«Тоҷикистон, ки 93 фоизи масоҳати онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, бо чунин шароити мураккаби ҷуғрофӣ яке аз осебпазиртарин кишварҳои дунё дар раванди тағйирёбии иқлим ба шумор меравад. Пиряхҳои мо бошиддат об шуда, захираҳои об рӯз ба рӯз маҳдуд гардида истодаанд, селу обхезӣ, хушксолӣ ва дигар падидаҳои гидрометеорологӣ пай дар пай афзоиш ёфта, ҳамасола ба иқтисодиёти кишвар хисороти зиёд ворид менамоянд ва ба ин васила ба саъю талошҳои мо ҷиҳати дастрасӣ ба рушди устувор монеа эҷод мекунанд».
Эмомалӣ РАҲМОН
Тавре, ки аз тариқи расонаҳо хуб огоҳӣ дорем, зимни суханронии пурмуҳтавои худ дар рафти баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба масъалаи ҷамъбасти раванди татбиқи амалии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015 Сарвари давлати тоҷикон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи 9-уми июни соли 2015 аз он ҷумла, иброз дошта буданд, ки мушоҳидаҳои 60 соли охир гувоҳӣ аз он медиҳанд, ки ҳарорати миёнаи солонаи ҳаво дар кишвар ба андозаи 0,5 то 1 дараҷа баланд шудааст. Дар натиҷаи ин падида дар мавзеъҳои баландкӯҳи кишвар пиряхҳо ва боришоти сахти атмосферӣ босуръат об шуда, ҳамзамон боиси нест шудани зиёда аз ҳазор пирях гардидааст.
Тибқи арзёбии коршиносон, чунин раванди номатлуб ва инчунин хавфнок дар дурнамои миёна ва дарозмӯҳлат метавонад, ки ба кам шудани ҳаҷми оби дарёҳо боис гардад, ки ин раванд на танҳо барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки барои тамоми минтақа хоҳ - нохоҳ пайомадҳои ногувору хатарноки худро дорад.
Агар ҳар кадоми мо аз нигоҳи илмӣ ифода намоем, айни замон дар ҳудуди кишварамон беш аз 10 ҳазор пиряхи хурду бузург мавҷуданд, ки масоҳаташон ба 11 146 км² баробар аст ва ин нишондиҳанда 8%-и ҳудуди кишварро дар бар мегирад. Тавре медонем пиряхҳо асосан дар Помири Шимолию Ғарбӣ ва ҳудуди кӯҳҳои Ҳисору Олой дар баландиҳои 3000 -3500 то баландиҳои 3500 - 5300 метр аз сатҳи баҳр ҷой гирифтаанд.
Ҳамин тавр, захираи умумии ях дар пиряхҳои кишвар ба 845км³ баробар буда, пиряхҳои хурд бо масоҳати 1 км² танҳо 20%-и шумораи умумии пиряхҳои кишварро ташкил менамоянд, вале 85%-и ҳаҷми ях дар онҳо мутамарказ гардидааст. Дар пиряхҳои Тоҷикистон 456,9 км³ об захира шуда, соле ин пиряхҳо ба дарёҳо 61,8 км³ об медиҳанд.
Тибқи мавқеи орографӣ (кӯҳшиносӣ) ва омилҳои иқлимӣ назар афканем Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Осиёи Марказӣ яке аз бузургтарин минтақаҳои яхбандии замони муосир ба ҳисоб меравад. Зеро пиряхҳои ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтарин манбаи обҳои нӯшокии Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбанд.
Ҳифзи пиряхҳо на танҳо вазифаи экологӣ, балки масъулияти ахлоқӣ ва иҷтимоӣ барои наслҳои имрӯз ва оянда мебошад. Азбаски пиряхҳо нишонаи возеҳи тағйирёбии иқлим мебошанд, ҳифзи онҳо маънои мубориза бурдан бар зидди ифлосшавии муҳити зист, кам кардани партовҳои карбон ва нигоҳдории мувозинати табиии сайёраро дорад. Аз ин рӯ, дар давраи солҳои соҳибистиқлолӣ маҳз бо ибтикори Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳифзи муҳити зист ва муҳофизати пиряхҳо таваҷҷуҳи бештар равона гардид.
Бар замми ин гуфтаҳо ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт, ки роҳандозӣ гардиданд, аз ҷониби созмонҳои байналхалқӣ ҳам бо ҷонибдории зиёде қабул ва мавриди амал қарор дода мешаванд. Чунки пешниҳодҳои Тоҷикистон дар мавриди оби тоза чандин сол боз дар кишварҳои зиёде амалӣ шуда истодаанд, ки дар ҳифзи табиат, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити сайёра саҳми беандоза муҳимро мебозанд. Зеро ҳар як қатраи обе, ки аз пиряхҳо ҷорӣ мешавад, барои зиндагии миллионҳо нафар инсонҳо, ҳосилнокии заминҳои кишоварзӣ ва устувории экосистемаҳо аҳаммияти бузурги худро дорад.
Тавре маълум аст, нахустин маротиба масъалаи омӯзиши пиряхҳои ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи олимону сайёҳони маъруфи рус А. П. Федченко, В. Ф. Ошанин, И. В. Мушкетов ва дигарон иртибот дорад. Таҳқиқоти васеъ ва доманадори пиряхҳо ва тамоми сарватҳои табиии ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи экспедитсияи Тоҷику Помир (солҳои 1928 - 1932) бевосита пайваст мебошад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пиряхҳо асосан дар баландкӯҳҳои Помир ва кӯҳистони Ҳисор воқеъ гардидаанд. Бештари пиряхҳо дар баландиҳои аз 3000- то 5300 метр аз сатҳ баҳр ҷой гирифтаанд. Захираи обии пиряхҳои кишварамон 456,9 километри мукааб обро ташкил дода, дар як сол аз ин пиряхҳо ба дарёҳо 61,8 километри мукааб об ҷорӣ мешавад. Дарёҳои калонтарини Тоҷикистон (Аму, Сир, Панҷ, Зарафшон ва ғайраҳо) аз пиряхҳо ибтидо мегиранд. Пиряхҳо дар ҳавзаҳои дарёҳо нобаробар тақсим шудаанд: Муғсу - 1004 адад пирях, Бартанг- 269 адад пирях, Сурхоб - 280 адад пирях, Ғунд - 1349 адад пирях, Мурғоб - 879 адад пирях, Зарафшон - 1227 адад пирях дар ҳавзаи дарёи Хингоб - 756 адад пирях мавҷуданд.
Дар ҳудуди Тоҷикистон пиряхҳо дар мавзеи кӯҳҳои баланд, дар он ҷойҳое, ки ҳарорати ҳаво доимо аз 0° паст аст, пайдо шудаанд. Аз сабаби он, ки 93%-и ҳудуди Тоҷикистонро кӯҳҳо ишғол кардаанд ва қариб 50%-и онҳо зиёда аз 3 000 метр аз сатҳи баҳр баландӣ доранд, кӯҳҳои ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз калонтарин марказҳои яхбандии доимӣ мебошанд. Ҳоло масоҳати умумии пиряхҳои Осиёи Миёна 1 7000–1 8000 км² буда, 60%-и он (зиёда аз 10 ҳазор пирях) ба Тоҷикистон рост меоянд. Марказҳои асосии яхбандии ҳудуди Тоҷикистон – силсилакӯҳҳои Помир, Ҳисору Олой, Туркистону Зарафшон мебошанд.
Лозим ба тазаккур аст, ки пиряхҳо ⅓ ҳиссаи оби солона ва қариб 50%-и ғизои тобистонаи оби дарёҳоро ташкил медиҳанд. Мутаассифона, ҳаҷми захираи ях ва масоҳати онҳо доимӣ набуда, вобаста ба тағйир ёфтани иқлим ҳаҷман кам ва инчунин масоҳаташон маҳдуд мешавад.
Бо супориши бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 дар назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муассисаи давлатии илмии Маркази омӯзиши пиряхҳо ташкил карда шуд. Вазифаҳои асосии ин муассисаи илмӣ омода сохтани Феҳристи пиряхҳои Тоҷикистон, омода кардани кадрҳои глятсиологӣ дар соҳаи омӯзиш ва мониторинги пиряхҳо ва соҳаи метеорология мебошад.
Саидҷаъфар ШОҲЗОДА - ходими илмии Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон