Паёми имсолаи Роҳбари давлат дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хоричии кишвар дар бинои нави мақоми олии қонунгузори мамалакат Маҷлиси Олӣ баргузор гардид.
Дар толор раёсат ва аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазир ва аъзои Ҳукумати мамлакат, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти вазорату кумитаҳои давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, мақомоти марказии судӣ ва дигар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, Академияи миллии илмҳо, муассисаҳои олии таълимӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, як гуруҳ собиқ вакилони Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ, Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, вакилони як қатор иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, сиёсӣ ва эҷодӣ, роҳбарияти корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, бонкҳо, доираи тоҷирону соҳибкорон ва ҷавонони ташаббускор, намояндагони ҳайати дипломатӣ ва воситаҳои ахбори умум иштирок доштанд.
Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун ҳамасола дар Паёми хеш самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварамонро муфассал таҳлил намуда, ҷиҳати рушду такомули соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва илму фарҳанг пешниҳодоти ҷолибе намуданд, ки ба андешаи ман, баҳри пешрафти тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа чун ҳуҷҷати раҳнамо хизмат менамояд. Ин ҳуҷҷати муҳим фарогири тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа буда, дар он соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи кишвар мавриди таҳлили амиқ қарор гирифтаанд.Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи таҳлили рушди ҳамаҷонибаи мамлакат барои солҳои оянда аст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба дурнамои рушди ояндаи Ватан бо овардани далелҳои мўътамад назари некбинона карданд ва ин паёмро метавон дастури роҳнамои фаъолият дар давоми сол номид. Паём ин дастурамали зиндагии шаҳрвандон, барномаи мукаммали кории тамоми сохторҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва роҳнамои мардум ба сӯйи ояндаи дурахшони Тоҷикистон мебошад. Аз ин рӯ, дар оғози он аз ҷониби Пешвои миллат чунин мақсади воло муайян гардидааст: «Таъмин намудани шароит барои зиндагии арзандаи сокинони кишвар ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат мебошад ва мо тамоми захираву имкониятҳоямонро барои расидан ба ин ҳадаф сафарбар сохтаем».
Ҳар як Паём ба инъикоси вазифа ва ҳадафҳои дар боло зикршуда равона мегарданд. Новобаста аз ин, дар Паёми ниҳоӣ якчанд хусусиятҳои хос мавҷуданд, ки дар Паёмҳои пешин ба назар намерасиданд. Ин махсусиятҳо дар ҷанбаҳои зерин инъикос шуданд:
1) Ҷамъбасти соли гузашта ва зарурати вокуниш ба хатарҳои нав;
2) Баррасии дастовардҳои соли 2024;
3) Устуворӣ дар авлавиятҳои рушди кишвар;
4) Таваҷҷуҳ ба ҷавонон ва нақши занон;
5) Нигоҳ доштани афзалиятҳо дар сиёсати хориҷӣ;
6) Изҳори сипос ба шаҳрвандони бонангу номуси кишвар;
7) Вазифагузории мушаххас; Дар маҷмӯъ, Паёми Сарвари давлат барои ҳар як шаҳрванд нуқтаи баландтарини ҳидоят буда, роҳнамо ва ҳавасмандкунандаи ҷавонон мебошад. Зеро бо кушишу талоши аҳлонаи ҳамаи мо мушкилоти ҷомеа ва давлатамон дар ояндаи наздик бартараф гардида,Тоҷикистони маҳбубамон ба як мулки воқеан обод ва кишвари пешрафта табдил хоҳад ёфт.
Ходими хурди илмии Шуъбаи масоили сиёсии муносибатҳои байналмилалии ИФСҲ – и АМИТ Маҳмадова Фарзона Абдураҳмоновна
Имрӯз, 20 феврал дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҳфили илмӣ – адабӣ “Хирад”- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид. Маҳфили навбатӣ ба фаъолиту хизматҳои ходими давлатӣ, муаррихи барҷаста, узви фахрии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мирзоамин Мирсаидзода бахшида шуд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба кори маҳфил ҳусни оғоз бахшида, иброз дошт, ки донишманди маъруф Мирзоамин Мирсаидзода, ки зиндагиномаи ӯ рамзи садоқату вафодорӣ ба обу хоки меҳани аҷдодӣ ва ибрати наслҳост, бо кору пайкор ва хидматҳои камназираш ифтихори Ватану ҳамдиёрон мебошад.
Таъкид гардид, ки аз ҷониби Мирзоамин Мирсаидзода ҳамчун эҷодкори сермаҳсул ва заҳматпеша китобҳои “Душанбе дар шоҳроҳи Ваҳдат”, “Дари кушоди худшиносӣ”, “Душанбе-қалби Тоҷикистон” иборат аз чаҳор ҷилд ва китоби “Рустами Эмомалӣ-дастпарвари мактаби давлатдории Пешвои миллат” рӯи чоп омадаанд, ки ҳар яке аз ин китобҳо ба хонандаи худ таъсири муҳиме дар худшиносӣ ва эҳтиром гузоштан ба сулҳу Ваҳдат ва Истиқлоли давлтӣ хоҳанд дошт.
Қайд гардид, ки дар китоби “Душанбе - қалби Тоҷикистон” бисёр мушикофонаву воқеъбинона ба шукуфоию сарсабзиҳо ва зебоиҳои пойтахти тоҷикон шаҳри Душанбе, ки бо заҳмату талошҳои роҳбарияти пойтахти кишвар амалӣ гаштааст, баҳои ҳаққонӣ додашуда, мақоми шаҳри Душанбе ва нақши он ҳамчун маркази сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат бисёр ба таври барҷаста инъикоси хешро ёфтаанд. Тамоми матолибе, ки дар чаҳор қисми китоби “Душанбе-қалби Тоҷикистон” ҷойгир шудаанд, бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба нашр расида дар таблиғ ва шиносонидани дастовардҳои пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе барои ҳам ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳам сайёҳон, нақши боризе хоҳад дошт.
Гуфта шуд, ки Мирзоамин Мирсаидзода дар китоби Душанбе-қалби Тоҷикистон афкору андешаи инсонҳои нек ва шахсиятҳои бузург, рӯҳи ҷовидонаи онҳоро ба тасвир додаанд, ки бо мутолиаи он завқи зебоипарастӣ ва эҳсоси Ватандориро дар замири ҳар хонанда бедор намуда, ӯро гоҳе ба сайри таърих ва гоҳи дигар ба олами ранго-ранги табиати дилпазири Душанбе мебарад.
Дар идомаи маҳфил муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар суханронӣ намуда, ба саҳми арзишманд ва хизматҳои шоистаи Мирзоамин Мирсаидзода дар рушди илм ва фарҳанг таъкид кард. Қайд гардид, ки асарҳои муҳими илмӣ ва адабии Мирзоамин Мирсаидзода на танҳо ҳамчун манбаи дониш ва маърифат, балки ҳамчун абзорҳои тарбиявӣ барои тарбияи насли ҷавон ва таҳкими худшиносии миллӣ хизмат менамоянд.
Инчунин, дар идомаи маҳфил академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Раҳмонзода Абдуҷаббор Азизӣ, узви вобастаи АМИТ Ҳайдаршо Пирумшоев, сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Хушвахт Шарифзода, муовинони ноҳияҳои Сино, Фирдавсӣ ва Шоҳмансур ва доктори илмҳои таърих Қурбонова Ширин маъруза намуда, доир ба саҳми арзишманд ва нақши фарҳангиву таърихии Мирзоамин Мирсаидзода дар рушди илм, тарбияи кадрҳои наврас ва баланд бардоштани худшиносӣ ва эҳтироми миллии шаҳрвандон фикру андешаҳои хешро баён карданд.
Имрӯз, 19 феврал дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо иқдоми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ба “шаҳри сабз” табдил додани пойтахт дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид.
Дар маъракаи ниҳолшинонӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур иштирок намуданд.
Бояд гуфт, ки маъракаи мазкур бо ҳадафи ободу зебо гардонидани муҳити атроф, беҳтар намудани вазъи экологӣ ва тақвияти фарҳанги сабзкорӣ баргузор гардида, саҳми кормандону олимони муассисаро дар татбиқи сиёсати созанда ва рушди устувори пойтахт боз ҳам таҳким мебахшад.
Зимни маъракаи ниҳолшинонӣ масъулин дар назди бинои Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 16 адад дарахтони навъи магнолия ва дигар дарахтони ҳамешасабз шинониданд, ки ин иқдом ба ободу зебо гардидани муҳити атроф ва беҳтар шудани вазъи экологии пойтахт мусоидат менамояд.
Имрӯз, 19 феврал президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва олимону кормандон аз сохтмони бинои Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ дидан намуданд.
Зимни боздид таъкид гардид, ки бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи татбиқи иқдомҳои вобаста ба эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» дар Академия корҳои ободонию созандагӣ бо маром идома дошта, айни замон сохтмони чандин иншооти илмӣ-таҳқиқотӣ ҷараён дорад.
Гуфта шуд, ки бинои Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ дар масоҳати 384 метри мураббаъ бунёд гардида, аз 4 ошёна иборат мебошад. Иншоот бо тарҳи муосир ва мутобиқ ба талаботи замони муосир пешбинӣ шуда, барои анҷом додани таҳқиқоти илмӣ дар самти энергетикаи гидрогенӣ ва татбиқи технологияҳои навтарин шароити мусоид фароҳам меорад.
Таъкид гардид, ки ба истифода додани чунин озмоишгоҳи замонавӣ барои рушди таҳқиқоти илмӣ, татбиқи ихтирооту навовариҳо ва тақвияти ҳамкориҳои илмӣ дар соҳаи энергетика заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард. Пас аз пурра мавриди истифода қарор гирифтани бино дар дохили он 6 озмоишгоҳ бо таҷҳизот ва технологияҳои муосири соҳавӣ муҷаҳҳаз карда мешаванд.
БАРРАСИИ МАВЗУЪҲОИ ДИССЕРТАТСИОНИИ ДОКТОРАНТОНИ PhD- И КУРСИ 1- УМИ МУАССИСАҲОИ ИЛМӢ
Имрӯз, 17 феврал дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ибтикори Раёсати тайёр кардани кадрҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баррасии мавзуъҳои диссертатсионии докторантони PhD-и курси 1-уми муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ баргузор гардид.
Бояд гуфт, ки тибқи қарори ҷаласаи Раёсати Академияи миллии илмҳо ва фармоиши президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳайати комиссияи шурои ҳамоҳангсозии баррасӣ ва тасдиқи мавзуъҳои корҳои диссертатсионии муассисаҳои илмӣ тасдиқ шудааст, ки дар Шурои мазкур ҳамасола мавзуъҳои аспирантон, докторантони PhD, докторантони анъанавӣ ва постдокторантон баррасӣ ва тасдиқ мешавад. Бояд ёдовар шуд, ки фаъолияти шурои ҳамоҳангсозии Академияи миллии илмҳо оид ба баррасӣ ва тасдиқи мавзуъҳои корҳои диссертатсионӣ дар асоси низомномаи шурои ҳамоҳангсозии Академияи миллии илмҳо ба роҳ монда шудааст.
Имрӯз мавзуъҳои 48 нафар докторантони PhD аз ҷониби Шурои ҳамоҳангсозӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки ин иқдом дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромадашон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар санаи 30 майи соли 2024, ки таъкид намуданд: бояд барои унвонҷӯён, аспирантон ва докторантони PhD мавзуъҳои мубрам интихоб карда шаванд, ки барои иқтисодиёти кишвар ва ояндаи мамлакат манфиатовар бошанд. Дар ин замина, таъкидҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти мустаҳкам намудани мактаби илмии устоду шогирд мавриди баррасӣ низ қарор дода шуд.
Дар робита ба ин, минбаъд фаъолияти роҳбарони илмӣ тавассути имзои шартномаи сетарафа байни Академияи миллии илмҳо, роҳбари илмӣ ва докторанти PhD назорат карда мешавад, то сари вақт рисолаҳои илмии докторантони PhD ба ҳимоя дар шуроҳои диссертатсионӣ пешниҳод карда шаванд.
Ҳамчунин, дар ҷаласаи имрӯза баррасии мутобиқати мавзуъҳои докторантони PhD ба самти илмии муассисаҳои илмӣ ва ихтисосҳое, ки дар таснифоти давлатӣ, равия ва ихтисосҳои Комиссияи олии атестатсионӣ тасдиқ гардиданд мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Вобаста ба ин, ба докторантони PhD барои сари вақт ҳимоя кардани рисолаҳои диссертатсионӣ дастурҳои мушахас дода шуд.
Таҳияи сардори Раёсати тайёр кардани кадрҳои илмӣ, доктори илмҳои филологӣ Қосимзода С.С.
РӮНАМОИИ КИТОБИ “ЁДНОМА” ВА ГИРОМИДОШТИ ФАЪОЛИЯТИ СОБИҚ ВАЗИРИ КОРҲОИ ДОХИЛИИ ҶШС ТОҶИКИСТОН
Санаи 16 – феврал маҳфили навбатии “Хирад“ - и Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид. Маҳфили мазкур ба 100-солагии таъсиси милитсияи тоҷик ва фаъолияти пурсамари собиқ Вазири корҳои дохилии ҶШС Тоҷикистон Қурбонов Исмоил бахшида шуда, ҳамзамон дар доираи он рӯнамоии китоби тозанашри доктори илмҳои таърих Қурбонова Ширин таҳти унвони «Ёднома» баргузор гардид.
Бояд гуфт, ки китоби «Ёднома» ба фаъолияти пурсамар ва зиндагиномаи шодравон Қурбонов Исмоил бахшида шуда, дар он хизматҳои арзандаи ӯ ҳамчун роҳбари мақомоти корҳои дохилӣ ва шахсияти барҷастаи давлатӣ бозгӯ шудаанд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт зимни баромади худ иброз доштанд, ки ин маҳфил бо ҳамкории Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои давлатӣ ташкил гардида, ба ду санаи муҳимми таърихӣ — 100-солагии таъсиси милитсияи тоҷик ва 90-солагии зодрӯзи генерал-майори хизмати дохилӣ, Вазири корҳои дохилии ҶШС Тоҷикистон дар солҳои 1980–1986 Исмоил Қурбонов бахшида шудааст.
Қайд гардид, ки ин ду сана на танҳо хотираи гузаштаро зинда медоранд, балки барои насли имрӯза ва оянда мактаби бузурги садоқат ба Ватан, масъулиятшиносӣ ва хизмат ба давлат мебошанд. Ба таъкиди суханрон, шахсияти Қурбонов Исмоил дар таърихи мақомоти корҳои дохилӣ бо кордониву ҷасорат, поквиҷдонӣ ва таваҷҷуҳи хос ба тарбияи кадрҳои миллӣ нақши барҷаста гузоштааст.
Дар идомаи маҳфил китоби “Ёднома. Очерки таърихӣ” (Душанбе, 2025), ки муаллифи он доктори илмҳои таърих Ширин Қурбонова — духтари генерал Қурбонов мебошад, муаррифӣ гардид. Таъкид шуд, ки ин асар на танҳо тарҷумаи ҳоли як шахсияти барҷаста, балки бозтоби як давраи муҳими таърихӣ буда, бо такя ба дастхатҳои бойгонӣ, санадҳои расмӣ ва хотироти ҳамсафону шогирдон таҳия шудааст.
Дар китоб хотироти шахсиятҳои шинохта, аз ҷумла генералҳо Шералӣ Хайруллоев, Абдураҳим Қаҳҳоров, Усмон Ҷумаев, Тағоймурод Маҳмадмуродов, ҳамчунин академикон Улмас Мирсаидов, Абдуҷаббор Раҳмонзода, Юсуфшоҳ Ёқубшоҳ, Муҳиба Ёқубова, Талбак Назаров, Юсуф Нуралиев ва дигар чеҳраҳои маъруф гирдоварӣ гардидаанд. Ин хотирот симои инсонии Қурбонов Исмоилро ҳамчун роҳбари кордон, мураббии сахтгир ва ҳамзамон шахси хоксору мардумӣ бозгӯ менамоянд.
Яке аз паҳлӯҳои барҷастаи фаъолияти ӯ сиёсати кадрӣ арзёбӣ гардид. Қурбонов Исмоил ҳамчун вазир ба ҷалби ҷавонони софдил, серғайрат ва донишманд таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои тарбия ва пешрафти кадрҳои миллӣ шароити мусоид фароҳам овардааст. Маҳз чунин сиёсати дурандешона боис гардид, ки шогирдони ӯ баъдан дар вазифаҳои масъули давлатӣ фаъолият намоянд.
Дар идома академик Абдуҷаббор Раҳмонзода ва пайвандону шогирдони Қурбонов Исмоил ибрози ақида намуда, аз кордониву тарбия намудани кадрҳо, ватандӯстиву меҳанпарастии ин марди накуном ёдовар шуданд.
ВОХУРИИ МАСЪУЛИНИ РАЁСАТИ ТАЙЁР КАРДАНИ КАДРҲОИ ИЛМӢ БО ИШТИРОКЧИЁНИ ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ
Имрӯз, 16 феврал масъулини Раёсати тайёр кардани кадрҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштирокчиёни озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фурӯғи маърифат” ва “Шоҳномахонӣ” вохурӣ баргузор намуданд.
Зимни вохурӣ масъулин вобаста ба тартиб ва муҳлати баргузории даври муассисавии озмунҳои мазкур, ки аз моҳи феврал оғоз мегарданд, маълумоти муфассал пешниҳод карданд. Таъкид гардид, ки ҳадафи асосии ин озмунҳо таҳкими фарҳанги китобхонӣ, рушди ҷаҳонбинии илмӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифат ва дарёфти истеъдодҳои ҷавон мебошад.
Ҳамзамон, ба иштирокчиён ҷиҳати омодагии ҷиддӣ, истифодаи самараноки манбаъҳои илмӣ ва риояи талаботи низомнома тавсияҳои мушаххас дода шуданд. Дар фарҷоми вохӯрӣ иштирокчиён изҳори сипос намуда, омодагии худро барои иштироки фаъолона ва сазовор дар даврҳои минбаъда баён доштанд.
Паёми табрикотии видеоӣ ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба муносибати оғози Соли нави чинӣ – Иди Баҳор 15.02.2026
Рӯзатон ба хайр бошад, муҳтарам ҷаноби Раис,
Лутфан, табрикоти самимӣ ва таманниёти неки инҷонибро ба муносибати Соли нави суннатии Чин бо тақвими қамарӣ – Иди бостонии Баҳор бипазиред!
Соли Аспи оташбор рамзи нерӯ, тавоноӣ ва ҳаракат ба пеш мебошад.
Аз самими қалб ба Шумо, пеш аз ҳама, сиҳатмандии бардавом, нерӯи устувор ва комёбиҳои навин дар фаъолияти давлатиатон орзумандам.
Ба мардуми дӯсти Чини бузург сулҳу амонӣ ва пешрафти пойдор мехоҳам.
Ҷумҳурии Мардумии Чин то имрӯз дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт ба комёбиҳои беназир ноил гардидааст.
Кишвари Шумо ба туфайли иқдому ташаббусҳои глобалии бунёдкорона пешсафи тамоюлҳои калидии замони мо мебошад.
7. Мо аз ин дастовардҳои ҳамсояи наздик ва боэътимоди худ хушҳолем.
Он ҳам боиси фараҳмандист, ки муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин дар қолаби шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ ҷараёни баланди рушдро касб кардаанд.
Ҳамзамон бо ин, кишварҳои мо дар чорчӯби сохторҳои байналмилаливу минтақавии бисёрҷониба дар ҳамоҳангии зич ҳамкорӣ доранд.
Саҳми шахсии Шуморо дар пешбурди ин равандҳои созанда мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумонамон баланд қадр мекунам.
Дар ин самт ба ҳамкории сермаҳсули минбаъда бо Шумо умед мебандам.
Бовар дорам, ки дар ҷараёни музокироту тамосҳои сатҳи олии дарпешистодаи соли равон робитаҳои байнидавлатии ду кишварро бо муҳтавои нави амалӣ боз ҳам ғанӣ хоҳем гардонид.
Интизори мулоқотҳои нав бо Шумо, дӯсти гиромӣ, ҳастам.
Бори дигар Иди Баҳор ва Соли нав муборак бошад!
******
Инчунин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ба муносибати оғози Соли нави чинӣ – Иди Баҳор барқияи табрикотӣ ирсол карданд.
Санаи 12 феврали соли 2026 дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Нақши илм дар рушди маънавии занон» баргузор гардид. Чорабинии мазкур дар доираи татбиқи иқдомҳои созанда ва ҳадафмандонаи Созмони Милали Муттаҳид ва ЮНЕСКО ҷиҳати баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа, инчунин бо такя ба сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирӣ ва рушди фаъолияти занону духтарон дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла илму маориф роҳандозӣ гардид.
Ҳадафи асосии конференсия таҳкими мақоми зан дар ҷомеаи муосир, баррасии саҳми занон дар пешрафти илм, баланд бардоштани сатҳи маънавию зеҳнии онҳо ва мусоидат ба таъмини баробарии гендерӣ дар фазои илмии кишвар маҳсуб меёфт.
Дар конфронс ноибони президенти АМИТ Саломиён М. ва Ибодзода С. зимни суханрониҳо нақши боризи занонро дар рушди илми миллӣ, тарбияи насли ҷавони муҳаққиқон ва таҳкими пояҳои маънавии ҷомеа таъкид намуданд. Қайд гардид, ки имрӯз дар партави сиёсати давлатӣ барои фаъолияти пурсамари занони донишманд тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шуда, шумораи занони олим, муҳаққиқ ва роҳбар дар муассисаҳои илмӣ сол ба сол афзоиш меёбад.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба хатмкардагони курси омӯзишии «Зан — Сарвар» шаҳодатномаҳо супорида шуд, ки ин иқдом ҳамчун заминаи муҳими омодасозии занони роҳбар ва тақвияти малакаҳои идоракунӣ арзёбӣ шуд.
