Skip to main content
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон воқеан ҳизби халқӣ ва демократӣ мебошад ва маҳсули тафаккуру эҷоди халқи фарҳангофар ва созандаи мост. Идеологияи ҳизби мазкур ба хотири мардуми азиаткашидаамон созмон дода шудааст. Дар сафҳои он аз рӯзҳои аввал мардуми шарифамон ҷамъ омадаанд.

Ваҳдати миллӣ, ки яке аз рукнҳои идеологии ин ҳизб аст, вобаста ба ин дар атрофи ин ҳизб ҳам коммунистон, ҳам демократҳо, ҳам аъзои Растохезу ҳам диндорон, ҳам фронтҳои халқиву ҳам намояндагони аҳзоби мухолиф гирд омадаанд. Зеро ғояи аслии ҳизб, ки дар давраи ҷангу ҷидол ҳамчун як қувваи сиёсии муътадил ба вуҷуд омада буд, ин пеш аз ҳама ваҳдати миллӣ буд. Ҳизб бо халқ буд ва халқ бо ҳизб аз ин хотир номаш ҳам халқӣ шуд.

Агар аз дидгоҳи имрӯз ба равандҳои он замон нигарем, дарк хоҳем кард, ки дар он рӯзҳои вазнин тарғиб намудани ғояҳои ҳизби нави сиёсӣ кори саҳл набуд. Мардум баъди ҳодисаҳои фоҷиабори ибтидои солҳои 90-ум, вақте ки баъзе ҳизбҳои сиёсӣ ва ҳаракатҳои мардумӣ зери ниқоби муборизаи сиёсӣ даст ба экстремизм заданд ва қариб буд, ки миллатро ба вартаи ҳалокат ва мамлакатро ба порашавӣ оварда расонанд, дигар ба ҳизбҳои тозабунёд бовар надоштанд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар чунин шароити таърихӣ по ба арсаи ҳастӣ гузошт. Ин вазифа хеле душвор буд, зеро ҳамаи онҳое, ки ҳизб бунёд кардан ба сиёсатбозӣ машғул буданд. Ин матлабро Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври муфассал чунин шарҳ додааст:

Аввал, охири солҳои 80-ум ва ибтидои 90-ум ҳизбҳое арзи ҳастӣ намуданд, ки соҳиби ҳокимият шудан мехостанд. Аммо Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистонро шахсоне ташкил доданд, ки аллакай ҳокимият доштанд. Онҳо мехостанд ба давлатдорӣ ва ҳамкории сиёсӣ ҳазорон нафар одамони ҳаммаслаконашонро ҷалб кунанд, ки дар сояи мансабталошиҳо аз назар дур монда буданд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун роҳнамои демократия ба вуҷуд омад.

Дуюм, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ҳомии манфиати мардуми Тоҷикистон арзи ҳастӣ кард, на манфиати қишри алоҳидаи ҷомеа гурӯҳи ҷудогонаи одамон, балки тамоми халқро таҳти ҳимояи худ эълон намуд ва ин орзуи тамоми мардум буд. Номи ҳизб низ аз ҳамин усули фаъолият бар меояд.

Сеюм, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба муқобили дини мубини ислом ҷанг накарда, эҳтироми имон ва озодии виҷдонро эътироф намуд, гузашта аз ин ҳизби мазкур ба ҳизбҳои дигар, намояндагони муасисаҳои динӣ дар як қатор масъалаҳои муҳим, аз ҷумла дар покии ахлоқи ҷомеа ва дар мубориза алайҳи мафкураи ба халқи шарифи тоҷик бегонаи ахлоқию этникӣ ҳамкорӣ намудааст. Маҳз ин ва дигар ғояҳои воқеан миллии халқи мо дар барномаи амали ҳизбамон инъикос ёфт ва бо шарофати онҳо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар умқи ҷомеа реша давонд.

Аз ин сабаб, бо мушкилиҳои зиёд бошад ҳам ба Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон муяссар гардид, ки мақсад ва ҳадафҳои худро ба мардум фаҳмонад ва бо мурури замон боварии халқро ба даст биёрад. Ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар як муддати нисбатан кӯтоҳ муяссар гардид, ки дар назди тақдири давлати соҳибихтиёри тоҷикон масъулияти комилро ба уҳда гирифта дар ҳамин мақом аз тарафи аҳли ҷомеа шинохта ва пазируфта шавад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар давраи сарнавиштсоз ба фаъолият шурӯъ намуд. Аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ барои устувориву пойдории сулҳ ва ободии Ватан кӯшиш ба харҷ дода, ҳадафи асосии ҳизб низ ваҳдату ягонагӣ, таъмини ояндаи неки кишвар аст. Имрӯз аъзои Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон ғояи умумӣ ва вазифаҳои бузурге, ки ҳалли онҳо танҳо ба манфиати ҷомеа аст, муттаҳид менамояд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҷавонтарин ҳизбҳои сиёсии кишвар буда, метавон онро зодаи даврони истиқлол номид. Ҳадафи ташкили ин ҳизб, ки дар он нерӯҳои ақлонии кишварро ба ҳам оварданд, бо роҳи мусолиҳа ва гуфтушунид ҳал кардани масоили сиёсӣ буд. Маҳз ин таҷрибаи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон метавонад худ як омили сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар кишвар бошад. Дар ҳамон давра зиёиёни кишварамон дарк намуданд, ки Тоҷикистон дигар бо сохти тоталитарӣ ва маҳдуд намудани озодиҳои инсон, матбуот ва баёни сухан наметавонад дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи сазовор ёбад. Дар оиннома, барнома ва доктринаи ҳизб фикрҳои нав зиёд буданд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар фаъолияти худ ба одамони касбӣ, босалоҳият ва кордон такя мекунад, ки василаи муҳими ба даст овардани ин мақсад мебошад.

Дар ин давра (солҳои аввали ташаккулёбии ҳизб) ҳизб на онқадар пурқувват буд, зеро заминаи иҷтимоии он ҳанӯз қавӣ набуд. Ин ҳолат то соли 1997 давом кард.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар он солҳои ноорому мухолифатомез худро чун ҷонибдори равандҳои демократикунонии ҷомеа, сохтори бисёрҳизбӣ, озодии сухан, бунёди давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд муаррифӣ намуд. Вай ҳамчун нерӯи тозаву бунёдгару созанда ва навовар дар умқи ҷомеа реша давонда, нафарони хирадманд, сиёсатмадорон ва халқи меҳнаткашу ватандӯстро ба ҳам оварда сарҷамъ намуд. Ҳар як аъзои ҳизб аз оғози фаъолияти худ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар содиқона пайравӣ менамуд. Барои ҳарчи зудтар хотима бахшидан ба оташи ҷанги шаҳрвандӣ ва барқарор кардани рӯзгори осоишта, аз байн бурдани парокандагӣ ва ба даст овардани ваҳдату якпорчагии миллӣ кӯшиш менамуданд. Ҳизби Халқи демократии Тоҷикитон аз рӯзҳои аввали бунёдаш амалҳои террористии нангинро маҳкум намуда, роҳи пешгирифтаи сарвари давлатро, ки ба таъмини сулҳу ваҳдат ва оромии сиёсӣ дар ҷомеа равона шудааст, дастгирӣ мекунад. Ҳизб мавқеи бетарафиро низ дар ягон ҳолат ишғол накардааст, баръакс дар ҳаёти сиёсии кишвар фаъолона иштирок намуда, ба воқеаҳои сиёсии баамаломадаи кишвар саривақт баҳои сиёсӣ дода, дар амалӣ шудани дигаргунсозиҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар дастгирии худро баён намудааст.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он роҳи ояндаи Тоҷикистон чун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, ягона ва иҷтимоӣ мушаххас гардидааст созмон дода шудааст. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ифодакунандаи иродаи маҳз он мардуме аст, ки ба ин Контитутсия овоз дода буд ва роҳи ояндаи Тоҷикистонро дар сулҳу субот, оромӣ, ваҳдати миллӣ, гулгулшукуфӣ, некуаҳволии халқ, таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва ташаккули давлати миллӣ медид ва имрӯз ҳам дида истодааст. Сабаби дар атрофи ин ҳизб ҷамъ омадани мардум низ маҳз ҳамин ғояҳои худи халқ аст, ки он ба сиёсати воқеӣ табдил ёфтааст.

Обрӯю нуфузи ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳбубияти он дар байни мардум дар умқи ҷомеаи мо реша дорад ва ҷонибдории роҳи сиёсии мо пеш аз ҳама ба он вобастааст. Чӣ тавре ки дар Конститутсия таъкид шудааст давлати мо давлати иҷтимоӣ аст, ин хусусияти хоси давлатии миллии мост, ки он маҳбуби ҳамагон гардидааст. Тамоми руҳияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба бунёдкориву созандагӣ, ваҳдати милливу некуаҳволии шаҳрвандон, рушди иҷтимоиву иқтисодии ҷомеа, амали гаштани озодиҳо ва ҳифзи ҳуқуқи инсон нигаронида шудааст. Маҳз ҳамин ҷиҳати ҳизб маҳбубияташро дар байни қишрҳои васеи ҷомеа таъмин менамояд. Ҳифзи гуногунандешӣ, озодии сухан, интихоботи шаффофу демократӣ, ҳифзи арзишҳо ва анъаноти миллӣ, рушди шаклҳои гуногуни моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ, дастгирии соҳибкорӣ, чун ормонҳои наҷиби ҳизби номбурда зина ба зина амалӣ шуда истодааст, ки он мавқеи ҳизбро дар ҷомеа беш аз пеш мустаҳкам мегардонад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зикр намудааст: “Мушкилоти мардум ин мушкилоти ҳизби мо ва сиёсати мост. Мо ҳизби худро на барои афзудани шумораи бюрократҳо, балки барои эҷоди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, барои марҳила ба марҳила баланд бардоштани сатҳи зиндагии халқ ва амнияти иҷтимоии ӯ созмон додаем”.

Таъмини сиҳатии мардуми шарифи кишвар ҳамеша зери назари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат қарор гирифтааст. Ҳамасола дар асоси маблағгузории соҳаи тандурустӣ лоиҳаҳои зиёде амалӣ шуда истодаанд, ки алббата, ба баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ мусоидат менамоянд.

Бояд қайд намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҷои холӣ бунёд гардида, таҷрибаи мусбии аҳзоби сиёсии дигарро ба кор бурда, аз амалияи сиёсии ҷаҳонӣ истифода бурдааст. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ташаккулёбӣ тарафдори роҳу равиши пешрафт буд. Ин аст, ки дар байни халқи шарифи кишвар имиҷи баланди сиёсӣ пайдо карда тарафдораш зиёд гардидааст.

Чи тавре ки Раиси муҳтарами Ҳизби Халкии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар китоби «Бист қадами созанда»-и худ иброз доштаанд: “мақсади стратегии ҳизби мазкур сарфи назар аз мансубияти миллӣ, баромади иҷтимоӣ, дину мазҳаб, тамоюлҳо ва одати фарҳангӣ, ҷонибдори муттаҳид намудани ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар атрофи ҳалли масъалаҳои мушаххас ва таърихан ҳалшавандаи умумимиллӣ, пойдор намудани тараққиёти аз ҷиҳати сиёсӣ соҳибихтиёри иқтисодӣ, якпорчагии мамлакат ва давлати ҳуқуқбунёди аз ҷиҳати ахлоқи устувор мебошад, ки он ҷузъи таркибии сохтори ҳозиразамони хоҷагидории умумиҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ буда, тавонад бо ҳамаи мамлакатҳои хориҷии ҳам Шарқу ҳам Ғарб дар фазои мусолимат вуҷуд дошта бошад”.

Асос ва ҷавҳари ин меъёри сиёсиро бояд риояву ҳифз намудани манфиатҳои олии миллӣ ва давлатӣ аз ҷониби ҳар як ҳизби сиёсӣ ва ҳар узви он ташкил диҳад, зеро Ватан, Миллат, Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ ва оромиву осудагии ҷомеа муқаддастарин арзишҳое мебошанд, ки ягон ҳизб, гурӯҳ ё шахсе ҳаққи халалдор кардани онҳоро надорад. Аз ин рӯ, ҳизбҳои сиёсӣ дар баробари озодона ва мустақилона амалӣ намудани мақсаду мароми худ дар фаъолияти ҳаррӯзаашон бояд ба ин арзишҳои муқаддас содиқ бошанд. Ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳар фарди алоҳида бояд кӯшиш намояд, ки Тоҷикистон кишвари ободу пешрафта, орому босубот ва мояи ифтихори мардуми ин сарзамини бос­тонӣ бошад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамеша кӯшиш менамояд ва талош дорад, ки татбиқи онҳоро таъмин намояд.

Ҳадафи ягона аз ташкили Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муттаҳид намудани нерӯҳои пешбарандаву босалоҳият, ваҳдатсозу сулҳовар ва дорои масъулияти баланди давлатсозиву давлатдорӣ ва бо ҳамин роҳ гузоштани саҳми арзанда дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ буд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 декабри соли 1994 ба қайд гирифта шуд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, эҳтиром ва риояи қонунро вазифаи муҳими фаъолияти худ медонад. Риоя накардани қонун ва беэътиноӣ нисбат ба талаботи он боиси фалаҷ гардидани мақомоти давлатӣ, ба миён омадани бенизомӣ ва поймол шудани ҳуқуқи инсон мегардад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба меъёри Конститутсияи кишвар оид ба арзиши олӣ эълон шудани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ содиқ буда, барои амалӣ шудани онҳо пайваста мекӯшад. Барои ин бояд сатҳи маърифатию ҳуқуқии ҷомеа баланд бардошта шуда, эҳтиром ба қонун дар ҳар як оила аз кӯдакӣ тарбия карда шавад, зеро маърифати ҳуқуқӣ аз муҳимтарин шартҳои бунёдии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёд мебошад.

Масъалаи дигаре, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба он таваҷҷуҳ менамояд, ин эҳтиром гузоштан нисбат ба ҳамаи гурӯҳҳои миллӣ ва этникии сокини ватанамон мебошад. Ҳизб барои фарҳанги хоси ин гурӯҳҳои миллӣ ва этникӣ тамоми шароитро фароҳам овардааст. Дар баробари ин ҳизби мазкур маҳалгароиро ҳамчун падидаи номатлуб маҳкум мекунад. Ҳам дар сатҳи давлатӣ ва ҳам ҳизбӣ, ҳизб барои дар вазифаҳои масъулиятнок ҷой гирифтани занону духтарон талош мекунад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон созандагиву бунёдкорӣ, сулҳу субот ва ваҳдати милливу ҳифзи истиқлолияти давлатиро шиори хеш қарор додаву пайваста аз пайи амалӣ кардани орзуву ормонҳои мардуми Тоҷикистон аст. Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон ҳизби садоқат ва соҳибиродаву пурмасъулият аст. Хислати демократӣ ва иҷтимоӣ дошта, созандаи давлати миллӣ мебошад.

Ғояҳои худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, эҳтироми анъанаҳои милливу арзишҳои фарҳангӣ, аз ҷумла арзишҳои беҳтарини тамаддуни башарӣ, кисми ҷудонашавандаи сиёсати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад. Ба муносибатҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муттамаддин гузаштан яке аз вазифаҳои масъулиятнокест, ки дар назди Ҳизби Халқии демократии Тоҷикитон қарор дорад.

Ширин Қурбонова, доктори илмҳои таърих, муовини раиси КИИ “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар АМИТ