Skip to main content
Дар даврони пурифтихори соҳибистиқлолии давлатӣ, бо роҳнамоӣ ва талошҳои пайвастаи фарзанди арҷманди миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар кишвар дигаргуниҳои амиқ ва созанда амалӣ гардиданд. Ислоҳоти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ, ки бо ҳидояти хирадмандонаи Пешвои миллат роҳандозӣ шуданд, ба таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва рушди устувори ҷомеа замина гузоштанд. Ин тадбирҳои ҳаётан муҳим Тоҷикистонро ба марҳилаи навини пешрафт ворид намуда, онро ба ҷомеаи мутамаддин ва босуботи муосир табдил доданд.

Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 16 декабри соли 2025 дар толори калони “Парлумони Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакатро барои марҳилаҳои минбаъдаи рушд муайян намуда, ҳамзамон вобаста ба пешрафти соҳаҳои илму маориф, иқтисоду саноат, энергетика ва дигар масъалаҳои муҳими кишвар вазифаҳои мушаххасу муҳимро дар назди сохторҳои дахлдор гузошт. Паём аҳамияти таърихӣ дошта, на танҳо миёни зиёиён ва аҳли илм, балки дар миёни кормандони давлатӣ, роҳбарони сохторҳо ва тамоми шаҳрвандони кишвар интизори гарму самимӣ меёфт. Ҳар бор, ки Пешвои миллат Паёмро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа менамоянд, суханони Сарвари давлат бо андешаҳои тоза ва роҳнамоӣ барои зиндагии шоистаи мардум садо медиҳанд. Ин суханон ба умеду ормонҳои ҷомеа ҳамсадо гардида, дар қалбу зеҳни мардум ҷой мегиранд.

Аз ин лиҳоз, Паём на танҳо як суханронии сиёсӣ, балки дастури ҳаётӣ барои ҷомеа маҳсуб меёбад. Ҳар як шаҳрванди кишвар онро бо эҳтиром ва самимият мепазирад, зеро суханони Сарвари давлат ба орзуву умедҳои мардум ҳамсадо буда, роҳи равшани амалро нишон медиҳанд. Гӯш додан ба Паём маънои пайравӣ аз арзишҳои миллӣ ва умумибашариро дорад, ки мардумро ба ваҳдат, меҳнатдӯстӣ ва масъулиятшиносӣ раҳнамоӣ мекунад. Аз ин ҷост, ки ҳар фарди ҷомеа нуктаҳои Паёмро ба фаъолияти ҳаррӯзаи худ ворид намуда, онро ҳамчун барномаи амал ва меъёри зиндагӣ истифода мебарад.

Паёми и мсола масъалаҳои калидии марбут ба пешрафт ва тамаддуни кишварро фаро гирифта, дар он аз рӯйи ҳамаи самтҳои фаъолияти давлатӣ ҷамъбаст сурат гирифта ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти минбаъда муайян карда шудаанд. Дар ин замина, яке аз соҳаҳои муҳими давлатдорӣ, ки пайваста дар меҳвари таваҷҷуҳи Пешвои миллат қарор дорад, соҳаи илму маориф ба ҳисоб меравад. Чуноне ки Сарвари давлат қайд карданд: “Ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тӯли беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям”. Маҳз илму маориф омили калидии ташаккули ҷомеаи пешрафта ва кафолати рушди устувори кишвар маҳсуб меёбанд. Сарвари давлат таъкид доранд, ки заминаи мустаҳками рушди ин соҳаҳо имрӯз гузошта шудааст ва он ҳамчун сармояи пойдор ба ояндаи дурахшони кишвар хизмат мекунад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо раҳбарии Сарвари давлат, дастгирии илму маорифро сармоягузорӣ ба бақои давлат ва рушди устувори ҷомеа арзёбӣ менамояд. Аз ин рӯ, маблағгузории соҳаҳои мазкур сол то сол афзоиш меёбад. Айни замон ҳиссаи хароҷоти буҷети давлатӣ ба илму маориф беш аз 21 фоизро ташкил медиҳад, ки нишондоди равшани сиёсати устувори давлат дар самти таъмини рушди зеҳнӣ ва маънавии ҷомеа мебошад. Тибқи барномаҳои молиявӣ, барои соҳаи маориф дар соли 2026 қариб 14 миллиард сомонӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ пешбинӣ шудааст. Ин маблағ нисбат ба соли 2025-ум 25,4 фоиз зиёд буда, дар муқоиса бо соли 2015 панҷуним маротиба афзоиш ёфтааст. Ҳамаи ин нишондиҳандаҳо далели равшани онанд, ки бо сиёсати босамари Сарвари давлат, рушди илму маориф ҳамчун омили асосии пешрафти ҷомеа ва кафолати ояндаи миллат мавқеи махсус ва аҳамияти хоса дорад.

Дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дастгириҳои пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, илму маориф ҳамеша мавқеи хоса дорад. Маҳз бо ҳидоят ва пуштибонии Пешвои миллат омӯзиши пиряхҳо ҳамчун яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки илмии кишвар эътироф шудааст. Пиряхҳо на танҳо манбаи оби тоза, балки омили муҳими тавозуни иқлимӣ ва амнияти экологӣ мебошанд. Аз ин рӯ, ҳифз ва омӯзиши онҳо бо дастгирии роҳбарияти давлат аҳамияти стратегӣ ва ҷаҳонӣ касб намуд.

Бо ташаббус ва дастгирии Тоҷикистон, соли 2025 бо қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон гардид. Ҳамзамон, солҳои 2025–2034 ҳамчун «Даҳсолаи илмҳои криосфера» муайян шуданд. Ин иқдомҳо, ки бо пуштибонии Пешвои миллат амалӣ гардиданд, мавқеи Тоҷикистонро ҳамчун пешоҳанги масъалаҳои обу иқлим дар арсаи байналмилалӣ мустаҳкам сохтанд.

Дар робита ба ин, Сарвари давлат аз тамоми сохторҳои дахлдор даъват ба амал оварданд, ки фаъолияти илмӣ ва амалии худро дар самти омӯзиши пиряхҳо густариш дода, дастовардҳои илмии кишварро дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ намоянд. Ин раванд бо дастгирии роҳбарияти давлат на танҳо ба рушди илмҳои табиӣ мусоидат мекунад, балки Тоҷикистонро ба маркази муҳими таҳқиқоти байналмилалӣ дар соҳаи криосфера табдил медиҳад.

Бо дарназардошти аҳамияти ин масъала ва бо дастгирии Пешвои миллат, пешниҳод шуд, ки Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳо» ба Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳо» табдил дода шавад. Ин иқдом ба таҳкими заминаи илмӣ, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва муаррифии васеи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат хоҳад кард.

Бо ҳадафи баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва ҳалли мушкилоти иҷтимоии мардум, Паёми имсолаи Сарвари давлат ба масъалаҳои муҳими рӯзмарра бахшида шуд. Дар он таъкид гардид, ки фароҳам овардани шароити мусоид, зиндагии шоиста ва бароҳати шаҳрвандон аз самтҳои асосии сиёсати давлат ба ҳисоб меравад. Ин нуқтаҳо на танҳо ҳамчун барномаи амал, балки ҳамчун омили таҳкими ваҳдат, суботи иҷтимоӣ ва рушди устувори кишвар арзёбӣ мешаванд. Паём бо равшанӣ нишон дод, ки беҳбуди шароити зиндагӣ ва ҳимояи манфиатҳои мардум дар маркази диққати роҳбарияти давлат қарор дошта, барои ҳар як фарди ҷомеа заминаи зиндагии арзанда ва ояндаи дурахшонро таъмин месозад. Бо ин мақсад, аз 1-уми сентябри соли 2026 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 фоиз, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, инчунин стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда мешаванд. Ҳамзамон, музди меҳнати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар сохторҳои дахлдор низ 20 фоиз боло бурда мешавад.

Дар баробари ин, ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба андозаи 1300 сомонӣ дар як моҳ муқаррар мегардад. Бо мақсади дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ, аз 1-уми сентябри соли 2026 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва андозаи нафақаи заминавӣ дар сатҳи таварруми соли 2025, вале на кам аз 15 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия карда мешаванд.

Ин тадбирҳо далели равшани онанд, ки баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар ин самт минбаъд низ тамоми чораҳои зарурӣ андешида шуда, барои таъмини зиндагии шоиста ва ояндаи дурахшони ҷомеа заминаи устувор гузошта мешавад.

Дар Паёми имсолаи худ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки масъалаҳои марбут ба занон ва бонувон дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат қарор доранд. Пешвои миллат иброз доштанд, ки барои рушди ин самти муҳим мунтазам тадбирҳои судманд андешида мешаванд ва нақши занону духтарони бонангу номуси Ватан дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа ҳамеша қадрдонӣ мегардад. Аз талошҳои онҳо барои бунёди ояндаи ободу осудаи кишвар ифтихор карда мешавад.

Дар Паём қайд гардид, ки баланд бардоштани мақоми занон, тарбия ва ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин намудани бонувону духтарони лаёқатманд яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлат мебошад. Ин раванд дар оянда низ идома хоҳад ёфт ва имконият фароҳам меорад, ки занон дар ҷомеа бо иқтидор ва масъулияти бештар фаъолият намоянд.

Сарвари давлат бо итминон изҳор намуданд, ки занону бонувони мамлакат дар тарбияи фарзандон нақши калидӣ доранд. Онҳо бояд фарзандонро дар руҳияи омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар тарбия намоянд, қонунҳои миллӣ – «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро риоя кунанд ва дар эҳёи расму ойинҳо, суннату анъанаҳои мардуми бостонии тоҷик, аз ҷумла сарфаю сариштакорӣ ва пӯшидани либосҳои миллӣ саҳми арзанда гузоранд.

Ин таъкидҳо аз Паёми имсолаи Сарвари давлат далели равшани онанд, ки сиёсати иҷтимоии кишвар ба қадршиносӣ ва дастгирии занон равона шудааст. Занон ҳамчун нерӯи созанда ва пешбарандаи ҷомеа дар рушди устувори давлат нақши муҳим доранд ва ин сиёсат минбаъд низ идома хоҳад ёфт.

Дар анҷом метавон гуфт, ки Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо як суханронии сиёсӣ, балки дастури ҳаётӣ барои ҳар як шаҳрванди кишвар аст. Он ҳамчун барномаи амал роҳи равшани пешрафтро нишон дода, ҷомеаро ба ваҳдат, меҳнатдӯстӣ ва масъулиятшиносӣ раҳнамоӣ мекунад. Паём бо мазмун ва аҳамияти худ мардумро ба ҳамбастагӣ ва созандагӣ даъват намуда, Тоҷикистонро ба сӯи рушди устувор, суботи иҷтимоӣ ва ояндаи дурахшон ҳидоят менамояд.

Қоҳирова Гулчеҳра - узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон