайвастаи роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ барои ба вуҷуд овардани ҳамгироии мустақили “Панҷгонаи Осиёи Марказӣ” ва дастёбӣ ба истиқлоли геополитикии минтақа натиҷаҳои дилхоҳ дода истодааст, ки имрӯз нишонаҳои хосе мавҷуданд, ки аз истиқлоли геополитикии давлатҳои Осиёи Марказӣ хабар медиҳанд. Аз нуқтаи назари мо нишонаҳои истиқлоли геополитикии давлатҳои Осиёи Марказӣ чунинанд:

Аввалан, пешбурди ҳамкориҳои минтақавӣ дар доираи Мулоқотҳои машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи нишасту саммитҳои «С5+1» ва Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал боиси суръат пайдо кардани раванди ҳамгироӣ дар минтақа гардидааст. Баргузории Мулоқотҳои машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ барои тамоми минтақа рӯйдоди муҳиме буд, ки мунтазам ва ба як платформаи муассири муколамаи минтақавӣ дар сатҳи олӣ табдил ёфт. Ҷонибҳо ба хотири амиқтар кардани ҳамкориҳо дар арсаи сиёсӣ форуми вакилони парлумон, вохӯриҳои котибони Шӯроҳои амният, ташкили шаклҳои ҳамкории байнисоҳавӣ, платформаҳои муколамаи коршиносон ва ғайраро роҳандозӣ намуданд. Таҳкими ваҳдати минтақа низ ба рушди равобити ягонаи кишварҳои Осиёи Марказӣ барои эҷоди равобит бо давлатҳо ва қудратҳои ҷаҳонӣ, дар доираи формати муколамаи «Осиёи Марказӣ Плюс» мусоидат намуд. Айни замон чунин форматҳо аллакай бо 11 кишвари пешрафтаи ҷаҳон ва созмонҳои ҷаҳонӣ амал карда шуданд.

Кишварҳои минтақа дар доираи Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал фаъолона кор карда истодаанд ва инчунин барномаи минтақавии «Рӯзномаи сабз» барои Осиёи Марказиро, ки дар чаҳорчӯби мулоқотҳои машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Чолпон-Ата тасдиқ шудааст, роҳнамоӣ мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки дар таърихӣ 31-уми марти соли 2025 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд аввалин нишасти сетарафаи давлатҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон баргузор гардид. Нишасти мазкур аз лиҳози аҳамияти сиёсиву амниятӣ, падидаи таърихӣ буда, як қадами устувор дар раванди ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва пайки равшан аз истиқлоли геополитикӣ маҳсуб меёбад. Нишасти мазкур ба кулли мушкилоте, ки дар замони шӯравӣ боқӣ монда буд ва нофаҳмиҳое, ки дар солҳои соҳибистиқлолии се кишвар пайдо шуда буданд, нуқтаи хотимавӣ гузошт. Мутахассисон қайд мекунанд, ки нишасти Хуҷанд ба нест кардани стереотипҳо дар бораи водии Фарғона кӯмак мекунад ва дар соҳаҳои иқтисодӣ, амният, экология ва фарҳанг имкониятҳои нави лоиҳаҳои муштаракро мекушояд. Имзои Созишномаи ниҳоӣ дар бораи марзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, Созишнома «Дар бораи дӯстии абадӣ», ба кор даровардани хатти интиқоли барқи Датка-Суғд, ки системаҳои энергетикии Тоҷикистон ва Қирғизистонро мепайвандад, як гоми бузург барои ноил шудан ба истиқлоли геополитикӣ мебошад. Буҳрони Украина, Ховари Миёна ва мушкилиҳо дар самти ҳамлу нақли молу коло тариқи киштиҳо ва коҳиш ёфтани роҳҳои баҳрӣ имкони ба вуҷуд овардани роҳҳои алтернативӣ тариқи минтақаи Осиёи Марказӣ ба вуҷуд омадааст ва диққати қудратҳои минтақавӣ ва ҷаҳониро ба минтақаи Осиёи Марказӣ нигаронидааст. Ин як фурсати дигаре ба шумор меравад, ки аз он истифода бурда, истиқлоли геополитикиро тақвият бояд бахшид.

Баъдан, талош барои мувозинатсозии муносибатҳо бо қудратҳои минтақавию ҷаҳонӣ як ҷанбаи дигарест, ки дар давоми бештар аз сӣ соли истиқлоли давлатӣ, кишварҳои Осиёи Марказӣ тавонистанд, бо нигоҳ доштани истиқолият, таъмини амният ва рушди устувор ҳамчун як бозигари асосӣ дар миёни Шарқу Ғарб қарор гирифта, ин тамоюл аҳамияти геополитикӣ ва геостратегии минтақаро дар асри XXI хеле баланд бардошт. Ҳамаи кишварҳои минтақа сиёсатеро пеш гирифтанд, ки байни Русия, Чин, Амрико ва Аврупо мувозинат нигоҳ доранд. Сиёсати «дарҳои кушода» ва «мутавозин» бо тамоми давлатҳои сайёра натиҷаи дилхоҳ дода, мувозинатро бо тамоми кишварҳо ва қудратҳои минтақавию ҷаҳонӣ таъмин намуда истодааст. Сиёсати чандвекторӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар арсаи ҷаҳонӣ самараноктарин роҳбурди сиёсӣ собит шуда истодааст.

Дар шароити муосири ҷаҳонӣ, ки бо ноустувории геополитикӣ, рақобатҳои иқтисодӣ ва вобастагиҳои трансмиллӣ тавсиф меёбад, масоили худкифо будан дар бахшҳои муҳими стратегӣ ба яке аз масъалаҳои калидӣ барои ҳар як кишвари мустақил табдил ёфтааст. Худкифо шудан дар бахшҳои муҳими стратегӣ, яке аз ҳадафҳои асосии кишварҳои минтақа буда, талоши кам кардани вобастагии хориҷиро доранд. Худкифоӣ, яъне қобилияти кишвар ба истеҳсол ва таъмини эҳтиёҷоти аслии худ бидуни вобастагӣ аз захираҳои хориҷӣ, омили муҳими амнияти миллӣ ва рушди устувор маҳсуб мешавад. Худкифоӣ дар ин маврид маънои танҳо иқтисодӣ надорад, балки бештар ба тавоноии сиёсиву низомӣ, технологӣ ва иҷтимоӣ ишора мекунад. Талоши худкифо шудан дар бахшҳои муҳими стратегӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ на танҳо масъалаи рушди иқтисодӣ, балки амнияти миллӣ, истиқлолияти воқеӣ ва устувории дарозмуддат мебошад. Роҳ ба сӯйи худкифоӣ, гарчанде пурпечутоб бошад ҳам, бо назардошти манфиатҳои муштарак ва ҳамкории минтақавӣ, метавонад ба модели нави рушди Осиёи Марказӣ — модели боэътимод, устувор ва дарунсохт табдил ёбад.

Бо дарназардошти тамоюлҳои болозикр оиди истиқлоли геополотикӣ, рушди муассир ва босуръати ҳамгироии Осиёи Марказӣ вазифаҳои зерин бояд иҷро шаванд:

— аниқ муайян кардани моҳияти ҳамгироӣ, консепсияи он, модел, мазмун ва марҳалаҳои дигаргунсозиҳои иқтисодӣ ва ислоҳоти иҷтимоӣ;

– муттаҳидсозии заминаи қонунгузории ҳамгироӣ;

– рафъи монеаҳое, ки ҳаракати озоди молҳо, сармоя ва қувваи кории байни кишварҳоро маҳдуд мекунанд;

– эътирофи зарурати ҳамкории зич ва ҳамкориҳо ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати хориҷӣ;

– ҳифзи муштараки арзишҳои умумии ҳудудӣ, таърихӣ, динӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ;

– кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ба як ниҳоди молии муштарак ниёз доранд, ки бояд таъсис дода шавад;

Ба тариқи хулоса, метавон пешниҳод кард, ки Созмони ҳамкории Осиёи Марказӣ ҳамчун модели нави ҳамгироии кишварҳои минтақа бо барномаҳои ба рушди устувор ва асри XXI нигаронида шуда, бори дигар таъсис ва ба созмони сирф минтақавӣ табдил дода шавад. Ҳамзамон оинномаи созмон дар асоси манфиатҳои муштарак қабул гардида, ниҳодҳои созмон таъсис дода шаванд.

Нишасти сетарафаи Хуҷанд, бояд пайваста баргузор гардида, ба платформаи нави нишастҳои мустақили минтақавӣ табдил дода шавад ва дар солҳои оянда ба ин нишаст роҳбарони Қазоқистон ва Туркманистон низ даъват карда шаванд.

Шарифов Искандар Иброҳимович - ходими илмии шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ