Skip to main content

Сада ҷашни мулуки номдор аст,
Зи Афредуну в-аз Ҷам ёдгор аст.

Замини ин шаб гӯё Кӯҳи Тур аст,

К-аз ӯ нури таҷаллӣ ошкор аст.

Ҷашни Сада ҷашни пиру ҷавон, зану мард ва дар маҷмӯъ ҷашни ниёгони мо мебошад. Ҷашни Сада яке аз ҷашнҳои қадима ба шумор мерафт. Моҳияти ҷашни Садаро пирӯзии гармо бар сармо, рӯшноӣ бар торикӣ ва некӣ бар бадӣ ташкил дода, мардум онро бо афрӯхтани гулханҳои бузург таҷлил мекарданд.Сада аз ҷашнҳои қадим ва маъруфи мардуми мо аст, ки дар радифи ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргону Тиргон қарор дорад ва осори назму насри пешиниёнамон зиёд ёд шудааст.

Абулқосими Фирдавсӣ бунёд ниҳодани ҷашни Садаро ба Ҳушанг марбут дониста, чигунагии пайдоиши ин ҷашнро дар «Шоҳнома» тасвир намудааст.

Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.
К-аз обод кардан ҷаҳон шод кард,
Ҷаҳоне ба некӣ аз ӯ ёд кард.

Абурайҳони Берунӣ дар ду асараш- «Китоб-ут-тафҳим» ва ҳамчунин «Осор-ул-боқия» ё «Ёдгори мондагор», ки ба арабӣ таълиф намудааст, роҷеъ ба ҷашни Сада ва таърихи он тавзеҳи кофӣ додааст.Ҷашни Сада мисли Наврӯзу Меҳргон дар давраҳои аввали исломӣ низ шукуҳу эътибори худро то ҷое нигоҳ дошта, аз тарафи амирону сарварони давр бо шукуҳу ҷалол ид мешуд.Тасвири баргузории ҷашни Садаро дар замони ҳукмронии Сомониёну Ғазнавиён дар асарҳои таърихӣ ва бадеӣ, махсусан дар қасидаҳо, мушоҳида кардан мумкин аст.

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти умҳурии Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашниСада дар кишвари мо расман рӯзи 30-юми январи ҳар сол ҷашн гирифта мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона кишварест, ки дар он ҷашнҳои Меҳргон ва Сада расман рӯзҳои муайяни таҷлил доранд.

Бобоев К.О – Доктор фалсафа (PhD), ходими калони илмии Агенти аминияти химиявӣ биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ