Skip to main content

Захираи калони конҳои ангишт дар Точикистон, ки ба якчанд миллиард тонна баробар аст, самтҳои муайяни тадқиқотро ҷиҳати истифодаи оқилонаи онҳо ҳамчун ашёи хоми алтернативӣ барои ба даст овардани махсулоти фоиданок, ки дар саноат ва хоҷагии қишлоқ истифода мешаванд, муайян мекунад.

Мувофиқи ин, як қатор корҳо оиди тадқиқоти ангиштҳои дорои хокистарнокии баланд, ба мисоли кони «Фон-Яғноб», «Зиддӣ» ва конҳои ангишти бурии «Шӯроб» ва «Шишқат» гузаронида шудаанд, ки дар натиҷаи он шароити (режим) технологии ҳосилкунии нимкокс (полукокс), кокс, гази коксӣ, кислотаҳои гуминӣ, қатрони ангиштсанг (каменноугольный пек) ва дигар маҳсулотҳо, ки барои сохахои гуногуни хочагии халқ аҳамияти хоса доранд, коркард карда шуд.

Омӯзиши конҳои мазкур имконият медиҳад, ки минбаъд истифодабарии ангишт ҳамчун манбаи табии аҳамияти саноатидошта на танҳо ба сифати сӯзишворӣ, балки талаботҳои муҳими саноатиро дар соҳаҳои тандурустӣ, кишоварзӣ, энергетика, металургия ва ғайраҳо комил созад. Яке аз маҳсулотҳои фоидабахши коркарди ангшишт кислотаҳои гуминӣ мебошанд, ки таҳқиқотҳои мо бештар ба он алоқаманд буда, дар соҳаи агрохимиявӣ ба натиҷаҳои мусбат ноил гардидем.

Мушаххас карда шуд, ки таркиби ангишти бурии кони «Шишқат» то 45% ва ангишти бурии «Шӯроб» зиёда аз 25% кислотаҳои гуминӣ мавҷуд аст. Дар ҷараёни тадқиқот ба мо муясар гардид, ки истифодаи намакҳои кислотаҳои гуминӣ ( гуматҳо) барои растаниҳо аз он ҷумла растаниҳои ғалладонагӣ ҳамчун биостимулятор таъсир карда, дар асоси хулосаҳои мутахасисони соҳаи растанипарварӣ аҳамияти намакҳои мазкур собит карда шуд:

Натиҷаҳоро чунин хулоса кардан мумкин аст, ки ҳангоми коркарди тухмии гандуми тирамоҳӣ бо маҳлули намакҳои гуминии ангишти бурии кони «Шишқат» афзоиши нашъуннамои поя, инчунин кам кардани муҳлати нашъуннамо ба мушоҳида мерасад.

Инчунин айни замон омӯзиши роҳҳои нави алтернативии ҷудокунии кислотаҳои гуминиро дар шароити экстремалӣ омӯхта истодаем, ки дар зери таъсири фишор ва ҳарорати баланд мебошад. Алакай аз рӯи ин тадқиқот муқарар карда шуд, ки дар шароити экстремалӣ нисбат ба шароити муқаррарӣ аз кони ангишти «Шишқат» то 15% баромади кислотаҳои гуминӣ зиёд мегардад:

Самти дигари, таҳқиқоти коркарди ангишт дар конҳои «Фон-Яғноб» ва «Зиддӣ» гузаронида шуд. Мусаллам аст, ки ангишти конҳои мазкур хокистарнокии баланд дошта, коркарди он аҳамияти бузург дорад. Бинобар ин бо мақсади паст намудани хокистарнокӣ роҳи деминерализатсия бо истифода аз консентратсияҳои фарқкунандаи кислотаҳои қавӣ гузаронида шуд.

Маълумот дар бораи хокистарнокии ангишт пеш ва баъд аз коркарди кислотагӣ дар ҷадвал оварда шудааст:

Аз рӯи ин натиҷаҳо маълум аст, ки барои деминерализатсияи ангишт истифодабарии кислотаи консентратсияаш баланд самарабахш аст. Ин шароити деминерализатсия барои фаъолнокии химиявии адсорбсионии нимкокс (полукокс), ки ҳангоми термолизи ангишти конҳои «Зиддӣ» ва «Фон-Яғноб» ҳосил шудааст, истифода бурда шуд.

Рустамзода Сӯҳроб Истамӣ - ходими илмии озмоишгоҳи “Синтези органикӣ”