Skip to main content

Имрӯз, 5 ноябр дар доираи баргузории Симпозиуми байналмилалӣ ба муносибати 1045- солагии Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино, профессори маъруф ва таҳқиқотчии соҳаи фалсафа Тауфиқ Ибрагим бо ҳаводорон ва муҳаққиқони соҳаи фалсафа мулоқот баргузор намуд.

Зимни баромади илмии худ, профессор Тауфиқ Ибрагим ба таври муфассал масъалаҳои калидии фалсафаи Ибни Сино, нақши ақидаҳои фалсафии ӯ дар ташаккули тафаккури ҷаҳоншумул, ҳамчунин саҳми вежаи ин шахсияти барҷаста дар рушди илми ирфонӣ ва мантиқро таҳлил намуд. Ҷанбаҳои методологӣ, ҷаҳонбинии фалсафӣ ва таъсири мероси Сино ба равандҳои фалсафаи ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар қисмати хотимавии чорабинӣ миёни файласуфони тоҷик ва профессор Тауфиқ Ибрагим бахши саволу ҷавоб доир гардид. Иштирокчиён саволҳои худро оид ба паҳлуҳои гуногуни таълимоти фалсафии Ибни Сино, масъалаҳои дунявият ва тафаккури илмӣ, инчунин нақши афкори Сино дар таҳаввули фалсафаи муосир матраҳ намуда, дар муҳити илмӣ табодули назар анҷом доданд.

Чорабинӣ дар фазои илмӣ ва мубоҳисавии созанда ҷараён гирифта, ба таҳкими равобити илмӣ ва густариши таҳқиқоти фалсафии вобаста ба мероси Ибни Сино такони нав бахшид.