Барои миллати тоҷик НБО-и "Роғун" имрӯз яке майдони набарди ҳар як фарзанди баномуси миллат буда, ба хотири расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва ояндаи дурахшони Тоҷикистони азизамон дар ин набард саҳмгузор будан, вазифаи муқаддаси ҳар як фарзанди бонангу соҳибиродаи миллат мебошад. Неругоҳи барқи обии Роғун иншооти ҳаётан муҳими стратегии мамлакат ба ҳисоб меравад, зеро баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ яке аз мушкилоти асосӣ барои кишвари мо норасоии неруи барқ буд. Дар давраҳои қаблӣ ин мушкилот аз ҳисоби кишварҳои ҳамсоя ҳалли худро меёфт.
Яке аз ҳадафҳои стратегии давлат дар баробари баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ, ин расидан ба истиқлолияти томи энергетикӣ мебошад. Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самти стратегии давлат корҳои бузургеро ба анҷом расонида, ин раванд то кунун идома дорад. Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ як қатор нерӯгоҳҳои оби барқӣ аз қабили Сангтуда-1, Сангтуда-2, нерӯгоҳҳои Бадахшон, Тоҷикистон дар ВМКБ, нерӯгоҳҳои хурди обӣ дар водии Рашт ва дигар минтақаҳои кишвар - ин маҷмӯи тадбирҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар ин самти муҳими стратегии давлат ба ҳисоб мераванд.
Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» маҳз бо талошу заҳматҳо, шуҷоат ва истодагарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи заҳматкаши тоҷик бунёд шуда истодааст. Дар бунёди ин иншооти бузурги стратегӣ бисёр монеаҳо мавҷуд буданд, ки ҳалли он аз қатъият, далерӣ, шуҷоат ва истодагарии Пешвои миллат вобастагӣ дошт. Баъди ошно гардидан аз нақшаҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба барқарор намудани сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» дар дарёи Вахш, ки баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ боздошт карда шуда буд, баҳсу мунозираҳо дар атрофи ин масъала тезу тунд гардиданд. Пешвои миллат барои ояндаи дурахшони миллати тоҷик синаи худро сипар намуда, барои ҳалли ин масъалаи ҳаётан муҳим кӯшиш ба харҷ дод. Ниҳоят баъди се соли талошу мубориза Пешвои миллати тоҷик тавонист ба ҷаҳониён исбот созад, ки бунёду барқарорсозии ин иншооти муҳиму стратегӣ барои таъмини зиндагии сазовори наслҳои имрӯзу ояндаи миллати тоҷик зарур ва ҳатмӣ мебошад. Бинобар ин санҷиши ҷиддӣ, ки бо маблағгузории Бонки Ҷаҳонӣ амалӣ шуда буд, тӯли се сол санҷиш гузаронида, хулоса пешниҳод кард, ки сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» барои муҳити атроф ва экологияи минтақа безарар мебошад. Ба сифати маҷмӯи далелҳои асосӣ, ки ба фоидаи сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» аз тарафи Пешвои миллат иброз шудаанд, ин зарурият ва саривақтӣ будани лоиҳаи мазкур мебошад.
Тавре, ки маълум аст давлати Тоҷикистон гарчанде дорои захираҳои хеле бузурги гидроэнергетикӣ бошад ҳам, айни ҳол соҳиби захираҳои ками энергетикӣ буда, ҳамагӣ 6 фоизи захираҳои мавҷуда истифода карда мешаванд. Он иншоотҳои энергетикие, ки аз даврони шуравӣ мерос мондааст ба пуррагӣ талаботи давлати рӯ ба тараққӣ ниҳодаро қонеъ гардонида наметавонад. Бинобар ин давлати Тоҷикистон барои мустаҳкам ва ғанӣ гардонидани амнияти энергетикӣ вариантҳои зиёд, аз ҷумла лоиҳаи Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун»-ро ҳамчун далели имконпазир мешуморад, вобаста ба ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ қайд намуданд «…ягон кишвар тараққиёти худро бе рушди энергетика таъмин карда наметавонад».Бояд қайд намуд, ки барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ ҳанӯз аз солҳои нахустини истиқлолият аз тарафи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегӣ муайян карда шуда буд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои худ дар ин роҳи душвору заҳматписанд вале пуршараф давра ба давра ба дастовардҳои бузургу беназир ноил гардида истодааст, ки инро мардуми шарафманди тоҷик ва тамоми давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ эътироф менамоянд. Аз ин лиҳоз Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун»-ро ҳа мчун ҳадафи афзалият ва муҳим дониста рафти корҳои иҷрошударо зери назорати қатъӣ гирифт.
Дар мӯҳлати кӯтоҳ ба истифода додани агрегати аввали нерӯгоҳ, бо маром тибқи лоиҳа иҷро намудани корҳои созандагӣ, таъмин намудан бо ҳама гуна маводҳои сохтмонӣ, мутахассисон, кормандон ва инчунин омода намудани шароити муфид дар бунёди Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» таҳлил ва назорати ҷиддиро талаб менамояд. Зеро барои ноил шудан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ, яъне таъмин намудани амнияти энергетикии мамлакат барои рушди бомароми иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми тоҷик аҳамияти хеле бузург дорад. Хушбахтона, муҷиби сарбаландии аҳли кишвар аст, ки қадам ба қадам ҳадафҳое, ки дар доираи ин самтҳои рушд муайян гашта буд, ба иҷро расида истодаанд.
Илҳом Қурбоншоев н.и.фалсафа Мудири шуъбаи масалаҳои фалсафии дини ИФСҲ ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ ва таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мутобиқи моддаҳои 143, 147 ва 149 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 36 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», моддаҳои 12 ва 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷик
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ ва таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мутобиқи моддаҳои 143, 147 ва 149 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 36 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», моддаҳои 12 ва 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва моддаи 49 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ» фармон медиҳам:
1. Аз 1 сентябри соли 2026:
- ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ ба андозаи 1300 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад;
- маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 25 дарсад зиёд карда шавад;
- маоши вазифавии кормандони муассисаҳои дигари соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва муассисаҳои дигари буҷетӣ 20 дарсад зиёд карда шавад;
- андозаи маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани маоши вазифавии кормандони соҳаи тандурустӣ 20 дарсад зиёд карда шуда, 893 сомонӣ муқаррар карда шавад;
- андозаи маоши заминавӣ ҳамчун асоси коэффитсиентҳои тарифӣ барои хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии категорияҳои олӣ 1614 сомонӣ, якум, дуюм, сеюм, чоруми хизмати давлатии мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот 1506 сомонӣ ва барои мансабҳои маъмурии категорияҳои панҷум, шашум, ҳафтуми хизмати давлатии мақомоти зикргардида 1668 сомонӣ муқаррар карда шавад;
- стипендияҳои амалкунандаи донишҷӯён ва намудҳои дигари стипендия, аз ҷумла стипендияҳои президентӣ (ба ғайр аз курсантҳои муассисаҳои олии ҳарбӣ ва Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба андозаи 20 дарсад зиёд карда шаванд;
- маоши вазифавӣ (меъёрҳои тарифӣ)-и хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони дигари ин мақомот ба андозаи 20 дарсад зиёд карда шавад;
- маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани коэффитсиентҳо барои рутбаҳои ҳарбии хизматчиёни ҳарбӣ ва махсуси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз рутбаи қаторӣ то лейтенант 2002 сомонӣ ва аз рутбаи лейтенанти калон то генерали артиш 1800 сомонӣ муқаррар карда шавад;
- андозаи маоши заминавӣ ҳамчун асоси коэффитсиентҳои тарифӣ барои хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии категорияҳои олӣ, якум, дуюм, сеюм, чоруми хизмати давлатии мақомоти идораи давлатӣ, ки дар сохторҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолият менамоянд, 1800 сомонӣ ва барои мансабҳои маъмурии категорияҳои панҷум, шашум, ҳафтуми хизмати давлатии мақомоти зикргардида 2002 сомонӣ муқаррар карда шавад;
- нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва андозаи нафақаи заминавӣ дар сатҳи таварруми соли 2025, вале на кам аз 15 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия (зиёд) карда шаванд.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ:
- амалишавии фармони мазкурро дар соли 2026 аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маблағгузории фонди музди меҳнат ва таъминоти нафақа пешбинишуда, маблағҳои бақияи озод, иҷрои барзиёди даромади буҷети ҷумҳуриявӣ, буҷетҳои маҳаллӣ ва буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, аз ҳисоби сарфаи моддаҳои ҳимояшавандаи буҷет, азнавтақсимкунии моддаҳои дигари хароҷот, маблағҳои захиравии буҷети давлатӣ ва маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ таъмин намоянд;
- дар муҳлати як моҳ қарорҳои худро ба фармони мазкур мутобиқ намоянд;
- ҳисобкунии музди миёнаи меҳнат барои пардохти рухсатиҳои меҳнатӣ, кумакпулӣ дар вақти аз кор рафтан, кумакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ ва ҳолатҳои дигари ба пардохти музди миёнаи меҳнат алоқаманд (ба ғайр аз нафақа)-ро мутобиқи Тартиби ҳисоб кардани музди миёнаи меҳнати корманд дар ҳамаи ҳолатҳо (пардохти кафолатнок ҳангоми иҷрои вазифаҳои давлатӣ ё ҷамъиятӣ, ҳангоми пардохти музди муҳлати рухсатӣ, ҳангоми пардохти музди меҳнати давраи гузаронидан ба кори дигар), ба ғайр аз музди миёнаи меҳнат ҳангоми таъин намудани нафақа, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2007, №313 тасдиқ шудааст, амалӣ намоянд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
14 январи соли 2026
№1132
Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ бо як зумра аз бостоншиносон, таърихнигорон, фарҳангшиносон ва дигар намояндагони илму адаб вохӯрӣ анҷом доданд.
Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ бо як зумра аз бостоншиносон, таърихнигорон, фарҳангшиносон ва дигар намояндагони илму адаб вохӯрӣ анҷом доданд.
Дар мулоқот масъалаи бунёди Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар шаҳри Душанбе мавриди муҳокима қарор гирифта, иштирокдорон аз иқдоми навбатии муҳтарам Рустам Эмомалӣ истиқбол карда, роҷеъ ба он фикру андешаҳои худро баён доштанд.
@RustamEmomali
ИНТИХОБИ УЗВИ ФАХРӢ ВА УЗВИ ХОРИҶИИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВОМИ СОЛИ 2025




Дар давоми соли 2025 бо қарори маҷлиси умумии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 11 нафар олимону шахсиятҳои барҷастаи муассисаҳои илмии кишварҳои хориҷӣ ба ҳайси узви хориҷии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон интихоб гардиданд.
Бо дарназардошти саҳми назаррас дар рушди илм, таҳкими робитаҳои байналмилалии илмӣ, густариши ҳамкориҳои илмию таҳқиқотӣ ва дастгирии ташаббусҳои муштараки илмӣ, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдураҳмонов Қаландар, президенти Академияи илмҳои Русия Красников Геннадий Яковлевич ва сардори Шуъбаи иттилооти мақомоти иҷроияи шаҳри Шуочжоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин Ву Бао Хуа, Туймебаев Жансеит Кансеитович, Шоназаров Насрулло Абдуллоевич, Ҳоҷиакбар Айса, Раҳом Аша, Фумиаки Инагаки, Дайзо Ишяма, Илья Раскин, Синбо Гао, ва дигарон ба ҳайси узви хориҷии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон интихоб гардиданд.
Интихоби узви хориҷӣ бозгӯи эътирофи сатҳи баланди фаъолияти илмии ин шахсиятҳо буда, ҳамзамон аз нуфуз ва мақоми рӯзафзуни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ шаҳодат медиҳад. Узвияти олимони хориҷӣ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои густариши ҳамкориҳои илмӣ, табодули таҷриба, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва рушди таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Инчунин, дар таърихи илм бори аввал Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон устод Ҳошим Гадоев, барои хизматҳои арзандааш дар рушди санъат ва саҳми назаррас дар тарбияи насли наврас ва таҳкими фарҳанги миллии тоҷик ба ҳайси узви фахрии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон интихоб гардид.
Шумораи обуначиёни саҳифаи расмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук ба 20,000 нафар расид. Ин дастоварди муҳим шаҳодат медиҳад, ки фаъолияти илмӣ, таҳқиқотӣ ва фарҳангии Академия дар байни ҷомеа ва олимон ба таври васеъ пазируфта шудааст.
Саҳифаи расмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Фейсбук ҳамчун майдони иттилоотӣ ва таҳлилӣ барои паҳн кардани хабарҳо, натиҷаҳои илмӣ, дастовардҳои олимон ва ҳамкориҳои байналмилалӣ фаъолият мекунад. Ба ҳисоби миёна, хабарҳо ва маводи муфид дар ин саҳифа таваҷҷӯҳи ҳазорҳо нафарро ҷалб намуда, имконияти муоширати мустақим бо олимон ва коршиносонро фароҳам меоранд.
Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба қадрдонӣ ва эҳтироми ҳар яки обуначиёни саҳифа таъкид намуда, изҳор медорад, ки дастгирии Шумо барои пешбурди фаъолиятҳои илмӣ ва таҳқиқотии Академия нақши ҳалкунанда дорад. Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон омода аст ҳамкориҳои худро дар соҳаҳои гуногуни илмӣ, таҳқиқотӣ ва фарҳангӣ бештар густариш диҳад ва барои обуначиёни худ маводҳои арзишманд ва муфид пешниҳод намояд.
https://www.facebook.com/groups/amit.tj
https://www.tiktok.com/@www.amit.tj?_t=8s5czgjfiz3&_r=1
ИШТИРОКИ ПРЕЗИДЕНТИ АМИТ ДАР МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИЮ ИҶТИМОИИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ ДАР СОЛИ 2025 ВА ВАЗИФАҲО БАРОИ СОЛИ 2026
Имрӯз, 10-уми январи соли 2026 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент таҳти раёсати раиси шаҳри Панҷакент муҳтарам Абдухолиқ Холиқзода маҷлиси фаъолон доир ба "Ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Панҷакент дар соли 2025 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда" доир гардид.
Дар кори он намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, муовини якуми раиси вилояти Суғд муҳтарам Суҳайлӣ Қурбонзода, инчунин, муовини якум, муовинони раис, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, раисони деҳот, намояндагон ва роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони хоҷагиҳо, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва ходимони дин ширкат доштанд.
Дар ҷаласа як масъала "Натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Панҷакент дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026" мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Аз руйи масъалаи мазкур ҳисоботҳои муовинони соҳавӣ, раисони деҳот ва воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр шунида шуд.
Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт суханронӣ намуда, зимнан иброз дошт, ки масъулини соҳа ҷиҳати сазовор ҷашн гирифтани 35- солагии Истиқлоли давлатӣ чораҳои иловагӣ андешанд ва мардумро ба корҳои ободониву созандагӣ, сабзу хуррамгардонии кӯчаю маҳал, хиёбонҳо, манзилҳои зист, иҷрои сохтор ва дурнамои кишти зироатҳои кишоварзӣ, тавсеаи корҳои тарғиботӣ ва иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат тамоми имкониятҳои мавҷударо сафарбар намоянд.
Муовини якуми раиси вилояти Суғд Суҳайлӣ Қурбонзода барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолият ва вусъати ҷараёни корҳои банақшагирифташуда, оид ба масъалаҳои пурра ба истифода додани иқтидорҳои корхонаҳои саноатӣ, ҷо ба ҷо гузории зироатҳо ва баланд бардоштани ҳосилнокии онҳо, самаранок истифода бурдани замин, таъмири иншоотҳои обрасон, истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, пардохти андоз ва бунёди иншоотҳои ҷашнӣ баҳри беҳтару хубтар рушд намудани шаҳр вазифагузорӣ кард.
Ҳамзамон, прокурори шаҳри Панҷакент мушори адлияи дараҷаи 1 Раҳматзода Искандар оид ба вазъи ҷинояткорӣ дар соли 2025 сухан карда, баҳри пешгирии ҳама гуна зуҳуроти номатлуб пешниҳодҳои мушаххас манзур кард.
Дар фарҷом раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода оид ба баъзе масъалаҳои ҷорӣ аз ҷумла омодагии ҳамаҷониба ва дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҷашни 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳолати хуби техникӣ нигоҳ доштани роҳҳои автомобилгард, бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони бекор, дастгирӣ намудани қишри осебпазири ҷомеа аз ҷумла, маъюбону камбизоатон ва шахсони яккаву танҳо инчунин шахсони барҷомонда изҳори андеша намуда, ҳамаи фаъолони шаҳрро таъкид кард, ки бо дасту дили пок баҳри иҷрои уҳдадориҳои мансабии худ содиқона хизмат намоянд.
Манбаъ: Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент
9 январ тақрибан соати 02:14 бо вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.
Тибқи иттилои Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маркази заминларза 61 километр аз ноҳияи Мурғоб, дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо қувваи 5,3 дараҷа ба амал омад.
Имрӯз, 8 январ дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҷлиси умумии ҳисоботӣ оид ба муҳимтарин натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию ташкилии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026 мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифт.
Дар маҷлиси умумӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қуватзода Сайдулло, олимону академикон ва роҳбарону намояндагони сохторҳои гуногуни академия иштирок доштанд.
Баъд аз суханронии узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Имомзода Маҳмадюсуф ҳисоботи президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026 мавриди муҳокима қарор гирифт, ки он бо мақсади дастуру супоришҳои Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2024, инчунин Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва иноватсия барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи кории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар соли 2025 ба роҳ монда шуд.
Зимни ироаи ҳисоботи худ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар бораи ҳар як бахши фаъолияти Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар соли 2025 ба тафсил сухан ронд. Қайд гардид, ки соли 2025 барои ҳайати олимон ва донишмандони Академияи миллии илмҳо аз ҳар ҷиҳат соли бобарор ва хотирмон буд. Тавре, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 16 декабри соли 2025 зимни ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки рӯзи 12-уми декабри соли 2025 бо ташаббуси Тоҷикистон дар ҷаласаи 7-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист қатънома доир ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ» қабул карда шуд.
Мубрамияти омӯзиши масъалаи мазкурро ба инобат гирифта, Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки дар заминаи Маркази омўзиши пиряхшиносии АМИТ Муассисаи давлатии “Институти пиряхшиносӣ ва криосфераи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъсис дода шавад, ки ин пешниҳод аз боварию эътимоди роҳбарияти олии кишвар ба олимони Академия дарак медиҳад. Соли 2025 баргузор гардидани Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки дар доираи ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт, иштироки фаъол ва саҳмгузории Маркази пиряхшиносии Академияи миллии илмҳо дар баргузории чорабинии мазкур далели гуфтаҳои мазкур аст.
Ҳамчунин, Пешвои муаззами миллат зимни ироаи Паём қайд намуданд, дар ҳамин рӯз бо иқдоми Тоҷикистон қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси эълон кардани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» қабул гардид. Бо мақсади омӯзиш ва дар амал татбиқ намудани қатъномаи мазкур бо ибтикори Раёсат Муассисаи давлатии “Институти давлат ва ҳуқуқ” аз оғози соли 2026 ба кор шуруъ менамояд, ки иқдоми дигари Раёсати Академияи миллии илмҳо дар соли 2025 буд.
Барои ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали қадим, ки бо ибтикори бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 сурат гирифт заҳматҳои олимону бостоншиносони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши АМИТ назаррас мебошад.
Зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди Конуни тамаддуни ориёӣ ва таъсиси Маркази байналмилалии Наврӯз дастур доданд ва таҳияи Консепсияи марказҳои мазкурро ба зиммаи Академияи миллии илмҳо ва дигар муассисаҳои илмӣ вогузор намуданд, ки масъулияти олимони Академияи миллии илмҳо дар соли 2026 дар самти омӯзиш ва пешниҳоди масъалаи мазкур дучанд хоҳад шуд.
Таъкид гардид, ки дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти гузаштан аз аккредитатсияи байналмилалӣ аввалин маротиба Академияи миллии илмҳо тадбирҳои муҳимро роҳандозӣ намуд. Бо ин мақсад санаи 12 –уми феврали соли 2025 дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба раванди таълим ва фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии муассисаҳои илмӣ аз аккредитатсияи байналмилалии институтсионалии муассисавӣ гузаронида шуда, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз ҷониби Агентии байналмилалии аккредитатсионии Ҷумҳурии Қазоқистон (НААР) ба муҳлати 3 сол бо сертификати байналмилалӣ сарфароз гардонида шуданд.
Дар ҳисобот зикр шуд, ки аз рўйи натиҷаҳои илмии бадастомада дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кормандони муассисаҳои илмии АМИТ беш аз 2600 маводи илмӣ аз ҷумла, 80 монография, 156 китобу маҷмуаҳои илмӣ, брошюра, тавсиянома, атлас, каталог ва 2400 мақолаи илмӣ ба нашр расонида шуд. Аз шумораи умумии мақолаҳои илмӣ 1800 мақола дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳурӣ (аз ин шумора беш аз аз 1200 мақола дар маҷаллаҳои тақризшавандаи КАО назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва 600 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои кишварҳои ИДМ ва маҷаллаҳои давлатҳои хориҷи дур (аз ин шумора беш аз 150 мақола дар SCOPUS ва беш аз 300 - мақола дар РИНС) ба нашр расидаанд. Ҳамчунин дар ин давра аз тарафи кормандони илмии АМИТ 2000 мақолаи илмию оммавӣ дар рўзномаю маҷаллаҳо ба нашр расонида шуд.
Мавриди зикри хос аст, ки АМИТ дар ин давра дар раддабандии байналмилалӣ байни муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ, аз ҷумла китобхонаи электронӣ (e-library) ва Шохиси россиягии иқтибосоварии илмӣ (яъне РИНС) мавқеи худро мустаҳкамтар намуд. Айни замон аз 854 нафар кормандони илмии АМИТ 625 нафар дар китобхонаи электронӣ (e-library) худро ба қайд гирифтаанд. Аз ин шумора ХИРШ- и 62 нафар олимони АМИТ аз 8 то 36-ро ташкил медиҳад. Ҳоло ХИРШ-и олимони АМИТ аз рўйи ҳамаи нашрияҳои e-library – 56 (52), аз рўйи РИНС-54 (50) ва аз рўйи ҳамаи маводи дар ҷавҳари РИНС нашршуда - 47 (43)-ро ташкил медиҳад.
Дар ин давра аз тарафи олимони АМИТ 7 патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 2 патенти АвруОсиё, 2 патенти Ҷумҳурии халқии Хитой барои ихтироъ, 12 нахустпатенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироъ (6 адади онҳо нахустпатентҳое мебошанд, ки охири моҳи декабри соли 2024 гирифта шуда, ба ҳисоботи соли 2024 ворид нашуда буданд), 3 шаҳодатнома барои ихтироъ, 7 қарори мусбат оид ба додани нахустпатенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироъ, ҳамчунин 3 шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии захираи иттилотӣ ба даст оварда шуданд. Бояд қайд намуд, ки типқи таҳлилҳо аз соли 2009 то инҷониб дар АМИТ 335 патент, нахустпатент, шаҳодатнома, қарори мусбат барои ихтироот мавҷуд аст. Аммо чи қадар аз ин дар истеҳсолот ҷори шудааст мутаассифона механизми дар истеҳсолот татбиқ намудани ин ихтироот то ҳоло ҳалли худро ба таври зарури наёфтааст.
Ҳамзамон қайд гардид, ки бо мақсади таҳким ва рушди заминаи илмию таҷрибавии муассисаҳои илмию таҳқиқотии АМИТ дар соли 2025 бо мусоидати раёсати академия таъмири капиталӣ ва бо таҷҳизоти замонави муҷаҳаз намудани 18 озмоишгоҳ ва марказҳои нави рақамӣ таъмин карда шуд. Аз ҷумла: Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умаров – 1 адад, Институти химияи ба номи В.И. Никитин – 4 адад, Институти биологияи Помир ба номи Х. Юсуфбеков – 2 адад, Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рудакӣ – 1 адад, Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология – 2 адад, Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ – 1 адад, Маркази омӯзиши пиряхҳо - 2 адад, Маркази илмии Хуҷанд – 2 адад, Маркази инноватсионии Тоҷикистону Хитой – 3 адад.
Инчунин, аз ҷониби Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ 9-пойгоҳи сейсмикӣ бо таҷҳизотҳои рақами сейсмикӣ муҷаҳхаз гардонида шудаанд. Инчунин ба муассисаҳои илмии академия компютерҳои типи нав таъмин карда шуда, камераҳои назоратии биноҳои муассисаҳои илмии АМИТ қисман нав карда шуданд.
Дар робита ба ҳисоботи президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар соли 2025 намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимону академикон фикру андешаҳои худро иброз дошта, ҳисоботро қаноатбахш ҳисобиданд.
Умуман, ҳайати кормандони илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон соли 2025-ро бо дастовезҳои хуби илмию таҳқиқотӣ натиҷагирӣ карда, азм доранд, ки соли 2026-ро бо сарбаландӣ ва ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дар тарбияи мутахассисони илмӣ ҷамъбаст намоянд. Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои корҳои назарраси анҷомдодашуда ба ҳайати кормандони илмӣ изҳори миннатдорӣ намуда, аҳли олимонро барои хубтару пурсамартар намудани дастовардҳои илмӣ даъват менамояд.
Инчунин, зумрае аз олимону кормандон барои заҳмати пурсамарашон дар соҳаи илм бо мукофотҳои соҳавӣ ва ифтихорномаҳои Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон қадрдонӣ гардонида шуданд.
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таҳким ва рушди заминаи илмию таҷрибавии муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар соли 2025 бо мусоидати раёсати академия таъмири капиталӣ ва бо таҷҳизоти замонави муҷаҳаз намудани 18 озмоишгоҳ ва марказҳои нави рақамӣ таъмин карда шуд.
ОЗМОИШГОҲҲОИ ЗАМОНАВӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ИЛМИИ ЗЕРИН БА ИСТИФОДА ДОДА ШУДААНД:
Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 4- адад.
Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 1- адад.
Институти биологии Помир ба номи Х. Юсуфбекови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 2- адад
Муассисаи давлатии Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 2- адад.
Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рудакӣ – 1 адад.
Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология – 2 адад.
Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ – 1 адад.
Маркази илмии Хуҷанд – 2 адад.
Маркази инноватсионии Тоҷикистону Хитой – 3 адад.
Ёдовар мешавем, ки ин ҳама иқдомҳои созандагиву бунёдкорӣ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҳз аз дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба олимон мебошад.
