Skip to main content

Теғи Сино Ину оне ҳар куҷо даъвои Сино мекунад,

То ба боми шӯҳрати олам гузорад нардбон.

Лек Сино он қадар ин бомро бардоштаст,

Ину он кай метавонад нардбон монад бар он?

Аз азал доруи тоҷик решаи хор асту бас,

Лек то ҳафтод пушташ бӯи Сино мекунад.

Абӯалӣ ибни Сино, ки умри пурбаракати худро пурра сарфи омӯхтани илм намудааст, аз бузургтарин донишмандони замони худ, ҳамчунин донандаи хуби илмҳои ситорашиносӣ, кимиё, геология, мантиқ, математика, физика ва фалсафа буд. Ӯ шоир, равоншинос, табиатшинос ва муаллими беҳамто буд ва ба омӯзиши улуми дини Ислом низ таваҷҷуҳи хос дошт ва дар ин роҳ ҳам муваффақ гардида буд.

Абуалӣ ибни Сино дар Ғарб бо номи Авиценна машҳур аст ва яке аз бузургтарин донишмандони асрҳои миёна ба шумор меравад. Ӯ дар соҳаи тиб, фалсафа, мантиқ, астраномия ва кимиё корҳои арзанда анҷом додааст. Гарчанде бештар бо “Қонуни тиб” маъруф аст, саҳми ӯ дар рушди кимиё низ аҳамияти бузург дорад.

Тавре аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, Абӯалӣ ибни Сино давоми як шабонарӯз то 18 - 20 соат ба корҳои илмӣ машғул мешуд. Ӯ ба мушкилоту сахтиҳои замон таслим нашуда, ба ояндагон осори гаронбаҳояшро ба мерос гузошт.

Ӯ гуфта буд: “Ягон шаб пурра нахуфтаам ва рӯзона ба ҷуз омӯхтани илм ба коре машғул нашудаам.”

Дар замони Ибни Сино кимиё бештар бо шакли алхимия машҳур буд. Алхимикон кӯшиш мекарданд металҳои оддиро ба тилло табдил диҳанд. Ибни Сино ин ақидаро рад кард ва нишон дод, ки табдили ҳақиқии металлҳо ғайриимкон аст. Ӯ исбот намуд, ки хусусиятҳои металлҳо модарзодӣ ва аз таркиби онҳо вобастаанд. Бо ин, вай як қадами муҳимме ба тарафи илмӣ намудани кимиё гузошт:

“Китоб ал-Шифо”-асари фалсафӣ ва илмӣ, ки унсурҳо ва тағйироти онҳо баррасӣ шудаанд.

“Донишнома”- асари энсиклопедӣ ба забони форсӣ, ки дар он низ ҷабҳаҳои кимиёву тиббӣ ҷой доранд.

Абуалӣ ибни Сино ба таҷрибаҳои амалӣ таваҷҷуҳи зиёд дошт ва равандҳои зеринро истифода мебурд:

Дистилятсия- барои ҷудо кардани моеъҳо;

Бухоркуни ва кристализатсия - барои тозакунии моддаҳо;

Филтратсия- барои ҷудо кардани омехтаҳо;

Сӯзондан ва таҳлил -барои шинохти хусусиятҳои моддаҳо.

Ин усулҳо на танҳо дар кимиё, балки дар дорусозӣ ва тайёр кардани атрҳо васеъ истифода мешуданд. Ибни Сино ақида дошт, ки ҳамаи моддаҳо аз унсурҳои асосӣ (об, оташ, хок ва ҳаво) сохта шудаанд. Ӯ таъсири “мизоҷ”-и моддаҳоро шарҳ дода, қонуниятҳои тайёр кардани доруҳои кимиёвиро асос гузошт. Саҳми муҳимаш дар рушди дорусозӣ он аст , ки қоидаҳои илмии тозакунии доруҳоро бо равандҳои кимиёвӣ мураттаб сохт.

Бо рад кардани ақидаҳои пурафсона ва ирфонии алхимикон, Ибни Сино ба илми воқеии кимиё роҳ кушод. Назарияҳои ӯ баъдан ба донишмандони аврупоӣ таъсир гузошта, ба пайдоиши кимиёи таҷрибавии асрҳои XIV-XV замина гузоштанд.

Аз қаъри гили сиёҳ то авҷи Зуҳал,

Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.

Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял,

Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.

Абуалӣ ибни Синоро кашшофи карболен (хосияти адсорбсионии ангишт) ҳисоб кардан мумкин аст, зеро ӯ дар асарҳояш хосияти ҷаббандагӣ доштани ангишти чӯбро нишон дода буд. Ба одамоне, ки даҳондард мешуданд, милкашон варам мекард ё худ даҳонашон буй мекард хоида партофтани ангишти чубро тавсия медод. Маълум аст, ки дар ин маврид ангишти чӯб моддаҳои заҳри даҳону дандонро ҷаббида мегирад ва даҳон тоза мешавад. Ҳамин хосияти адсорбсионии ангиштро ба ҳисоб гирифта онро ҳамчун моддаи ҷаббанда (адсорбент) дар ниқоби зидди газӣ (противогаз) дар ҷанги дуюми ҷаҳон истифода бурда ҳазорҳо одамонро аз марг наҷот додаанд.

Абуалӣ ибни Сино дар ҷилди панҷуми асари худ “Ал-қонун фӣ-т-тиб” ҳангоми таҳқиқ кардани моддаҳо ба об аҳамияти махсус додааст. Ӯ обро ҳамчун офаранда, вайронкунанда ва ҳалкунандаи ҳамаи дигар ҷисмҳо ҳисобидааст. Дар мавридҳои алоҳида ҳалшавии ягон моддаро дар об аз як шакл ба шакли дигар мубаддалшавӣ меномад. Азбаски дар об металлҳои гуногун ба андозае ҳал мешаванд, Сино ба обҳои минералӣ диққати махсус додааст. Масалан ӯ зикр мекунад, ки агар дар обҳои минералӣ миқдори муайяни тилло ва нуқра ҳал шуда бошад, чунин обҳо ба организм таъсири хуб мерасонанд. Инчунин вай дар бораи оби муқаттар, яъне оби бо усули буғронӣ тозакардашуда, ки хосияти хуби ҳалкунандагӣ дорад, маълумот додааст. Абуалӣ ибни Сино ҳангоми тайёр кардани доруҳо аз оби муқаттар истифода мебурд. Вай дар бораи тарзи тайёр кардани оби муқаттар, фарқи он аз оби муқаррарӣ ва хосиятҳои он маълумоти муфид додааст. Фарзияи дар таркиби ҳаво мавҷуд будани вирусро низ бори аввал Ибни Сино қайд кардааст ва баъд аз 800 сол олим Пастер онро тасдиқ кардааст.Дар соҳаи химия Ибни Сино раванди буғронии равғанҳои эфириро кашф кард.

Абуалӣ ибни Сино намакҳои баъзе металлҳои вазнинро ҳамчун дорувор тавсия менамуд. Ӯ усулҳои тайёр кардани намаки ош (хлориди натрий) ва сулема (хлориди симоб)-ро ошкор сохтааст. Вай вобаста ба тасаввуроти ҳамонвақта дар бораи дигар металлҳо аз он ҷумла: оҳан, мис, қурғошим, қалъагӣ ва нуқра маълумот медиҳад. Сино мис ва пайвастҳои онро барои тайёр кардани марҳамҳо ба мақсади муолиҷаи бемориҳои чашм ва пӯст истифода мебурд. Мавсуф зикр мекунад, миси беҳтарин миси Кипр ба ҳисоб рафта ранги зард ё сурх дорад. Инчунин дар бораи оҳан сухан ронда менависад, ки агар оҳани зангзадаро дар сирко ҳал карда ҷӯшонед, ва маҳсули онро полоида гиред барои бемории шуш даво аст. Ибни Сино атсетати оҳанро ҳамчун маводи доруворӣ тавсия намудааст. Аз нуқтаи назари вай нуқра хосияти хушккунӣ дошта агар нуқраро бо дигар доруҳо омехта карда ба ҷароҳат бандем, дар ҷои ҷароҳат фасод ҷамъ намешавад. Дар бораи симоб , бухоршавии симоб, заҳрнокии симоб ва тарзи истифодаи он барои муолиҷаи бемориҳои гуногуни пӯст маслиҳатҳои муфид додааст. Доир ба пайвастшавии сулфур бо дигар металлҳо, истифодаи пайвастҳои сулфур ҳамчун доруворӣ маълумот пешниҳод кардааст. Олим бештар ба хосиятҳо, ҳосил кардан ва истифодаи ҳафт металли (тилло, нуқра , мис, оҳан, симоб, қурғошим ва қалъагӣ) дар ҳамон замон машҳургашта бештар аҳамият медодааст ва тиллоро дар ҷои аввал мегузоштааст. Вай аз ҳамаи илмҳои замони худ бохабар будааст ва бо ҳодисаҳои табиат бо чашми хирад менигаристааст. Дар таҳқиқотҳои илмии худ нисбат ба ҳамаи ҳаммаслаконаш пеш рафта буд.

“Ал - Қонун фӣ - т - тиб”- и Абӯалӣ Синоро, ки имрӯзҳо нусхаи асли он дар яке аз осорхонаҳои шаҳри Лондон нигаҳдорӣ мешавад, метавон яке аз китобҳои гаронарзиш ва нодири соҳаи гиёҳдармонӣ донист. Дар қисми аввали ин китоб доир ба колбадшиносӣ, ташхис, ташреҳ ва ҷарроҳия баҳс мекунад, инчунин хосияти бемориҳои шадид ва музмин, роҳу воситаҳои табобаташонро баён намудааст. Дар қисми дуюми ин асар Сино дар бораи 810 маводи доруӣ маълумот додааст, ки 376 - тои онҳо маводи гиёҳӣ мебошанд. Ҳамзамон фармудааст, ин гиёҳҳоро метавон аз минтақаҳои кӯҳистон пайдо намуд. Маълум мешавад, ки реша ва пӯстлохи ҳар гиёҳу дарахте барои табобати бемориҳои инсон шифобахш аст.

Вай асрори табобатии чандин гиёҳҳоро кашф намуда, онҳоро барои рафъи бемориҳо тавсия кардааст. Хосиятҳои бешумори заҳри мор, асал ва ҳазориспандро низ бори аввал Ибни Сино ошкор сохтааст. Ба ақидаи халқ хосияти шифобахшии чойи куҳӣ ва пудинаро низ бори нахуст Сино муайян кардааст. Дар ривоятҳо инчунин омадааст, ки аввалин касе, ки шуллукро барои аз бадан дур сохтани хуни мурдор тавсия кардааст, Ибни Сино мебошад.

Ҳатто наркозро бори аввал Абуалӣ ибни Сино кашф намудааст. Гуфта мешавад, маҳз ӯ аввалин маротиба ҷарроҳии омосро муваффақона анҷом дода, мавриди хушсифат ва хатарнок будани он иттилои пурра дода буд. Табиист, ки анҷоми ин кор бе беҳис кардани ҷисми инсон оқибати марговар дошт. Ба ин хотир, табиб роҳи пурра беҳуш намудани инсонро ҷуст ва онро пайдо намуд. Ӯ таҷрибаҳои гуногун гузаронда, якчанд роҳи илман асосноки ба таври сунъӣ беҳис кардани ин ё он узви бадан ва ё тамоман беҳуш кардани инсонро пайдо намудааст. Он замон табибони Аврупо беморонро бераҳмона, бо зарбаи сахт беҳуш менамуданд.

Ибни Сино аввалин шуда сабабу аломат ва усулҳои табобати чунин касалиҳои хавфнокеро ба монанди сарсом ва мараз, зотулҷанб ва захми меъда ба таҳқиқ оварда буд. Ӯ нахустин касест, ки тоунро аз вабо ҷудо карда, касалиҳои махав, зардпарвин ва сиёҳзахмро шарҳу тавзеҳ додааст. Дар ҷаҳон аввалин шуда сохти мушакҳои чашмронишон додааст. Бемории сирояткунанда будани сил (туберкулёз) низ кашфи Синои бузург аст. Сино бори аввал сироятнокии бемории обакон (гул, нағзак)-ро ошкор сохтааст. Аввалин дастгоҳро барои мушоҳидаи ситораҳо Ибни Сино сохтааст, танҳо баъди 500 соли вафоти ӯ ҳамон дастгоҳро соли 1542 донишманди португоли Педро Нуниец аз сари нав кашф мекунад, аз ҳамон замон ин ҷониб ин дастгоҳро “Нониус” ном мебаранд.

Абуалӣ ибни Сино на танҳо табиби бузург, балки поёнгузори равиши илмӣ дар кимиё низ мебошад. Ӯ бо асрҳои худ, бо таҷрибаҳои амалии кимиёвӣ ва бо истифодаи ин илм дар тиб саҳми назаррас гузошт. Ин мерос то имрӯз арзиши таърихӣ ва илмии худро нигоҳ доштааст.

Ҳукумати Тоҷикистон ва халқи тоҷик ба нишони сипос ва қадршиносии ин фарзанди фарзона ва пуршарафи худ дар кишварамон ба номаш чандин хиёбонҳо, донишкада ва ноҳияро номгузорӣ карда, ҷоизаи бонуфузи илмиеро ба гиромидошти ӯ таъсис додааст. Муҷассамаи бузургаш яке аз зеботарин хиёбонҳои шаҳри Душанберо оро дода, таҷассуми хирад ва бузургии заковати ӯст. Вале бузургтар аз ҳама эҳтироми ӯ ва маскани ӯ дар дили халқи мост. Дар Тоҷикистон барои гиромидошти Абӯалӣ ибни Сино бо қарори КМ ҲКТ ва Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Ибни Сино — ҷойизаи олии ҷумҳуриявӣ дар соҳаи илму техника (1 марти соли 1967), номгузории Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино, майдону хиёбонҳо, маҳалаву ҷамоатҳо ва пайкараву нимпайкараҳо гузошта шудаанд. Соли 1999 пули миллии Тоҷикистон, 20 сомонӣ бо расми Ибни Сино баромад. Дар соли 1980 дар ҶШС Ӯзбекистон 1000 солагии Ибни Сино ҷашн гирифта шуд ва китоби «Канон врачебной науки» дар 5 ҷилд аз чоп баромад. 4 июли соли 2006 бо Қарори Ҳукумати Тоҷикистон қуллаи Ленин ба номи Абӯалӣ Ибни Сино гузошта шуд. Карл Линней ба шарафи Ибни Сино номи растаниеро Авитсенна гузошт.Дар олами синамо бошад: филми бадеии «Ҷавонии Бузургвор» (1982), ки киностудияҳои “Узбекфилм” ва “Тоҷикфилм”, бахшида ба солҳои кӯдакӣ ва наврасии Сино офарида шудааст. Режиссёри филм Элёр Ишмухамедов мебошад.

Усманова Сураё - номзади илмҳои химия

Қодирова Гулрӯ - ходими илмӣ Озмоишгоҳи “Пайвастагиҳои калонмолекула”-и

Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини АМИТ