Skip to main content

Имрӯз, 29 май дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар ҳошияи Конфронси байналимилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо бо ташаббуси Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Институти экология ва географияи Синзяни Академияи илмҳои Хитой ҳамоиши байналмилалӣ баргузор гардид.

Ба кори ҳамоиш директори Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе) узви вобастаи АМИТ Саидов Абдусаттор ҳусни оғоз бахшид.

Дар идома ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Амонзода Илҳом Темур изҳор дошт, ки чорабинии “Пиряхҳо ва илм” як руйдоди муҳиме мебошад, ки дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оди ба ҳифзи пиряхҳо баргузор гардида истодааст. Гуфта шуд, ки чорабинии имрӯза ба омӯзиши пиряхҳо ва нақши онҳо дар раванди иқлимию экологии минтақаи Осиёи Марказӣ бахшида шудааст.

Таъкид гардид, ки пиряхҳо дар ин минтақа ҷузъҳои калидии системаҳои гидрологӣ буда, дар таъмини захираҳои обӣ, ғизодиҳии дарёҳо ва кӯлҳо нақши муҳим доранд, ки ба экосистема ва иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсир мерасонанд.

Зикр шуд, ки дар шароити муосир Осиёи Марказӣ таъсири назарраси тағйирёбии иқлимро аз сар мегузаронад. Баланд шудани ҳарорати ҳаво ва кам шудани пиряхҳо дар қаторакӯҳҳои Помир, Ҳиндкуш ва Тиёншон дар таъмини об тағйироти ҷиддӣ ба бор меорад. Бояд гуфт, ки ин ба соҳаи кишоварзӣ, бо об таъмин намудани аҳолӣ ва амнияти энергетикии минтақа таъсири мусбат дорад.

Гуфта шуд, ки тадқиқоти пиряхҳо барои беҳтар фаҳмидани таъсири тағйирёбии иқлим ба захираҳои об маълумоти арзишманд медиҳад ва ба рушди он мусоидат хоҳад кард.

Ҳамзамон директори генералии Институти экология ва географияи Синзяни Академияи илмҳои Хитой профессор Юанмин Чжан дар суханронии хеш изҳор дошт, ки пиряхҳои Осиёи Марказӣ дар таъмини беш аз 70 миллион аҳолии ин минтақа бо заҳираҳои обӣ нақши калидӣ доранд. Пастшавии босуръати онҳо боиси норасоии об мегардад, ки боиси мушкилоти ҷиддии аҳолӣ, экосистема ва иқтисодиёт мегардад. Маҳз ин мушкилот омӯзиши амиқи илмӣ, таҳияи стратегияҳои мутобиқшавӣ ва рушди устуворро тақозо мекунад.

Дар идома олимону муҳақиқон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ доир ба аҳамияти байналхалқӣ ва ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим маъруза намуданд.