Санадҳои байналмиллалӣ ва миллӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак
1 июн- Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон
Кӯдакон ояндаи миллат ба ҳисоб рафта, ғамхорӣ ва ҳимояи онҳо вазифаи аввалиндараҷаи оила, ҷомеа ва давлат ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, дар аксари давлатҳои ҷаҳон 1-уми июн ҳамчун Рӯзи байналмиллалии ҳифзи кӯдакон таҷлил карда мешавад.
Ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Конститутсия сарчашма гирифта, дар моддаи 34 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин сабт гардидааст: «Модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд. Падару модар барои тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъмини падару модар масъуланд. Давлат барои ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамояд».
Баҳри ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон, яъне фаро гирифтани онҳо ба таҳсил, ғамхории пайвастаи кӯдакони ятим аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, пайваста дар амал татбиқ мегарданд.
Оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як зумра санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, аз ҷумла Эъломияи ҳуқуқи кӯдак (1989)[1], Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ (1966) ва ғайраҳо татбиқ мегарданд. Моддаи 16 Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар ва моддаи 10 Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ оиларо ҳамчун рукни табиӣ ва асосии ҷамъият эътироф карда, вобаста ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон шаклҳои гуногуни дастгирии иҷтимоии оиларо пешбинӣ менамояд.
Дар қисми якуми моддаи 18 Эъломияи ҳуқуқи кӯдак пешбинӣ шудааст, ки «таъмини манфиатҳои кӯдак бояд мавзӯи асосии ғамхории волидайн бошад». Меъёри мазкур дар сархати дуюми қисми якуми моддаи 65 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин ҳуқуқу уҳдадориҳои волидайн дар тарбия ва таълими фарзандон дар дигар моддаҳои Кодекси мазкур низ зикр гардидааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии шартномаҳои асосии байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон буда, меъёру принсипҳои онҳо қисми таркибии қонунгузории ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Дар асоси шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи инсон, инчунин тавсияҳои мақомоти гуногуни Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ба қонунгузории кишвар тағйирот ворид гардида, қонунҳои нав қабул мешаванд.
Соли 2001 бо мақсади такмили минбаъдаи сиёсати давлатӣ бобати дастгирии оилаву кӯдак Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шуда, вазифаи Комиссияи мазкур ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кӯдакон, аз ҷумла кӯдакони ятиму бепарастор мебошад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои уҳдадориҳои байналилалӣ ва рушди қонунгузории самти ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон ба Кодексҳои оила, меҳнатӣ, ҷиноятӣ, мурофиавии ҷиноятӣ, иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.
Дар асоси қисми 1 моддаи 57 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯдак ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии худ ҳуқуқ дорад. Ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кӯдакро волидон (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс, мақомоти васояту парастори, прокурор ва суд ҳимоя мекунанд.
Моддаи 63-и Кодекси оила бошад, волидайнро уҳдадор мекунад, ки барои тарбия ва рушду камоли фарзандонашон масъулият дошта, дар бораи саломатӣ, такомули ҷисмонӣ, рӯҳӣ, маънавӣ, ахлоқӣ, таҳсил ва касбомӯзии фарзандонашон ғамхорӣ зоҳир намоянд.
Масъалаи ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кӯдакони ятим ва аз парастории волидайн бо сабабҳои гуногун мондаро Низомномаи мақомоти васояту парасторӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2017, №30 ба тасдиқ расидааст, танзим менамояд. Боиси зикр аст, ки яке аз ҳуқуқҳои меҳварӣ дар баробари дигар ҳуқуқу озодиҳо- ин ҳуқуқи кӯдак ба таҳсил мебошад, ки дар моддаи 17-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» дарҷ гардидааст. Тибқи талаботи моддаи мазкур кӯдак ба таҳсил ҳуқуқ дорад ва ба ӯ таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбии ройгон ва таҳсилоти ройгони миёна ва олии касбӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода мешавад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақсад ва моҳияти қонунҳои соҳавӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон равона карда шудааст, масалан Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Дар бораи маориф», «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда», «Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон», «Дар бораи варзиши кӯдакон ва наврасон» ва «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон» қабул гардида, дар онҳо муқаррароти дахлдор оиди ҳифзи ҳуқуқи ҳамаҷонибаи кӯдакон пешбинӣ карда шуданд.
Чунончи, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» ҳанӯз 18 марти соли 2015, №1196 қабул гардида, асосҳои ҳуқуқии ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак онро муайян менамояд. Қонуни мазкур масъалаҳои ҳадафҳои сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак, салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак, ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ, комиссияҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакро танзим менамояд. Қонуни мазкур масъалаҳои татбиқи амалии ҳуқуқи кӯдак ба зиндагӣ, озодӣ, дахлнопазирӣ, шаъну эътибор ва ҳаёти шахсӣ, ҳуқуқи кӯдак ба шахсият, ҳифзи саломатӣ, ба озодии сухан ва виҷдон, иттилоот ва иштирок дар ҳаёти ҷамъиятӣ, ҳуқуқи кӯдак ба моликият, манзил, таҳсил, меҳнат, истироҳат, фароғат, зиндагӣ ва тарбия дар оила, ҳуқуқи муттаҳидшавӣ дар ташкилотҳои ҷамъиятии кӯдакон ва ҷавонон аз ҷониби давлатро кафолат медиҳад. Қонун аз 6 бобу 50 модда иборат мебошад.
Кӯдак бояд дар оилаи солими падару модараш якҷоя бо онҳо зиндагӣ кунад ва тарбия гирад. Дар оилаи кӯдак аз ҷиҳати ҷисмонӣ пурқувват ва рӯҳан инкишоф меёбад. Барои ҳамин ҳам таъсир ва дахолати ғайриқонунӣ ба фаъолияти оилавӣ манъ аст. Агар ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдак дар оила халалдор гардад, он гоҳ таъсир ва дахолат ба ӯ имконпазир мегардад. Кодекси оила барои бартараф ва пешгирӣ кардани монеаҳо дар тарбияи кӯдак андешидани баъзе чораҳо ба монанди маҳрум кардан аз ҳуқуқи падариву модарӣ, маҳдуд намудани ҳуқуқи падару модариро пешбинӣ намудааст.
Кӯдак ба ғамхории падару модар ҳуқуқ дорад. Ин ҳуқуқ чунин маъно дорад, ки дар оила бояд шароити мӯътадил барои зиндагӣ ва тарбия бошад. Падару модар якҷоя кӯдакро бояд аз ҷиҳати моддӣ ҳаматарафа таъмин намоянд, таҳсили ӯро ташкил кунанд, бо китобҳо ва маводи дарсӣ таъмин намуда, ба нигоҳ доштани саломатии кӯдак эътибор диҳанд, дар мавриди зарурӣ бо ёрии тиббӣ, доруворӣ ва ғайра таъмин намоянд. Падару модар нисбати фарзандон бояд баробар муносибат намоянд. Дар навбати худ аз рӯи одобу рафтор кӯдак бояд падару модари худро ҳурмату эҳтиром намояд.
Ӯҳдадориҳои падару модар оид ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдаконашон дар қонун муқаррар карда шудааст. Тибқи Кодеси оилаи ҶТ падару модарон намояндагони қонунии фарзандони худ буда, ҳуқуқу манфиатҳои онҳоро бе ваколатҳои махсус дар муносибат бо ҳамагуна шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла дар судҳо ҳимоя менамоянд. Аммо падару модар наметавонанд аз ҳуқуқи фарзандони худ намояндагӣ кунанд, агар мақоми васоят ва парасторӣ муқаррар карда бошад, ки байни манфиатҳои падару модар ва фарзандон ихтилоф вуҷуд дорад. Дар сурати мавҷуд будани ихтилофот мақоми васоят ва парасторӣ вазифадоранд ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдакон намоянда таъин кунанд.
Тарбияи дурусти кӯдак эҳтироми шаъни инсонии кӯдакро аз ҷониби падару модар ва дигар аъзои оила дар назар дорад. Ҳангоми тарбия падару модар набояд ба иззати нафси кӯдак расанд. Эҳтиром намудани шаъни инсонии кӯдак дар оила меъёри ҳал намудани баҳсҳо вобаста ба тарбияи кӯдак мебошад. Барои ҳамин ҳам дар оила падару модар нисбати кӯдак ҳуқуқи ба таври мунтазам рафтори дағалона, муомилаи дурушт карданро надоранд. Мавҷуд будани чунин рафтори падару модар нисбати кӯдак шаҳодати халалдор гардидани тарбияи кӯдак шуда, барои татбиқи чораҳо нисбат ба падару модар асос мегардад. Кӯдаконе, ки бо сабабҳои гуногун аз оила маҳрум шудаанд, дар ин маврид амалӣ гаштани ҳуқуқи онҳоро ба тарбия давлат ба зимма мегирад.Яке аз роҳҳои таъмин намудани ҳуқуқи кӯдак дар оила ин ба фарзандхонӣ додани кӯдак мебошад. Дар мавриди имконнопазир будани додани кӯдак ба оила ӯ барои тарбия ба муассисаҳои кӯдакона супорида мешавад.
Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таъмини эҳтиром, риоя, ҳифз ва пешбурди ҳуқуқ ва озодиҳои кӯдак соли 2016 мансаби муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Мутобиқи моддаи 32 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҳар сол на дертар аз моҳи феврал Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар бораи фаъолияти худ ва вазъи риояи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза ирсол менамояд.
Оид ба масъалаҳои алоҳидаи вайронкунии ҳуқуқу озодиҳои кӯдак Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ҳуқуқ дорад ба мақомоти номбаршуда маърӯзаҳои махсус ирсол намояд.
Дар баробари ин, дар Тоҷикистон барои ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар ва барномаҳои давлатӣ қабул гардида, мавриди амал қарор доранд.
Маҳкам МАҲМУДЗОДА – академики АМИТ,
доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор
[1] Эъломияи ҳуқуқи кӯдак бо қарори Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июни соли 1993 ратификатсия карда шудааст.