Skip to main content

16 октябр дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Симпозиуми байналмилалии «Саҳми Абунасри Форобӣ дар илм ва тамаддуни ҷаҳон», бо ташаббуси Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи академик А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар суханронии муқаддимавии хеш президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт иброз дошт, ки воқен Симпозиум ва тадбирҳои дигари илмӣ-таҳқиқотие, ки дар кишварамон мегузаранд, як ҷузъи самараи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.

Дар ин давра бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на фақат арзишҳои фарҳангии ниёгон эҳё ва вобаста ба талаботи ҷомеаи муосир такмил ва густариш ёфтанд, балки ҳамзамон, барои миллати бузурги тоҷик муяссар гашт, ки он дастовардҳои ғании таърихиро, аз як тараф, ҳамчун арзишҳои гузаштаи худ соҳибӣ намояд ва аз тарафи дигар, онҳоро барои рушди ҷомеаи умумибашарӣ ва ҳаллу фасли мушкилоти глобалӣ пешкаш созанд. Ин дастовардҳо ҷанбаҳои гуногун дошта, дар шароити тезутунди замони муосир пазируфта ва мавриди истифода қарор доранд.

Инчунин, ташаббусҳои пешниҳодкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои обу иқлим, ҳифзи пиряхҳо, таҳкими фарҳанги сулҳ, ки аз ҷониби аъзои Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид эътироф ёфтанд, имрӯз дар асоси қатъномаҳои қабулшуда мавриди татбиқи амалӣ қарор доранд. Дар баробари ин, дар кишварамон дар даврони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳи хосса ба фарҳанги маънавӣ ва рушди он дода мешавад. Ба феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият дохил кардани дастовардҳои бузургӣ миллӣ - Шашмақом (соли 2008), ҷашни Наврӯз (соли 2010), ҳунари гулдӯзии «Чакан» (2018), мусиқии «Фалак» (2021), ҷашни «Сада» (2023), эҳё ва ҳифзи ёдгориҳои фарҳангӣ ва гиромидошти мероси таъриху тамаддуни гузаштаи тоҷикон самти дигари фаъолияти Ҳукумати кишвар ва ниҳодҳои марбутаи он мебошанд.

Аз ҷумла, бо дастгирӣ ва ҳидоятҳои ЮНЕСКО баргузор карда шудани ҳамоишҳои илмии байналмилалӣ бахшида ба таҷлили 680-солагии Мир Саид Алии Ҳамадонӣ (соли 1995), 675-солагии Камоли Хуҷандӣ (соли 1996), 960-солагии Умари Хайём (соли 2000), 1000-солагии Носири Хусрави Қубодиёнӣ (соли 2003), 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (соли 2007), 1150-солагии асосгузори адабиёти классики тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (соли 2008) ва ғайра ин суханонро тасдиқ мекунанд.

Симпозиуми байналмилалие, ки имрӯз бо иштироки бевоситаи Шумо дар мавзуи «Саҳми Абунасри Форобӣ дар илм ва тамаддуни ҷаҳон» баргузор карда мешавад, идомаи мантиқии татбиқи сиёсати маорифпарварона ва маънавиятгустаронаи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.

Қобили зикр аст, ки Абунасри Форобӣ, ки Симпозиуми имрӯза ба ҳаёт, фаъолият ва таълимоти фалсафии ӯ бахшида шудааст, аз бузургони фалсафа ва донишмандони асримиёнагӣ, намояндаи мактаби машшоияи шарқӣ мебошад. Муҳаммад Ғаззолӣ ҳамчун рақиби Форобӣ ва Ибни Сино, ки мехост ба инкори фалсафа иқдом занад, дар ибтидои китоби «Таҳофут-ул-фалосифа» мегӯяд: «Ман дар миёни фалсафаи ислом, чуноне ки ҳамагон ақида доранд, аз Абу Насри Форобӣ ва Абу Алӣ касеро бартар намешиносам. Аз ин рӯ, дар мабоҳиси илмӣ фақат бар ин ду эътироз мекунам. Зеро агар хатои ин ду чун шуд, хатои дигарон ба тариқи аввалӣ собит аст». Дар идома олимони дохил ва хориҷи кишвар баромад намуда, доир ба ҳаёту фаъолият ва эҷодиёти Абунасри Форобӣ маъруза намуданд.