Skip to main content

(дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 28-уми декабри соли 2024)

Конститутсия талаб мекунад, ки Президент на фақат ба муҳокимаи вазъи долихию хориҷии давлат пардозад, балки чунин тадбирҳоеро, ки вай зарур ва ба мақсад мувофиқ мешуморад, тавсия кунад, балки ба Маҷлиси Олӣ, сокинони кишвар ва намонядагони дипломатии кишварҳои хориҷӣ дар бораи сиёсати дохилӣ, хориҷӣ, вазъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва амниятии кишвар маълумот диҳад. Барои комилан ошкор намудани ҳамаи масъалаҳоеро, ки дар вазъияти воқеии мамлакат, хоҳ дохилию хориҷӣ, ки аслан ба некуаҳволии умумӣ дахл доранд, паём ва ё гузориши сиёсӣ ба мардуми кишвар ироа намояд. Президент зимни иҷрои вазифаҳои конститутсионии худ на танҳо барои изҳори эътиқоди шахсӣ дар паём сухан меронад, балки ҳамчун Роҳбари ҳукумат манфиатҳои давлатро бо чашми холисона тафтиш намуда, барои ояндаи давлат тадбирҳои зарурӣ ва саривақтиро пешниҳод менамояд.

Паём лаҳзаи тантанаи истиқлоли як давлат ва як миллат дар як фосилаи муайяни таърихӣ аст. Паём маъмулан маҷмуаи масъалаҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, роҳбурди сиёсати роҳбари давлат дар масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ фарҳангӣ, амниятӣ, байналмилалӣ ва ғайраро дар бар мегирад. Тавре маълум аст, то имрӯз 24 Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида, ҳамчун фишанги баррасии масоили муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва дурнамои ҳадафҳои стратегӣ ва мақсадҳои дар пешистода эътироф гардидааст. Тибқи андешаи муҳаққиқ Абдуллоҳи Раҳнамо паём “суханронии марҳилавӣ ва барномавии роҳбари як давлат дар муаррифии самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, вазъият ва рушду дастоварду фаъолияти давлат ё амалкарди нерўи роҳбарикунандаи давлат дар марҳилаи муайян ва ҳадафу вазифаҳои нави он барои марҳилаи баъдиро ифода мекунад”, мебошад. Муҳаққиқи дигар Қодири Қосим ба он назар аст, ки “паёми Президент ин нигоҳи амиқи таҳлил ба роҳи яксола нест”. Яъне Паём возеҳтар аз марҳилаи яксола буда, ҳадафҳои миёнамуҳлат ва дарозмуддатро низ дар бар мегирад. Масалан, дар Паёми соли 2019 эълон гашт, ки саноатикунонии босуръат ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии кишвар пазируфта мешавад.

Дар Паём ҳамчунин барномаи аз модели рушди кишоварзию саноатӣ ба модели саноатию кишварзӣ тағйир намудани модели рушди кишвар эълон шуд. Се ҳадафи дигари стратегии Тоҷикисон низ дар паёмҳои солҳои пешин муайян ва эълон гашта буданд ва ҳамасола дар Паём сатҳи пешрафт дар масири дастрасӣ ба онҳо шарҳ дода мешаванд. Барномаҳои калоне чун “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ва ғайра низ маҳз дар Паёмҳои солона эълон ё шарҳ дода шудаанд.

Имсол дар таърихи 28-уми декабр паёми 24-уми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми кишвар ироа гардид. Дар паёми имсола низ пешниҳоди чанд барномаву стратегия иброз гардид. Эълон гардидани солҳои 2025-2023 “Солҳои рушди иқтисодӣ рақамӣ ва инноватсия”, пешниҳоди таҳияи “Стартегияи ҷалби сармоя” ва “Барномаи тайёр намудани кадрҳои баландихтисос то давраи соли 2030” аз ҷумлаи он барномаву стратегияҳое ба шумор меравад, ки дар паёми имсола иброз гардид. Дар паёми имсола тавре маълум гардид, ягон соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятие аз назари Пешвои миллат дар канор намонд ва бо супоришҳои дурбинона импулси наверо барои соли оянда асос гузоштанд. Соли 2025 барои Тоҷикистон аз ҷиҳати амалияи сиёсӣ соли таърихӣ ва муҳим дар паём арзёбӣ гардида, вазифаҳои мушаххас ба тамоми вазорату идораҳои давлатӣ дода шуд. Дар заминаҳои рушди иқтисоди миллӣ ва муваффақиятҳои дипломативу сиёсӣ дар соли 2024, дар паём ишора шуд, ки ин тамоюл дар соли 2025 низ нигоҳ дошта шавад. Паёми имсолаи Пешвои миллат бисёр паёми калидӣ буда, имсол диққати махсус ба рақамикунонии иқтисодиёт, корхонаҳои давлатӣ ва ғайраҳо дода шудааст. Зеро дар паём ироа шуд, ки Тоҷикистон дар давраи гузариш ба рақамикунонии иқтисод қарор дорад. Бинобар ин ба вазорату идораҳои дахлдори соҳа супоришу вазифаҳои мушаххас дода шуд. Эълон гардидани солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия”, як қадами бузургест, ки метавонад рушди Тоҷикистонро дар солҳои наздик ба маротиб зиёд кунад ва иқтисоди миллии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардад.

Шарифов Искандар - ходими илмии шуъбаи ИДМ Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ