Skip to main content
Маълум аст, ки санадҳои таърихи бостон дар мавриди ҷашну маросими қавму миллатҳои гуногун баҳсбарангезанд, зеро далелҳо мухталифанд ва гоҳо бо воқеиятҳои таърихӣ мутобиқат намекунанд. Лекин суннати меросӣ далелу шоҳиди қатъитар барои исботи вуҷуди ҷашну маросими муайян ва таҷлили онҳо дар асрҳои пеш аз мелод аст.

1234Яке аз ҷашнвораи таърихии муҳим барои миллати тоҷик Наврӯз аст, ки дар радифи дигар ҷашнвораҳои табиии инсоният таҷлил мегардад ва бо заҳмат ва кӯшиши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми ҷаҳонӣ гирифтааст. Пас, ҳар тоҷику тоҷикистониро мебояд аз таърихи пайдоиш, ташаккул, таҳаввул ва таҷлили иди Наврӯз маълумоти кофӣ дошта бошад.

Муҳаққиқони тоҷику форс, муаррихони ҳавзаи интишори Наврӯз ва пажӯҳишгарони қавму миллат ва динҳои гуногуни Шарқу Ғарб бар он назаранд, ки Наврӯз қабл аз даврони таърихи навиштаи башар ҷашн гирифта мешуд. Ҳавзаи паҳншавии он, аввалан дар фарҳанги мардумоне дида мешавад, ки зери таъсир ё қаламрави шоҳаншоҳӣ ва ё фарҳанги ориёӣ қарор доштанд. Дар Шоҳномаи Фирдавсӣ ҷашни Наврӯз ба шоҳ Ҷамшед нисбат дода шуда, рӯзи “Ҳурмуз”-и моҳи “Фарвардин” ҷашн мешуд. Дар сарчашмаҳои форсӣ Наврӯз асри II милодӣ ёд мешавад, вале таҷлили он аз сулолаи Ҳахоманишҳо (тақрибан солҳои 648-330 п.а.м.) шуруъ шудааст. Дар ин рӯз амирони сарзамини ориёӣ ба Шоҳаншоҳ туҳфаҳо меоварданд.

Баъзе муҳаққиқон тахмин мезананд, ки Куруши кабир соли 538 п.а.м. (ҳангоми ҳуҷум ба Бобул) Наврӯзро ҷашни миллӣ эълон кард. Дар даврони Ашкониён ва Сосониён Наврӯз ду тақсим мешуд: Наврӯзи омма ва Наврӯзи хосса. Наврӯзи омма 5 рӯз – аз 1-ум то 5-уми Фарвардин давом дошт. Наврӯзи хосса рӯзи 6-уми Фарвардин (Хурдодрӯз) буда, дар 5 рӯз табақаҳои гуногуни ҷомеа (деҳқонон, руҳониён, сипоҳиён, пешаварон ва ашроф) ба дидори шоҳ омада, арзу дод ва инъом мегирифтанд. Рӯзи 6-ум танҳо наздикони шоҳ ба ҳузури ӯ меомаданд. Далелҳое мавҷуданд, ки даврони Сосонӣ солҳои кабиса риъоят нагашта, дар ҳар 4 сол иди Наврӯз 1 рӯз аз мавқеи доимияш (оғози бурҷи Ҳамал) дертар қайд мешуд. Барои ҳамин дар ин даврон рӯзи Наврӯз собит набуд ва дар фаслҳои гуногуни сол меомад. Ардашери Бобакон, бунёдгузори силсилаи Сосониён, соли 230 милодӣ аз давлати Рум хост то Наврӯзро ба расмият бишносад ва чунин ҳам шуд.

Дар “Авасто” оварда шудааст, ки рӯзи Наврӯз Сиёвуш аз ҷониби Афросиёб кушта шудааст. Дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ рӯзи дафни Сиёвушро Наврӯз номиданд ва он ҳар сол ҳамчун ид қайд мешуд. Маълум аст, ки ин ид ҷанбаи анимистӣ низ касб карда буд. Дар рӯзи Наврӯз ҳиндуориёҳо руҳҳои гузаштагони хеш (фравашҳо)-ро ёд мекарданд. Дертар ин оин ба зардуштия интиқол ёфт, ки дини расмии Эрон гашт. Мувофиқи он 10 рӯз пеш аз Фарвардин арвоҳи гузаштагон ба замин фурӯд омада, ба хонаи наздикони худ мераванд. Аз ин рӯ, хонабарориву пӯшидани либоси тоза, шамъгирониву хушбуӣ оғоз мешуд. Мувофиқи баъзе сарчашмаҳои таърихӣ аз ҳафт иде, ки зардуштиён ҷашн мегирифтанд, якеаш ба охири зимистон ва аввали баҳор рост меомад, ки бо номи иди “ёдоварии арвоҳи гузаштагон” машҳур аст. Ва ин ид дар шаби пеш аз баробарии шабу рӯз ҷашн гирифта мешуд. Яке аз хусусиятҳои афрӯхтани оташ ва гусел кардани арвоҳ буд. Шаби пеш аз Наврӯз, дар дамодами субҳ, одамон бо афрӯхтани оташ дар қуллаи талу теппа ва бомҳои хонаҳо “фраваҳар”-ҳоро гусел карда, барои оромии онҳо дуову дуруд мефиристоданд ва хоҳиш мекарданд то соли оянда биёянд. Дар даврони Ҳахоманишҳо (асри VI-IV п.а.м.) ва Сосониҳо (асрҳои III-VII м.) ҳар сол дар маъбадҳо бузургдошти оташ мегузашт ва дар хонаҳо шамъ афрӯхта мешуд.

Дар масири таърихи таҳаввули инсоният Наврӯз бо чанд дину мазҳабҳои гуногун рӯ ба рӯ гардид. Муҳаққиқон муътақиданд, ки пас аз ҷорӣ шудани дини ислом дар қаламрави Эрон бисёре аз ҷашнҳои форсҳо аз байн рафт, ба ҷуз аз Наврӯз ва Меҳргон. Барои баргузории ин ду ид ба дӯши ориёиҳо андозҳо таҳмил шуда буданд. Халифаҳои уммавӣ ва аббосӣ ин андозгузориро идома доданд, ҳарчанд ки худашон баъзан дар ин ҷашн иштирок мекарданд ва онро гиромӣ медоштанд. Дар “Таърихи Табарӣ” омадааст, ки халифа Муътазид мардуми Бағдодро аз оташафрӯзӣ ва обпошӣ барҳазар дошт, вале аз бими шӯриш фармонашро пас гирифт. Халифаҳои фотимӣ низ чандин бор оташафрӯзӣ ва обпоширо мамнуъ эълон карда буданд. Вале аз асри IV ҳиҷрӣ ба баъд дар Бағдод мардум дар овони Наврӯз либосҳои нав пӯшида, ба ҳамдигар ҳадяҳои гуногун мефиристоданд. Халифаҳои аббосӣ ҳадяҳои наврӯзиро машруъ дониста, аз он истиқбол мекарданд.

Ҷашни Наврӯз дар замони Сомониён мавқеи хосса пайдо намуд ва онро бо тамоми ҷузъиёташ дар ин даврон таҷлил менамуданд. Дар эҷодиёти шоирони он давра низ васфи баҳору Наврӯз хеле бо нафосату рангин тасвир меёфт. Баъд аз асрҳои XII-XIII якбора бо иллати вусъат ёфтани идеологияи хурофотии руҳониёни мутаассиб ва ҳимояти онҳо аз ҷониби амирони қабоили турк илму фарҳанг тадриҷан рӯ ба завол меовард. Ҳатто барои таҷлили ҷашни Наврӯз ҳам бисёр монеаҳо эҷод мегардад, вале мардуми таҳҷойӣ - тоҷикон нагузоштанд, ки ин падидаи фарҳанги миллиашон нобуд шавад ва аз саҳифаи таърих нопадид гардад.Дар даврони Салҷуқиён бо дастури Ҷалолуддин Маликшоҳи Салҷуқӣ теъдоде аз ситорашиносон, аз ҷумла Умари Хайём, Наврӯзро дар аввали баҳор (вуруди Офтоб ба бурҷи Ҳамал) қарор доданд ва ҷойгоҳи онро собит намуданд. Бар асоси ин гоҳшуморӣ, ки ба “Тақвими ҳилолӣ” маъруф шуд, барои собит мондани Наврӯз дар оғози баҳор, муқаррар шуд, ки ҳар 4 сол (гоҳе ҳар 5 сол) як бор адади рӯзҳои сол на 365, балки 366 рӯз дар назар гирифта шавад. Ин якнавъ эҳёи Наврӯз буд.

Эҳёи дигари Наврӯз, хушбахтона, дар даврони истиқлоли давлатӣ сурат гирифт ва ин ҷашни миллии мо 30 сентябри 2009 аз ҷониби ЮНЕСКО дар баробари 76 унсури маънавӣ аз тамоми ҷаҳон пешниҳодгашта ба феҳристи мероси маънавии башарият дохил карда шуд.

Бояд зикр дошт, ки ҳар як ҷашни аҷдодиамон як унсурро, ки таркиби чор унсурро ташкил медиҳанд, ба сифати унсури зиндагиофар ва ҷомеасоз эътироф кардаанд. Аз ҷумла, дар ҷашни Наврӯз унсури асосӣ хок (замин) пиндошта мешавад, ки покиза нигоҳдоштан ва коркарди дурусти он маншаи фаровонии ҳосил мегардад. Дар ҷашни Сада унсури меҳварӣ оташ маҳсуб меёбад, дар ҷашни Тиргон об ба сифати унсури ҷавҳарӣ эътироф карда мешавад, дар ҷашни Меҳргон бошад, унсури муҳим ҳаво эътироф шудааст.

Дар маҷмуъ, дар таърихи фарҳанги тоҷикон ҳеҷ падидаи фарҳангие ба мисли ҷашни Наврӯз дорои шумори рамзҳо ва суннатҳои ба ин андоза ғанӣ нест. Наврӯз падидаи комилан мифологӣ ва мазҳабӣ нест, балки як фарҳангест муназзаму том ва пеш аз ҳама, падидаи табии кайҳонӣ, рамзи бозгашт ба фасли нави зиндагӣ, оғози кишту кори баҳорӣ. Барои он ҳамчун ҷашни таќвимӣ, парастиши замин, экологияи он ва умуман экологияи табиат муҳим аст. Аз ин рӯ фалсафаи Наврӯз - фарҳанги ҳувиятсоз буда, фазои олами моддӣ ва маънавии мардумро муайян менамояд, ба он руҳияи хушбинӣ эҳдо менамояд. Зеро инсон бо тамоми арзишҳои созандаву гуманистиаш дар фикри ривоҷ додани арзишҳои Замин мебошад.

Наврӯз - нишоне аз ғолибияти нур бар зулмат, рамзи офариниши дубораи табиат, эҳёи баҳор, муждаи шукуфа ва бориши борон, ҷашни кишту кор, паёмовари ҳамдилӣ ва ҳамбастагӣ, нишонаи ҳуввияти фарҳангӣ ва миллӣ мебошад. Наврӯз - давоми муборизаи умумимиллӣ барои мондагорӣ ва рушди фарҳанги миллист, он пайвандгари гузашта, имрӯза ва ояндаи мардумони ҳалқаи наврӯз буда, умед дорем, ки ҷовидона ҳамчун асоси ташаккули фарҳанги миллати мо ва ҷавҳари ҳифзу нигаҳдошти он хизмат хоҳад кард.

Маҳмадизода Н.Д., Директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ