Skip to main content
Чи гунае, ки ба мо маълум аст 15 январи соли ҷорӣ Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён бо сафари давлатӣ вориди Тоҷикистон гардид ва маврид ба зикр аст, ки муҳтарам Масъуд Пизишкиён моҳи июли соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон интихоб шуда буд ва дар маросими савгандёдкунии ӯ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат доштанд ва дар баробари ин Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар номаи табрикотиашон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон интихоб шудани Масъуд Пизишкиён аз ӯ барои боздид аз Тоҷикистон даъват ба амал оварда буданд.

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон идомаи сафари қаблии Президенти марҳуми Ҷумҳурии исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ мебошад, чунки аз сафари Сайид Иброҳим Раисӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар равобити ҳар ду кишвар давраи нави муносибатҳо оғоз гардидааст.

Марҳум Сайид Иброҳим Раисӣ Президенти марҳуми Ҷумҳурии Исломии Эрон зимни сафари худ ба Тоҷикистон дар Шурои муштараки соҳибкорони Тоҷикистону Эрон гуфта буд, ки иртиботи Эрону Тоҷикистон ифодакунандаи манофеъи ду миллат ва ду кишвар аст, пешрафти Тоҷикистон пешрафти Эрон аст, амнияти Тоҷикистон амнияти Эрон аст ва ҳар гоме дар пешрафти кишвари Тоҷикистон бардошта мешавад ба манфиати ҳар ду миллат ва ҳар ду кишвар аст.

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён дар ин сафари давлатии худ ба Тоҷикистон, аз ин мавқеъ ҷонибдорӣ мекунад ва ин сафар ба равобити ҳар ду кишвар саҳифаи наве хоҳад буд.

Дар ин сафар ҳарду ҷониб аз вазъи кунунии ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорат, энергетика, саноат, ҳамлу нақл, кишоварзӣ ва тандурустӣ, илму маориф ва фарҳанг изҳори назар карданд.

Ҷузъиёти сафари давлатии Пизишкиён ба Тоҷикистон дар он аст, ки зимни ин сафар санадҳои муҳим дар бахшҳои иқтисодӣ, тиҷорат ва фарҳанг ба имзо мерасанд. Инчунин дар ин сафар дар назар аст, ки маросими расмии кушодашавии маркази муштараки фарҳангии Эрону Тоҷикистон “Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсиву тоҷикӣ” дар шаҳри Душанбе ва ба истифода додани Маркази “Саломатии Ҳилоли Аҳмар” амалӣ гардад. Ҳамзамон дар доираи ин сафар мулоқоти роҳбарони ду давлат ва дигар вохӯриҳо дар назар дошта шудааст.

Ҳамкориҳо дар ҳамаи самтҳо миёни Тоҷикистон Эрон дар ҳоли рушд қарор доранд ва самтҳои афзалиятноки равобити Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эронро равобити иқтисодӣ-тиҷоратӣ, илмӣ-фарҳангӣва таъмини амнияти минтақавӣташкил медиҳанд

Ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратии Тоҷикистон ва Эрон. Солҳои охир робитаҳои Эрону Тоҷикистон дар самтҳои мухталиф тақвият ёфтаанд ва имрӯзҳо зарурати боз ҳам густариш додани онҳо ба вуҷуд омадааст. Гардиши молу маҳсулот низ миёни Тоҷикистон ва Эрон сол аз сол дар ҳоли афзоиш аст ва дар савдои хориҷии Тоҷикистон Эрон нақши муассир дорад. Агар дар соли 2020 гардиши молу маҳсулот байни кишварҳо 57,7 млн. долларро ташкил дода бошад, ин нишондиҳанда дар соли 2023 ба андозаи 196,9 млн. доллар ё 4,4 баробар афзоиш ёфтааст.

Дар асоси маълумотҳои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиши тиҷоратии хориҷӣ миёни Тоҷикистон ва Эрон давоми моҳҳои январ-ноябри соли 2024-ум 336,8 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм ба андозаи 120,1 млн. доллар ё 55 дарсад зиёд аст. Дар ин давра, ҳаҷми содирот ба 104,1 млн. доллар ва воридот бошад ба 232,1 млн. доллари ИМА баробар гаштааст. Тарафҳо мақсад доранд, ки ин рақамро то ба 1 миллиард доллар расонанд.

Зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон ба имконияту зарфиятҳои молиявию иқтисодии Тоҷикистон диққати бештар дода мешавад, чунки барои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва амалӣ намудани баронамоҳои давлатии ҳар ду кишвар муҳим дониста мешавад.

Дар ҳақиқатан, Тоҷикистон дорои имкониятҳои фарох дар соҳаҳои энергетика, саноати сабуку хӯрокворӣ, маъдану металлургия, кимиё, истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ ва дорусозӣ, соҳаҳои кишоварзӣ, нақлиёт ва сайёҳӣ, барои тавсеаи ҳамкориҳо бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон дорад. Дар ин замина, сармоягузориҳо дар бахши энергетика, аз ҷумла бунёди неругоҳҳои барқии обиву офтобӣ дар қаламрави Тоҷикистон, яке аз самтҳои муҳим ва ояндадор арзёбӣ мегарданд.

Ҳам Эрон ва ҳам Тоҷикистон барои ташаккули муносибатҳои иқтисодию тиҷоратии худ захираву имкониятҳои зиёд дошта, дар ҳолати истифодаи васеъи имкониятҳои мазкур метавонанд равобити ду кишварро ба сатҳи нав бароранд.

Дар густариши равобити иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистону Эрон фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ, Кумитаи муштараки сармоягузорӣ ва Шурои муштараки соҳибкорони Тоҷикистону Эрон муҳим дониста мешавад.

Дар ин сафар, чуноне ки маълум аст Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиёнро гурӯҳе аз соҳибкорони баландпояи эронӣ ва намояндагони бахши саноату маъдан ва кишоварзии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамроҳӣ мекунанд ва дар назар аст, ки дар меҳмонхонаи Ҳаят Реҷенсии шаҳри Душанде Форуми иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сайёҳии Тоҷикистону Эрон баргузор гардад. Ҳамзамон, дар доираи сафари ҳайти болозикр, соҳибкорони эронӣ аз корхонаҳои саноатии Тоҷикистон боздид менамоянд.

Умуман тайи солҳои охир ба андозаи панҷ маротиб афзоиш ёфтани табодули мол миёни Тоҷикистон ва Эрон бозгӯйи он аст, ки тарафҳо дорои иқтидори бузурги ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ мебошанд ва дар марҳилаи кунуни ва ояндаи наздик таҳияи харитаи роҳи ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодию тиҷорӣ зарур аст ва дар заминаи чунин санад иштироки Эрон дар татбиқи барномаи рушди Тоҷикистон, ба вижа дар саноатикунонии кишвар аз манфиат холӣ нахоҳад буд.

Ҳамкориҳои илмӣ-фарҳангии Тоҷикистон ва Эрон. Дар шароити афзоиши танишҳои сиёсӣ ва иқтисодии ҷаҳонӣ, кишварҳои минтақа ва ҷаҳон барои пешбурди ҳадафу мақсадҳои худ равандҳои ҳамгироии судмандро тарҳрезӣ ва ба роҳ мондаанд. Ҳадафи муттаҳидӣ пеш аз ҳама, ҳалли масъалаҳои таъхирнопазир ва мусоидат ба таъмини амнияти минтақавӣ, пешрафти иқтисодӣ ва табодули муносибатҳои фарҳангӣ мебошад. Он ба нафъи кишварҳои ҳамгиро буда, дар такмил додани самтҳои муносибатҳо байни мамлакатҳо шароити хуб фароҳам меорад.

Тоҷикистону Эрон, ки ду кишвари ҳамзабон, ҳамфарҳанг ва дорои пайвандҳои таърихию меросии муштарак ҳастанд аз чунин равандҳо дур буда наметавонанд ва ҳамгироии равобити фарҳангиву маърифатӣ омили муҳимми тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар ҳавзаи давлатҳои форсизабон ба ҳисоб меравад.

Ҳамкориҳои фарҳангию гуманитарии Тоҷикистону Эрон низ дорои зарфиятҳои бузург мебошад ва имрӯзҳо мо шоҳиди тавсеа ёфтани робитаҳои кишварҳои дорои забон, фарҳанг ва тамаддуни муштарак дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва дигар минтақаҳои ҷаҳон ҳастем. Тоҷикистону Эрон равандҳои мавҷударо сарфи назар карда наметавонанд ва бояд ҳамкориҳои фарҳангию гуманитариро густариш бахшанд.

Шароите, ки имрӯз Ҷумҳурии Исломии Эрон дорад, барои рушди фарҳангу тавсеаи муровидоти фарҳангӣ бо кишварҳои форсизабон хеле мусоид аст. Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ равобити фарҳангии Тоҷикистону Эрон бар пояи пайвандҳои таърихӣ, тамаддунӣ, ва забонӣ тавсея ёфта, имрӯзҳо метавон ҳамкории фарогирро дар соҳаҳои маориф ва илм, адабиёт ва санъат ҳамчун омили муҳимми таҳкиму тавсеаи муносибатҳои ду кишвар арзёбӣ кард.

Ҳамкориҳои фарҳангию гуманитарии Тоҷикистону Эрон дорои зарфиятҳои бузург мебошад ва таъсиси литсейҳои касбӣ ва донишгоҳҳои олии техникӣ ва технологии муштарак, ҳамкориҳои наздики расонаҳо, олимону пажуҳишгарон, сода кардани рафту омади мардум ва рушди сайёҳӣ метавонад барои вусъат ёфтани ҳамкориҳои ояндаи фарҳангии кишварҳо имкониятҳои зиёдро ба вуҷуд орад.

Аз ҷониби ҳарду тараф иқдоми лағви низоми раводид дар асоси “Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи лағви раводид барои дорандагони шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷӣ” ба муҳлати то 30 рӯз муҳим дониста мешавад ва барои рафтуомад миёни ду кишвар, барои рушди сайёҳӣ ва умуман робитаҳои дуҷонибаи мардумони ду кишвар, соҳибкорон ва тоҷирон мусоидати фаъол хоҳад кард.

Дар ин самт таъсиси телевизиони муштараки Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон, ки дар амал татбиқ нашудааст руи кор бароварда шавад. Аз ин иқдом ҳудуди 17 сол гузаштааст, вале то ҳол тарафе ҷиҳати амалигардонии он талош накардааст ва имрӯзҳо мо мебинем, ки дар ҳудуди давлатҳои ба мо бегона теъдоди зиёди шабакаҳои телевизионие фаъолият доранд, ки форсизабон ҳастанд, ҷойгоҳи худро назди тамошобинон дар кишварҳои Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон пайдо кардаанд ва таблиғгари тамаддуну фарҳанги бегона мебошанд.

Сарфи назар аз ин ба истифода додани маркази муштараки фарҳангии Эрону Тоҷикистон “Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсиву тоҷикӣ” дар шаҳри Душанбе қадамҳои устувор дар ин самт дониста хоҳад шуд.

Ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Эрон дар таъмини амнияти минтақавӣ. Бо назардошти рӯйдодҳои охири ҷаҳон ва тағйири меъмории геополитикӣ дар Шарқи Аврупо, дар Шарқи Наздик ва дар Ховари Миёнаву Осиёи Ҷанубӣ барои Тоҷикистон имкони мусоид ҷиҳати тавсеаи робитаҳо бо қудратҳои ҷаҳонию минтақавӣ фароҳам овардааст. Аз ин дидгоҳ, пешбинӣ мешавад, ки зимни сафари муҳтарам Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон саҳифаи нав дар ҳамкориҳои амниятии Тоҷикистон бо Эрон оғоз мегардад ва яке аз ҳадафҳои ин сафар ҳам дар ҳамин буда метавонад.

Пас аз ҳодисаҳои Шарқи Наздик ва тағйири эҳтимолии авзоъ дар сарҳадоти Афғонистону Покистон, ки мустақиман ба амнияти Эрон ва тамоми Осиёи Марказӣ таъсир хоҳад дошт, ҳамкориҳои амниятӣ бо Тоҷикистон хеле муҳим арзёбӣ мегардад.

Муборизаи ҳамаҷониба бар зидди терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз масъалаҳои мубрам дониста мешавад ва дар айни ҳол дар ҷаҳон кишваре нест, ки аз ҷониби терроризми байналмилалӣ таҳдид нагардад. Кишварҳо дар танҳоӣ ба терроризми байналмилалӣ муқобилият карда наметавонанд, имконияти ягон кишвар дар танҳоӣ барои мубориза бо терроризми байналмилалӣ вуҷуд надорад. Аз ин рӯ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон метавонанд дар якҷоягӣ ба ин падидаи манфур муборизаи муштарак баранд.

Муқовимати муштарак бар зидди экстремизм ва терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва таҳдидҳои муосири киберӣ миёни Эрону Тоҷикистон муҳим дониста мешавад. Ҳамчунин, зарурати наздиксозии мавқеъ ва дидгоҳҳо перомуни вазъи пешгуинашаванда дар минтақаҳои даргири ҷаҳон мавҷуд аст. Тоҷикистон ва Эрон ба унвони кишварҳои бародар ва ҳамзабон бо назардошти вазъи кунунии ҷаҳон бояд стратегияи ҳамоҳангшударо дошта бошанд.

Имрӯзҳо дар ҷаҳон равандҳои мураккаб ҷараён гирифта, марказҳои нави муассир ва низомҳои амниятӣ пайдо шудаанд. Дар ин қарина ҳамкориҳои низомии Тоҷикистон ва Эрон дар шароити нави муносибатҳои байналмилалӣ шаклу мазмуни нав касб кардаистодааст ва ин муносибатҳо ба нигоҳдории сулҳу амнияти минтақа ва ҷаҳон равона карда мешавад.

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон барои минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамин паёмро дорад, ки Тоҷикистон ва Эрон метавонанд дар самти таъмини амният дар минтақа ба тавофуқе расанд ва ба раванди ҳамгироии минтақавӣ, таҳқими сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ ва дигар минтақаҳои доғи ҷаҳон мусоидат кунанд.

Нақши Эрон дар таъмини амнияти минтақа бисёр муассир аст ва ҳамкориҳои амниятии бештари Тоҷикистон ва Эрон бо таваҷҷуҳ ба ҳамоҳангӣ ва ҳамкориҳои минтақавӣ дар мубориза бо терроризму ифротигарӣ дар минтақа аҳамияти бузург дорад.

Эрону Тоҷикистон дар асоси усулҳои ҳусни тафоҳум ва эҳтирому эътимоди ҳамдигар ҳамкории барои тарафҳо судмандро дар ҳама самтҳо минбаъд низ густариш хоҳанд дод.

Дар умум, дар шароити имрӯза ниҳоят муҳим аст, ки муносибатҳои дуҷониба бо ба назар гирифтани манфиатҳои миллии ҳар ду ҷониб густариш ёбанд. Шароити мазкур барои Тоҷикистон фурсати муносибро барои татбиқи сиёсати хориҷии худ ба вуҷуд овардааст, ки ин аз талошу заҳматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт шаҳодат медиҳад.

Қудратов К.А., мудири Шуъбаи ИДМ-и Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ