Skip to main content
Дар миёни ҷашнҳои аҳди бостони аҷдоди мо ҷашни Садаро аз лиҳози аҳамият ва ҷойгоҳи фарҳангӣ метавон ҳамрадиф бо ҷашҳои тақвимии Наврӯзу Меҳргон гузошт. Ҷашни Садаро бо номи ҷашни Оташ ё ҷашни Зимистон низ мешиносанд.

Пажуҳандагон дар маърифати вожаи «сада» онро ба шумораи сад иртибот медиҳанд. Ҳошими Розӣ ба ин назар аст, ки дар форсии бостон, форсии миёна вожаи «сата» ба маънии адади сад аст ва дар забони форсӣ ағлаб ба ҷойи вожаи «аср» калимаи «сада» истифода мешавад, ки ба маънии сад сол аст.

Аммо ба ривояти дигар иртибот байни номгузории ҷашни Сада бо адади сад вуҷуд надорад. Вожаи «сада» дар Авасто маънои «баромадан» ва «тулуъ кардан»-и хуршедро медиҳад ва дар забонҳои эронии бостон ба гунаи «садок» ва дар форсии миёна «садаг» омадааст. Чун дар рӯзи даҳуми баҳман чиллаи бузург тамом мешавад, замин рӯ ба гарм шудан ва сабзиш меовард. Бинобар ин дар аҳди бостон чиллаи бузург ва чиллаи хурдро дар ин рӯз бо ҷашни Сада баргузор мекарданд ва бо оташгиронӣ, гарм шудани замин ва наздик шудани баҳорро навид медоданд.

Ҷашни тақвимии Сада бино ба ахбори аксари манобеи таърихӣ ба шумораи сад иртибот дорад. Рӯзи даҳуми баҳманро садумин рӯз пас аз шуруи фасли сармо аз ибтидои Обонмоҳ медонистанд, зеро дар гузашта аввали Обонмоҳро замони шуруи фасли зимистон буд. Аз тарафи дигар аз 10 баҳман то аввали баҳор низ 50 рӯзу 50 шаб боқӣ мемонад, ки рӯи ҳам 100 мешавад.

Дар бораи интисоби ин ҷашн ба шумораи сад дар сарчашмаҳои таърихӣ гуфтаҳои зиёде овардаанд. Берунӣ дар «Ат-тафҳим» менависад: «Аммо сабаби номаш ба сада чунон аст, ки аз ӯ то Навррӯз панҷоҳ рӯз асту панҷоҳ шаб».

Манучеҳрӣ менависад:

В-инак биёмадааст ба панҷоҳ рӯз пеш,

Ҷашни Сада талояи Наврӯзи навбаҳор.

Аз рӯи иттилои гоҳшуморҳо ҷашни Сада ба муносибати «аз хонаи зимистониаш убур намудани хуршед» ва ба баҳор майл кардани он ҷашн гирифта мешудааст. Ин ҳолати табиат дар натиҷаи баробар шудани шабу рӯзи зимистонӣ ба амал меояд. Шабу рӯзи зимистонӣ 21 декабр баробар мешавад ва шояд ҳолати мусовӣ будани шабу рӯзи зимистонӣ замоне охири моҳи январ сурат мегирифтааст.

Эрониёни бостон солро ба ду бахш тақсим мекарданд: тобистони ҳафтмоҳа ва зимистони панҷмоҳа. Номи «Сада» ишора ба гузаштани сад рӯз пас аз оғози зимистон аст. Он чи асл менамояд ин аст, ки ҷашни Сада дар даҳуми баҳманмоҳ, ки он обонрӯз ном дорад (мутобиқ ба 30 январи мелодӣ) гирифта мешавад, дуруст сад рӯз пас аз оғози зимистони панҷмоҳа буд. Зоҳиран ин ваҷҳи тасмия ё этимология дар аҳди Сосониён ва то муддате пас аз онон шинохта буд. Фосилаи аввали обонмоҳ (оғози зимистони панҷмоҳа) ва даҳуми баҳман, дигар сад рӯз набуда, балки саду панҷ рӯз мешудааст. Бинобар ин зоҳиран баъзе ба ҳисоби оқиб рафтан (регрес) аз даҳуми баҳманмоҳ рӯ ба ҷилав шумурда ва барои дуруст кардани сад руз панҷуми обонро оғози зимистон фарз мекардаанд.

Ҷашни Сада ба муносибати мувофиқ омадани номи моҳу рӯз дар рӯзи 10 баҳманмоҳ баргузор гардида, гулхани бузург афрӯхта мешуд ва дар атрофи гулхан мизҳо мегузоштанд бо хӯрданиҳои фаровон ва то поёни шаб мардум базми шеъру суруд меоростанд. Муҳимтарин нишонаи ҷашни Сада оташ аст ва дар аҳди бостон оташро ба нишонаи қудрат ва азамаи Аҳурамаздо барпо мекарданд ва ҳамагӣ дар ҷамъ кардани ҳезум ва равшан кардани оташ ширкат меварзиданд. Гарчи дар шаби ҷашни Сада бар боми бисёре аз хонаҳои хеш мардум оташ равшан мекарданд, аммо оташи бузург ба сурати дастаҷамъӣ дар макони баланде аз шаҳр ва ё деҳ равшан мешуд. Ҷавонҳо бо машъалҳои равшан даври ҳезумҳо мегаштанд ва пас аз се бор чархидан, хирмани ҳезумро оташ мезаданд. Пас аз фурӯ нишастани оташ низ мардум бо асп аз рӯи оташ мепариданд ва ҷашнро хотима медоданд. Кишоварзон хокистари боқимонда аз оташи ҷашни Садаро рӯи заминҳои худ мерехтанд ва онро боиси баракати ҳосили имсоли худ медонистанд. Фаррухии Систонӣ барпо кардани оташ дар ҷашни Садаро чунин тасвир кардааст:

Гар на ойини ҷаҳон аз сар ҳаме дигар шавад,

Чун шаби торе ҳаме аз рӯз равшантар шавад.

Равшноӣ осмонро бошаду имшаб ҳаме

Равшанӣ бар осмон аз хоки тира бар шавад.

Равшанӣ бар осмон з-ин оташи ҷашни Сада-ст

К-аз сарои хоҷа бо гардун ҳаме ҳамсар шавад.

Оташе кардаст хоҷа, к-аз фаровон муъҷизот,

Ҳар замон гирад ниҳоде, ҳар замон дигар шавад.

Гоҳ гавҳарпош гардад, гоҳ гавҳаргун шавад,

Гоҳ гавҳарбор гардад, гоҳ гавҳарбар шавад.

Гоҳ чун зарриндарахт андар ҳаво сар баркашад,

Гаҳ чу андар сурхдебо луъбати Барбар шавад.

Бино ба иттилои муаллифи «Бурҳони қотеъ» дар рӯзи даҳуми баҳманмоҳ, ки ҷашни Сада аст: «Мулук ва салотини эшон (эрониён) мурғон ва ҷонварони саҳроиро гирифта, дастаҳои гиёҳ бар пойи эшон баста, оташ дар он гиёҳ зананд ва раҳо кунанд, то дар ҳаво бипаранд ва дар саҳро бираванд ва ҳамчунин оташ дар кӯҳу саҳро бизананд. Гӯянд возеъи ин ҷашн Каюмарс буда ва боис бар ин аст, ки Каюмарсро сад фарзанд аз духтарон ва писарон буд, чун ба ҳадди рушд расиданд, дар шаби ин рӯз ҷашне сохт ва ҳамаро кадхудо кард ва фармуд, ки оташи бисёр афрӯхтанд, бад-ин сабаб онро «Сада мегӯянд».

Аммо Фирдавсӣ ин ҷашнро ба Ҳушанг ибни Сиёмак иртибот медиҳад. Дар устураи Ҳушанг Фирдавсӣ кашфи оташро ба ин шоҳи Пешдодӣ марбут медонад. Мори сиёҳ, ки мазҳари маргу нобудӣ ва намоди Аҳриман аст, ҳангоми шикори Ҳушанг дар масираш падидор мешавад. Ӯ сангеро ба сӯи мор партоб мекунад, то намоди Аҳриман - морро аз байн бибарад. Аммо санги ба ҷониби мор партофтаи Ҳушанг ба нишон намерасад ва ба санги дигар бархӯрда, аз он шарора бархоста, хору хаси хушки атрофро оташ фаро мегирад. Мор нопадид мешавад Ҳушангу ҳамсафаронаш дар камоли ҳайрат пиромуни оташ нишаста, маҳфил ороста, намегузоранд, ки оташ хомӯш шавад, зеро онро нури эзидӣ донистанд. Бинобар ривояти мавҷуд ин достон рӯзи даҳуми баҳманмоҳ иттифоқ афтодааст ва онро рӯзи кашфи оташ медонанд. Аз он замон ин ҷашнро Сада ном ниҳоданд ва ҳамасола ба бузургдошти оташ ҷашн барпо мекарданд. Дар ин бора Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» мегӯяд:

Яке рӯз шоҳи ҷаҳон сӯйи кӯҳ,

Гузар кард ба чанд кас ҳамгурӯҳ.

Падид омад аз дур чизе дароз,

Сияҳрангу тиратану тезтоз.

Ду чашм аз бари сар чу ду чашмахун,

Зи дуди даҳонаш ҷаҳон тирагун.

Нигаҳ кард Ҳушанг бо ҳушу ҳанг,

Гирифташ яке сангу шуд тезчанг.

Ба зӯри Каёнӣ раҳонид даст,

Ҷаҳонсӯз мор аз ҷаҳонҷӯй ҷаст.

Баромад ба санги гарон санги хурд,

Ҳамону ҳамин санг бишкаст гурд.

Фурӯғе падид омад аз ҳарду санг,

Дили санг гашт аз фурӯғ озаранг…

Яке ҷашн кард он шабу бода хвард,

Сада номи он ҷашни фархунда кард.

Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,

Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.

Унсурӣ ҷашни Садаро ба Фаредун нисбат медиҳад ва шаби ҷашни Садаро мисли кӯҳи Тури афсонавӣ равшан ва чун шарораи оташи Намруд тафсон тасвир намудааст:

Сада ҷашни мулуки номдор аст,

Зи Афредуну аз Ҷам ёдгор аст.

Замин ин шаб гӯё кӯҳи Тур аст,

К-аз ӯ нури таҷаллӣ ошкор аст.

Гар ин рӯз аст, шаб хондаш набояд,

В-агар шаб рӯз шуд, худ рӯзгор аст.

Гар аз асли зимистон аст, Баҳман,

Чаро ин шаб ҷаҳон чун лолазор аст?!

Ё дар ҷои дигар менависад:

Ҷашни Сада ойини ҷаҳондор Фаредун,

Бар шоҳи ҷаҳондор фарӣ бод ҳумоюн.

Дар «Наврӯзнома»-и Хайём омадааст, ки Фаредун ҳамон рӯз, ки Заҳҳокро асир бигирифт ва шоҳӣ ба ӯ расид, ҷашни Сада бинҳод.

Чуноне ки ба мулоҳиза мерасад, сабаби асосии пайдоиши ҷашни Сада яқин ба кашфи оташ иртибот мегирад. Аслан оташро орёиҳо таҷаллигоҳи Худованд мешумориданд, зеро нур, оташ, хуршед таҷаллии нури Худованд аст. Нур мояи рӯзгору зиндагӣ ба ҳисоб меравад. Ориёиҳо оташро гавҳари зиндагӣ, ишқу таҷаллигоҳи рӯзгор донистаанд. Торикӣ маҳзари Аҳриман ҳисоб мешуд. Ҳангоме ки оташро фурӯзон мекарданд ё чароғро равшан менамуданд, торикӣ ва Аҳриман фурсати амал наёфта, фирор мекардаанд.

Ҷойи тазаккур аст, ки дар байни мардумони ориёитабор роҷеъ ба оташ устура ва афсонаҳои гуногун арзи ҳастӣ намудаанд. Дар ин бора аз манбаъҳои авастоӣ ва форсии миёна, паҳлавии сосонӣ устура ва ривоятҳои фаровонеро метавон пайдо намуд. Тибқи ин ривоятҳо нур ва оташ бо пайдоиш ва фурӯзонии хеш тамоми беморӣ, зиштӣ, тарсу воҳима ва ҳамаи осори бадиву шайтониро пароканда ва нобуд мекардааст. Беҳуда нест, ки гузаштагони мо дар оташдонҳо ва оташкадаҳо оташро ҳамеша фурӯзон нигоҳ медоштанд. Онон намегузоштанд, ки оташ хомӯш шавад. Дар оғози ҳамаи ҷашну сурҳо оташ меафрӯхтанд, Аҳурамаздаро ситоиш намуда, намоз мегузоштанд. Аз ҳамаи ин ҷашнҳои марбут ба оташ бошукӯҳтаринаш Сада буд.

Дар манобеи муътабари таърихӣ ба баргузор кардани ҷашни Сада дар давраҳои мухталифи таърихӣ, монади замони Оли Зиёр ишора шудааст. Мардовиҷ, ки бунёдгузори силсилаи Оли Зиёр ва давлати онҳост, аз оғози садаи даҳум дар кӯтоҳзамоне қаламрави бузургеро, ки шомили сарзамини Мозандарон, Дайлам, Гургон ва Қазвин буд, зери фармони худ овард.

Ҷашни Сада дар аҳди Дайламиён, ки дар таърих бо номи Оли Буя ё Бувайҳиён маъруфанд, ба хусус дар давраи Иззудавла бошукуҳ баргузор мешуд. Оли Буя аз ҳокимони маҳаллӣ ва хонадонҳои ҳукуматгар, ки дар солҳои бистуми садаи даҳум дар андешаи таъсиси давлати хеш афтода, ҳарфи истиқлол заданд, аз миёни сокинони саркашу силаҳшӯри Дайлам зуҳур карда, хилофати Аббосиёнро 11 ҷумодиулаввали соли 334 ҳ.қ./ 19 декабри соли 945 шикаст дода, ҳокимиятро ба даст гирифтанд.

Дар «Таърихи Байҳақӣ» аз баргузории ҷашни Сада дар даврони султон Масъуди Ғазнавӣ сухан ба миён омада, ки фурӯғи оташи он то даҳфарсангӣ намоён буд.

Ҷашни Сада то ҳол дар байни зардуштиёни Ҳинду Эрон баргузор мегардад. Мардумони Варорӯд онро бо номҳои дигар чун: ҷашни «Ҳут», «Чаҳоршанбеи охирон», «Чаҳоршанбеи сурӣ», «Аловпарак» ва «Оташафрӯз» таҷлил менамоянд. Тоҷикон ҳеч гоҳ ба оташ беэътиноӣ намекунанд ва онро гиромӣ медоранд.

Ҳамза Камол – доктори илмҳои таърих, профессор

Адабиёт:

1. Абурайҳони Берунӣ. Осор-ул-боқия, Теҳрон: 1377 (1999).

2. Аҳмадов Рӯзӣ, Наврӯзи оламафрӯз. Душанбе: Ирфон, 1978.

3. Бертельс Е. Э. Праздник джашни Сада в таджикской поэзии. Дар китоби «История таджикско-персидской литературы». Москва. 1957.

4. Ҳошими Розӣ. Гоҳшуморӣ ва ҷашнҳои Эрони бостон, «Интишороти Биҳишт». Теҳрон, 1380 (2002).

5. Негмати А. Земледельческие календарные праздники древних таджиков и их предков. Душанбе: Дониш, 1989.