Skip to main content

212Санаи 16-уми декабри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми навбатии худро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ироа намуданд.

Чун ҳамеша Паёми соли 2025 аз паёмҳои пешин комилан фарқ мекунад. Сараввал, дар он дастовардҳои сиёсии соли 2025 аз қабили муваффақона барпо намудани интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳалли пурраи масъалаҳои ҳалношудаи сарҳадии байни ду кишвар – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, ташкили нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шањри Душанбе, қабули қатъномаҳо аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид доир ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ», «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» ва эълон кардани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ», ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали қадим ба диққати иштирокчиён расонида шуд.

Дуюм, дар такя ба зарурати ҷамъбасти марҳилаи дуюми татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 рушди иқтисодиёти кишвар дар 10 соли охир ва натиҷаҳои он мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Сеюм, Паёми Пешвои муаззами миллат дар ин сол самтҳои зерини фаъолият: иқтисодиёт, иҷтимоиёт, маориф, илм, тиб, фарҳанг, варзиш, саҳми қишрҳои алоҳида, хусусан занону ҷавонон дар пешрафти ҷомеа, таъмини сулҳу суббот, ягонагӣ, ваҳдати миллӣ ва мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳои байналмилалиро дарбар мегирад. Чорум, рақамикунонии иқтисодиёт ва истифодаи ҳамаҷонибаи зеҳни сунъӣ чун омили асосии рушди иқтисодиёту ҷомеа ва бартарафкунандаи таъсири манфии омилҳои инсонӣ пазируфта шуда қайд гардид: «зарур аст, ки раванди идоракунии давлатиро бо истифода аз технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ба роҳ монда, таъсири омили инсониро дар тамоми соҳаҳо ва ҳама гуна муносибатҳои молиявӣ коҳиш диҳем» ва панҷум, дар такя ба натиҷаҳои соли 2025 музди меҳнату нафақа ва пардохтҳои дигари пулӣ новобаста аз зиёдшавии онҳо дар солҳои пешин соли 2026 низ боло бурда мешавад.

Табиист, ки қисми бештари Паёми Пешвои муаззами миллат ба соҳаи иқтисодиёт бахшида шудааст, зеро он асос ва гарави ҳастии ҷомеа мебошад. «Баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад[1]» ва иҷрои ин ҳадаф, яъне баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум маҳз аз сатҳи рушди иқтисодиёт вобаста аст.

Таҳлилу баҳодиҳии рушди иқтисодиёти мамлакат ва ҷомеа дар 10 соли охир ва хусусан, соли 2025, хулосабарорӣ аз амалкардҳо, иҷрои дастуру супоришҳои паёмҳои пешин оид ба таъмини рушди иқтисодиёту иҷтимоиёт, таъмини амният, сулҳу субот, ягонагию ваҳдат, ҳимояи арзишу манфиатҳои миллӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми Тоҷикистон меҳвари асосии Паёми имсола мебошад. Он, албатта ҳама самтҳои рушди ҷомеаро дарбар мегирад ва наметавон дар як мақола оид ба ҳамаи онҳо баёни назар кард. Аз ин рӯ, банда ҳамчун мутахассиси соҳаи иқтисодиёт фикру андешаҳои худро оид ба рушди иқтисодиёти мамлакат дар такя ба хулосабарориҳо, дастуру супоришҳо, ки аз Паёми Пешвои муаззами миллат бармеоянду бояд дар амал татбиқ карда шаванд, изҳор менамоям.

Чи тавре, ки қайд гардид, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб рафта, аз афзоиши Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ вобаста мебошад. Бинобар ин, муҳтарам Президенти кишвар Паёмро аз эълони сатҳи рушди ин нишондиҳанда шурўъ намуданд. «Тайи даҳ соли охир, яъне дар давраи татбиқи ду барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар, ки марҳалаҳои фосилавии иҷрои Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030-ро дарбар мегиранд, ба хотири расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ бисёр иқдомоти муҳиму самарабахш амалӣ карда шуданд. Дар натиҷа ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 3,4 баробар зиёд гардида, иқтисоди миллии мо ҳар сол ба ҳисоби миёна 7,6 фоиз афзоиш ёфт[2]». Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2025 ба 173,0 млрд. сомонӣ баробар гардида, афзоиши воқеии он 8,4%-ро ташкил намуд. Ҳол он, ки созмонҳои байналмилалии молиявӣ, аз ҷумла Бонки умумиҷаҳонӣ[3] ва Бонки осиёии рушд[4] иҷрои ин нишондиҳандаро мутаносибан дар сатҳи 7,0 ва 7,4% пешбинӣ намуда буданд.

Сатҳи баланди афзоиши Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2025 бештар аз ҳисоби рушди соҳаи саноат (24,4%) ва кишоварзӣ (7,5%) таъмин карда шудааст. Албатта, дар шароити таъмини иҷрои ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуъати мамлакат зарур аст, ки дар ин раванд саҳми соҳаи саноат арзанда бошад ва афзоиши Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ бештар аз ҳисоби ин соҳа таъмин гардад. Дар асл низ таъминкунандаи суръати афзоиши Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2025 ҳамин соҳа мебошад. Дар такя ба супоришҳои Пешвои муаззами миллат сохторҳои дахлдорро мебояд ҳамаи чораҳоро андешанд, то ҳиссаи саноати коркард дар ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ пайваста афзоиш ёбад, зеро ҳамон замон натиҷаҳои фаъолияти иқтисодӣ дар соҳаи саноат самарабахш ҳисоб меёбанд, ки қисми барзиёди маҳсулот дар дохили кишвар то маҳсулоти ниҳоӣ коркард карда шавад.

Бояд қайд намуд, ки Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар панҷ соли охир (2021-2025) ба ҳисоби миёна 8,5 фоиз афзудааст, ки нишондиҳандаи хеле баланд мебошад. Агар давраи солҳои 2001-2025-ро ба панҷсолаҳо ҷудо намоем, панҷсолаи охир баъди панҷсолаи аввал (2001-2005) аз ҳисоби сатҳи баланди рушди Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар ҷойи дуюм меистад. Мумкин ин равандро ба инобат гирифта, Пешвои муаззами миллат дар Паёми худ қайд намуданд, ки «дар ин давра (панҷ соли оянда – аз муаллиф) рушди иқтисодӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна 8,7 фоиз, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулот дар соҳаҳои саноат 20 фоиз, кишоварзӣ 8,4 фоиз ва ҳаҷми хизматрасониҳои пулакӣ 11,7 фоиз афзоиш меёбад[5]». Агар сохторҳои дахлдор тавонанд панҷ соли ояндаро бо чунин натиҷа ба анҷом расонанд, иҷрои ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 пурра таъмин мегардад.

Афзоиши Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ боиси беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва коҳиши сатҳи камбизоатӣ мегардад. «Дар ин муддат сатҳи камбизоатӣ то 19 фоиз коҳиш ёфт». Ин нишондиҳанда соли гузашта 19,8%-ро ташкил медод ва 0,8 банди фоизӣ коҳиш ёфтани он, моро ба иҷрои супориши дигари Пешвои муаззами миллат, яъне то 10% расонидани он дар соли 2030 наздиктар мекунад. Бояд қайд намуд, ки сатҳи камбизоатӣ соли 2000-ум 81,0 фоизро ташкил менамуд.

Нишондиҳандаи дигаре, ки тағйирёбии сатҳу сифати зиндагонии аҳолиро инъикос менамояд, маблағи даромадҳои пулии аҳолӣ мебошад. «Даромади пулии аҳолӣ аз 26 миллиард сомонии соли 2015 то 165 миллиард сомонӣ дар соли 2025, яъне беш аз шаш баробар афзоиш ёфт».

Иҷрои эътимодноки қисми даромади буҷети давлатӣ имкон медиҳад, ки соли 2026 ба самтҳои иқтисодию иҷтимоӣ маблағи бештар равона карда шавад. Дар такя ба ин, Пешвои муаззами миллат ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба зиёд намудани музди меҳнат, нафақа ва пардохтҳои дигари иҷтимоӣ супориш доданд. Чун ҳамеша, ин амал метавонад боиси болоравии нархҳо гардад, бинобар ин, сохторҳои дахлдорро зарур аст, ки аз ҳоло оиди пешгирӣ кардани он чораҳои ғайримаъмурӣ андешанд.

Ташаккулу рушди «иқтисоди сабз» ва «даврагӣ», суръатбахшии раванди рақамикунонии иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти имкониятҳои содиротии мамлакат ва беҳтар гардонидани сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ аз ҷумлаи масъалаҳои афзалиятнок эълон шудаанд. Албатта, вобаста ба рушди ин самтҳо стратегияю барномаҳои дахлдор татбиқ шуда истодаанд, вале пешниҳоди нишондиҳандаҳои нави макроиқтисодӣ аз ҷониби Пешвои муаззами миллат бознигарии онҳоро талаб менамояд.

Иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат бармеоянд суръати баланди рушди иқтисодиёт, афзоиши маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ, иҷрои нишондиҳандаҳои дигари макроиқтисодии пешбининамударо таъмин менамояд. Чи хеле, ки Пешвои муаззами миллат дар охири Паём қайд менамоянд «ба хотири рушду пешрафти Тоҷикистони маҳбубамон ва ободии Ватани азизамон заҳмат мекашем, ба ҳамаи ҳадафҳои некамон мерасем ва нуфузу обрӯи давлати тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардорем».

Шариф Раҳимзода Сарходими илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, д.и.и., профессор

[1] Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» https://president.tj/event/missives/54181 (санаи муроҷиат - 18.12.2025)

[2] Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» https://president.tj/event/missives/54181 (санаи муроҷиат - 18.12.2025)

[3] Таджикистан демонстрирует сильный экономический рост, но уступает странам региона в уровне цифровизации торговли. https://www.vsemirnyjbank.org/.../press-release/2025/07/30/. (санаи муроҷиат - 18.12.2025)

[4] Экономика Таджикистана вырастет на 7,4% в 2025 году, цифровая трансформация имеет решающее значение для устойчивого развития – АБР https://www.adb.org/ru/news/tajikistan-economy-grow-7-4-2025. (санаи муроҷиат - 18.12.2025)

[5] Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» https://president.tj/event/missives/54181 (санаи муроҷиат - 18.12.2025)