Skip to main content
Имрӯз, 12 декабр дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҳфили илмӣ-адабӣ “Хирад”- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маҳфили навбатӣ “Куллиёт”- и шашҷилдаи устод Мирзо Турсунзода, кӣ ба тозагӣ аз чоп баромад рӯнамоӣ гардид.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт зимни сухани ифтитоҳии хеш иброз дошт, ки ба саҳифаҳои таърихи адабиёти муосири тоҷик дар тули қариб 100 сол адибони варзидае ворид гардиданд, кионҳо аксаран дар мактабҳои адабӣ ва эҷодии устодони каломи бадеъ Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ ба камол расидаанд.

Таъкид гардид, ки яке аз чунин адибони варзида ва суханвари бузурги миллати тоҷик устод Мирзо Турсунзода аст, ки бо ашъори волои ватандӯстонаву инсонпарварона ва фаъолиятҳои ҷамъиятию давлатии худ дар рушди адабиёт ва ҷомеаи замони худ нақши барҷастае гузоштааст.

Зикр гардид, ки устод Мирзо Турсунзода ходими намоёни давлатию ҷамъиятӣ, раиси Кумитаи ҳамдилӣ бо халқҳои Осиёву Африқо, узви Кумитаи шӯравии сулҳ ва садорату котиботи Иттифоқи нависандагони Шӯравӣ, раиси Кумитаи ҷумҳуриявии муҳофизати сулҳ ва раиси Кумитаи Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ буда, барои хидматҳои бузургаш бо ордену медалҳои давлатӣ ва байналмилалӣ сарфароз гардидааст.

Гуфта шуд, ки ҳоло аз баракати соҳибистиқлолии мамлакат, тавсияву ғамхориҳои Пешвои миллат муҳатарм Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси гиромидошти бузургони илму ва кӯшишу заҳмати ходимони илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон “Куллиёт”-и шашҷилдаи устод Мирзо Турсунзода таҳия, нашр ва дар дастраси хонандагон қарор хоҳад гирифт.

Қайд гардид, ки нашри “Куллиёт”-и шашҷилдаи ходими давлатӣ ва сиёсӣ, Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода ба воқеияти фарҳангиву адабии кишвари мо саҳми арзишманд мегузорад. Ин маҷмӯа мутолиа ва таҳқиқи мероси пурғановати адабӣ ва фикрии устодро осон мегардонад ва барои хонандагон, донишҷӯён, олимон ва муҳаққиқон манбаи боэътимод маҳсуб меёбад.

Дар идомаи маҳфил, дигар аз олимону муҳаққиқон, инчунин устодон ва коршиносон доир ба нақши устод Мирзо Турсунзода дар рушди адабиёти миллӣ, таърихи сиёсат ва ташаккули фарҳанги Тоҷикистон сухан гуфтанд. Ҳозирин ба натиҷаҳои азими илмӣ ва эҷодӣ, ки дар “Куллиёт” ҷамъбаст шудаанд, баҳои баланд доданд ва таъкид карданд, ки ин маҷмӯа барои наслҳои оянда манбаи илҳоми созанда хоҳад буд. Дар поёни маҳфил ҳунармандон ашъори устод Мирзо Турсунзодаро бо овози суруду тарона ба мардум тақдим намуда, фазои маҳфилро бо илҳоми фарҳангӣ ва эҷодии ӯ зинда гардониданд.