Skip to main content

Норасоии неруи барқ имрӯз мушкилоти як ва ё якчанд кишвари алоҳида набуда, он ба як падидаи сатҳи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Ин мушкилот на танҳо дар кишварҳои олами сеюм, ҳатто дар миқдори зиёди давлатҳои пешрафта низ ба назар мерасад. Аз ҷумла, тибқи омори охирин дар ин самт ибтидо аз соли 2023 чунин кишварҳо дар даҳгонаи пеши давлатҳое қарор доранд, ки дар онҳо норасоии барқ мушоҳида мешавад:

1. Чин (норасоӣ - 32,6 млн. квт.).

2. Ҷопон (- 14,5 млн. квт.).

3. Ҳиндустон (-14,3 млн. квт.).

4. Кореяи ҷанубӣ (- 9,8 млн. квт.).

5. Олмон (- 7,6 млн. квт.).

6. Италия (- 4,4 млн. квт.).

7. Туркия (- 4,4 млн. квт.).

8. Фаронса (- 4,2 млн. квт.).

9. Испания (- 3,4 млн. квт.).

10. Таиланд (- 2,9 млн. квт.).

Ҳамзамон, ба қатори дигар кишварҳои вобаста аз неруи барқ Нидерландия (норасоӣ - 2,4 млн. квт.), Вйетнам (норасоӣ - 2,0 млн. квт.), Белгия (норасоӣ - 1,9 млн. квт.) ва Полшаро (норасоӣ -1,9 млн. квт.) ворид сохтаанд.

Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, дар қитъаҳои гуногуни олам кишварҳое низ ҳастанд, ки мутаассифона, давлатҳои камтаъмин бо барқ ҳисобида шуда, фоизи хеле ками аҳолии онҳо ба ин неру дастрасӣ дорад. Ба ин кишварҳо Судони Ҷанубӣ (8,4 % аҳолӣ бо барқ таъмин аст), Бурунди (10,3% аҳолӣ), Чад (11,7% аҳолӣ), Малави (14% аҳолӣ), Ҷумҳурии Африқои Марказӣ (15,7% аҳолӣ), Ҷумҳурии Демократии Конго (21,5% аҳолӣ), Сйерра-Леоне (29,4% аҳолӣ) ва ғайра дохиланд.

Боиси таассуф аст, ки имрӯз дар Осиёи Марказӣ низ норасоии неруи барқ ба мушкилоти доғи рӯз табдил ёфтааст. Барои мисол метавон таъкид намуд, ки аз соли 2022 инҷониб масъалаи норасоии неруи барқ дар Ҷумҳурии Қазоқистон торафт зиёдтар шуда истодааст. Дар ин давра норасоии неруи барқ дар ин кишвар дар давоми 8 моҳ - дар моҳҳои январ, май, июн, июл, август, сентябр, ноябр ва декабр ба қайд гирифта шуда, дар маҷмуъ, тибқи маълумоти мавҷуда истеҳсоли неруи барқ 112,86 млрд. квт. соатро ташкил додааст, ки нисбат ба солҳои гузашта тахминан 1,5% камтар аст.

Дар кишвари дӯсту ҳамсоя - Ҷумҳурии Қирғизистон низ дар фасли зимистон барои кам кардани истеъмол барқро қатъ мекунанд, зеро дар кишвар иқтидори зарурӣ барои истеҳсоли миқдори зарурии барқ ҳоло вуҷуд надорад. Барои гузаштан аз давраи тирамоҳу зимистон ба Ҷумҳурии Қирғизистон тахминан 16,5 млрд. кВт. соат неруи барқ лозим аст, ки ин кишвар танҳо тақрибан 13,4 млрд. квт. соати онро истеҳсол карда метавонад.

Дар солҳои охир дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон вазъ ба ҳамин монанд аст: сатҳи норасоии неруи барқ дар кишвар қариб ҳамарӯза зарурати барои чанд соат қатъ намудани интиқоли барқро ба вуҷуд меорад. Дар ин кишвари бародару ҳамсоя норасоии неруи барқ тахминан дар ҳаҷми истеъмоли ҳаррӯзаи 1820 млн. квт. соат мушоҳида мешавад.

Тавре, ки аз таҳлили омори мавҷуда аз манбаъҳои кушодаю дастрас бармеояд, норасоии неруи барқ имрӯз ба мушкилоти сатҳи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст, ки сабаби асосии он табиӣ - тағйироти иқлим ба ҳисоб меравад. Вале эътимоди комил дорем, ки инсоният имрӯз ба пешрафтатарин дастовардҳои илм дар соҳаи энергетика мусаллаҳ буда, қобил аст, ки дастаҷамъона барои ҳифзи табиат мубориза кунад ва омилҳои норасоии ҳама гуна навъҳои неруро аз миён барад. Дар кишвари мо низ бо болоравии сатҳи маърифати аҳолӣ дар истифодаи барқ ва бунёди комили НОБ-и Роғун, ки дар асоси технологияҳои навтарини ҷаҳонӣ сохта шуда истодааст, ин мушкилот дар солҳои наздиктарин ҳаллу фасли ниҳоии худро пайдо мекунад.

Хуршед Зиёӣ - доктори илмҳои фалсафа, профессор