Skip to main content

24 июни соли равон дар толори маҷлисии Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамоиши ҳизбии Шурои собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиш раиси Шурои собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Руқия Қурбонова, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Латифзода Асрор Қурбон, раиси Шурои собиқадорони ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамзамон муовини раиси КИ Хирадмандон Қурбонова Ширин, академик аъзои Кумитаи сулҳу ризоияти миллии Тоҷикистон Кароматулло Олимов, намояндаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Нозим Талбак, намояндаи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ализода Аҳмадҷон, намояндаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Саидбой Зокиров, аъзоёни Шуро Орунбекзода Шамсиддин, Исмоилов Шавкат, Қурбонмамадова Қурбонгул ва аъзоёни Шуро аз дигар шаҳру ноҳияҳо ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Нахуст ба кори ҳамоиш раиси Шурои собиқадорони ҲХДТ Руқия Қурбонова ҳусни оғоз бахшида, тибқи муқарароти муайншуда муҳтавои ҳамоишро ба иштирокдорон фаҳмонида, оид ба ҷашни пуршукуҳи Ваҳдати миллӣ суханронӣ намуда, хизматҳои шоёни Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи ба даст овардани Ваҳдати миллӣ ва таъмини сулҳ дар кишварро ибрози андеша намуд.

Дар идома муовини Раиси ҲХДТ Латифзода Асрор Қурбон суханронӣ намуда, саҳми бузургу беандозаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои ба даст овардани Ваҳдати миллӣ, таъмини сулҳу субот ва ободониҳо дар кишварро зикр намуда, барои пойдории ин арзиши миллии бо машақатҳои бузург бадастомада андешаронӣ намуд.

Тибқи барномии муайяншуда раиси Шурои собиқадорони ҳизб дар ноҳияи Шоҳмансур Ширин Қурбонова муроҷиатномаи иштирокчиёни ҳамоиши ҳизбӣ дар мавзуи “Ваҳдати миллӣ – асоси рушди ҷомеаи навини Тоҷикистон” – ро ба сами иштирокдорон расонд, ҳамзамон дигар иштирокдорони ҳамоиш тибқи барнома баромад намуда, дар бораи ҷашни бузурги миллиамон Ваҳдати миллӣ мулоҳизарониҳо намуданд.