Эй ҷавон бархез то ҷашни Сада барпо кунем,
Оташи шодӣ биафрӯзему хуш ғавғо кунем.
Суннати ойини Эрони куҳанро нав кунем,
Андар ин рӯзи хуҷаста ёд аз обо кунем.
Он шукуҳу фарри дерина, ки аз мо гум шуда,
Дар ҷаҳони пур зи найрангу фусун пайдо кунем. Аржангӣ
Ҷашни Сада, ки бо номҳои ҷашни оташ, ҷашни зимистон ва садасӯзӣ низ ёд мешавад, ҳазорон сол пеш ба вуҷуд омада, аз куҳантарин идҳои мардуми ориёитабор аст. 6-уми декабри соли 2023 дар Касане, Ҷумҳурии Ботсвана дар иҷлосияи 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО дар номинаи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон “Ҷашни Сада” ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид карда шуд. Сада аз ҷашнҳои миллии мост ва руҳияи миллиро таҳким бахшида, ифтихори мардумро тақвият медиҳад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи январи соли 2023 дар паёми шодбошӣ бахшида ба ҷашни Сада қайд карданд: “Сада, ки аз давраҳои бостонӣ ҷашни зимистонии аҷдоди мо шуморида мешуд, дар қатори Наврӯз, Меҳргон ва Тиргон дар фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик мақому манзалати шоиста дорад.
Бо вуҷуди ҳикмату фалсафаи қадимаву амиқи худ, Сада бар асари омилҳои гуногун тайи асрҳои зиёд камранг ва ҳатто фаромӯш шуда, танҳо ба шарофати истиқлоли давлатӣ эҳё ва мақоми ҷашни миллии расмиро соҳиб гардид. Имрӯз ҷашни Сада чун падидаи фарҳанги асили аҷдодӣ ба як ҷузъи ҷудоинопазири худшиносӣ ва ифтихори миллии мо табдил ёфтааст”.
Сада обонрӯзи баҳманмоҳ, яъне 10-уми баҳман, мусовӣ ба 30 январ, ҷашн гирифта мешавад. Сада садумин рӯзи зимистон аст: аз ибтидои зимистон – аз 1 обон (23 октябр) то 10 баҳман (30 январ) сад рӯзва аз 10 баҳман (30 январ) то Наврӯз (21 март) 50 шабонарӯз аст, ки бо шумори шабу рӯз адади 100 ташкил медиҳад.
Дар мавриди сарчашмаи пайдоиши ҷашни Сада фикрҳои мухталифе ҷой дорад. Аз ҷумла, бино бар қавли Абурайҳони Берунӣ: “Сада гӯянд, яъне сад ва он ёдгори Ардашери Бобакон аст ва дар иллату сабаби ин ҷашн гуфтаанд, ки ҳар гоҳ рӯзҳо ва шабҳоро ҷудогона бишуморанд, миёни он ва охири сол сад ба даст меояд”(Осор-ул-боқия). Инчунин номи ин ҷашнро ба Каюмарс пайванд медиҳанд: “Чун дар ин рӯз адади фарзандони Одам, ки Каюмарс иборат аз он аст, ба адади сад расида, лиҳозо рӯзи ҷашн муқаррар шуда...” (Ғиёс-ул-луғот,417). Ривояти дигаре ҳаст, ки фарзандони нахустин завҷи рӯйи замин – Маший ва Машийона дар рӯзи 10 баҳман ба сад расидааст.
Абулқосим Фирдавсӣ пайдоиши ҷашни Садаро аз замони Ҳушанг – замони падид омадани оташ медонад ва андар ойини Сада мегӯяд:
Нигаҳ кард Ҳушанги боҳушу ҳанг,
Гирифташ яке сангу шуд пешчанг.
Ба зӯри каёнӣ биёзид даст,
Ҷаҳонсӯз мор аз ҷаҳонҷӯ биҷаст.
Баромад ба санги гарон санги хурд,
Ҳам ону ҳам ин санг бишкаст хурд.
Фурӯғе падид омад аз ҳарду санг,
Дили санг гашт аз фурӯғ озаранг...
Бигуфто: “Фурӯғест ин эзадӣ,
Парастид бояд,агар бихрадӣ”.
Шаб омад, барафрӯхт оташ чу кӯҳ,
Ҳамон шоҳ дар гирди ӯ бо гурӯҳ.
Яке ҷашн кард он шабу бода х(в)ард
Саданоми он ҷашни фархунда кард.
Зи Ҳушанг монд з-ин Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳрёр...
Сада аз муҳимтарин ҷашнҳои ниёкон аст, ки Фирдавсӣ аз он дар баробари Занду Авесто ёд мекунад:
Ба ҷое ки донист, к-оташкадаст
В-агар Занду астову ҷашни Садаст...
Баргузор кардани расму ойини Меҳргону Наврӯзу Сада ва бунёди оташкада он замон аз рукнҳои муҳимми давладорӣ ва суботи кишвар дониста мешуд:
Ниҳод андар он марз оташкада,
Бузургӣ ба Наврӯзу ҷашни Сада.
Ва набудани ҷашни Садаву Наврӯз нишони заволи салтанати шоҳу кишвар ҳисобида мешуд:
Ҳам оташ бимурдӣ ба оташкада,
Шудӣ тира Наврӯзу ҷашни Сада.
Ҳаким Фирдавсӣ (“Шоҳнома”), Абурайҳони Берунӣ (“Ат-тафҳим”) ва Умари Хайём (“Наврӯзнома”) таҷлили садаро ба Фаридун – подшоҳи Пешдодӣ низ нисбат медиҳанд. Вақте ки Фаридун Заҳҳокро мағлуб кард, мардум ин пирӯзиро ҷашн гирифта, бо фармони Фаридун болои бомҳо оташ афрӯхтанд. Дар “Наврӯзнома” омадааст, ки ҷашни Садаро тамоми подшоҳони Эрону Турон дар замонҳои қадим таҷлил мекарданд, вале баъд аз он тадриҷан фаромӯш шуд ва танҳо аз ҷониби зардуштиён ҷашн гирифта мешуд.
Байҳақӣ дар “Таърихи Байҳақӣ” аз ҷашни Сада ба унвони яке аз се ҷашни бузурги эрониён ёдовар шудааст, ки дар замони ислом то замони ҳамлаи муғулҳо аз ҷониби подшоҳон ва ақвоми мухталиф таҷлил мешуд. Дар замони Ғазнавиён ин ҷашн ривоҷи бештар ёфт ва Унсурӣ – шоири маъруфи он давра дар бораи Сада мегӯяд:
Зи Афридуну аз Ҷам ёдгор аст,
Сада ҷашни мулуки номдор аст.
Мо аз суннатҳои таҷлили Сада дар даврони Сосониён огоҳӣ надорем, аммо бешубҳа, пеш аз ислом ин ҷашн чун маросими бошукӯҳ маъмул будааст. Ба ҷуз аз он ки Фирдавсӣ борҳо дар "Шоҳнома" аз ин ҷашн ёдовар мешавад, ӯ хотиррасон низ мекунад, ки дар Худойномаҳо Сада борҳо зикр шудааст ва он мисли Наврӯзу Меҳргон бузургу муҳим буд.
Решашинохтии вожаи Сада. Вожаи садаро ҳамон тавре ки зикр шуд, ба адади 100 нисбат додаанд. Адади сад вожаи аслан тоҷикӣ буда, реша дар забонҳои эронии бостон дорад: дар форсии миёна sat, эронии бостон sata, санскрит ṡatά, авестоӣ sata, форсии бостон θata, суғдӣ st (Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ).
Дар “Ғиёс-ул-луғот” омадааст: “ва лафзи сад (صد) дар асл ба сини муҳмала (سد) аст, ки ҳоло ба сод машҳур шуда” ва صد муарраби “سد” нест, балки таҳти таъсири хаттӣ арабӣ бо “ص” китобат шудааст.
Бархе аз донишмандон бар ин андешаанд, ки вожаи сада ба адади сад ҳеҷ пайванде надорад ва дар забони авестоӣ маънии “баромадани офтоб, тулуъ”, дар форсии миёна sad – “баромадан”, суғдӣ sat “баромадан” ва xvēr satē – “баромадани хуршед” аст, зеро дар ин рӯз чиллаи калон ба поён расида, чиллаи хурдак мерасад ва замину ҳаво рӯ ба гармӣ мениҳанд.
Эроншинос Раҳом Аша дар мавриди садачунин ибрози андеша мекунад: “Пешиниён дар ҷашни Сада ду вожа – сада (шумори сад) ва сада (баромада, бархоста)-ро бо ҳам омехтанд. Аз поёни меҳрмоҳ (21-уми октябр) то даҳуми баҳман (29-уми январ) сад рӯз аст, пас меҳр (офтоб) меравад то сад рӯз, ки барояд. Ҷашни Сада бозомадани меҳр – хуршед, офтоб аст, барои ҳамин оташ меафрӯзанд. Пас сухани Берунӣ нодуруст нест, танҳо порае аз номи Садаро гӯяд. Гузориши ӯ аз 50 шабонарӯз то Наврӯз нодуруст аст”. Ба андешаи Раҳом Аша аз поёни меҳрмоҳ (23 октябр), ки меҳр (хуршед) меравад, то 10 баҳман (30 январ) тақрибан 100 рӯз фосила аст, хуршед мебарояд ва табиат майл ба гармӣ ниҳода, рӯзҳо дарозтар мешаванд ва ба ин далел мардумон фаро расидани Садаро ҷашн мегиранд. Далели дигари 30-уми январ баргузор шудани ҷашни Сада 40 рӯз гузаштан аз шаби ялдо ё шаби чилла аст, яъне аз шаби ялдо (21 декабр) то 10 баҳман (30 январ) чил рӯз сипарӣ мешавад ва онро чилрӯзагии офтоб медонанд. Ин маросими тавлиди меҳр – хуршед мебошад ва ҷашни бошукӯҳи чиллабаророн аст, ки ҳамоно адади 40 дар расму ойини мо ба монанди чиллапоӣ кардани тифли навзод ё арусу домод, баргузории маросими чили одами аз дунё гузашта муқаддас шуморида мешавад.
Унсур ва намодҳои Сада. Оташ аз унсурҳои асосии ҷашни Сада мебошад. Инсон аз замонҳои қадим ба табиат ва унсурҳои он таваҷҷуҳ дошт, аз ин рӯ барои ориёитаборон аз даврони бостон чаҳор охшиҷ (унсур)-и ҳастӣ, аз қабили оташу обу боду хок ҷойгоҳ ва нақши вежа доштанд, чун зиндагиву рӯзгор ва иҷтимоъи онон бо ин чаҳор унсур пайванд буд.
Сари мояи гавҳарон ин чаҳор,
Бароварда беранҷу берӯзгор.
Яке оташе баршуда тобнок,
Миён обу бод, аз баре тирахок. Фирдавсӣ
Мардуми ориёитабор ба оташ арзиши баландро қоил буданд, ки дар эҷоди анъанаҳо, таърих, фарҳанг, тамаддун ва сарчашмаи пешрафти саноат нақши муҳиме бозидааст.
Оташи Сада таҷассумгари намодҳоест, ки реша дар бовару ойинҳои қадими мардуми мо дорад:
1. Пирӯзии нур бар торикӣ. Оташ намоди нур, гармию зиндагист ва афрӯхтани он дар ҷашни Сада баёнгари пирӯзии нур бар торикӣ ва Ҳурмузд бар Аҳриман мебошад.
2. Поксозӣ ва покизагӣ. Афрӯхтани оташ барои поксозӣ аз палидӣ ва нопокӣ дар назар гирифта шудааст ва мардум бо паридан аз рӯи оташ ба дунболи покӣ ва тандурустӣ ҳастанд.
3.Оғози фасли баҳор. Оташ намоди гармию зиндагӣ ва оғози фасли баҳор аст, аз ин рӯ афрӯхтани оташ дар ҷашни Сада нишонаи умед ба оянда ва оғози фасли ҷадиде аз зиндагӣ мебошад.
Бархе аз ин анъанот имрӯз ҳам дар миёни мардуми тоҷик боқӣ мондаанд. Аз ҷумла ба хотири рафъи маризӣ ва пок шудани бемор табибони мардумии мо навъе аз табобати аловгардонӣ доранд; давр задани арусу домод дар гирди гулхан, ки гумон меравад аз ҳамин ойин маншаъ гирифтааст.
Русум ва одоби ҷашни Сада. Ҷашни Сада аз нисфирӯзии даҳуми баҳманмоҳ (30 январ) шуруъ шуда, то бегоҳ идома меёбад. Мардум як рӯз пеш аз ҷашн ҳезум ҷамъ карда, барои афрӯхтани оташи бузург онро тал мечинанд ва рӯзи ҷашн ҷавонон машъалҳо ба даст ҳезумро оташ мезананд ва мардум гирди гулхани бузург рақсу пойкӯбӣ мекунанд, суруд мехонанд ва орзуҳои нек мекунанд. Пас аз паст шудани шуълаи оташ мардум аз болои он мепаранд ва баъд аз хомӯш шудани он деҳқонон хокистари боқимондаро гирифта, ба заминҳо ба нияти ҳосилхезиву борварӣ мепошанд.
Дар ин ҷашн одатан хӯрокҳои махсус – шириниҳо, шӯрбо ва нону биринҷ пухта мешавад.
Сада дар даврони бостону асрҳои миёна аз муҳимтарин ҷашнҳо буда, бисёр бошукӯҳ таҷлил мешуд. Суннатҳои ин ҷашн аз ситоиши Аҳурамаздо, дуову ниёиш, пойкӯбиву шодӣ, навохтани соз ва Шоҳномахониву наққолӣ иборатанд. Аз аркони муҳимми ҷашни Сада барафрӯхтани оташ аст, ки намоди покӣ, қудрату тавоноӣ ва ростӣ аст, зеро он рушаниву гармӣ мебахшад ва ҳамеша ба боло меравад ва палидиро бо худ намегирад.
Дар тули таърих пас аз густриши ислом ва ҳамлаи муғул шеваи баргузории ин ҷашн тағйир ёфт, аммо эҳтиром ба табиат ва ҳифозати он ва барафрӯхтани оташ, ситоиши некӣ ва ғалабаи нур бар зулмот ҳамоно боқӣ монд.
Сада реша дар қаъри таърих дорад ва дар аксари ривоятҳо ҷашнҳои миллии мо – Наврӯзу Садаву Меҳргонро ба шоҳони Эрони бостон ва шахсиятҳои таърихӣ нисбат додаанд, ки боиси мондагорӣ ва шукӯҳу ҷалоли бештари онҳо гардидааст. Сада аз ҷашнҳои миллии мост, пос доштани расму ойини гузаштагон, ки нишоне аз ҳувияту фарҳанги миллист, дар мақоми шоиста нигоҳ доштану баргузор кардани он аз вазифаҳои миллии ҳар фарди солимфикри ҷомеа аст.
Шарифзода Фарангис Худоӣ - директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии АМИТ