Skip to main content

(Дар ҳошияи сафари муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба шаҳри Санкт-Петербург)

Дар рушди робитаҳои бисёрсамтаи байни давлатҳо ҳамкории байнипарламонӣ нақши муҳим ва асосиро мебозад. Ташаккули муколамаи сиёсӣ, амиқ кардани муносибатҳо дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илмӣ, таълимӣ ва ғайра дар доираи қонунгузории кишварҳо баррасӣ карда мешавад. Яке аз вазифаҳои асосии ҳамкории байнипарламенӣ ташкили механизмҳои расмӣ ва ғайрирасмии мубодилаи иттилоот ва таҷриба мебошад. Мафҳуми "ҳамкории байнипарлументӣ" бо мафҳуми "дипломатияи парламентӣ" зич алоқаманд аст[1].

Дар ҷаҳони имрӯза ҳамкорӣ дар сатҳи байнипарламентӣ бо афзоиши аҳамияти дипломатияи парламентӣ хос аст. Фаъолияти байнипарламентии робитаҳои берунии сафарҳои расмӣ ба кишварҳо ва мулоқотҳои ҳайати баландпояи парламентии Тоҷикистон бо раисони парламентҳо, созмонҳои байнипарламентии бонуфузи ҷаҳон барои рушди парламентаризм, қавӣ гардонидани робитаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангии байнидавлатӣ аз ҷумла, ба Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҷумҳуриҳои Ҳиндустон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва ғайраҳо ба алоқаҳои байнипарламентӣ таҳкими пурарзиш бахшида, барои инкишофи ҳамкориҳои минбаъда дар доираи сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои ҳуқуқиро мусоид менамояд.

Бо дарки ин воқеият Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаҳои хориҷӣ ва байнипарламентиро баҳри баланд бардоштани мавқеъ ва мартабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, обрӯю нуфузи миллат дар арсаи байналмилалӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти худ маҳсуб медонад.

Айни замон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои фаъоли:

-Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (аз соли 1992);

-Иттиҳоди Байнипарламентӣ (аз соли 2005);

-Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (аз соли 2006);

-Иттиҳоди Парламентии Созмони ҳамкории исломӣ (аз соли 2007);

-Ассамблеяи Парламентии Осиёгӣ (аз соли 1999);

-Ассамблеяи Парламентии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (аз соли 2010) ба шумор меравад.

Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз соли 1992 фаъолият мекунад. Рӯзҳои 17-18 апрели соли 2025 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ҷаласаи 58-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар ин чорабани Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия, сафари корӣ анҷом доданд. Тоҷикистон аз замони шомил шудан ба ИДМ дар фаъолияти Ассамблеяи Байнипарламентӣ фаъолона ширкат меварзад. Ҳайатҳои парламентии кишвар мунтазам дар ҷаласаҳои пленарӣ, кумитаҳо ва конфронсҳои ин ниҳод иштирок менамоянд. Натиҷаи сафари кории муҳтарам Рустами Эмомалиро метавон ба чунин дастовардҳо тақсимбандӣ намуд:

1. Мулоқоти дуҷонибаи байнипарламентӣ.

Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко, бо Раиси Сенати Олии Мажлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Танзила Нарбаева ва бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Маулен Ашимбаев мулоқотҳои дуҷониба баргузор намуда, масъалаҳои зеринро баррасӣ намуданд:

-робитаҳои байнипарламентӣ, аз ҷумла фаъолияти Комиссияи муштарак оид ба ҳамкорӣ миёни Маҷлиси миллии Тоҷикистон ва Шурои Федератсияи Россия, дар таъмини муносибатҳои дуҷониба нақши муҳим доранд. Ҷонибҳо ба зарурати истифодаи босамари зарфиятҳои мавҷуда дар самтҳои сармоягузорӣ, саноат ва илму фарҳанг ишора намуданд. Инчунин баррасии вазъи кунуни ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Россия, масъалаҳои афзалиятнок, аз қабили сармоягузории муштарак, ҳамкориҳои саноатӣ, энергетика ва густариши равобити фарҳангӣ, мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.

-робитаҳои байнипарламентӣ дар таъмини муносибатҳои дуҷониба ва мусоидат ба татбиқи созишномаҳои байнидавлатӣ нақши муҳим доранд. Мулоқот бо Танзила Нарбаева имконият фароҳам овард, ки масъалаҳои минтақавӣ, аз қабили идораи захираҳои об ва таҳкими амнияти минтақавӣ, мавриди баррасӣ қарор гирад. Дар баробари он ҷонибҳо ба таҳкими муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки имзои Аҳдномаи байни ду кишвар дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ дар соли 2024 ҳамчун як рӯйдоди таърихӣ арзёбӣ гардид, ки заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳоро фароҳам меоварад. Ҷонибҳо ба густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои тиҷорат, энергетика, кишоварзӣ ва фарҳанг таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

- робитаҳои байнипарламентӣ, масъалаҳои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистон, аз ҷумла таҳкими равобити дуҷониба ва бисёрҷониба баррасӣ шуданд. Сафари давлатии Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ба Тоҷикистон дар соли 2024 ва имзои Аҳдномаи ҳампаймонӣ миёни ду кишвар ҳамчун омили муҳими таҳкими дӯстӣ ва ҳамкорӣ арзёбӣ гардид. Ҷонибҳо ба раванди мусбати рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд. Дар мулоқот инчунин ба зарурати тавсеаи робитаҳо дар соҳаҳои илму маориф, технологияҳои навин ва сайёҳӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Мулоқот бо Маулен Ашимбаев заминаи мусоид барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар сатҳи дуҷониба ва минтақавӣ фароҳам меоварад.

2. Суханронӣ дар Шурои Ассамблеяи Байнипарламентии ИДМ.

Дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи Байнипарламентии ИДМ муҳтарам Рустами Эмомалӣ иштирок ва суханронӣ намуд. Дар суханронии хеш дар Шурои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил масъалаҳо доир ба ҷамъбасти фаъолияти Шурои Ассамблеяи Байнипарламентӣ дар соли 2024, ташкили мушоҳидаҳои интихобот дар ҳудуди давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамкории кишварҳои созмон оид ба таҳкими амнияти наздисарҳадӣ дар марзҳои берунӣ ва дигар масоили ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба натиҷаҳои интихоботи парламентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар карда, аз кори мушоҳидони байналмилалии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил изҳори қаноатмандӣ намуданд[2].

3. Суханронӣ дар ҷаласаи 58-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил.

18 апрели соли 2025 дар Қасрдаи Таврии Санкт-Петербург ҷаласаи 58-уми пленарии АБИ ИДМ баргузор гардид, ки Рустами Эмомалӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар доираи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаи пленарӣ як қатор лоиҳаҳои қонунҳои намунавии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла дар бораи баҳодиҳии кадастрии давлатӣ, технологияҳои зеҳни сунъӣ, ворид намудани тағйирот ба ҷанбаи рақамикунонии Кодекси намунавии таълим дар давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар санадҳо баррасӣ гардиданд. Вобаста ба масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаи пленарии Ассамблеяи байнипарламентӣ муҳокимаронӣ сурат гирифта, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Хулоса, мулоқотҳои дуҷонибаи Рустами Эмомалӣ бо роҳбарони парламентҳои Россия, Ӯзбекистон ва Қазоқистон заминаи мусоид барои рушди парламентаризм, қавӣ гардонидани робитаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангии байнидавлатӣ фароҳам меорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштирок дар ҷаласаҳои Шӯро ва пленарӣ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масъалаҳои зерин ҷалб намуд:

-амнияти минтақавӣ;

-мушоҳидаи интихобот ва рушди қонунгузории муштарак;

-натиҷаҳои интихоботи парламентии Тоҷикистон дар соли 2024.

Гузоштани гулдаста дар назди Лавҳаи хотиравии сарбозони тоҷикистонӣ, ки дар муҳофизати шаҳри Ленинград иштирок карда буданд, рамзи эҳтиром ба қаҳрамонони тоҷик ва нишонаи ваҳдати таърихии халқҳои ИДМ дар мубориза бо фашизм мебошад. Ин чорабинӣ аҳамияти ҳифзи ёди таърихӣ ва таҳкими арзишҳои муштараки кишварҳои ИДМ-ро таъкид мекунад. Барои Тоҷикистон, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ саҳми бузург гузоштааст, иштирок дар чунин маросимҳо як навъ эътирофи қаҳрамонии мардуми тоҷик ва нишонаи садоқат ба анъанаҳои таърихӣ аст. Иштироки муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маросими гулгузорӣ дар Оромгоҳи ёдгории Пискарёв, ки ба хотираи шаҳидони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ бахшида шудааст, яке аз лаҳзаҳои хотирмони таърихӣ дар рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ба ҳисоб меравад.

Соҳиби Баҳруло, - ходими хурди илмии шуъбаи ИДМ-и Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Файзуллаева Нигора Негматовна, - ходими хурди илмии шуъбаи ИДМ-и омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Сарчашмаҳои истифодашуда:

1. Межпарламентское сотрудничество и парламентская дипломатия [Манбаи электронӣ] URL: https://interkomitet.ru/mezhparlamentskoe-sotrudnichestvo-i-parlamentskaya-diplomatiya/ (санаи муроҷиат:22.04.2025)

2. Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи Шурои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ иштирок ва суханронӣ намуданд. [Манбаи электронӣ] URL:https://mfa.tj/tg/moscow/view/16914/raisi-majlisi-millii-majlisi-olii-jumhurii-tojikiston-rustami-emomali-dar-jalasai-shuroi-assambleyai-bainiparlamentii-davlathoi-ishtirokchii-idm-ishtirok-va-sukhanroni-namudand(санаи муроҷиат:22.04.2025)