
Истиқлолият калимаи зебоест, ки тавассути зикри он тасвири кишвари озоду мустақил пайдо мешавад. Моҳи декабри соли 1991 баъд аз фурупошии Иттиҳоди Шӯравӣ қадами аввали мустақилият ва соҳибихтиёрии Тоҷикистон оғоз гашт, ки ҳеҷ кишвари Осиёи Марказӣ қаблан чунин мухториятро соҳиб нашуда буданд. Замоне буд, ки кишвар аз як тараф ба шинохти ҳуввият майлон дошт ва аз тарафе дигар ба кашмакашҳои таҳмилӣ таҳрик мешуд. Ба андешаи баъзеҳо кишвар аз пасомондатарин минтақаи Осиёи Миёна буд.
Охирҳои соли 1980 ва аввалҳои соли 1992 буд, ки шиорҳои ошкорбаёнӣ ва озодӣ аз ҷониби роҳбарони собиқ Шӯравӣ оғоз шуд ва Тоҷикистонро ба сӯи шинохти миллатсозӣ бо тарзу муносибатҳои ноустувор равона мекард. Ин маҷроҳои ноҳамвору бесубот зери сарпарастии бегонаситезон кишварро рӯз то рӯз ба самти норушан ва ноором кашондан мегирифтанд ва кор ба ҷое расид, ки ҷони зиёда аз ҳазор шахс талаф ёфт ва миллионҳо хасорати иқтисодӣ бар ҷой гузошт. Талошҳои гурӯҳҳои сохта барои озодӣ ва ҳуввиятсозӣ вазъияти кишварро боз ҳам ваҳимтару ваҳшатноктар мекард ва мардумро ба тарафи парокандагӣ ва ҷудоихоҳӣ мебурд. Вазъият ба ҷое расида буд, ки дар ҷомеа ноадолатиҳои иҷтимоӣ афзудан мегирифт ва ноилоҷ бисёре аз мардум ба сӯи кишварҳои ҳамсоя муҳоҷират карда, хонаву фарзандони худро тарк карданд. Ҳамин солҳо буд, ки бо раҳму меҳрубонии Худованд болои мардуми ҷафокашидаву ранҷур боли тараҳҳум ва меҳрубониашро кушода, донаи файзу баракат ва нуру саодатро болои осмони кишвар чош диҳад. Бо лутфу карами худовандӣ ин донаи муборак ба кишвар афтод ва файзи он низ ба машоми яке аз фарзандони фарзонаи миллат- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расид ва ӯ сабаб шуд то миллатро аз ҳалокат наҷот диҳад. Бо ҳувайдо шудани ин фарзанди фарзонаи миллат, Тоҷикистон чандин марҳиларо тай намуд, то такомул ва рушд намояд.
Вуруди ин фард аз марҳалаи нахустин қадам дар созандагии миллат буд, ки зоҳир шуд ва ин фарзанди баруманд кишварро аз самти ҷаҳолат ва разолат ба сӯи илму шарофат кашол дода, талошу мубориза кард, то ҳамаи халқ ҷафокашидаро аз дори ғурбату дарбадарӣ, ба дори улфату меҳрубонӣ биёварад. Замоне буд, ки дар аксари кишварҳои собиқ Шӯравӣ кашмакашҳои сиёсиву иҷтимоӣ рух медод ва гоҳу ногоҳ асароти мусбату манфии онба мардуми кишвар таъсир мерасонд.
Таҳлилгарон Кирил Нурҷанов ва Крисшан Блеур воқеаҳои он даврро чунин баррасӣ карданд: "Охирҳои соли 1980 ва аввалҳои соли 1990 вазъи сиёсӣ ва иҷтимоии дар Тоҷикистон ноустувор буд. Корбурдони гурӯҳҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва роҳбарони сиёсӣ барои тағйири вазъ талош мекарданд. ...Аммо баъди чанд муддате вазъ нооромтар шуд ва тақсимбандии гуруҳӣ ва минтақавии кишвар оғоз шуд". (“Tajikistan: Political and Social History” by Kirill Nourzhanov and Christian Bleuer, Australia National University, 2013”)
Ин вазъи нооромро қаҳрамони миллат андешида, боз як бори дигар бо шаҳомату ҷасури дар ҷаласаи таърихсози қавм аз ҷой бархост ва ба халқи худ чунин хитоб кард: "То замоне, ки дар бадан ҷон дорам барои озодӣ ва ободии халқу ватан ҷонамро фидо мекунам ва ҳаргиз иҷозат намедиҳам,ки душманон ба он хадша зананд". Ин иқдоми дуввум буд, ки ин фарзанди абармарди кишвар барои созандагии миллат талошҳо варзид то ватанро аз парокандагӣ ва ҷудоӣ муҳофизат намояд.
Бо ҳамин нияти нек барои боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватан иқдомҳои наҷибу чорасоз, қадамҳои қавитар гузошт ва миллатро ба самти созандагӣ ва ободонӣ роҳнамоӣ кард. Аммо ҷои таассуф буд, ки дар ҳамон шабу рӯз вазъияти минтақа дар муҳити инқилобӣ ва фарозу нишебиҳо қарор дошт ва афроди ситезаҷуй ва тангназар аз марҳалаҳои санҷишӣ барои рушд ва нумуи миллатсозӣ истифода карда, кишварро боз ба сӯи торикӣ ва ҷаҳолат таҳрик карданд ва талошу муборизаҳои ташаббусозӣ ин фарзанди барумандро нодида гирифтанд. Вале ин абармарди таърих боз як маротиби дигар дурандешона фикр кард ва вазъро таҳлилу баррасӣ карда, боз дубора роҳи наверо барои наҷоти миллат интихоб кард. Ин роҳ хело душвортару сангинтар буд,зеро аз як сӯ ташаббусҳои миллатсозӣ идома дошт ва аз суи дигар инқилобҳои носозгори дохиливу қавмӣ идома доштанд. Дарку фаҳми дурусти вазъият хело душвортар буд ва ҳар кас онро ба таври худ шарҳу баррасӣ медод. Вале ин абармарди таърих қадами худро устуворона гузошта, боз маротибаи дигар ба шири модарон қасам ёд кард ва барои наҷоти ватану миллат марҳалаи наверо барои созандагии миллат оғоз кард. Ин абармард барои таҳкими субот ва ободии кишвар сари мизи гуфтугуҳо нишаста, аз ҳамаи афроди ҷомеа дархост кард, ки барои амният ва ваҳдати ватану миллат саҳмгузоранд ва роҳ надиҳанд,ки душманони дохиливу хориҷӣ ба роҳи интихобкаради мо, ки рушд ва нумуи миллат ва созандагии он аст, халал расонанд.
27-ум июни 1997 дар саҳтифаи таърихи миллат санаи наверо сабт кард, ки то имрӯз намунаи ибратсоз барои тамоми ҷаҳониён гаштааст. Ин ҳама шаҳодат аз он медиҳад, ки барои ободӣ ва созандагии миллат роҳнамоӣ ва роҳбарии фарди боинсофу нексиришт зарурат аст, то тавонад халқашро ба қуллаи мурод бирасонад. Намунаи онро метавон дар суботу оромии кишвар дид, ки имрӯз аксари сайёраи олам аз ин неъмат бенасиб монда, дар ранҷу азоб қарор доранд.
Таҳлилу баррасиҳои гуногун нишон медиҳад, ки бисёре аз кишварҳои ноамн ва ноором аз надоштани роҳбари одилу нексиришт азият мекашанд ва лиҳозо масоили ватаниву қавмии худро наметавонанд тавассути гуфтугуҳо ҳаллу фасл намоянд.
Барои аз парокандагӣ ва ҷудоии миллату қавм фарде ё нафаре зарур аст, ки шабҳо бедорхобӣ кашида, халқашро аз таҳлука наҷот диҳад. Зеро дар ҳар ҷомеа ва кишвар афроде ҳастанд,ки намехоҳанд қавми дорои тамаддуну фарҳанг, маърифату матонат ва шоистагиву ҷасорат дар ҷаҳон шуҳрату шаҳомат пайдо карда, чун кишвари озоду соҳибихтиёр арзи ҳастӣ намоянд.
Миллати мо ифтихор аз он мекунад, ки дар худ чунин фарзанди фарзонаеро тарбият кардааст, ки ояндабин ва дурандеш буда, дар ҳама ҳолот талош кард, ки халқу ватани худро аз вартаи ҳалокат наҷот диҳад ва дасисаву макри душманони ватанро ошкор созад, то мардуми кишвар роҳи дурусту устуворро пеша карда, аз паси макру ҳиллаи нохалафони дохиливу хориҷӣ нараванд. Ин марҳали дигаре буд, ки ин фарзанди фарзонаи миллат дар созандагии миллат иқдому барномасозӣ кард ва Тоҷикистонро чун яке аз амнтарин минтақаи ҷаҳон гардонд.
Бо ҳамаи ин фарозу нишебҳо Тоҷикистон бо талошу сарварии роҳбари бо инсофу ватанпарвар тавонист кишварро аз сахтгароӣ ба нармгароӣ,аз ҷангҷуӣ ба сулҳу оромӣ ва аз зулму ҷаҳолат ба илмуомузиву адолат бирасонад. Ин талошу муборизаҳо барои ҳифзу нигаҳдории ватани азиз буд,ки имрӯз дар арсаи ҷаҳон чун кишвари соҳибфарҳангу мутамаддин шинохта шудааст.
Хулоса, Тоҷикистону озоду соҳибихтиёр аввалин маротиба моҳи сентябри соли 1991 мактаби миёнаро тамом карду ба донишгоҳ дохил гашт. Аз соли 1997 то соли 2017 ин ҳама марҳалаҳоро паси сар кард ва ҳоло омодагии ба имтиҳонҳо қарор дорад, то онҳоро бо мувафаққият биспорад. Ин донишҷӯи бозаковат бо сарварии фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин замонҳо дар марҳалаи курсҳои такмили омодагӣ мебинад, то тавассути ин омӯзишҳо тавонад боз якбори дигар масоили умдаи ватану миллатро баррасӣ карда, ташаббуси созандагии ҳуввиятшиносиро ба мардум тафҳим намуда, онҳоро аз дасисаҳо ва макру фиреби душманони дохиливу беруна огоҳӣ дода, ба онҳо дарси ибрат ва хештаншиносӣ биёмузонад.
Боварии комил дорем, ки ин донишҷӯ мароҳилаҳои ҳассосу хатарнок ва чорасозро низ паси сар хоҳад кард ва сарбаландона боз ба қуллаҳои болотар хоҳад расид, зеро тамоми донишҷуён аз мактаби дарси донишу сулҳи устоду хиради фарзанди фарзонаи миллат сабақ омӯхта, хештаншиносӣ ва ҳуввияти миллиро таълим гирифтанд ва ҳеҷ гоҳ мардуми бонангу номуси ин миллати ҷафокашида иҷозат намедиҳанд, ки кишвар боз ба вартаи ноамнию носуботии ҷаҳон табдил ёбад.
Мирсаид РАҲМОНОВ, ходими калони илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ КОРМАНДОНИ АМИТ ДАР “КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲАМГИРОИИ САНОАТ БО ДОНИШГОҲҲОИ ЧИНУ ТОҶИКИСТОН”
Санаи 26-28 сентябри соли 2025 дар музофоти Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин бо ташаббуси Маркази байналмилалии интиқоли технологияҳои нави Донишгоҳи нақлиёти Сиан ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конфронси байланлмилалӣ баргузор гардид, ки дар он мушовири президенти Академияи миллии илмҳо профессор Қодирзода Фарҳод Анвар ва сардори Раёсати магистратура, аспирантура ва докторантураи РhD, профессор Қосимзода Солеҳ Салим иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар конфронс роҳбарон ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, муассисаҳои илмӣ, роҳбарони ширкатҳои истеҳсолию тиҷоратии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии Ҷумҳурии Узбекистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Конференсияи байналмилалиро аз ҷониби муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон нахуст Қодирзода Фарҳод ифтитоҳ намуда, ҳамкориҳои Ҷумҳурии Мардумии Чинро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан бо Академияи миллии илмҳо дар сатҳи баланд баҳогузорӣ намуд. Дар идомаи суханронӣ аз ҷониби масъулини Академияи миллии илмҳо пешниҳод карда шуд, ки ҷиҳати татбиқи натиҷаҳои илмии ҳарду кишвар дар истеҳсолот “Иттиҳоди ягонаи ҳамгироии байни муассисаҳои олӣ ва корхонаҳои истеҳсолию тиҷоратии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон” таъсис дода шавад. Ҷиҳати фаъолияти минбаъдаи Иттиҳоди мазкур пешниҳод гардид, ки гузоштани замина барои бунёди институт ва ташаккули платформаҳои ҳамкории мунтазам, вобаста ба эҳтиёҷоти тарафайн ба ҳамгироии илм, маориф ва истеҳсолот диққати асосиро равона сохтан, бо мақсади мустаҳкам намудани заминаҳои ҳамкорӣ ҳамчун риштаи васлкунанда ба роҳ мондани табодули академӣ ва илмии донишҷӯён, магистрантон, докторантон ва кормандони илмӣ байни Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба роҳ монда шавад.
Дар ҳошияи суханрониҳои мазкур профессор Қосимзода Солеҳ дар мавзуи “Намунаи нави ҳамкориҳои илмию инноватсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин” суханронӣ намуданд.
Дар рафти конференсия намояндагони муассисаю корхонаҳо масъалаи таъсиси “Иттиҳоди ягонаи ҳамгироии байни муассисаҳои олӣ ва корхонаҳои истеҳсолию тиҷоратии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон” -ро баррасӣ намуда, ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд.
Бояд қайд намуд, ки Донишгоҳи нақлиёти Сиан яке аз шарикони асосии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар самти татбиқи лоиҳаҳои инноватсинӣ мебошад.
Имрӯз, 29 сентябр дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ Конференсияи илмию амалӣ дар мавзуи «Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ – муаррифгари фарҳанги тоҷикон дар арсаи ҷаҳон» баргузор гардид. Ба кори конфронс ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд ҳусни оғоз бахшид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш тамоми олимони кишваро ба муносибати Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ табрику таҳният хонда, таъкид доштанд, ки ҳамасола 30- юми сентябр дар кишвари соҳибистиқлоламон Тоҷикистони азиз Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ бо шукуҳу шаҳомоти хосса таҷлил мегардад. Қайд кардан зарур аст, ки ин ташаббус аз соли 2009 дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти №664 "Дар бораи таҷлили зодрӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ" рӯи даст гирифта шуд.
Таъкид гардид, ки Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ (Румӣ) соли 1207 дар шаҳри Балх ё дар Вахши Тоҷикистон ба дунё омадааст. Номаш Аҳмад Ҷалолуддин тахаллусаш ба Мавлавӣ машҳур аст. Падараш аз олимони Балх буд. Дар ибтидои ҳуҷуми муғулҳо ӯ бо волидайни худ аз Вахш ба Балху Самар – қанд ва Нишопур сафар кардааст. Баъдан оилаи онҳо аз Нишопур ба Ҳиҷоз мекӯчанд. Соли 1232 дар Қуния, назди Бурҳонуддин Муҳаққиқи Тирмизӣ илми тасаввуфро аз худ мекунад. Мавлоно Балхӣ соли 1273 дар Қунияи Рум вафот кардааст. Бузургтарин асари ӯ «Маснавии Маънавӣ», ки соли 1259 ба навиштаи ин асар сар кардааст ва зиёда аз 10 сол ба эҷоди ин асар машғул гаштааст. Мавзуи асосии ин асар масъалаҳои тасаввуф мебошад. Аз шоир ба мо 50-ҳазор байт, 1600 рубоӣ боқӣ мондааст.
Оламе гарму пуршӯре туфонӣ, саршори ишқу меҳру сӯзу гудоз, ранҷе бархоста аз шавқу иштиёқ дар пардаи зеҳн зинда мешавад. Муҳаққиқон ба он назаранд, ки тамоми шаш дафтари “Маснавӣ” ба гунае иборат аз шарҳу тафсири ҳамин муқаддима пуршур аст. Бозгаште, ки танҳо аз роҳи ишқ, ишқи таҳаввулгарду комилсоз, инсонсоз, ҳастинофарин муяссар аст. Вале воқеат он аст, ки Мавлоно дар мақтаи муайне аз таълифи “Маснавӣ” оғоз кард, вале то он замон, замонаи иншоӣ ин шоҳкори гаронсанг тӯли солҳо дар бистари ғазалиёти дилошӯбе омода шуда буд. Ғазалиёте, ки дар “Девони шамс” ё “Девони кабир” фароҳм омадаанд.
Дар ибтидои замон дар перомуни рӯзгору ҷаҳони рангину пуррамзу нози Мавлоно ҳазорон мақолоту китобҳо таълиф шуда ва агар ҷамъоварӣ шавад, шояд китобхонаи бузурге шавад. Воқеан ҷозибае биловасф дар домани ҳар ғазале дар ҳоли ҷӯшиш аст, ки зеҳну қалбро, вуҷудро ба худ мекашад, равони инсонро нерӯе шодофарин, ҷунбанда, пуртаҳаррук медиҳад. Дунёи шигифтаангези андешаву афкор, калому гуфтори Мавлоно дар тӯли қарнҳо ҳамвора таваҷҷуҳи пажӯҳандагону донишмандони ақсои ҷаҳонро ба худ ҷалб намудааст. Ҳар яке аз ин дарёи ҳамеша хурушон дуру гавҳаре ёфта ва пеши азамату шукӯҳи кохи бузурги андеша ӯ сари эҳтирому таъзим фуруд овардааст.
Дар паҳнои адабиёти форсӣ мо шоирони бузурги соҳибдевони зиёд дорем. Шоироне, ки ашъорашон шабоҳатҳои зиёди мазмунӣ даранд. Ағлаб аз чақидаҳои зеҳни якдигар суд ҷустаанд, зери таъмири андешаву ҷаҳони фикрии якдигар мондаанд. Вале девони Мавлоно дар қиёс бо онҳо ҳоло ҳавои дигаре дорад.
Дар идома олимон Зиёӣ Хуршед - доктори илмҳои фалсафа дар мавзуҳои “Шахсияти Мавлоно ва таълимоти ӯ аз нигоҳи мутафаккирони гузашта ва муосири Шарқу Ғарб”, Алии Муҳаммади Хуросонӣ – номзади илмҳои филологӣ “Таҳқиқ ва нашри осори Мавлоно дар Тоҷикистон”, Маҳмадҷонова Муҳиба – доктори илмҳои фалсафа “Инсон дар таълимоти фалсафию ирфонии Мавлоно”, Охониёзов Абдураҳмон дар мавзуи “ Нусхаҳои хаттии Мавлоно дар Ганҷинаи дастнависҳои шарқии ба номи А.Мирзоев” маъруза намуданд.
ҶОЙГОҲИ МАЪНАВӢ ВА МАЪРИФАТИИ ОСОРИ ҲОФИЗИ ШЕРОЗӢ ДАР ФАРҲАНГУ ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ҶАҲОН
Имрӯз, 24 сентябр дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи байналмилалии илмӣ таҳти унвони «Ҷойгоҳи маънавӣ ва маърифатии осори Ҳофизи Шерозӣ дар фарҳангу забон ва адабиёти ҷаҳон бо иштироки олимони дохиливу хориҷӣ баргузор гарид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш ҳозиринро ба Конференсияи байналмилалии “Ҷойгоҳи маънавӣ ва маърифатии осори Ҳофизи Шерозӣ дар фарҳангу забон ва адабиёти ҷаҳон», ки бо мақсади иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 2 январи соли 2025, №АП-713 ба ифтихори 700-солагии бузургтарин шоири ғазалсарои форсу тоҷик баргузор мегардад, самимона хайрамақдам хонд.
Таъкид дошт, ки арҷгузорӣ ва эҳтиром ба корнамоиҳои фарзандони баруманди тоҷик, ба осори инсонпарваронаи адибону олимони гузаштаи халқи тоҷик тавассути сиёсати илму фарҳанг ва шоирпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири тарбияи насли бунёдгузор ва ояндасози миллат баҳри фардои дурахшони кишвари азизамон – Тоҷикистон, дар замони тантанаи Истиқлоли давлатии кишвар вусъати тозае пайдо кардааст. Дар ин росто, дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил намудани 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ, ки аз бузургтарин шоирони ғазалсарои адабитёи тоҷику форс ба шумор меравад, барои муаррифии ин шоири ширинсухани дорои афкори баланди адабию эстетикӣ басо муҳим арзёбӣ мегардад.
Зикр гардид, ки моҳи июни соли ҷорӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи миллии ЮНЕСКО дар Тоҷикистон ва бо ҷалби олимону пажуҳишгарон, ҳофизшиносон ва аҳли илму фарҳанги ҷаҳон 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ дар сатҳи баланди илмӣ аз ҷониби ЮНЕСКО дар шаҳри Париж бо иштироки муҳаққиқони зиёда аз 80 кишвари олам зери унвони “700 сол бо Ҳофиз” ҷашн гирифта шуд. Дар ин ҳамоиши бузурги илмии байналмилалӣ ҳофизшиносону муҳаққиони сухани ноби шоир аз Академияи миллии илмҳо иштироку суханронӣ намуда, нусхаҳои девони шоир, ки дар Маркази мероси хаттии АМИТ маҳфузанд, ба намоиш гузошта шуданд.
Баргузории ин ҳамоиши сатҳи баланд дар Фаронса бори дигар нишон дод, ки тамаддуни муосири ҷаҳонӣ ба аҳли илму адабу фарҳанги миллати тоҷик, ки дар раванди рушди таърихӣ инсониятро ба роҳи рост, ба дӯстдории табиат, арҷу эҳтиром гузоштан ба сухани воло, ҳифзи дастовардҳои илмию фарҳангӣ ба хотири беҳтар сохтани рӯзгори аҳли башар, сулҳу оромӣ, амнияту осоиштагӣ дар саросари ҷаҳон ҳидояту раҳнамоӣ кардаанд, таваҷҷуҳи хосае зоҳир менамояд.
Дар ин росто, таҷлили 700-солагии шоири тавоно ва суханвари оламшумул – Ҳофизи Шерозӣ, тасмим гирифта шуд, ки дар диёре, ки мардумаш ба шеъру сухани ӯ эҳтиром гузошта, китобашро дар радифи китобҳои осмонӣ муқаддас шуморида, рӯзу рӯзгори босаодати худро аз баракати қироати шеъри ӯ ҷустуҷӯ мекунанд, баргузор карда шавад.
Ёдовар мешавем, ки кормандони илмии Институти забон ва адабиёти ба Рӯдакии АМИТ “Девон”-и шоирро вобаста ба таҷлили ҷашни 700-солагии Ҳофиз дар асоси нодиртарин ва қадимитарин нусхаи девони ӯ, ки дар Мовароуннаҳр хаттотӣ шудааст, баргардон ва пешкаши хонандагон гардониданд, ки ин беҳтарин армуғон дар гиромидошти шоир ба шумор меравад. Ҳамин нусха бо дастгирии Бунёди Рӯдакӣ ва донишманди муҳтарам Миршоҳӣ бо хатти форсӣ дар Эрон низ нашр шудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки конфронси имрӯза маҳз бо ибтикори ҳидоятҳои эшон баргузор мегардад, Ҳофизи Шерозиро аз бузургтарин суханвари асри 14 ва аз маъруфтарин адибони тоҷик ва кулли форсизабонҳои олам номида, чунин ибрози назар намудаанд: «Дар баробари ифтихор доштан бо мероси пурғановати ниёгон ба ҳар яки мо зарур аст, ки онро амиқ омӯзем, ҳамаҷониба таҳқиқ кунем ва барои тарбияи ахлоқиву фарҳангии наврасону ҷавонон васеъ истифода намоем. Зеро омӯзишу таҳқиқ ва тарғиби эҷодиёти ниёгони некноми мо беҳтарин восита ва пули пайвандкунандаи гузашта бо имрӯз мебошад.»
Дар идома мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода дар суханронии хеш ҷиҳати баргузор намудани чунин як конфронси байналмилалӣ, ки бевосита ба таҷлили 700-солагии шоири тавоно ва суханвари оламшумул – Ҳофизи Шерозӣ бахшида шудааст, ба ҳайати олимону муҳаққиқон изҳори сипосмандиро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расониданд.
Зикр гардид, ки Ҳофизи Шерозӣ ба ҳайси яке аз суханварони варзидаи замони худ тавонистааст, ки осори адабии то рӯзгори худ таълифшударо биёмӯзад, аз моҳияти ҳунари суханварию ғоявии бадеии онҳо баҳравар гардад. Мутолиаи осори ин шоири шаҳир далели он аст, ки ӯ аз осори устод Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Низомии Ганҷавӣ, Хоқонии Шервонӣ, Ҷалолуддини Балхӣ, Саъдии Шерозӣ ва даҳҳо суханварони дигар огаҳии комил доштааст. Маҳз чунин огаҳӣ аст, ки дар ғазалиёти ӯ басо нозуконаву шоирона ба ин осори пурмуҳтаво ишораҳо шудааст. Ба қавли адешамандон ва ҳофизшиносон, Ҳофизи Шерозӣ дар асри 14 раванди рушди шаклию маъноӣ ва забонии жанри ғазалро ба авҷи аъло расонида, онро як навъ ҷамъбаст кардааст.
Дар идома Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён, муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Сафар, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро, раиси иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим, ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд дар суханрониҳои хеш нақши ин донишманди бузург ва шоири ғазалсарои форсу тоҷик Ҳофизи Шерозиро дар рушду адабиёт ва фарҳанги замонаш муҳим арзёбӣ намуданд.
Имрӯз, 24 сентябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон қабл аз баргузории Конференсияи байналмилалии “Ҷойгоҳи маънавӣ ва маърифатии осори Ҳофизи Шерозӣ дар фарҳангу забон ва адабиёти ҷаҳон» аз ҷониби Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон намоиши дастхатҳои девони Ҳофиз баргузор гардид.
Дар намоиш президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён ҳайати олимону муҳаққиқон аз дохилу хориҷӣ кишвар иштирок намуданд.
Дар намоиш дасхатҳои нодири бузургтарин шоири ғазалсарои адабиёти тоҷику форс Ҳофизи Шерозӣ, ки дар ганҷинаи Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳифз мешаванд, муаррифӣ гардиданд. Зимни намоиш яке аз дастхатҳои нодире, ки дар ҷаҳон ягона мебошад, “Кулиёти мунтахаб”- и яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти тоҷику форс Убайди Зоконӣ муаррифӣ карда шуд. Ин асар соли 1405 мелодӣ таълиф гардида, дар он 41 ғазал ва 2 қитъа аз бузургтарин шоири ғазалсарои форсу тоҷик Ҳофизи Шерозӣ ҷой дорад.
Инчунин, ҳайати иштирокчиёни Конференсияи байналмилалии “Ҷойгоҳи маънавӣ ва маърифатии осори Ҳофизи Шерозӣ дар фарҳангу забон ва адабиёти ҷаҳон» аз Осорхонаи китоби Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки дар он нодиртарин дастхатҳои мутаффакирони варзидаи форсу тоҷик нигоҳдорӣ мешавад дидан намуданд.
БА ИСТИФОДА ДОДАНИ ДАСТГОҲҲОИ НАВИ ДОРУСОЗӢ ДАР АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
Имрӯз, 22 сентябр дар заминаи муассисаи илмию таҳқиқотии “Маркази инноватсионии Хитою Тоҷикистон оид ба маҳсулоти табиӣ” Академияи миллии миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳайати олимону кормандон сехи хурди истеҳсоли маводҳои доруворӣ, ки аз растаниҳои шифобахши флораи Тоҷикистон истеҳсол карда мешаванд мавриди истифода қарор дода шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дастгоҳҳои насбкардашуда бевосита бо дастуру ҳидоятҳои илмпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Рахмон ва бо кӯмаки Муассиси тарафи Хитоии Марказ Институти Техникии Физика ва Химияи Шинҷони Академияи илмҳои Хитой бо маблағи 1,5 миллион сомонӣ ҳамчун маблағи бебозгашт оварда шудаанд.
Дар марказ зиёда аз 20 адад дастгоҳҳои наву замонавии элаки ларзон (барои бехтан ва ба фраксияҳо ҷудо намудани дилхоҳ мавод), майдакунак (барои майда намудани маводҳои фаъоли биологӣ), ғурушасози хушк (барои тайёр намудани ғурушаҳо ва омода намудани шаклҳои гуногуни маводи доруворӣ аз онҳо), ғурушасози намнок (барои тайёр намудани ғурушаҳо ва омода намудани шаклҳои гуногуни маводи доруворӣ аз онҳо), омехтакунак (барои омехта намудани якчанд маводи фаъоли фарматсевтӣ), ҷевони хушккунии ҳавокаш (барои хушк намудани экстрактҳо), 3D – омехтакунак (барои омехта намудани ду ва зиёда ингредентҳои душворомехташаванда), дастгоҳи қурссозӣ (барои истеҳсоли қурс (таблетка)), дастгоҳи ғилофаксозӣ (барои истеҳсоли ғилофакҳо (капсула)), дастгоҳи халтачаҳои доруворӣ (барои бандубасти растаниҳои шифогӣ дар халтачаҳо), дастгоҳи бандубасти қурс (барои борҷомасозии қурсҳо), дастгоҳи руйпушкунии қурсҳо (барои руйпӯшкунии қурсҳо тавассути моеъҳои руйпушкунанда), экстрактор универсалӣ (барои истихроҷи маводи фаъоли биологӣ аз таркиби растаниҳо), ҷевони хушккунии экстрактҳо (барои хушк намудани ҷабидаҳои гиёҳӣ), дастгоҳи шарбатсозӣ (барои истеҳсоли шарбатҳои табобатӣ), дастгоҳ барои суфткунонии қурсҳо (барои тоза намудани қурсҳо аз заррачаҳо), тестер барои ҳалшавандагии курсҳо, тестер барои муайянсозии устуворӣ ва диаметри қурсҳо, тестер барои муайянсозии вазн ва андозаи қурсҳо муҷаҳаз гардонида шуданд.
Мақсади асосии насби дастгоҳҳои нави дорусозӣ аз он иборат мебошад, ки дар асоси растаниҳои омухташуда таҳия ва технологияи маводҳои доруворӣ ба роҳ монда шавад. Бояд гуфт, ки олимони марказ алакай дастгоҳҳои мазкуро ба кор андохта аз растаниҳои шифобахши флораи Тоҷикистон маводҳои доруворӣ истеҳсол намудаанд, ки натиҷааш ба ҳайати роҳбарият ва олимону кормандон муаррифӣ карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон ҷиҳати таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар як муддати кутоҳ бо кӯшишу заҳматҳои президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар заминаи муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ 32 адад озмоишгоҳҳои наву замонавӣ бо техникаву технологияҳои муосир мавриди истифода қарор дода шуд, ки маҳз барои пешбурди корҳои илмӣ-таҳқиқотии олимону муҳаққиқон мусоидат менамояд.
Таъсиси ин сехи хурди истеҳсоли маводҳои доруворӣ яке аз он иқдомҳое аст, ки дар пайрави аз сиёсати илмпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон аз ҷониби роҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки таъсисёбии маркази муштарак дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомали Рахмон оиди коркард ва истеҳсоли маводи доруворӣ аз гиёҳҳои шифобахши ватанӣ сарчашма мегирад.
Имрӯз, 22 сентябр дар толори Институти кимиёи ба номи В.И Никитини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мулоқот бо кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ баргузор гардид.
Дар машварат президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт он дастуру супоришҳое, ки дар мулоқот бо кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини соҳа ба вогузоштанд саҳми олимон расониданд.
Таъкид гардид, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳои хеш зарурати ҷоннок намудани корҳои назоратӣ аз болои истифодаи оқилонаи захираҳои табииро таъкид намуда, барои беҳтарсозии корҳо дар ин самт ба олимону кормандони соҳа дастурҳои мушаххас доданд.
Ҳамзамон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш пешниҳод намуд, ки назорати ифлосшавии ҳаво, об ва хок бо истифода аз технологияҳои муосир тақвият дода шавад. Инчунин, ба масъулини соҳа аз ҷумла Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дастур дода шуд, ки олимон дар ин самт корҳои худро ҷоннок намуда, барои санҷиши ифлосшавии ҳаво, об ва хок дар ҳолати омодагӣ қарор дошта бошанд.
Зимни суханронӣ дар мулоқот бо кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи омӯзиш ва нигоҳубини бабри барфӣ ва гусфанди Марко поло таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои ҷоннок намудани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар ин самт ба олимони соҳа дастурҳои мушаххас доданд.
Инчунин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати мавҷудияти ҳайвонотҳои нодире, ки дар табиати Тоҷикистон аз ҷумла бабри барфӣ ва гусфанди Марко поло зиндагӣ мекунанд барои муарррифии онҳо дар сатҳи байналмилалӣ ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар анҷоми машварат президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт аз олимони кишвар даъват ба амал оварданд, ки ин дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ намуда барои амалисозии онҳо тамоми кушишҳоро ба харҷ диҳанд.
РӮНАМОИИ КИТОБИ ТОЗАНАШРИ “РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ – ДАСТПАРВАРИ МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ”
Имрӯз, 18 сентябр дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон китоби тозанашри «Рустами Эмомалӣ – дастпарвари мактаби давлатдории Пешвои миллат», ки зери назари президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт чоп гардидааст, рӯнамоӣ гардид. Ба рӯнамоии китоби мазкур ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд ҳусни оғоз бахшид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар суханронии хеш изҳор дошт, ки ба ифтихори 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби тозанашр бо номи “Рустами Эмомалӣ – дастпарвари мактаби давлатдории Пешвои миллат” бо услуби хосса рӯйи чоп омад ва боиси сарфарозии ҳайати олимони кишвар аст, ки рӯнамои китоби мавриди назар дар боргоҳи илму маърифати тоҷик-Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор мегардад. Басо рамзист, ки рунамои китоби мазкур ба тантанаҳои ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷиҷикстон рост омадааст, ки ба ин муносибат яко яки Шумо ҳозирини арҷмандро табрику таҳният мегӯем.
Таъкид гардид, ки китоби “Рустами Эмомалӣ - дастпарвари мактаби давлатдории Пешвои миллат” бо сифати баланд чоп шуда, фарогири мақолаҳои 18 нафар чеҳраҳои маъруфи кишвар мебошад. Китоб аз 280 саҳифа иборат буда, нигоштаҳои он бо 3 забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ таълиф шудаанд. Муаллифони мақолаҳо дар сохторҳои гуногуни давлативу ҷамъиятӣ ва илмию фарҳангӣ фаъолият менамоянд, ки нигоштаҳои хешро дар асоси санаду далел таълиф намуда, раванди меҳнату кӯшишњои созандагиву бунёдкоронаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро инъикос намудаанд. Китоб бо аксаҳо оро ёфтааст, ки аксҳои дар китоб ҷойдода муҳтавои нигоштаҳоро таҳкиму тақвият мебахшанд.
Гуфта шуд, ки бо 3 забон нашр шудани китоби “Рустами Эмомалӣ-дастпарвари мактаби давлатдории Пешвои миллат” барои дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ намудани дастовардҳои 8 соли охири мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва ҷалби бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ ба пойтахти кишвар мусоидат менамояд.
Китоби “Рустами Эмомалӣ-дастпарвари мактаби давлатдории Пешвои миллат” маҷмуи мақолаҳои олимону зиёиён ва ходимони давлатию сиёсии кишварро ҷиҳати муаррифии хизматҳои мондагори шаҳрдори ҷавон-муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамчун дастпарвар ва идомабахши мактаби давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бар гирифтааст.
Воқеан, мактаби давлатдории Пешвои миллат ба ҳайси бузургтарин мактаби сиёсӣ дар арсаи байналмилалӣ эътироф шуда, ин мактаб ба таҳкими сулҳу субот, амнияту осоиштагӣ дар сартосари мамлакат, рушди тамоми инфрасохтори кишвар замина гузошта, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар як муддати кутоҳ дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун як ҷумҳурии сарсабзу хуррам, бо суръат рушдкунанда ва муҳимтар аз ҳама ба як кишвари ташаббускор дар арсаи байналмилалӣ табдил дод. Ин мактаби бузурги сиёсӣ дар ташаккул ва рушду инкишоф ёфтани шахсиятҳои ворастаи сиёсӣ ва тарбияи нерӯи зеҳнию ақлонии кишвар мунтазам мусоидат намуда, дар худ як қатор чеҳраҳои сиёсиро ба камол расонидааст. Муҳтарам Рустами Эмомалӣ-шаҳрдори ҷавони кишварро метавон бешак аз зумраи беҳтарин дастпарварони асили ин мактаби сиёсии Пешвои муаззами миллат номид, ки тули фаъолияти хеш ба ҳайси шарҳрдори кишвар шаҳри Душанберо ба беҳтарин маркази маъмурии кишвар, давоми фаъолияти хеш ба ҳайси Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон нишон додани ташаббуси байналмилалӣ дар соҳаи мазкур ва ба ҳайси Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Палатаи болоии парломуни кишвар-Маҷлиси Миллиро ба яке аз ниҳодҳои асосии ташаббускор дар низоми қонунгузории кишвар табдил дод.
Дар ин росто лозим ба ёдоварист, ки маҳз завқи баланди кордонӣ, эҷодкорӣ, андӯхтани таҷрибаи кишварҳои мутамаддин, маҳорати шоистаи роҳбарӣ, ишқи ҳақиқӣ ба Ватан, нигоҳи шаҳрофар ва иқдоми бузурги бунёдкориву созандагии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамчун дастпарвари мактаби давлатдории Пешвои муаззами миллат буд, ки дар пойтахти кишвар раванди ободиву навсозиҳо нисбат ба 10-солаи қалб рушд намояд. Пешрафти босуръати соҳаҳои гуногун дар шаҳри Душанбе ба рӯйдоди муқаррарӣ табдил ёфтааст ва натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии солҳои охир пойтахтро бо солҳои аввали соҳибистиқлолӣ муқоиса кардан имконнопазир мебошад.
Дар идома муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон зимни суханронии хеш изҳор дошт, ки чопи китоби “Рустами Эмомалӣ-дастпарвари мактаби давлатдории Пешвои миллат” ва рӯнамоии он дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ин гувоҳӣ аз эҳтироми беандоза гузоштани олимону муҳаққиқон ба заҳмату талошҳои созандаи шаҳрдори Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мебошад. Таъкид гардид, ки дар китоби мазкур фаъолияти Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ тавассути таҳияи мақолаҳои гуногун таҷассум ёфтааст, ки ин фаъолият намунаи ибрат аст. Муаллифон зимни таҳияи мақолаҳои хеш дар асоси далелу санад ҳақиқати ин иддаоро дар китоби мазкур исбот кардаанд. Китоби тозанашр дабистони муқаддасест, ки ҷавонони имрӯзу фардо аз он сабақи зиндагӣ, дарси хештаншиносиву ватандорӣ ва созандагиву бунёдкориро меомӯзанд.
Сипас, узви вобастаи АМИТ Муҳаммад Абдураҳмон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Ҷурахон Зоир Маҷидзода, доктори илмҳои таърих Насрулло Убайдулло Каримзода, узви вобастаи АМИТ Ҳасани Султон, доктори илмҳои фалсафа Ҳайдарзода Рустам дар маърузаҳои хеш доир ба чопи китоби тозанашри “Рустами Эмомалӣ-дастпарвари мактаби давлатдории Пешвои миллат” ва фаъолияти пурсамари шаҳрдори ҷавон муҳтарам Рустами Эмомалӣ суханронӣ намуданд. Дар фарҷом Мирзоамини Мирсаидзода барои талошу заҳматҳои анҷомдодааш дар мураттабгардонии китоби мазкур бо Ифтихорномаи Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон қадршиносӣ гардонида шуд.
САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАТБИҚИ СИЁСАТИ ГЕНДЕРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ
17 сентябри соли равон зимни вохурии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо занону бонувони муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон курси омӯзишии “Зан – сарвар” ҷамбаст гардид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар суханронии хеш қайд намуданд, ки таи солҳои Истиқлолият таҳти роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлату Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон тавонист, ки ба беҳбудии вазъи занон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намояд. Ҳукумати кишвар бо назардошти воқеияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва хусусиятҳои фарҳангиву анъанавӣ шакли муайяни сиёсати беҳгардонии шароити занонро ба таври хоскор карда баромад.
Таъкид гардид, ки имрӯзҳо маҳз бо сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши занону бонувон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар муҳим арзёби мегардад. Ҳукумати кишвар дар замони соҳибистиқлолӣ нақши занонро дар ҷомеа марҳила ба марҳила баланд бардошта, маҳз барои таҳсил ва фаъолияти онҳо дар ниҳодҳои гуногуни давлатӣ тамоми имкониятҳои мавҷударо фароҳам овардааст.
Боиси зикри хос аст, ки дар заминаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Шурои занон ва бонувон фаъолият менамояд, ки занону бонувон дар ҳар давру замон бо масъулияти баланди ватанпарастӣ дар пешрафти соҳаи илми кишвар ва баланд бардошатни нуфузу эътибори кишвари Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ мусоидат хоҳанд кард. Бо ҳамин мақсад бо ташаббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар байни занону бонувони академия курси омӯзишии “Зан сарвар” таъсис дода шуда буд.
Шурӯъ аз лаҳзаи фаъолият дар ин курс аз тамоми ниҳодҳои илмӣ бонувон иштирок намуда, аз суҳбат бо бонувоне, ки дар ҳаёти сиёсии кишвар нақши устувор гузоштаанд баҳравар гардиданд. Сипас дар анҷоми вохурӣ зумрае аз занону бонувон бо Шаҳодатномаи хатми курси мазкур қадршиносӣ гардид.