Skip to main content

“Мо бояд ба масъалаи суботу амнияти Ватани азизамон ва ҳифзи давлату давлатдорӣ диққати боз ҳам бештар дода, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, манфиатҳои миллии худро ҳифз намоем ва дар зери Парчами давлатӣ ҳамеша муттаҳиду сарҷамъ бошем.”

Эмомалӣ РАҲМОН

Парчам рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Бо шукуҳу шаҳомати хосе ҷашн гирифтани Рӯзи парчами давлатӣ бо ибтикор ва сайъю талошҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола татбиқ мегардад, чунки парчам ва аҳамияти таърихии он аз унсурҳои муборизаи миллӣ ҷиҳати таъмини озодӣ ва ихтиёр мебошад. Дар ҳамаи кишварҳои дунё муаррифии сатҳи давлатӣ тавассути парчам сурат мегирад. Парчам дорои аҳамияти на фақат таърихӣ, балки сиёсӣ буда, барафрохтани он дар лаҳзаҳои тантанавӣ барои миллату давлат бузургтарин шакли баррасии манфиатҳои миллӣ маҳсуб мешавад. Бинобар ин, овехтани парчами давлатӣ бояд дар маконҳое сурат пазирад, ки барои дастрасии мардум қобили қабул нест ва чунонки мушоҳида мекунем, айни замон дар кишварҳои дунё парчам дар шакли хеле баланд ҷилвагар мешавад. Дар шаҳри Душанбе балантарин парчами давлатӣ бо дарозии 60 метр ва баландии 165 метр барафрохта шудааст. Зимни гузоштани санги асоси он Пешвои миллат аз Куруши Кабир ва Коваи Оҳангар ёдовар шуда, таъкид карда буд, ки “онҳо рамзи ҷавонмардиву тавоноӣ ва ҷоннисориҳои ниёгони мо мебошанд”.

Дар иҷлосияи сарнавиштсози шонздаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар таърихи 16-уми ноябри соли 1992 дар қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд ба кори худ шурӯъ карда буд, аз 23 масъалаи ҳаётан муҳим яке аз масъалаҳояш Парчами давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт.

Дар замонҳои қадим парчамро касоне мебардоштанд, ки то лаҳзаи охирини муҳориба бо душман рақобат мекарданд ва аз даст рафтани парчам маънои мағлубшавиро мефаҳмонд. Наҳзатиҳои миллие, ки дар давраҳои гуногуни таърихӣ чун сапедҷомагон ва сарбадорон алайҳи истеъмор исён намудаанд, парчамҳои худро доштанд ва иззати парчам маънии истиқлолхоҳиро дорад. Имрӯз низ эҳтироми парчам эътирофи истиқлоли давлатест, ки парчам ба он иртибот дорад.

Шоирон дар васфи парчами давлатӣ шеърҳо сурудаанд ва донишмандон манзалати парчамро дар эҳёи фикри миллӣ пажӯҳиш намудаанд:

Тоҷикистон, Парчамат тоҷи сарат!

Парчами ту аз ҳама болотар аст!

Тибқи муқаррароти моддаи 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон, ва Суруди миллӣ. Парчами давлатӣ тамоми сокинони кишварро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва пеш аз ҳама ваҳдати миллӣ ва саъйу талоши пайваста ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ раҳнамун месозад. Парчами давлатии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар сессияи Шурои Олӣ 24 ноябри соли 1992 тасдиқ шудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади эҳтиром ва қадршиносӣ бо фармони худ аз 20 ноябри соли 2009 рӯзи 24 ноябрро Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон дошт.

30-юми августи соли 2011-ум дар маркази ш. Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи 165 м., ки баландтарин дар ҷахон аст, парафшон гардид. Баландии худи Парчам 30м ва дарозии он 60м мебошад.

Парчам, дирафш, ливо ё байрақ мафҳуми ягона буда, дар маҷмӯъ маънии шинохти давлату миллатро дорад.

Парчами миллат боиси ифтихор ва нангу номус аст. Дар мусобиқаҳои варзишӣ, олимпиадаҳои фаннӣ, ҷашну маросимҳои давлатӣ, қабули сарони давлатҳо ва баргузории чорабиниҳои байналмилалӣ, албатта, дар ҷойи аввал барафрохтани Парчами миллӣ меистад.

Аз 83 рӯзи ид, ки тибқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид" муайян шудааст, Рӯзи парчам низ аҳаммияти сиёсӣ, ҳуқуқи ва таърихӣ дорад. Муаррифии сатҳи давлатӣ, тавассути парчам сурат мегирад. Овехтани парчам дар ҷое мебошад, ки барои мардум дастрас набошад.

Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистони азиз!

Ширин Қурбонова, - доктори илмҳои таърих, муовини раиси КИИ “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар АМИТ