Skip to main content

Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 пазируфта шуда, бар асоси Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11 декабри соли 1999 бо Қарори № 892 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст:

1. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

2. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки дар рӯи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад; рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст. Дар рӯи рахи сафед, аз ҷои чӯбдаста дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи тоҷи тансиқ шуда ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст. Таносуби бару дарозии умумии парчам 1:2 аст.

Тоҷ ва ситораҳои парчам дар шакли росткунҷае ҷой дода шудааст, ки паҳлӯи амудиаш 0,8 ва паҳлӯи уфуқиаш 1,0-и паҳнои рахи сафед аст. Ситораҳои панҷгӯша дар доираи қутраш 0,15 акс ёфта, дар нимдоираи радиусаш 0,5-и паҳнои рахи сафед ҷой мегиранд.

Тоҷи баландиаш 0,55-и паҳнои рахи сафед, ба асос ба таври нимдоираи радиусаш 1,2-и бари рахи сафед моил мегардад. Чор унсури камоншакл, ки болои тоҷро ташкил медиҳанд, дар марказ бо қисмати доираи қутраш 0, 2-и рахи сафед васл мегарданд.

Рангҳои миллии тоҷикон чун дигар мардуми ориёнажод сурху сафеду сабз ҳастанд, ки аз гаҳи бостон то кунун замон расидаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми телевизионии худ ба муносибати Рӯзи парчам аз 23 ноябри соли 2010 рангҳои парчами миллиро «ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ» дониста, гуфта буданд:

"Ранги сурх – рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед – нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз – нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад. Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад".

Ҷумҳурии мардумии Чин бо Тоҷикистон аз солҳои 90 – уми асри гузашта то ин ҷониб ҳамчун шарики боэътимоди стратегӣ ба ҳисоб рафта дар тамоми самтҳои илмию таълимӣ, иқтисодию иҷтимоии кишвар нақши муҳимро мебозад.

Дар доираи ҳамкориҳои муттақобилан судманди кишварҳои Тоҷикистону Чин давоми чандин сол аст, ки соҳаи астрономияи тоҷик низ ривоҷу равнақ ёфта олимон ду кишвар баҳри омӯзиши Кайҳон табодули андеша менамоянд.

Бояд қайд намуд, ки тибқи ҳамкориҳои мазкур доктор Chen Qinming ва Shen Chao аз Расадхонаи астрономии Шанхайи Ҷумҳурии мардумии Чин ба Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташриф оварданд, ки меҳмони мазкурро ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Амонзода Илҳом Темур ба ҳузур пазируфта оид ба ҳамкориҳо дар ин самт изҳори назар намуданд.

Дар рафти вохурӣ Амонзода Илҳом Темур оид ба ҳамкориҳои олимони Чин бо Тоҷикистон изҳори қаноатманди намуда, қайд намуданд, ки Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷиистон ва Президенти он Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳамеша мекӯшанд, ки ҳамкориҳои судмандро сол то сол тақвият бахшида дар ҳамҷоягӣ бо олимони кишварҳои пешрафта аз ҷумла Ҷумҳурии мардумии Чин дар ҷодаи пешрафти илми ватанӣ кор ва фаъолияти якҷояро ба роҳ монанд.

Тибқи нақшаи кории тасдиқшудаи Шурои ҳамоҳангсози бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ (Протоколи № 6/27 аз 04.03.2024) ва тибқи банди 19 нақшаи кории мазкур Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои ба роҳ мондани табодули таҷриба ва омӯзиши кормандони озмоишгоҳҳо дар самти муайян намудани маҳсулотҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағийрдодашуда (ОГТ) санаи 17.07.2024 аз ҷониби кормандони озмоишгоҳи бехатарии биологии Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тренинги омӯзишӣ барои кормандони Маркази ташхиси маҳсулоти хӯрокворӣ, кишоварзӣ ва молҳои ниёзи мардуми Агентии стандартизатсия метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва КВД“Хӯрокворӣ”-и назди Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.

Тренинги мазкур аз 2 қисм иборат буд: назариявӣ ва амалӣ. Дар аввали семинари омӯзишӣ мудири Озмоишгоҳи бехатарии биологӣ, д.и.б., профессор Носирова Фирӯза Юсуфовна дар бораи мақсад, вазифа ва самтҳои таҳқиқоти Озмоишгоҳи бехатарии биологӣ ва корҳои анҷомёфта оид ба бехатарии маҳсулоти хӯроворӣ, инчуни дар бораи ОГТ маълумоти муфассал дод. Аз ҷумла дар қисмати назарявӣ ходими калони илмии озмоишгоҳ Баротов Самариддин Сабзалиевич оид ба муайян намудани ОГТ дар таркиби маҳсулоти хӯрокворӣ бо истифодабарии усули реаксияи занҷири полимеразӣ (РЗП) дар шакли рӯйнамо шинос намуд.

Қайд карда шуд, ки барои муайян намудани ОГТ иштироки мутахассиси самти биологияи молекулавӣ ва генетика ҳангоми ташхис шарт ва зарур аст, то ки ҳангоми равиш ва хулосабарории натиҷаи ташхис нофаҳмиҳо ба вуҷуд наояд. Инчунин доштани базаи моддию техникии озмоишшгоҳ, таҷҳизотҳои муосир ва ҳамчунин мутахассиони варзида дар ин самти илм муҳим аст, ки инро Озмоишгоҳи бехатарии биологии Институт дорад.

Дар қисмати амалӣ бошад Дилшоди Ҳабибулло ва доктаранти PhD Кафари Марина иштрокчиёнро оид ба муайян намудани ОГТ дар таркиби маҳсулоти кишоварзӣ, яъне лӯбиёи чинӣ (соя) аз усулҳои намунагирӣ сар карда то тайёр намудани намуна барои ҷудо намудани кислотаи дезоксирибонукленӣ (КДН), аз ҷумла марҳилаҳои ҷудо намудани КДН ҳангоми пайдарҳамии ин раванд дар амалия нишод доданд.

17 июли соли равон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мулоқоти ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Амонзода Илҳом Темурбо ҳамоҳангсози намояндагии Агентии ТИКА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ибраҳим Этҳем Унал баргузор гардид.

Дар мулоқот аз ҷониби Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Амонзода Илҳом Темур, сардори Раёсати робитаҳои байналмиллалӣ – Қурбонов Қ., мудири Шуъбаи татбиқи илм дар истеҳсолоти АМИТ – Саидзода Ҳ., сарпарасти КДАМ дар АМИТ ва аз ҷониби намояндагии Агентии ТИКА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсози агентӣ - Ибраҳим Этҳем Унал иштирок намуданд.

Дар рафти нишаст ноиби президенти АМИТ ҷиҳати густариш ва тавсеаи робитаҳои илмӣ бо ҳамтоёни туркии худ тазаккури хоса намуд.

Заминаи ҳамкориҳои муштарак бар асоси якчанд санадҳои меъёрии танзимкунандаи ҳамкориҳои муштарак дар самти илму технология асосо ёфтаанд, аз ҷумла:

- Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаӣ илму техника миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия (10.09.1995, 5сол +5)

- Протокол оид ба ҳамкорӣ дар самти илму технология байни АМИТ ва Шурои таҳқиқоти илму технологияи Туркия (16.02.2017, 5 лет +5)

Ҳамкориҳои АМИТ ва Академияи илмҳои Туркия ки соли 1995 созишнома ба имзо расида буд, шуруъ шудааст. Боиси ёдоварист, ки Созишнома нави байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Туркия (Türkiye Bilimler Akademisi — TÜBA) таи чандин сол аст, ки омодаи имзо аст ва дар фурсати муносиб он ба имзо расонида хоҳад шуд. Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ бо зиёда аз 12 муассисаҳои илмии Туркия ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондаст, Аз ҷумла, бо Муассисаи таърихии Туркия (Türk Tarih Kurumu), Институти “Юнус Эмре”, Раёсати туркҳои бурунмарзӣ ва ҷамоатҳои ҳампайванд (YTB), Анҷумани забоншиносии туркӣ (TDK), ORSAM, Тадқиқоти сиёсати хориҷии SETA, Институти Шарқшиносӣ ва Африкаи Донишгоҳи илмҳои гуманитарии Анкара, Китобхонаи миллии Туркия, Маркази тадқиқоти иқтисодӣ ва сиёсати хориҷӣ (EDAM) , İRAM, Маркази тадқиқоти таърих, санъат ва фарҳанги исломӣ (IRCICA), Донишгоҳи Салҷуқи Ҷумҳурии Туркия ва дигар муассисаҳои илмӣ.

Ҳамкориҳои муштараки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар сатҳи хуб ба роҳ монда шуда, он ба густариши равобити илмӣ байни муассисаҳои ҳамсони ду кишвар мусоидат менамояд.

Аз ҷумла, ташкили гушаи омӯзиши фарҳанги Туркия дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, гузаронидани Симпозиуми байналмилалӣ таҳти уновни “Мавлоно, муттаҳидкунандаи миллатҳо ва тамаддунҳо”, ки моҳи октябри соли 2018 баргузор гардид, ташкили сафари коршиносону олимони тоҷик ҷиҳати боздид аз муассисаҳои илмии Туркия ва гузаронидани дигар чорабиниҳои илмӣ аз дӯстиву рафоқат ва ҳамдигарфаҳмиву якдили байни ду халқу миллати куҳанбунёд гувоҳӣ медиҳад.

Мехоҳам ба таври кутоҳ оид ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоям. Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ин муасисаи худмухтори илмӣ аст дар самтҳои илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ, тиббӣ ва ҷомеашиносӣ тадқиқот мебарад. Дорои 4 шуъба: шуъбаи илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва илмҳои биологӣ, илмҳои гуманитарӣ ва тиббӣ фармосевтӣ аст дар умум 26 муасисаи тадқиқоӣ ва дар ин муасиса зиёда аз 2000 нафар ба корҳои илми тадқиқотӣ машғуланд.

Бо максади тайёр кардани кадрхои баландихтисоси илмӣ дар назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон шуъбаи магистратура, аспирантура ва докторантура ташкил карда шуд. Ҳоло дар Академияи илмҳои Тоҷикистон 2000 нафар дар зинаҳои магистратура ва докторантура аз рӯи 46 ихтисос таҳсил мекунанд.

Мо омода ҳастем, ки бо муассисаҳои илмӣ, тадқиқотӣ ва таълимии Туркия ва созмонҳои байналмилалии ин кишвар дар соҳаҳои физикаю математика, кимиё, геологӣ-техникӣ, биологӣ, тиббӣ ва гуманитарӣ дар асоси баробар ва мутақобилан судманд ҳамкориҳоро дар самтҳои зерин ба роҳ монем:

- таҳия ва тиҷоратикунонии технологияҳои пешрафта;

- гузаронидани тадқиқоти муштарак дар доираи лоиҳаҳои муштарак;

- татбиқи амалии навовариҳои саноатӣ, мубодила, интиқол ва инкубатсияи технологияҳо;

- таъсиси лабораторияҳо ва платформаҳои муштарак барои таҳқиқот ва навовариҳои муштарак;

- гузаронидани тадқиқоти муштараки илмию методӣ бо мақсади баланд бардоштани сифати тайёр кардан ва бозомӯзии кадрҳо;

- рушди муҳити инноватсионӣ ва эҷодӣ дар муассисаҳои тадқиқотӣ;

- таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак оид ба ташкили омӯзиш, фаъолияти илмӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ дар самтҳои афзалиятноки илмӣ;

- мусоидат ба нашри муштарак дар маҷаллаҳои илмии тарафҳо;

-ташкили таҷрибаомӯзии донишҷӯён, таҷрибаомӯзон, магистрантон, докторантон ва аспирантҳо дар доираи барномаҳои мубодилаи академӣ,

- ташкили табодули коршиносон, муҳаққиқон, олимон ва профессорони тарафҳо.

- амалисозии лоиҳаҳои тадқиқотӣ, таҳияи барномаҳои нав, табодули иттилоот;

- ташкили форумҳо, конференсияҳо, симпозиумҳо, семинарҳо ва тренингҳо.

Дар анҷоми суҳбат оиби президенти АМИТ Амонзода Илҳом Темур аз ҳамтои туркии худ изҳори сипос ҷиҳати қабул ва иштирок дар нишасти мазкурро баён намуд.

Ҳамоҳангсози намояндагии Агентии ТИКА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ибраҳим Этҳем Унал дар ҷавоб ҷиҳати даъват дар иштирок бо намояндагони АМИТ изҳори миннатдорӣ намуд ва қайд намуданд, ки тули 10 моҳ аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд ва худро меҳмон ҳис намекунад.

Ибраҳим Этҳем Унал зикр намуд, ки дар самтҳои имкони бозомӯзии қадрҳои муштарак байни муассисаҳои илмӣ-тадқиқотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия, рушди инноватсия ва технологияи навин, лоиҳаҳои муштарак ҷиҳати бозомӯзии қадрҳо дар самтҳои гуногуни илм, хусусан илмҳои табиӣ ва риёзӣ ва фармасевтӣ, имкони нашри мақолаҳо ва маводҳои илмии мштарак дар маҷаллаҳои бонуфузи Тоҷикистон ва Туркия, ташкили омӯзиши магистрҳо, докторантҳо ва унвонҷӯёни илмӣ дар Туркия, табодули муҳаққиқони марказҳои илмии Тоҷикистон ва Туркия, ташкили симпозиумҳо, конфронсҳо ва маҳфилҳои илмии муштарак омодаи ҳамкорӣ доранд.

16.07.2024

http://www.president.tj/node/33762

16 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт корхонаи истеҳсоли маҳсулоти нонию қаннодии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нонпаз”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Иншоот дар заминаи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи санъати хоси меъмории миллӣ бунёд ёфта, корҳои навсозӣ ва мутобиқгардонӣ ба замони муосир соли 2021 оғоз гардидааст.

Таъкид бояд кард, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нонпаз” аз солҳои 30-юми қарни гузашта фаъолият дошт ва бо пешрафти замону рушди ҷомеа тамоми дастгоҳу таҷҳизоти он корношоям гардида буд.

Бо дастгирӣ ва ҳидоятҳои созандаи роҳбарияти олии сиёсии кишвар иншоот пурра навсозӣ гардида, дар он тамоми инфрасохтор барои истеҳсоли маҳсулоти нонию қаннодӣ муҳайё гардидааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз шароити фароҳамгардида ва раванди истеҳсолот ба ташаббускорон ҷиҳати ҳамоҳангӣ дар амалисозии ҳадафҳои созандаи Ҳукумати кишвар изҳори миннатдорӣ карда, иқдоми мазкурро намунаи олии дастгирӣ ёфтани сиёсати давлату Ҳукумат дар самти бунёдкориву созандагӣ арзёбӣ намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки имрӯз дар корхонаи “Нонпаз” беш аз 80 намуди маҳсулоти нонию қаннодӣ, аз ҷумла нон, батон, баггет, кулчаҳои қандин, торт, круассан, шириниҳои варақӣ ва амсоли инҳо истеҳсол карда мешавад, ки бо тамъҳои хоса дар бозори истеъмолӣ харидорони худро пайдо кардааст. Иқтидори истеҳсолӣ дар як шабонарӯз 40 тонна маҳсулоти нонӣ ва 5 тонна маҳсулоти қаннодӣ мебошад.

Тамоми дастгоҳу таҷҳизоти насбшуда истеҳсоли насли нав буда, аз давлатҳои Олмон ва Италия ворид гардидааст, ки аз ҷиҳати самаранокии неруи барқ каммасраф ва бисёрфунксионалӣ мебошанд.

Тавре иттилоъ доданд, бо пурра ба истифода додани корхонаи нонию қаннодии “Нонпаз” теъдоди кормандон аз 200 то ба 400 нафар расонида мешавад, ки дар ин замина иқтидори истеҳсолӣ низ ба маротиб зиёд хоҳад шуд.

Барои ба фурӯш баровардани маҳсулоти ниҳоӣ дар ҳудуди ноҳияҳои пойтахт ташкили 24 нуқтаи фурӯш дар назар дошта шудааст ва барои анҷоми хизматрасонӣ мошинҳои хизматӣ ҷалб хоҳанд шуд.

Мавриди зикр аст, ки намои зоҳирии бино бо усулҳои нави меъморӣ бунёд ва чароғон шудааст. Саҳн ва атрофи корхона сабзкорӣ шуда, ҳамчунин роҳравҳои берунии он ва таваққуфгоҳ, асфалтпӯш гардидааст.

Корхона дар масоҳати 4 ҳазору 800 метри мураббаъ доман густурда, аз ҷониби соҳибкори ҷавон Усмон Мирзоалиев бунёд гардидааст. Иншоот аз сехҳои алоҳидаи истеҳсолӣ иборат буда, ҳуҷраҳои роҳбарият, муҳосибот, фурӯш, маҷлисгоҳ ва ошхона барои 100 нафар дар бинои маъмурии дуошёна ҷойгир карда шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо кормандон ва масъулин, ба онҳо ҷиҳати беҳтар кардани сатҳу сифати истеҳсолот ва рақобатпазир намудани он дастуру маслиҳатҳои муфид дода, ба фаъолият пардохтани корхонаро қадами муҳим барои рушди соҳаи саноат дар пойтахт арзёбӣ намуданд.

Дар навбати худ кормандон ва масъулини коргоҳи “Нонпаз” ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии ҳамешагӣ ва фароҳамсозии шароити созгори кору фаъолият изҳори миннатдорӣ намуда, уҳдадор шуданд, ки минбаъд низ дар амалишавии ҳадафҳои созандаи Ҳукумати кишвар дар самти рушди соҳаи саноат саҳми муносиби худро хоҳанд гузошт.

12 июли соли равон бо ташаббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва бо ибтикори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҳфили илмию адабӣ ва фарҳангии Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, доктори илмҳои филологӣ Аскар ҳаким баргузор гардид.

Дар баргузории маҳфил президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафар, муовини раиси иттифоқи нависандагони Тоҷикистони Ато Мирхоҷа иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар маҳфил як қатор олимону академикон, дӯстдорони шеъру адаб низ иштирок доштанд.

Ба кори маҳфил директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ Шарифзода Ф.Х. ҳусни оғоз бахшида, сухани муқадимавиро ба президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт доданд. Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар суханронии хеш оид ба пешравиву муваффақиятҳои даврони соҳибистиқлолии давлатамон ба хусус дасгириҳои олимону шоирон аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ёдовар шуда ва ҷойгоҳи устод Аскар Ҳаким – ро дар адабиёти муосири тоҷик ва ҳамчунин меросбари Рӯдакиву Фирдавсӣ ва Муъмин Қаноату Лоиқ будани устодро қайд намуда, устодро бо ин муносибат муборакбод намуданд.

Сипас Шоири халқии Тоҷикистон Аскар ҳаким бо мисраҳои пурмуҳтавои эҷоднамудаи хеш роҳбарият ва иштирокдорони маҳфилро хушомадед гуфта, аз эҷодиёти илмиву адабии навэҷоднамудаи хеш ҳаводоронро муждагонӣ дод.

Дар қисмати фарҳангии маҳфил ҳофизи халқии Тоқикистон Афзалшоҳи Шодӣ низ суханронӣ намуда, аз баландии мазмуну муҳтавои шеъри устод Аскар Ҳаким таъриф намуда, шеърҳои аз устод Аскар Ҳакимро, дар фаъолияти корияш, ки бисёри онҳоро ба оҳанг даровардаву овозхонӣ намудааст, ҳунарнамоӣ намуда, хотири иштирокдорони маҳфилро болида гардонд.

Дар идома наздикону пайвандони шоир ва ҳаводорони шеъри Аскар Ҳаким баромадҳо намуда, аз доро будани хислатҳои беҳтарини инсонӣ ва баландию дилнишинии шеъри устод Аскар Ҳаким суханронӣ намуда, ба устод умри дароз ва дар корҳои эҷодияшон барору муваффақиятҳо орзу намуданд.

(аз вохӯрии намояндагони гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бо сокинону фаъолони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ)

11 июли соли равон тибқи банди 12-и Нақшаи фаъолияти Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон барои соли 2024, ки аз ҷониби Раиси Ҳаракат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардидааст, дар мавзӯи -“Истиқлоли давлатӣ ва ҳифзи дастовардҳои он” бахшида ба 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурии аъзои гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ҷамъиятии миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бо сокинону фаъолони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ доир гардид.

Дар вохури бо сокинон ва фаъолони ноҳия Раиси Шурои куҳансолони Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Ғайбулло Авзалов, муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафар, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, Ректори Академияи Идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Даврон Сафарзода, инчунин, Шоири халқии Тоҷикистон устод Алимуҳаммад Муродӣ, узви Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Темуршоҳи Файзалӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

Қабл аз оғози вохӯрӣ дар саҳни ҳавлии Филармонияи мардумии ба номи устод Одина Ҳошимов наздики 100 нафар ҷавонон – аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”, барандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон парчамҳои давлатӣ ва ҳизбиро ба шарафи солгарди ҷашни дар пеш истодаи истиқлолият ифтихормандона боло бардошта, таҳти шиорҳои “Поянда бод истиқлолияти Тоҷикистон!”, “Ҷавонони зодаи истиқлол – пайравони Пешвои миллат!”, “Истиқлолият шарафу номуси ҳар яки мост!” меҳмононро истиқбол гирифтанд. Дар ҷои намоёни даромадгоҳи бинои Филармония намоиши асарҳои Пешвои миллат ба роҳ монда шуда, меҳмонон аз он дидан намуда, ба фаъолияти бахши фарҳанг ва китобхонаи марказӣ баҳогузорӣ карданд.

Сипас, қисмати асосии чорабинӣ дар толори Филармония оғоз ёфт. Вохуриро раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай ҳусни ифтитоҳ бахшида, ташрифи меҳмононро ба ноҳия хайрамақдам гуфт. Мавсуф баргузории вохӯрии мазкурро вобаста ба моҳияти мавзӯъ ва авзои сиёсии минтақа, хеле муҳим арзёбӣ кард.

Зимнан, пас аз оғози расмии чорабинӣ сухани нахустин ба Раиси Шурои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Ғайбулло Авзалов дода шуд. Мавсуф дар суханронии хеш аҳамияти истиқлолияти давлатиро дар рушди бемайлони давлат ва бақои миллат хеле муҳим арзёбӣ намуда, дар бораи роҳи душвори ба даст овардани сулҳу субот, хомӯш кардани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, бартараф кардани ҳисороти молӣ ва оқибатҳои ҷанги хонумонсӯз, баргардонидани гурезаҳо, зарурияти созмон додани ниҳоди Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, нақши Пешвои миллат дар сулҳофарӣ, ҳамчун меъмори сулҳ, инчунин дастовардҳои Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ андешаҳои худро баён намуда, мардумро ба сарҷамъӣ, муттаҳидӣ ва пуштибонӣ аз сиёсати хирадмандона, бунёдкоронаву созандаи Сарвари давлат даъват намуд.

Дар идома президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бошад, қайд намуданд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳиссу таваҷҷуҳи Пешвои миллат барои бунёди Тоҷикистони ободу сарсабз ва рӯзгори ободу осудаи мардум бештар гардид, ки ин ба халқи Тоҷикистон ҳамвора руҳу илҳом мебахшад ва барои пешрафти минбаъдаи мактабу маориф,илму фарҳанг, иқтисодиёту саноат, тандурустӣ ва дар маҷмӯъ барои баланд шудани сатҳи рӯзгору некуаҳволии мардуми мамлакат ҳамаҷониба мусоидат мекунад.

Аз саҳифаи МИҲД-и ноҳияи Ҳамадонӣ

Мушоҳидаҳои объектҳои кайҳонӣ аз ҷумла ҷирмҳои хурди Низоми офтобӣ, кометаҳо ва астероидҳо аз ҷониби кормандони Институти астрофизикаи АМИТ (Ҳамроев У.Х., Хуҷаназаров Ҳ.Ф., Сатторзода А.А.) дар Расадхонаи байналмилалии астрономии Санглох аз санаи 10.07.2024 оғоз гардида, идома дорад.

Ин мушоҳидаҳо тавассути телескопи Сейсс-1000, ки бо камераи рақами ва филтрҳои UBVRI муҷаҳҳаз мебошад, ба роҳ монда шудааст. Инчунин идораи телескоп ба таври худкор (автомати) бо компютери фардӣ ва барномаҳои махсус амали мегардад. Дар рафти мушоҳида якчанд объектҳо барои омӯзиш интихоб гардида, мавриди таҳқиқ қарор гирифта истодааст. Яке аз чунин объектҳо ин кометаи Олберс (13P/Olbers) мебошад, ки бисёр ҷолиб аст.

Кометаи Олберс (13P/Olbers) як кометаи кӯтоҳдаври навъи Ҳаллей мебошад, ки 6 марти соли 1815 аз ҷониби ахтаршинос (астроном)-и олмонӣ Ҳенрих Олберс кашф шудааст. Ин комета дорои ҳастаи хурди суст ва комаи шафофи тира мебошад.

Даври гардишаш дар атрофи Офтоб бештар аз 69.5 сол аст. Комета 30-уми июни соли 2024 аз масофаи перигелий (масофаи наздиктарин ба Офтоб) гузашта, 20-уми июли соли 2024 дар масофаи наздиктарин ба Замин ҷойгир мешавад. Дурахшониаш то 6.5 бузургии ситорагӣ рафта мерасад. Айни замон (10.07.2024) бузургии ситорагиаш ба 7.5 баробар аст.

10 июли соли равон дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҷлиси умумии ҳисоботӣ оид ба муҳимтарин натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию ташкилии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2024 мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифт.

Дар маҷлиси умумӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қувватзода Сайдулло, олимону академикон ва роҳбарону намояндагони сохторҳои гуногуни академия иштирок доштанд.

Баъд аз суханронии ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён ҳисоботи президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар нимсолаи аввали соли 2024 мавриди муҳокима қарор гирифт, ки он бо мақсади дастуру супоришҳои Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 ва мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар, инчунин Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва иноватсия барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи кории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар соли 2024 ба роҳ монда шуд.

Зимни ироаи ҳисоботи худ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар бораи ҳар як бахши фаъолияти Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2024 ба тафсил сухан ронд. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар вохурии навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илму маориф масъалаҳои муҳиму меҳварии илми тоҷик ва низоми маориф мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт ва ба Академияи милли илмҳои Тоҷикистон вазифаҳои мушаххас дода шуд.

Ҳамчунин зикр шуд, ки дар нимсолаи аввали соли 2024 олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳқиқотро аз рӯи 110 мавзуъ, аз ҷумла 68 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии бунёдӣ, 14 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии амалӣ ва 28 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии бунёдию амалӣ идома дода, натиҷаҳои назаррас ба даст овардаанд.

Умуман, натиҷаҳои илмии ба даст омада дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кормандони муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 26 монография, 97 китоб, маҷмуаҳои илмӣ, 632 мақолаи илмӣ, аз онҳо 472 мақола дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳурӣ ва 160 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои кишварҳои ИДМ ва дар маҷаллаҳои давлатҳои хориҷи дур ба нашр расиданд.

Таъкид гардид, ки ташкил ва гузаронидани конференсияҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои илмӣ ба муаррифии натиҷаи корҳои илмию таҳқиқотии кормандони илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мисоидат менамояд. Дар ин давра вобаста ба масъалаҳои муҳими илмӣ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон беш аз 60 чорабинии илмӣ, аз ҷумла, 13 конференсияи илмӣ байналмилалӣ, 20 конференсияи илмии ҷумҳуриявӣ, 17 семинари ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, 11 мизи мудаввар, 1 маҳфили илмӣ ва 1 рӯнамоии китоб омода ва баргузор карда шуданд.

Дар робита ба ҳисоботи президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар нимсолаи аввали соли 2024 намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимону академикон фикру андешаҳои худро иброз дошта, ҳисоботро қаноатбахш ҳисобиданд.

Умуман, ҳайати кормандони илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон шашмоҳаи аввали соли 2024-ро бо дастовезҳои хуби илмию таҳқиқотӣ натиҷагирӣ карда, азм доранд, ки шашмоҳаи минбаъдаи соли 2024-ро бо сарбаландӣ ва ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дар тарбияи мутахассисони илмӣ ҷамъбаст намоянд. Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои корҳои назарраси анҷомдодашуда ба ҳайати кормандони илмӣ изҳори миннатдорӣ намуда, аҳли олимонро барои хубтару пурсамартар намудани дастовардҳои илмӣ даъват менамояд.