
(Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»)
Кишвари Тоҷикистони навин барои дастгирии ҷавонон ва ҳавасманд гардондани онҳо ба донишу илму техника шароити хуби зиндагӣ ва таҳсилро роҳандозӣ намуда, барномаҳои зиёдро барои омӯзиши илму дониш ва интихоби касбу ҳунарҳои замонавӣ коркард ва қабул намудааст. Дар зимн, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карданд: «Бо дастгириву ғамхорӣ фаро гирифтани ҷавонон, ҳаллу фасли мушкилоти ҳаёти онҳо ва истифодаи дурусту оқилона аз ин захираи стратегии миллӣ ба хотири ободиву пешрафти Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарине мебошанд, ки таҳтитаваҷҷӯҳи хоссаи Ҳукумати мамлакат қарор доранд, зеро Тоҷикистон худ кишвари ҷавонон аст”. Ин дастгириҳои Сарвари давлат боиси болидаруҳӣ ва ифтихори миллии насли нав гардида, кӯшишҳои онҳоро, баҳри ҳифзи дастовардҳои истиқлоли давлатӣ, дучанд менамояд.
Ҳамин тавр, Паёмҳои ҳамасолаи Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафти корҳои муҳим аз ҷумла, иҷтимоӣ, илму дониш, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ роҳнамомаҳсуб мешаванд. Дар зимн, яке аз самтҳои асосии ин паёмҳоротиббу тандарустиву тарбияи насли солиму созада ташкил медиҳад, ки мопайрвони Сино ва шогирдони муассисиҳои тиббии кишвар ба хусус "коллеҷи таббии шаҳри Ваҳдат"-ро лозим меояд то бештару беҳтараз роҳнамоиҳои Пешвои миллат ва роҳбарону муаллимони меҳрубону мушфиқи истифода карда, баҳри ободиву оромии диёру халқу Ватан хидмат намоем. Зеро эҷоди насли сулҳпарвару солиму созандаву самимӣ яке аз вазифаҳои асосии ҳар як табиб маҳсуб мешавад.
Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат иброз намуданд, ки пешравии ҳар гуна ҷомеа ба илм ба хусус тибу табобат вобаста аст, зеро маҳз тавассути илм ва ҷаҳонбинии илмӣ ҷомеа рушд мекунад. Мо шукрона аз он менамоем, ки дастгирии олимону табибон ва рушди илм дар маркази Пешвои миллат меистад. Дар Паёми Певои миллат ишора шудааст, ки “тайёр намудани мутахассисон ва бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани муассисаҳои тиббӣ яке аз масъалаҳои асосӣ ва афзалиятноки соҳаи тандурустӣ мебошад”.
Мо ифтихор аз он менамоем, ки аз тарбиятгирнадагони муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат» мебошем, ки бо фармони Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04.08.1966, №770, бо мақсади тайёр намудани мутахассисони соҳаи тиб, ташкил карда шудааст. Муассисаи мо дар асоси қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», аз 22.07.2013, №1004, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Консепсияи ислоҳоти тиббӣ ва фарматсевтӣ» аз 31.10.2008, №512 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарори Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон «Дар бораи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз3.03.2006, №94, Низомномаи намунавии ташкили раванди низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ аз 01.10.2018, №18/35 ва Оинномаи муассиса, ки бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз28.05.2019, №381 тасдиқ карда шуда, зери роҳнамоиидиректори Чилазода Бобохон Чила ва тими кории пуркору пуртаҷриба амал мекунад.
Мояи шарафу ифтихори мост, ки 25 октябр соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвоимиллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои нави иловагии Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат”бо тарҳи муосириборат аз таҳхона ва 4 ошёна мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд, ки аз ғамхориҳои падаронаи Пешвои миллат ба баҳри мо ҷавонони ояндасозу ҳимоятгарони насли солиму созанда маҳсуб мешавад. Зимни суҳбати самимӣ бо омӯзгорону донишҷӯён Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарбияи мутахассисони баландихтисоси ватандӯсту хештаншиносро аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳайати омӯзгорон арзёбӣ карданд.
Тарбияи насли ҷавони солиму созанда ва дорои илму донишу маърифат яке аз масъалаҳои муҳиммебошад. Пешвои миллат дар Паёми солона зикр намуда, таъкид карданд, ки ҷалби бештари мутахассисон ва омода кардани олимони ҷавон дар соҳаи илми тиб бо воситаи аспирантура ва докторантура вазифаи аввалиндараҷа буда, ҷоизаи“Олими ҷавони сол”, ки ҳар сол ба олимони ҷавони соҳаи тиб дода мешавад, воситаи ҳавасмандкунӣ дар ин роҳ ба ҳисоб меравад.
Мо пайравони Синои бузург ва табибони ояндаи кишвар, аз ҷумла мутахассисони кори ҳамширагӣ, кори фарматсевтӣ, кори дандонсозӣ, кори тиббӣ - ташхисӣ, кори тиббӣ - офиятӣ, кори момодоягӣ ва тиббӣ – профилактикиро зарур меояд то пайваста барои эҷоди насли солим ва ҳифзу ҳимояи онҳо кӯшиш намуда, ҳамқадами замони муосир дар партави илму донишу хирад бошем. Инчунин моро лозим меояд то роҳнамоҳоимуаллимону мураббиёни мушфиқ ва китобхонаи фаровон аз нусхаҳои адабиёти зарурӣ дар шакли электронӣ махфуз буда, компютерҳо бештару беҳтар истифода намуда, табиби ҳозиқу хоксору хушбини диёр Ватани худ гардем.
Инчунин моро лозим меояд барои рушди илму дониши худ бештару беҳтар аз технология муосир, таҷрибаикадрҳои баландихтисос дар корҳоиамалӣ истифода карда, баҳри пешгириву табобати беморон хидмат намоем.
Зеро аҳолии донишманду босавод дар эҷоди ҷомеаи солиму созандаву созгор нақши муҳим бозида, бо роҳнамоиҳои муаллимону меҳрубону падару модарони мушфиқи худ ҳушёртарузирактар гашта, муҳиту ҷомеа ва Ватанро аз хавфу хатарҳо ҷилавгирӣ намуда, пайваста ҷидду ҷаҳд карда, баҳриэҷоди насли солиму созанда саҳми сазовор хоҳанд гузошт.
Ҳамин тариқ, паёмҳои Пешвои миллат мавриди таваҷҷуҳи бештари давлату миллатҳо қарор гирифта, 23 сентябр соли 2024 зимни суханронӣ дар Ҳамоиши Оянда-и СММ дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пешниҳод намуданд, ки тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабуд гардад, ки ба зиндагии озоду орому осоиштаи мардуми сайёра бахшида шудааст. Бо чунин ташаббусҳои саривақтиву созанда Тоҷикистонро бо мактаби сулҳу созандагиаш яке аз амнтарин кишварҳои ҷаҳонпазируфтанд, ки аз ифтихору сарбаландии мо сокинони кишвар маҳсуб мешавад. Бо чунин орзуву таманниёти нек барои ҳамаи пайравони Синои бузург, роҳбарияту муаллимони коллеҷ ва ҳамкурсону ҳамсафону ҳамдиёрони кишвар барору баракат мехоҳам.
Раҳмонова Фотима - Донишҷӯи Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат
Имрӯз, 02 сентябр дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конфронси илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Сафаралӣ Раҷабов – омӯзгор, олим ва арбоби давлатӣ” бо иштироки ходимони барҷастаи давлатӣ ва олимону кормандон баргузор гардид. Ба кори конфронс ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд ҳусни оғоз бахшид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт зимни сухани ифтитоҳӣ иброз дошт, ки дар Академияи миллии илмҳо мунтазам вобаста ба бузургдошти олимони варзида, шоирону нависандагон, адибону шахсиятҳои бузурги таърихи ҳамоишу конференсияҳои илмӣ баргузор гардида, барои олимону адибон ва аҳли фарҳанг бо мақсади муаррифии дастовардҳои илмӣ-адабӣ ва эҷодӣ, ҳамчунин, китобҳои таълифнамудаи онҳо маҳфили Хирад баргузор карда мешавад. Ҳамоиши илмии имрӯза ба хотираи гиромидошти фаъолияти бисёрсола ва бенуқсони арбоби барҷастаи давлатӣ, омӯзгори корозмуда ва шахсияти ватандӯсту маърифатпарвар Сафаралӣ Раҷабов баргузор карда шудааст.
Таъкид гардид, ки чорабинии мазкур фурсати хубест барои баррасии саҳми арзандаи ин арбоби давлатӣ дар пешрафт ва рушду нумуи маориф ва илми Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки дар давраи мураккаби таърихӣ фаъолият намудааст нақши муҳим бозидааст.
Сафаралӣ Раҷабов шахсияте буд, ки роҳи зиндагии ӯ аз як омӯзгори оддии мактаби миёна оғоз шуда, бо садоқат ва заҳмати бепоён то ба мақоми баланди Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири маориф расидаст. Фаъолияти пурсамари ӯ дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ, аз ҷумла дар таҳия ва татбиқи Конститутсияи соли 1994, иштирок дар сулҳи тоҷикон ва мустаҳкам намудани пояҳои давлатдории муосир, намунаи олии хизмат ба Ватан ва мардум аст. Ӯ бо хоксорию меҳрубонӣ, дипломатияи воло ва андешаҳои амиқи сиёсӣ дар қалби мардум ҷойгоҳи хоса пайдо карда буд.
Дар идомаи чорабинӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода дар суханронии хеш изҳор дошт, ки Сафаралӣ Раҷабов на танҳо як сиёсатмадори варзида, балки як инсони хайрхоҳ, дӯсти бовафо ва шахсияти фарҳангӣ буд, ки дар ҳар қадамаш садоқат ба арзишҳои миллӣ ва инсонӣ эҳсос мешуд.
Инчунин, дар чорабинии мазкур муовини Раиси Ҳизби Халқии Тоҷикистон Мирзоқосим Каримзода, арбоби давлатӣ Хайриннисо Юсуфӣ, Зоир Ҷӯрахон Маҷидзода, мудири шӯъбаи ҳуқуқи давлатии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ, Дониёр Сангинзода - муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ оид ба илм ва таълим дар суханронии хеш аз ҳаёту фаъолият ва хотираҳои ин арбоби давлатӣ ёдовар гардиданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ Сардори Раёсати баҳисобгирии муҳосибавӣ, банақшагирии молиявӣ ва моликияти АМИТ Шарифзода Алишер, сардори Раёсати магистратура, аспирантура ва докторантураи PhD- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қосимзода Солеҳ Салим, ходими пешбари илмии шуъбаи Аврупои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Зиёев Субҳиддин Насриевич бо медали 30- солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
ҲАМОИШ БАХШИДА БА РӮЗИ ДОНИШ ВА ДАРСИ СУЛҲ ДАР АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
Имрӯз, 01 сентябр дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Ҳамоишро ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд ҳусни оғоз бахшид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш зикр дошт, ки Рӯзи дониш ва дарси Сулҳ имрӯз дар остонаи ҷашни 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, ки ба ин муносибат низ кулли кормандони илмии ин боргоҳи илму маърифатро табрику таҳният гуфта, ба яко яки онҳо тансиҳативу хонаободӣ ва дар фаъолияти илмӣ фатҳи қуллаҳои навро орзу менамоям.
Таъкид гардид, ки ҳамасола оғози соли нави таҳсил ҳамчун «Рӯзи дониш» ба таври анъанавӣ дар саросари мамлакат ҷашн гирифта мешавад. Ин ҷашни бошукӯҳ бо иштирок ва суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузаронида мешавад, ки чанде пеш мо шоҳиди суханронии Президенти мамлакат зимни ифтитоҳи боз як бинои нави муассисаи таҳсилоти олӣ-Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон гардидем. Баргузории «Рӯзи дониш ва Дарси Сулҳ», ки бо роҳнамоӣ ва дастуру ҳидоятҳои неки пайвастаи Пешвои муаззами миллатамон сурат мегирад, ба мо илҳому таровати тоза оварда, барои ноил гаштан ба дастовардҳои нави илмию тадқиқотӣ моро ҳидоят менамояд ва дар хотираи ҳар яки мо нақши муҳимро мегузорад.
Гуфта шуд, ки зимни баргузории дарси Сулҳ Пешвои миллат аз мушкилот ва дастовардҳои соҳаи маорифи кишвар ёдовар шуда, ҷиҳати ҳалли масъалаҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Дар ин радиф, бо мақсади таъмини босифати хонандагону донишҷӯён бо китобҳои дарсӣ дастур доданд, ки Академияи миллии илмҳо дар якҷоягӣ бо дигар сохторҳои дахлдор Консепсияи таҳияи китобҳои дарсиро аз нав таҳия намуда, ба Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
Ҳамчунин, Пешвои миллат таъкид намуданд, ки зарур аст, ки китобҳои дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ пеш аз нашр аз ташхиси олимони Академияи миллии илмҳо гузаронида шаванд. Мо боварии комил дорем, ки имрӯз неруи ақлонию илмии Академияи миллии илмҳо баъди ба тасвиб расидани нақшаи чорабиниҳо ба таҳияи Консепсия оғоз намуда, рӯйхати ташхисгарони китобҳои дарсиро вобаста ба равия ва самтҳо омода намуда, саривақт барои тасдиқ пешниҳод менамоянд.
Зикр гардид, ки Раёсати Академияи миллии илмҳо роҳҳои самарабахши илмию тадқиқотиро ҷустуҷӯ намуда, тадриҷан ба муваффақиятҳои назаррас ноил шуда истодааст. Давра ба давра бо ибтикори Раёсати Академияи миллии илмҳо ва бо дастгирии бевоситаи илмпарваронаи Пешвои миллат озмоишгоҳҳои наву замонавӣ сохта, мавриди истифодабарии ҳайати корманрдону унвонҷӯён ва аспирантону докторантон қарор дода истодааст, ки ба талаботи замони муосир пурра ҷавогуй мебошанд.
Воқеан, инкишофи босуръати техника ва технологияи муосир талабгори мутахассисони баркамол буда, бе чунин имконот рушди босуботи ҷомеаро таъмин намудан аз имкон берун аст. Аз ин ҷост, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як баромаду вохӯриҳояшон бо аҳли зиё ба соҳаи илму маориф аҳамияти ҷиддӣ дода, ҳамеша насли ояндаро ба омӯзиши ҳамаҷонибаи илмҳои замонавӣ, аз ҷумла забонҳои хориҷӣ даъват менамоянд.
Дар идома академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мамадшо Илолов, доктори илмҳои таърих Қурбонова Ширин, доктори илмҳои фалсафа Хуршед Зиёӣ дар маърӯзаҳои илмии хеш доир ба моҳияти баргузории Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ суханронӣ намуда, нақши илму донишро дар ҷомеа муҳим арзёбӣ намуданд.
Имрӯз, 29 август президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо мутахассиси соҳаи бехатарии озуқаворӣ ва гуногунии биологии Созмони Милали Муттаҳид оид ба озуқаворӣ ва кишоварзӣ (ФАО) доктор Сара Занон Агапито мулоқот анҷом доданд.
Зимни мулоқот президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ташрифи доктор Сара Занон Агапиторо ба академия хайру мақдам гуфта, дар робита ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти маркази илми ҷумҳурӣ Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маълумоти мушаххас дод.
Дар мулоқот ҷонибҳо барои ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар самти ҳифзи гуногунии биологӣ, гузаронидани таҳқиқотҳои муштарак бо олимони Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дастгирии лоиҳаҳо дар ин самт ба мувофиқа омаданд.
Ёдовар мешавем, ки доктор Сара Занон Агапито бо ҳамтоёни худ дар доираи лоиҳаҳои сершумореро, ки аз ҷониби Фонди глобалии экологӣ (GEF), пеш аз ҳама дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ маблағгузорӣ мешаванд ҳамкорӣ ба роҳ мемонад.
Бояд гуфт, ки аксари лоиҳаҳо ба гуногунии агробиологӣ, мутобиқшавӣ ва коҳиш додани таъсири тағйирёбии иқлим бахши кишоварзиро фаро гирифта, таҳкими иқтидор, таҳқиқоти саҳроӣ ва дастгирии ҳуҷҷатнигории лоиҳаҳҳоро дар бар мегирад.
Дар ин замина таҷрибаи доктор Сара Занон Агапито барои баррасӣ ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, омода намудани посухҳо ба Котиботи Фонди глобалии экологӣ (GEF) ва таъмини ҳамоҳангӣ бо афзалиятҳои миллиро дар бар мегирад. Вай ба пешбурди дипломатияи илмӣ барои системаҳои устувори ғизо ва ҳифзи гуногунии биологӣ, инчунин барои ноил шудан ба ин ҳадафҳо бо ҷонибҳои манфиатдори миллӣ ҳамкорӣ мекунад.
МУЛОҚОТ БО ДЕКАНИ ФАКУЛТЕТИ МУБОДИЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ФАРҲАНГИИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ОМӮЗГОРИИ ШИНҶОН
Имрӯз, 27 август президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо декани факултети мубодилаи байналмилалии фарҳангии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Шинҷони Ҷумҳурии Мардумии Чин Ден Син мулоқот намуданд.
Дар мулоқот ҳамчунин ёрдамчии директори Донишкадаи Конфутсии назди ДМТ Ван Хуэйҷуан, мудири шуъбаи Раёсати робитаҳои байналмилалии илмии АМИТ Мирвайсов Мамурҷон иштирок намуданд.
Зимни мулоқот роҳбари академия ташрифи меҳмононро ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, оид ба ҳамкориҳои самарбахши олимони тоҷик бо ҳамтоёни чинӣ мухтасар маълумот дода, доир ба нақши муҳими маркази омӯзишии забонии чинии Конфутсии назди ДМТ дар таҳкими ҳамкориҳои судманди дуҷониба байни ду кишвар, ки яке аз асосгузоронаш профессор Ден Син мебошад қайд намуд.
Дар идома профессор Ден Син оид ба кушодани маркази такмили ихтисоси омӯзгорони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар назди Донишгоҳи омӯзгории Шинҷони Ҷумҳурии Мардумии Чин ва самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳо дар самт иттлоъ дода, қайд намуд, дар баробари омода намудани омӯзгорон, такмили ихтисоси олимону муҳаққиқон, таҳсил дар зинаҳои магистратура ва докторантура пешбинӣ шудааст.
Ҳамзамон дар рафти мулоқот оид ба татбиқи Ёддошти тафоҳум байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Идораи миллии матбуот ва интишороти Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба тарҷума ва нашри осори классикон, ки моҳи июли соли 2024 дар ҳошияи сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида шуда буд, суханронӣ карда шуд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки аз ҳарду тараф 20 номгӯи китобҳои классикону, олимону сиёсатмадорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин интихоб карда шуда, гуруҳи корӣ, тарҷумонон ва мушовирон таъсис дода шуда, рузҳои наздик ҷаласаи кори онлайнӣ баргузор карда мешавад.
Дар арафаи 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён, директори Институти математикаи ба номи А.Ҷураев Алишер Раҳимзода, директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Илҳом Мирсаидзода, директори Институти астрофизика Бӯризода Анвар, директори МД Маркази пиряхшиносӣ Шерализода Назриало, ходими пешбари илмии Маркази мероси хаттӣ Ализода Саидхоҷа, Саидзода Фазилат корманди Институти фалсафа, сиёсатишиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ба устодони гиромӣ дар корҳои минбаъдаи илмию таҳқиқотӣ барору комёбиҳои беназирро таманно менамоем!
РӮНАМОИИ ТАҲҚИҚОТИ АКАДЕМИК МУҲАММАД ОСИМӢ: БУНЁД ВА ПЕШРАФТИ ДОНИШНОМАНАВИСИИ ИЛМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
Имрӯз, 22 август дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҳфили илмӣ-адабӣ “Хирад”- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маҳфили навбатӣ таҳқиқоти «Академик Муҳаммад Осимӣ: бунёд ва пешрафти донишноманависии илмӣ дар Тоҷикистон», ки ба солрӯзи академик бахшида шудааст рӯнамоӣ гардид.
Ба кори маҳфил ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд ҳусни оғоз бахшида, доир ба саҳми арзишманди академик Муҳаммад Осимӣ дар рушди соҳаи илм дар Тоҷикистон суханронӣ намуд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани муқаддимавии хеш иброз дошт, ки дар таҳқиқоти дастаҷамъии тоза ба нашр расида, гурӯҳи олимони саршиноси тоҷик, Амрико, Франсия, Испания, Ҳиндустон, Ӯзбекистон ва ғайра ширкат намуда, дар навиштаҳои асари мазкур масоили камомӯхташудаю мубрами назариявию консептуалии бунёд ва пешрафти донишномависии илмӣ дар Точикистон аз дирӯз то имрӯз, саҳми донишманди барҷаста, яке аз ташкилдиҳандагон, сарвари илми бунёдии тоҷик академик Муҳаммад Осимӣ, ки сарварии Академияи илмҳои Тоҷикистонро зиёда аз ду даҳсола ба зимма доштанд, ба риштаи таҳқиқ омадааст.
Таъкид гардид, ки муҳаққиқон дар навиштаҳояшон паҳлӯҳои муҳимми фаъолияти пурбори илмию давлатӣ, ҷамъиятии ин симои камназирро бар пояи санадҳои тоза ба қалам овардаанд. Аз ҷумла, саҳми устоди зиндаёд академик Муҳаммад Осимӣ дар бунёд ва пешрафти донишноманависии илмӣ дар Тоҷикистон пешрафт, ҳаллу фасли масоили ташкил, ҷалбу сафарбар намудани нерӯҳои илмӣ, таҳияи фонди илмӣ барои таҳия, ташкили сафарҳои омӯзишии кормандон ба кишварҳо, марказҳои илмӣ- энсиклопедии шӯравӣ барои андӯхтани дониш, тачрибаи энсиклопедиясозӣ, тартиб додани луғатномаҳои соҳавии энсиклопеди, гирдоварии адабиёти илмӣ, сарчашмаҳои хаттӣ доир ба масоили таърих, назарияи масоили таъриху фарҳанг, навиштани аввалин энсиклопедияи миллии тоыик, таҳияи энсиклопедияи ихтисосӣ доир ба ҷашнҳои 50-60 солагии таъсисёбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нашри сифатан баланди он, заминаи устувори илмию ташкилии энсиклопедияҳои соҳавӣ корҳои камназири ташкилии илмии академӣ саҳми арзанда доранд.
Дар идомаи маҳфил Сафарзода Давлат Шариф муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар олимону муҳақиқон саҳми ин донишманди тоҷикро дар рушди соҳаи илми кишвар муҳим арзёбӣ намуда, доир ба фаъолияти самарабахши ӯ маъруза намуданд. Қайд гардид, ки дар навиштани ин асари дастаҷамъӣ, ки олимони ватанию хориҷӣ ширкат намудаанд, мавзуоти мубрами таърихию назарии фарҳанги донишноманависии илмии тоҷик хидмати шоистаи академик Муҳаммад Осимӣ дар омӯзишу густариши он аз дидгоҳи нав баррасӣ намудаанд.
КОРМАНДИ ИНСТИТУТИ АСТРОФИЗИКАИ АКАДАМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН БО ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «BRICS AND SCO» САРФАРОЗ ГАРДИД.
Аз 17 то 19 августи соли 2025 дар шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористон, Федератсияи Россия сеюмин маротиба Ҷоизаи роҳбарони ҷавони БРИКС ва СҲШ (Созмони ҳамкории Шанхай) баргузор гардид. Ин озмуни байналмилалӣ ба кашфи истеъдодҳои ҷавон ва эътирофи саҳми мутахассисони ҷавон дар рушди соҳаҳои иҷтимоӣ нигаронида шудааст.
Ташкилкунандаи чорабинӣ мазкур Академияи дипломатияи ҷавонон бо дастгирии Вазорати кор бо ҷавонони Ҷумҳурии Тотористон буда (Academy of youth diplomacy), он бо дастгирии шарикон аз байни ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ баргузор гардид. Озмун ҳамасола баргузор мешавад ва роҳбарони ҷавонро аз соҳаҳои гуногуни илм, маориф, фарҳанг ва рушди иҷтимоӣ муттаҳид месозад.
Дар марҳилаи ниҳоии соли 2025 намояндагони нӯҳ кишвар ширкат варзиданд: Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Россия. Натиҷаҳои озмун дар доираи Форуми сеюми байналмилалии «РОСТКИ: Россия ва Чин» ҷамъбаст гардида, ғолибон бо сертификат ва тӯҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби Кумитаи ташкилӣ ва шарикон қадрдонӣ шуданд.
Институти астрофизикаи Академияи милии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихор хабар медиҳад, ки Парвизи Орзукул, лаборанти калони шуъбаи физикаи кометаҳо ва астероидҳо, барандаи Ҷоизаи роҳбарони ҷавони БРИКС ва СҲШ дар номинатсияи «Тадқиқот ва инноватсияи сол» гардид.
Ин ҷоиза барои лоиҳаҳо ва таҳқиқоте тақдим шуд, ки ба густариши илми астрономия ва паҳн кардани донишҳои илмӣ равона шудаанд. Дар фаъолияти худ Парвизи Орзукул, баргузории экскурсияҳои астрономии ройгонро, ки дар онҳо ҳазорҳо сокинони кишвар аввалин бор имкони мушоҳидаи Маҳ, -ҳасафари табии Зумин, сайёраҳои Системаи офтобӣ – Миррих, Муштари ва Зуҳал тавассути телескоп пайдо намуданд, бо фаъолиятҳои густурда дар самти пешбурди илм ба забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ муттаҳид месозад.
Ёдрас мешавем, ки дар соли 2025 барои як ҷойи озмуни мазкур тақрибан 45 довталаб мубориза бурданд – ҳамагӣ беш аз 450 дархост пешниҳод гардид. Ба ҷоиза на танҳо кишварҳои узви БРИКС ва СҲШ, балки дигар давлатҳо низ таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
Институти астрофизикаи АМИТ Парвизи Орзукулро бо ин эътирофи шоиста дар сатҳи байналмилалӣ табрик намуда, итминон дорад, ки дастовардҳои ӯ ба рушди минбаъдаи маърифатнокии илмӣ ва тарғиби астрономия дар Тоҷикистон мусоидат хоҳанд кард
НАСБИ ТАҶҲИЗОТИ СЕЙСМИКӢ БО ИШТИРОКИ ПРЕЗИДЕНТИ АКАДЕМИЯ ДАР ПОЙГОҲИ СЕЙСМИКИИ НОҲИЯИ ЛАХШ
19 августи соли равон дар пойгоҳи сейсмикии ноҳияи Лахш бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт таҷҳизоти сейсмикӣ насб карда шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки пойгоҳи мазкур аз замони ба вуқӯъ пайвастани ҷанги шаҳрвандӣ то ин ҷониб пурра аз фаъолият боз монда буд. Имрӯз бо дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳила ба марҳила базаи моддиву техникии муассисаҳои илмӣ беҳтар гардида истодааст.
Бояд гуфт, ки дар партави ҳамин дастгириҳо бо иқдомҳои неки роҳбарияти академия пойгоҳи сейсмикии ноҳияи Лахш аз нав барқарор гардида, бо таҷҳизоти наву замонавии сейсмикӣ муҷаҳаз гардонида шуд. Шурӯъ аз санаи 19 августи соли 2025 соати 10:00 пойгоҳи мазкур пурра ба фаъолият оғоз намуд.
Ёдовар мешавем, ки минбаъд тавассути пойгоҳи мазкур ҳар як нишондодҳои заминҷунбие, ки дар ноҳияи Лахш ба вуқӯъ мепайвандад санҷида шуда, маълумоти он ба маркази ягона фиристонида мешавад.