Skip to main content
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи табиат як кишвари зебоманзару кӯҳсор буда, 93 дарсади қаламрави онро кӯҳҳои баланд ташкил медиҳанд, ки дорои захираҳои обии кишварро пиряхҳо, дарёҳо, кулҳо, обанборҳо ва обҳои зеризаминӣ фаро гирифтааст. Сурати миёнасолонаи маҷрои дарёҳо дар кишвар ба 64 км3, аз ҷумла дар ҳавзаи дарёи Аму ба 62,9 км3 ва ҳавзаи Сирдарё ба 1,1 км3 дар як сол баробар мебошад.

Таъкид бояд кард, ки оби дарёҳои кишвари мо 55,4 фоизи ҳаҷми миёнаи солонаи оби ҳавзаи баҳри Аралро ташкил менамоянд ва онро бояд ба ҳадафҳои стратегии давлат истифода намуд. Ин имконоти бузурги энергетики ҳаст, ки метавонад ояндаи Тоҷикистонро нурафшон созад. Аз ҳамин хотир, сиёсати ҳукумати кишвар оиди барқарорсозии корҳои сохтмонӣ дар НБО «Роғун» ин сиёсате мебошад, ки баҳри манфиатҳои халқ, давлат ва таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ равона шудааст.

Таърих гувоҳ аст, ки чунин як лоиҳои бузурги энергетикӣ, НБО «Роғун» дар Ҷумҳурии Ҷоҷикистон аз солҳои 1970 оғоз ёфта бо сабабҳои гуногун, сохтмони он идома наёфт. НБО «Роғун» лоиҳаест, ки на танҳо дар сатҳи миллӣ, балки дар тамоми минтақа аҳамияти муҳим дорад. Оғози нерӯгоҳ ба рушди энергетикӣ ва саноатии минтақаи Осиёи Марказӣ ва кишварҳои ҳамсоя такони қавӣ мебахшад, ки дар навбати худ ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои аҳолӣ, густариши гардиши молҳои байнидавлатӣ ва байниминтақавӣ, таъмини мавҷудияти миқдори зарурии об барои обёрӣ дар солҳои хушксолӣ ва ғайра мусоидат хоҳад кард.

Дар заминаи ин, баҳри расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ аз соли 2009 корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар бузургтарин иншооти тақдирсози миллат НБО «Роғун» оғоз гардид. Воқеан ҳам, НБО-и «Роғун» иншооти бузурги энергетикӣ буда, барои имрӯзу ояндаи иқтисодиёти ҷумҳурӣ аҳамияти муҳимми стратегӣ дорад. Роҳе, ки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди ин иншооти аср пеша намуданд барои баъзеҳо афсонаи нотамом менамуд. Хушбахтона, бо талошҳои бевоситаи роҳбарияти олии кишвар ин афсона ба ҳақиқат пайваст ва имрӯз ин кохи нуру зафар ба миллат хидмат мекунад.

Барои рушди иқтисодиёт ва дар маҷмуъ барои пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад. Баъди ба истифода додани нерӯгоҳ имкон аст, ки дар кишвар даҳҳо корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ифтитоҳ ва ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис ёбад. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ба қудрат омадан, дар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ба рушди соҳаи энергетика, бахусус энергетикаи аз ҷиҳати экологӣ тоза, яъне гидроэнергетика ва истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия аҳамияти ҷиддӣ медиҳад.

Имрӯз мардуми тоҷик ба бунёди иншооти бузурги аср ба мисли нерӯгоҳи барқи Роғун машғул аст. Имрӯзҳо барои мардуми тоҷик давраи исботи ору номус, виҷдону ҳимматбаландӣ расидааст. Ҳар як нидои Сарвари давлат ба дили ҳар як ватандор ҷо шуд ва дастгири ободонии НБО «Роғун» гашт. Мавриди зикр аст, ки НБО «Роғун» нуҳумин силсиланеругоҳ дар дарёи Вахш ба ҳисоб рафта, тавоноиаш аз иқтидори истеҳсолии НБО «Норак» яку ним маротиба зиёд мебошад. Беҳтариву бартарии он аз дигар неругоҳҳо дар он аст, ки толори мошинҳо ва бинои трансформаторҳо дар зери замини он бунёд карда мешаванд. Хусусияти дигари НБО «Роғун» эҷоди муҳити солиму созанда бо истифодаи самаранок аз захираҳои обӣ, ҳифзи пиряхҳо аз ифлосшавӣ ё ба ибораи дигар “энергияи сабз” мебошад. Тибқи маълумоти овардаи сармуҳандиси НБО-и Роғун сарбанди нерӯгоҳ бо баландии 335 метр баландтарин сарбанди аз санг дар ҷаҳон буда, обанбори он ҳаҷми умумии 13,3 км3ва ҳаҷми муфиди 10,3 км³ ташкил медиҳад. Он ҳамчун як маҷмааи бузурги гидроэнергетикии гуногунҳадаф, аз ҷумла барои тавлиди нерӯи барқ, танзими об, коҳиш додани хатари обхезӣ ва коҳиш додани хушксолӣ ба нақша гирифташудааст.

Дар ҳақиқат Роғун майдони заҳматҳои самарабахш, мояи ифтихору эътибори соҳибватан, ҳастии шуҷоату мардонагӣ ва шарафмандии миллати тоҷик гаштааст. Гуфтан ба маврид аст, ки ҳар як ҳарфи ин иншоот ифодакунандаи як мафҳуми бузург хоҳад гашт.

доктор (PhD) Якубов У.Ш., котиби илмии Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон