Skip to main content

Ноибони президенти АМИТ

АМОНЗОДА ИЛҲОМ ТЕМУР
Noib-1
  Амонзода Илҳом Темур – доктори илмҳои техникӣ, профессор, 8 декабри соли 1970 дар оилаи зиёӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ (собиқ Куйбышев) вилояти Хатлон  таваллуд шудааст.
  Солҳои 1978-1988 дар мактаби миёнаи рақами №6 ба номи А.Рудакии ноҳияи мазкур таҳсил намуда, фаъолияти меҳнатиашро соли 1988 аз вазифаи челонгари Колонаи механиконидашудаи махсуси (СПМК-7) Вазорати мелиоратсияи РСС Тоҷикистон оғоз намудааст ва то августи соли 1989 дар он кору фаъолият намудааст.
  Соли 1989 ба Донишкадаи политехникии Фрунзе (Ҷумҳурии Қирғизистон) ба факултети Технологӣ дохил шуда то сентябри соли 1990 дар онҷо таҳсил намудааст. Соли 1990 ба Донишкадаи политехникии Тоҷикистон, факултети Механикию технологӣ, ихтисоси 1201- “Технологияи мошинсозӣ” интиқол  ёфта, онро соли 1994 бомувафақият хатм намудааст.
  Худи ҳамон сол, тибқи тақсимоти хатмкунандагони ҷавон дар кафедраи “Технологияи мошинсозӣ, дастгоҳҳо ва асбобҳои металбурӣ”-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба ҳайси ассистенти кафедра фаъолият кардааст.
Солҳои 1994-1998 дар вазифаи ассистенти кафедраи “Технологияи мошинсозӣ, дастгоҳҳо ва асбобҳои металбурӣ”-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ фаъолият кардааст.
Солҳои 1998-2001 дар  шӯъбаи рӯзонаи аспирантураи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ, кафедраи “Технологияи масолеҳҳои конструксионӣ” таҳсил намуда, рисолаи номзадиамро соли 2003 дар Шурои диссертатсионии Институти химияи ба номи В.И.Никитини Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя намуда, соҳиби дараҷаи “номзадии илмҳои техникӣ” гаштааст.
Солҳои 2001-2002 ҳамчун муаллими калони кафедраи “Технологияи мошинсозӣ, дастгоҳҳо ва асбобҳои металбурӣ”-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ фаъолият намудааст.
Соли 2002 ба вазифаи Мудири шуъбаи таълими Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ таъин шуда то соли 2003  фаъолият кардааст.
Соли 2003 ба тариқи гузариш ба вазифаи Сардори Идораи таълимию методии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ гузаронида шуда дар ин вазифа то соли 2008 кору фаъолият нкардааст.
Аз ноябри соли 2008 дар вазифаи Муовини аввали ректор, Муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ фаъолиятро оғоз намуда, то июли соли 2011 дар ин вазифа кору фаъолият намудааст.
Аз июли соли соли 2011 то ноябри соли 2013 ба тариқи гузариш ба вазифаи декани факултети Механикию технологии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ гузаронида шуда адои вазифа намудааст.
Аз моҳи ноябри соли 2013 ба вазифаи Сардори Идораи таълимию методӣ ва аз августи соли 2014 ба вазифаи Муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ гузаронида шуда, то июли соли 2016 кору фаъолият намудааст.
Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №305 аз 11-уми июли соли 2016 ба вазифаи ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон таъин гардида, то санаи 29 феврали соли 2024 фаъолият намудааст.
Аз моҳи майи соли 2024 ба вазифаи и.в. ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон раиси Шуъбаи илмҳои физикаву математика, химия, геология ва техникии Академияи миллии илмҳои Тоҷкистон таъин гардидааст.
Рисолаи докториашро соли 2020 дар Шурои диссертатсионии назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ҳимоя намудааст.
Аз соли 2020 Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муовини Раиси Кумита оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо маҷлиси намояндагон, Ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байни парламентӣ мебошам.
Узви вобастаи Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бо Медали Хизмати шоиста (2021), Медали “Совет федерации. 25 лет» (2022), Медали «За укрепление парламентского сотрудничества в ОДКБ» (2022) ва ғ. (дар умум 7адад)
Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2006), Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2016).
Муаллифи зиеда аз 140 монография, китобу дастурҳои таълимию методӣ, мақолаҳои илмӣ, фишурдаи баромадҳои конференсиҳоя сатҳҳои гуногун ва инчунин 9 патенти хурд ва Авруосиё мебошад.
Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.
САЛОМИЁН МУҲАММАДДОВУД ҚАЮМ
2Саломиён Муҳаммаддовуд Қаюм – доктори илмҳои филология, профессор, 12 феврали соли 1967 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 1984 мактаби миёнаро хатм намуда, солҳои 1985-1987 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шуравӣ хидмати ҳарбӣ кардааст. Соли 1985 ба факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 1992 бо гирифтани ихтисоси филолог. муаллими забон ва адабиёти тоҷик хатм мекунад.
Муҳаммаддовуд Саломиён солҳои 1992-1993 ба ҳайси муҳаққиқи коромӯзи кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва солҳои 1993-1995 дар аспиранти рӯзонаи ҳамин Донишгоҳ таҳсил кардааст.
Соли 1995 ӯ ҳамчун ассистент дар кафедраи таърихи забон ва типологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба фаъолияти омӯзгорӣ шуруъ мекунад. М. Саломиён солҳои 2001-2004 дар вазифаҳои муовини декани факултети филологияи тоҷик оид ба таълим, солҳои 2004-2008 мудири кафедраи таърихи забон ва типологияи ДМТ, солҳои 2008-2013 декани факултети филологияи тоҷики ДМТ кор кардааст.  Аз соли 2013 то соли 2018 дар вазифаи дотсенти кафедраи таърихи забон ва типология фаъолият карда, солҳои 2018-2019 мудири кафедраи таърихи забон ва типология интихоб мешавад.
Муҳаммаддовуд Саломиён солҳои 2019-2020 дар вазифаи директори Пажуҳишгоҳи рушди маорифи ба номи Абдурраҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон кор кардааст.
Аз моҳи январи соли 2020 то моҳи феврали соли 2022 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мегардад.  Солҳои 2022-2024 фаъолияти кории худро ба ҳайси президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон идома медиҳад.
М. Саломиён баррандаи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Ӯ дар омода кардани мутахассисони соҳаи маориф ва кадрҳои илмию омӯзгорӣ саҳми арзанда дорад. Бо роҳбарии ӯ даҳ нафар унвонҷӯён рисолаҳои илмии худро дифоъ карда, сазовори дараҷаҳои илмии номзад ва доктори илмҳои филология шудаанд. М. Саломиён муаллифи 4 монография, 5 китоби дарсӣ ва зиёда аз сад мақолаи илмию методӣ ва оммавӣ мебошад.
Аз моҳи майи соли 2024 иҷрокунандаи вазифаи ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошад.
Оиладор, соҳиби чор фарзанд аст.
МИРЗОРАҲИМЗОДА АКОБИР КАРИМ
1Мирзораҳимзода Акобир Карим соли таваллудаш 1963, миллаташ тоҷик, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон. Соли 1985 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленинро бо ихтисоси биохимия бо баҳои хубу аъло хатм намуд.
Баъди хатми Шуъбаи ғоибонаи аспирантура, соли 1991 ба ҳайси ходими хурди илмии гурӯҳи илмии кафедраи физиологияи растаниҳои факултети биология ба кор қабул шуда, сипас дар вазифаи ходими илмии озмоишгоҳи «Ферменталогия»-и кафедраи физиологияи растаниҳои факултети биология, баъдан ходими калони илмии озмоишгоҳи мазкур кору фаъолият намуд. Аз моҳи августи соли 1994 то моҳи декабри соли 2008 дар вазифаи муовини декан оид ба корҳои таълимии факултети биология дар Шуъбаи рӯзона ва ғоибонаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият намуд.
Соли 1992 таҳти роҳбарии докторони илмҳои биология, профессорон М.А. Бобоҷонова ва Қ.А. Алиев рисолаи номзадиро дифоъ намуд. Солҳои 1995-2009 дар вазифаи иҷрокунандаи дотсент, баъдан тариқи озмун ҳамчун дотсенти кафедраи физиологияи растаниҳои факултети биология фаъолият намуд. Солҳои 2008 то 2015 Мирзораҳимзода Акобир Карим дар вазифаи декани факултети биология фаъолият намуда, моҳи январи соли 2012 рисолаи докториро аз рӯйи ихтисоси «биохимия» дифоъ намуд.
Соли 2015 бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи директори Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н.Павловский ва соли 2016-2019 директори Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъин гардидаст.
Мирзораҳимзода Акобир Карим дар иҷрои нақшаи корҳои илмӣ-таҳқиқотии донишгоҳ ва Институтҳои илмӣ-тадқиқотӣ фаъолона иштирок дошта, муаллифи зиёда аз 160 мақолаҳои илмӣ, 1 монография, 7 дастури таълимӣ, 5 китоби дарсӣ ва як патент мебошад. Таҳти роҳбарии он 5 унвонҷӯй корҳои илмӣ бурда, як нафарашон химоя намуда, ду нафари дигар дар арафаи ҳимоя мебошанд.
Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо Ифтихорномаҳои Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва мукофотҳои молиявӣ қадрдонӣ шудааст.
Хизматҳои пурсамару бисёрсолаи Мирзораҳимзода Акобир Каримро дар соҳаи маорифи кишвар, иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, тайёр намудани дастурҳои таълимию методӣ ва китобҳои дарсӣ, иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ ба инобат гирифта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯро барои мушарраф гардидан ба медали «Хизмати шоиста», соли 2008 “Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва соли 2021 бо нишони сарисинагии ҷашни 90-солагии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ сазовор донистанд.
Аз 25.04.2019 то 24.06.2022 дар вазифаи муовини ректор оид ба корҳои илмии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ бо муваффақият фаълолият намуд.
Аз 26.06.2022 то 14.05.24 дар вазифаи декани факултети биологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ кору фаъолият намуд.
Аз 14.05.2024 то ҳол бо Қарори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ҳайси и.в. Ноиби президент - Раиси Шуъбаи илмҳои биологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон кор ва фаъолият карда истодааст.
Оиладор, соҳиби 4 фарзанд мебошад
ИБОДЗОДА САИДМУҚИМ ТИЛЛОХӮҶА
2Ибодзода Саидмуқим Тиллохӯҷа 1 – уми декабри соли 1971 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Соли 1990 ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дохил шуда, соли 1996 донишгоҳи мазкурро аз рӯи ихтисоси кори табобатӣ бо дипломи аъло хатм намудааст.
Аз соли 1996 то 1998 дар кафедраи ҷарроҳии умумии №1-и донишгоҳи номбурда, дар базаи БКШ №5 ба номи академик К.Т. Тоҷиев марҳилаи ординатураи клиникиро гузашта, солҳои 1998-2001 дар шуъбаи рӯзонаи аспирантураи кафедраи мазкур таҳсили худро идома додааст. Ибодзода С.Т. ҳанӯз дар давраи донишҷӯӣ ба тариқи ҳамкор ба ҳайси лаборант дар кафедраи анатомияи одами ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино фаъолият намудааст.
Ибодзода С.Т. дар вазифаҳои зерин кор кардааст: ассистенти кафедраи анатомияи нормалии ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино (1996-2006), дотсенти кафедраи анатомияи нормалии ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино (2006– 2007), мудири кафедраи анатомияи патологии ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино (2007-2011), мудири кафедраи анатомияи одам ва забони лотинии ба номи Я.А. Раҳимови ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино (2011-2016), муовини ректор оид ба илм ва нашрияи ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино (2016-2018), муовини ректор оид ба корҳои таълимию методии МДТ “ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино (2018-2024), аз 14 майи соли 2024 ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, раиси шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фарматсевтӣ.
Ибодзода С.Т. 10 – уми сентябри соли 2004 аз рӯйи ихтисоси ҷарроҳӣ рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Ҷарроҳии стенозҳои пилородуоденалӣ бо дарназардошти ҳеликобактерия» (“Хирургическое лечение язвенных пилородуоденальных стенозов с учетом хеликобактериоза”)  ва 7 – уми декабри соли 2010 дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Руссия рисолаи докториро дар мавзӯи «Тавсифи сохтор ва морфогенези ғадудҳои лимфатикии рӯдаи дувоздаҳангуштаи одам дар давраи постнаталӣ» (“Структурные характеристики желизистого и лимфоидного аппаратов двенадцатиперстной кишки человека и в эксперименте у крыс при действии холода и в условиях высокогорья (анатомо – экспериментальное исследование)” дифоъ кардааст.
Ибодзода С.Т. муаллифи зиёда аз 170 корҳои нашргардида, аз ҷумла 15 китоби дарсӣ, 7 дастури таълимӣ, 20 корҳои таълимӣ – методӣ, 1 монография, 3 патент, 4 пешниҳоди беҳсозӣ мебошад.
Таҳти роҳбарии ӯ 2 рисолаи номзадӣ ҳимоя гардида, 1 рисолаи номзадӣ пешдифоъ гардида ва як рисолаи докторӣ тасдиқ шуда, дар арафаи ҳимоя қарор доранд.
Ибодзода С.Т. аз соли 2010 аъзои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон буда, ҳамчунин, аъзои Шурои таҳририяи маҷаллаи илмӣ - амалии “Паёми тиббии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон”, “Паёми Сино” ва “Авҷи Зуҳал”  мебошад.
Хизматҳои шоистаи Ибодзода С.Т. бо Ҷоизаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба номи академик Е.Н. Павловский (2023), Ордени Шараф дараҷаи II, (2022), медали ҷашнии "25 солагии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон", (2019), медали ҷашнии "25 - солагии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, (2019), "Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон", (2018), "Аълочии тандурустии Тоҷикистон", (2017), медали Хизматҳо дар нигаҳдории тандурустӣ, (2017), медали Иттиҳоди собикадорони Афғонистони Русия, (2017) кадр гардидаанд
Оиладор, соҳиби 6 фарзанд мебошад.