Skip to main content

Имрӯз (10.10.2024)бо ибтикори Шуъбаи кор бо мактаббачагони Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Рӯзи дарҳои кушодаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ мактаббачагон ва аъзоёни фаъоли Академияи илмҳои хурд иштирок варзиданд.

Инчунин, дар чорабинӣ ноиби президенти АМИТ, саркотиби илмӣ ва роҳбарони Институтҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон суханронӣ намуданд. Дар идома ба иштирокчиёни фаъол ва ғолибони Сессияи баҳории илмии Академияи илмҳои хурд ифтихорнома ва дипломҳо супорида шуд.

Сипас, як зумра аз мактаббачагон дар бахшҳои илмии Академияи хурди илмҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон номанавис гардиданд.