Skip to main content

Устод Садриддин Айнӣ поягузори адабиёти муосири тоҷик, қаҳрамон, олим, нависанда, муҳаққиқ, мударрис, аввалин Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон буд. Садриддин Сайидмуродхоҷа, Айни тахаллуси эҷодии устод мебошад. Дар адабиёти муосири тоҷик бо номи Садриддин Айнӣ машҳур аст. Садриддин Айнӣ 15 апрели соли 1878 дар деҳаи Соктареи тумони Ғиждувони аморати Бухоро ба дунё омадааст. Тӯли 19 сол дар мадрасаҳои Бухоро дар назди мударрисони варзида таълими илм гирифтааст. Умри пурбаракати худро дар пешбурди корҳои давлативу ҷамъиятӣ бахшидааст. Ба ин хотир кӯчаҳо, хиёбонҳо, мактабҳо, ҷамоатҳо донишгоҳ, ноҳия, дар ҳудуди пойтахт ва шаҳру ноҳияҳо ба номи ӯ номгӯзорӣ шудааст.

23 апрел бо ибтикори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ дар толори маҷлисии АМИТ бо иштироки Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва академикону олимон муҳаққиқони ҷавон Конференсияи илмӣ- адабӣ бахшида ба 146 – солагии устод Садриддин Айнӣ баргузор гардид. Ба кори Конференсия директори Институт Шарифзода Фарангис ҳусни ифтитоҳ бахшида сухани муқадимавиро ба Президенти академия Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт вогузор намуданд.

Зимни баромади хеш Хушвахтзода Қ.Х. зикр намуд, ки воқеан устод Айнӣ дар таърихи фарҳангу адаби муосири тоҷик бо осори гаронмояи адабию бадеӣ, мулоҳизоту афкори адабию эстетикӣ, ки саршор аз эҳсоси ватандӯстӣ ва ҳуввияти миллӣ ҳастанд, ҷойгоҳи махсус дорад. Ӯ қабл аз ҳама ҳамчу адиби ҳақиқатнигор дар ошкор сохтани камбуду нухсонҳои иҷтимоӣ, ки заминаи мушкилоту печидагиҳои ҳаёти инсонӣ буданд, қадамҳои устувор бардоштааст. Устод Айнӣ дар ташаккули шахсият ва симои навви халқи тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ хидматҳои бебаҳо анҷом додааст. “Намунаи адабиёти тоҷик” тазкираи тақдирсози устод аст, ки бо ҳамин мақсад гирдоварӣ шуда, мавҷудияти як халқи қадима дар Осёи Миёна – ро собит менамояд.

Муҳимтар аз ҳама устод Айнӣ ба сифати равшанфикри замон ва адиби навовари воқеъбин дар ташхиси мушкилоти фикрӣ ва ақидагии замон саҳми муносиб гузошта ҷиҳати ҳалли мушкилоти фикрию зеҳнӣ, ки аз хурофотпарастӣ миллату давлатро раҳонида, дар арсаи ҷаҳони қадимӣ будани миллати тоҷикро исбот кардааст. Хизматҳои шоёни устод Айнӣ – ро Президенти оқилу орифамон Эмомалӣ Раҳмон қадр намуда, аввалин унвони олии қаҳрамониро насиби устод Садриддин Айнӣ донистааст.

Дар идома ноиби Президенти академия Муҳаммад Абдураҳмон, мудири шуъбаи фарҳангнигорӣ ва истилоҳот Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ Назарзода С., узви вобастаи АМИТ профессор Аламхон Кучаров, сарходими шуъбаи адабиёти муосири Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ Аскар Ҳаким бо маърӯзаҳои ҷоиб дар самти кору фаъолият ва осори устод Айнӣ баромад намуда, ба иштирокдорон маълумот доданд. Дар охир осори омоданамудаи олимони институт дар самти мавзуҳои гуногун, ки ба устод Айнӣ бахшида шудааст рӯнамоӣ карда шуд.