Skip to main content

32323Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни бузурги миллӣ тантанаи волоияти қонун, идоракунии давлатӣ ва рӯзи сипосгузорӣ намудан ба хизматҳои бесобиқаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Мавриди тазаккур аст, ки Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буда, шакли идораи давлатии он президентӣ мебошад, ки дар моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд шудааст.

Дар Чумҳурии Тоҷикистон Президент ҳам сарвари давлат ва ҳам сарвари ҳокимияти иҷроия эътироф мегардад. Хизматҳои шоёни муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти кишвар дар раванди дигаргуниҳои нави замони соҳибистиқлолӣ ин бунёди НБО –и Роғун ва дигар неругоҳҳои барқӣ-обии истеҳсолии фаъол, эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ, кушодани роҳу нақбҳо, вусъат бахшидан ба вазъи таълиму тарбия, тандурустӣ ва дигар ташаббусу ҳамкориҳо дар муносибатҳои байналмилалӣ, боиси ифтихору сарфарозӣ мебошанд, ки дар Рўзи Президент бояд сипосгузорӣ карда шаванд.

Рӯзи Президент, ҷашнест, ки дар қатори дигар ҷашнҳои миллӣ дар тамоми қаламрави кишварамон барои қадршиносӣ ва заҳматҳои бесобиқаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад. Шаҳрвандони кишвари мо ва дигар тоҷикони бурунмарзӣ ҳар сол ҷашни “Рӯзи Президент”-ро истиқболи самими намуда, тамоми дастовардҳои замони соҳибистиқлолиро ба Президенти кишвар ва истиқлоли давлатӣ вобастаю пайваста медонанд. Ин рамзи эҳтирому эътироф, маҳбубияту шукргузорӣ ва инсонмеҳварӣ мебошад, ки ягонагии миллӣ ва фарҳангсолории миллати тоҷикро тақозо менамояд.

Президенти кишвар ба хотири эҳёи давлатдории миллӣ имруз дар сатҳи ҷаҳонӣ бо ташаббусҳои сатҳи байналмилалӣ ва пешниҳодҳои мушахасс барои беҳтар шудани тарзи ҳаёт корҳои назаррасеро ба анҷом мерасонад. Маҳз чунин сифатҳои кордонию ҳидоятҳо Президенти моро дар арсаи ҷаҳонӣ маъруфу машҳур намудааст. Аз ин рў, ҷашни “ Рўзи Президент “ ҳамчун иди миллӣ ҳамеша сазовори шукр ва эҳсон аст, ки мардуми Тоҷикистони азиз ба он сарфарозӣ дорад.

Имрӯз нақши Президенти мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор намудани сулҳу салоҳ, худогоҳии миллӣ ва дигар кору пайкори сулҳофарӣ зинаи баландтарини фаъолияти сиёсиро ишғол менамоянд ва ҳамаи ин дастовардҳо имрӯз дар сатҳи байналмилалӣ назири худро надоранд.

Ин аст, ки 31 марти соли равон баъди анҷоми мулоқоти хоссаи сарони давлатҳои Тоҷикистону Узбекистон, ки дар фазои дӯстию бародарӣ ҷараён гирифт, дар ҳамин ҷо маросими имзо ва мубодилаи санади муҳими таърихӣ Протоколи мубодилаи Тасдиқномаҳои Аҳднома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ баргузор гардид. Ҳамин тариқ, Протоколи мубодилаи Тасдиқномаҳои Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон низ дар бораи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон тасдиқ карда шуд, ки ин ормони деринаи мардуми ҳамсоякишварҳо ба ҳисоб мерафт.

Инчунин боз якчанд санадҳои муҳими таърихӣ - Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се ҷумҳурӣ ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ дар фазои тантанавӣ аз ҷониби сарони давлатҳо ба имзо расид.

Имрӯз , ба андешаи мо , баҳогузорӣ ба Рўзи Президент ва фаъолияти Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд на аз рӯи эҳсосоти шахсӣ, балки аз рӯи меъёрҳои таҳқиқи амиқу дақиқи фаъолияти амалӣ ва дастовардҳои бузург дар роҳи сулҳу салоҳ баҳо дода шавад.То ҳанўз бисёр хизматҳои шоёни Президенти кишвар дар бораи рушду инкишофи Тоҷикистони азиз таҳлилу таҳқиқ наёфтаанд ва ана ҳамин ҷашн метавонад боиси баррасии онҳо гардад. Албатта, пешдастӣ ва фаъолнокии сиёсии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои рўзмарраи миллат хеле барҷаста ва саривақтӣ мебошанд, ки бояд ба онҳо назари мусбат ва эҳтироми самимӣ дошта бошем. Барои мисол, фаъолнокии сиёсӣ ва суханронии Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон 6 ноябри соли 2025 дар нишасти дуюми формати С5 +1 дар Вашингтон шуда метавонад, ки барои рушди минбаъдаи кишварамон уфуқҳои нави ҳамкориҳои байналмилалиро тақвият мебахшад.

Аз фурсати муносиб истифода намуда, дар ҷашни “ Рӯзи Президент” изҳор менамоям, ки ин иди бузурги миллӣ ҳамеша барои миллати мо мувафақияту бурдбориҳо дошта бошад. Барои мо шаҳрвандони Тоҷикистони азиз чун ҳамеша, ин рўз мисли дигар ҷашну маросимҳои миллӣ сазовори шукру эҳсон мебошад. Рўзи Президент муборак бошад.

Муҳаммад Абдураҳмон- узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор