Skip to main content

13123Илми ҳуқуқро одатан ба ҳуқуқшиносӣ шабоҳат дода, ва моҳияти онро ба ҷараёни дарки ҳуқуқ алоқаманд медонанд. Вай ҳамчун соҳаи махсуси илми ҷамъиятӣ хислати таҳлилию амалӣ дошта, аз низоми донишҳои илми-назариявӣ ва методологӣ оид ба моҳият ва қонуниятҳои инкишофи давлат, низоми ҳуқуқии он, самаранокона амал намудани онҳо ва воситаҳои гирифтани донишҳои нави зарурӣ оид ба такмили минбаъдаи онҳо иборат мебошад[1].

Аз дараҷаи инкишофи илми ҳуқуқшиносӣ сатҳу сифати қонунгузорӣ, такмилёбии минбаъдаи он, ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳими зиндагӣ, парвандаҳои ҳуқуқӣ, сифат ва самаранокии амалияи ҳуқуқшиносӣ, шуурнокӣ ва маданияти ҳуқуқӣ, ва дар кул ҳолати қонуният дар ҷомеа вобастагӣ дорад[2].

Дигаргуниҳои куллие, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон ба вуқӯъ омад аҳамияти илмӣ ҳуқуқшиносиро боз ҳам баланд бардошт. Зеро гузаронидани ислоҳот дар соҳаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии давлатдорӣ зарурияти такмили қонунгузорӣ ва дар натиҷа қабули қонунҳои тамоман нави танзимкунандаи муносибатҳои муосирро талаб намуд, ки ба воситаи онҳо барои барпо кардани давлатӣ демократию ҳуқуқбунёд ва иқтисоди бозорӣ заминаи ҳуқуқӣ бавуҷуд оварда шуд.

Дастовардҳои илми ҳуқуқшиносӣ дар тӯли зиёда аз 70-сол натиҷаи заҳмати бисёрсолаи олимони алоҳида, мактабҳои илмии онҳо, донишкадаҳои илмӣ ва донишгоҳо мебошад. Онҳо илми ҳуқуқшиносии муосирро бо дарназардошти ташаккули давлатдории тоҷикон, низоми ҳуқуқии он, инчунин дурнамои инкишофи он дар асарҳои худ мавриди таҳлил қарор доданд. Илми ҳуқуқшиносӣ дар тӯли мавҷудияти худ бо истифода аз воситаҳои муҳими методологӣ, барои ҳаллӣ як қатор проблемаҳои муҳими вобаста ба пешгӯи намудани равиши инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ, бо мақсади зери танзими ҳуқуқӣ қарор додани тағйиротҳои бавуҷуд омада таҳқиқотҳоро идома дод. Ҳамзамон, худи ҷараён ва характери муносибатҳои ҷамъиятии бавуҷудомада дар давраи мушаххаси таърихӣ дар ниҳояти кор равиши инкишофи илми ҳуқуқшиносиро аз нуқтаи назари равиши соҳавии он муайян кард. Дар баробари ҳамин, таҳлили натиҷаҳои таҳқиқотҳои илми ҳуқуқшиносӣ нишон медиҳад, ки вай тавонист дастовардҳои мероси илми ҳуқуқшиносии Шӯравиро на танҳо нигоҳ дорад, балки донишҳои наверо, ки асоси барпо намудани низоми ҳуқуқи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар замони ҳозира ташкил медиҳад аз худ намояд.

Таъсири муҳимро дар қабул ва мунтазам инкишоф ёфтани илмӣ ҳуқуқшиносии тоҷик анъана ва мактабҳои илмие гузоштанд, ки дар илми ҳуқуқшиносии академикӣ ва донишкадаҳои ба вуҷуд омадаанд. Осорҳои маълум ва арзишноки олимони ҳуқуқшиносӣ солҳои то замони истиқлолият ва баъди ба даст овардани онро мушаххас номбар накарда, қайд менамоям ки саҳми олимони ҳуқуқшиносӣ тоҷик академикҳои АМИТ Раҷабов С. А., Тоҳиров Ф. Т. ва Маҳмудзода М. А., узвҳои вобастаи АМИТ Усмонов О.У., Раҳимзода М.З., ва Насриддинзода Э.С., профессорон Явич Л. С., Коретский В. И., Мелкумов В. Г., Муллоев М. М., Ойгензихт В. А., Яковлева Е. М., Менглиев Ш. М., Ҷалилов Ҷ. Р., Ҷабборов Р. Ҷ., Тағойназаров Ш. Т., Имомов А.И., Шарофзода Р. Ш., Маҷидзода Ҷ. З., Ализода З., Холиқзода А. Ғ., Бобоҷонзода И. Ҳ.. Буризода Э., Ғаюрзода Ш.К., Ғафурзода А. Д., Муртазозода Ҷ. С., Искандаров З., Диноршоев А. М., Сангинзод Д.Ш., Шарипов Т. Ш., Меликов У. А., Сафарзода А. И., ва дигарон дар бораи таърих ва назарияи давлат ва ҳуқуқ, ҳуқуқи конститутсионӣ, ҳуқуқи маъмурӣ, ҳуқуқи молиявӣ, ҳуқуқи маданӣ, ҳуқуқи соҳибкорӣ, ҳуқуқи мурофиавии гражданӣ, ҳуқуқи ҷиноятӣ, ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, назорати пракурорӣ ва дигар соҳаҳои ҳуқуқ асоси фундаменталии таҳқиқотҳоро дар барқарор намудани низоми ҳуқуқии Тоҷикистон ва рушди минбаъдаи он хело калон мебошад. Муассисаҳои илмии кишвар дар амали намудани таҳқиқотҳои илмии фундаменталӣ оид ба равияҳои афзалиятноки соҳаҳои ҳуқуқшиносии кишвар, ташаккул ва инкишофи давлатдории муосири тоҷикон, низоми ҳуқуқи миллӣ, омӯзиши раванди инкишоф ва роҳҳои такмили қонунгузории амалкунанда, мураттабсозӣ ва кодефикатсияи он, тайёр кардани кадрҳои баландихтисос, китобҳои дарсӣ, воситаҳои таълимӣ, монографияҳои илмӣ ва тафсирҳои кодексу қонунҳо таҳлилҳои босамари илмӣ анҷом доданд.

Дар тӯли мавҷудияти худ илми ҳуқуқшиносии тоҷик марҳила ба марҳила бо дарназардошти рушди давлатдорӣ тоҷикон ва низоми ҳуқуқии он инкишоф ёфт. Мутаасифона, марҳилаҳои рушди илми ҳуқуқшиносии тоҷик зарурият ба таҳқиқоти ҷиддиро дорад. Ба назари мо рушди илми ҳуқуқшиносии тоҷикро ба марҳилаҳои зерин ҷудо намудан мумкин аст:

а) аз соли 1949 то ба даст овардани соҳибистиқлолият;

б) аз бадастдарории соҳибистиқлолӣ то ба соли 2000;

в) Аз соли 2000 то ба ҳол.

Марҳилаи аввали рушди илми ҳуқуқшиносӣ дар кишвари мо ба таъсисӣ факултаи ҳуқуқшиносӣ соли 1949 дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон вобаста мебошад. Таълимӣ фанҳои ҳуқуқшиносӣ дар аввал аз тарафи гуруҳи олимоне анҷом дода шуд, ки ба Тоҷикистон аз Маскав, Ленинград, Харков ва Ташкент омада буданд. Факултет маркази илми ҳуқуқшиносии ҷумҳурӣ дар ҳамон давра буд. Дар ин марҳила масъалаҳо назариявӣ ва амалии илми ҳуқуқшиносӣ, аз ҷумла назарияи давлат ва ҳуқуқ, инчунин таърихи инкишофи онҳо, таърихи соҳаҳои алоҳидаи ҳуқуқ (гражданӣ, ҷиноятӣ, таърихи судҳои совети дар Тоҷикистон), инкишофи ҳуқуқ дар Тоҷикистон, ҳуқуқи муаллифӣ ва муносибатҳои ҳуқуқии ба он вобаста, ҷавобгари барои иҷро накардан ва бо таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳо, танзими ҳуқуқии моликияти ҳиссагии умумӣ, таваккал, эҳтимолият, ирода ва шаклҳои зоҳиршавии он, алтернатива, танзими ҳуқуқии муносибатҳои шахсии ғайрималумулкӣ, муносибатҳои ҳуқуқии барқароршаванда дар ҳуқуқи гражданӣ, проблемаҳои ҳифзи ҳуқуқҳои маданӣ, иҷрои уҳдадориҳои мутақобила ва иҷрои уҳдадориҳои хоҷагӣ, таъмини сифат, ҷавобгарии молумулкӣ дар шартномаҳои хоҷагӣ, масъалаҳои алоҳидаи ҳуқуқи мурофиавии гражданӣ, воситаҳои ҳуқуқии таъмини устувории никоҳ ва ғ. мавриди таҳқиқи ҳаматарафа қарор дода шуданд.

Баъди соҳибистиқлолият, яъне 9 сентябри соли 1991 рушди илми ҳуқуқшиносӣ ба раванди дигаргуниҳои куллие, ки дар низоми сиёсӣ ва сохти давлатдорӣ ба вуҷуд омад вобастагии зич дошт. Дар ин марҳилла ҳолати илми ҳуқуқшиносии кишвари моро пеш аз ҳама ҳолати ҷамъияте муайян менамуд, ки мо дар он зиндаги менамудем. Буҳрон низоми ҳуқуқӣ ҷомеаӣ ҷаҳон, аз он ҷумла Тоҷикистонро фаро гирифт. Чунин ташвиш на танҳо дар илмӣ ҳуқуқшиносии ватанӣ балки дар аксарияти кишварҳои ИДМ ба миён омада буд ва ҳоло давом дорад. Буҳрони низоми ҳуқуқро олимони ҳуқуқшиносӣ хориҷӣ ба аз ҳад зери танзим қарор додан ва давомнокии давраи гузариш вобаста медонанд[3].

Тағйиротҳои куллие, ки баъди аз як сохти ҷамъиятӣ ба сохти дигар гузаштан бавуҷуд омад, дар назди илми ҳуқуқшиносӣ талаботҳои навро гузошт. Аз ҷумла, илман асоснок кардани соҳибихтиёрии давлат, низоми ҳуқуқии он, роҳҳои барпо намудани давлатӣ демократию ҳуқуқбунёд, дурнамои инкишофи онҳо, ҳифзи ҳуқуқи инсон, проблемаҳои гуногуншаклии моликият ва таъмини озодии фаъолияти иқтисодӣ (соҳибкорӣ) ва ғ. Талаботҳои мазкур боиси дар ҳолати ногувор мондани илми ҳуқуқшиноси дар ҳаллӣ масъалаҳои мураккаби ҳуқуқӣ ва давлатдории муосир гардид. Хушбахтона ҷавоб ба ин талаботҳо қабули Конститутсияи 6 ноябрии соли 1994 гардид. Ҳарчанд ҳам нахоҳем илми ҳуқуқшиносӣ аз сиёсат озод буда наметавонад.Чунки қонун, аз он ҷумла Конститутсия ҳамчун қонуни асосӣ ҳамеша дар зери муқовимати қувваҳои сиёсӣ қабул карда шуда, ва ҳамеша дараҷаи гуногуни сиёсат мебошад. Пайрави ба қонун моҳияти амали намудани роҳи сиёсии пешгирифта давлат мебошад. Дар ин ҷода қабули Конститутсияи ҶТ соли 1994 бо тағйироту иловаҳои минбаъда музаффарияти хело бузург дар самти рушди илми ҳуқуқшиносии тоҷик мебошад.

Дар он доктринаи давлати ҳуқуқбунёд, арзиши оли доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон, муқаррарот дар бораи таҷзияи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташаккули ниҳодҳои ҳокимияти демократӣ, озодии фаъолияти иқтисодӣ ва соҳибкорӣ, ҷомеаӣ маданӣ, моликияти хусусӣ ва ғ. мустаҳакам карда шуд. Конститутсияи амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гуногунии ғоявӣ ва намудҳои гуногуни эъҷодиёт (озодии эъҷодиёти илмӣ, адабӣ, бадеӣ ва ғ.) ва таълимиро мустаҳакам карда, ба олимони соҳаи илми ҳуқуқшиносӣ имконият медиҳад, ки то дараҷае озодона асосҳои методологиро барои таҳияи объективонаи доктринаҳои илмию ҳуқуқӣ, бе назар кардан ба ҷараёнҳои сиёсӣ ва конёктури анҷом диҳанд. Аз инҷо ягон зарурият нест, ки хулосаҳои худро дар заминаи ягон хел муносибати ҳатмии фалсафӣ ва обстракти барпо намоянд. Ҳамин тавр, Конститутсия на танҳо дурнамои рушди қонунгузоии Тоҷикистон, балки илмӣ ҳуқуқшиносиро муайян намуд.

Новобаста аз буҳрони илмӣ ҳуқуқшиносӣ таҳқиқотҳои илмӣ дар кишвари мо оид ба проблемаҳои афкори сиёсӣ-ҳуқуқии форсу тоҷик, низоми ҳуқуқи зардуштӣ, масъалаҳои ҳуқуқии барпо ва нигоҳ доштани оила, проблемаҳои мубрами ҳуқуқӣ маданӣ ва соҳибкорӣ, проблемаҳои ҳуқуқии таъмини натиҷаи ниҳоии фаъолияти соҳибкорӣ, масъалаҳои ҳуқуқи граждании саҳомигардонии корхонаҳои давлатӣ, ҳолати ҳуқуқии хоҷагиҳои деҳқонӣ, шартан аз ҷавобгари озод кардан, ҷинояткори дар шаҳри Душанбе, иштироки ҳимоячи дар марҳилаи тафтишӣ ҷиноят, уҳдадориҳое, ки дар натиҷаи пешгирии хавфи зиёни амволи бегона ба вуҷуд меояд, масъалаҳои ҳуқуқии хизматрасонӣ ва баъзе масъалаҳои дигари танзими ҳуқуқии муносибатҳои ҳуқуқӣ анҷом дода шуд.

Рушди минбаъдаи илмӣ ҳуқуқшиносӣ ба оғози асри ХХ1 рост меояд. Дар ин марҳила Шӯроҳои илмӣ оиди ҳимояи рисолаҳои номзадию докторӣ дар соҳаҳои назарияи давлат ва ҳуқуқ, ҳуқуқи маданӣ, соҳибкорӣ, оилавӣ ва ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ ба кор шурӯ карданд. Аз соли 2017 сар карда дар қатори Шӯроҳои пеш амалкунанда, ҳимояи рисолаҳои номзадию докторӣ дар соҳаҳои ҳуқуқи конститутсионӣ, худидоракунии маҳаллӣ, ҳуқуқи ҷиноятӣ, иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ҳуқуқи маъмӯрӣ ва як қатор соҳаҳои дигар фаъолияти худро оғоз намуданд. Равияҳои нав, ба монанди, ҳуқуқи соҳибкорӣ, ҳуқуқи оилавӣ, ҳуқуқи ҷиноятӣ, ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ ва оммавӣ, ҳуқуқи конститутсионӣ, худидоракунии маҳаллӣ, ҳуқуқи маъмурӣ, ҳуқуқи молиявӣ ва ғ. инкишоф ёфтанд. Дар баробари факултетҳои Донишгоҳҳо, Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ (соли 2007) ва Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2009) фаъолияти худро оғоз намуданд. Дастоварди ба назар намоёни ин марҳилаи илмӣ ҳуқуқшиносии пасошӯравӣ, ташаккул ва таълимӣ як қатор фанҳои нави ҳуқуқӣ ва равияҳои илмӣ ҳам дар соҳаи ҳуқуқи хусусӣ ва ҳам оммавӣ, инчунин соҳаҳои комплексӣ мебошад, ки ба талаботи мубрам ва вазифаҳои бо таври куллӣ дигаргунсозии кишвар дар руҳияи демократияи ҳуқуқӣ, иқтисоди бозорӣ, гуногунандешии сиёсӣ ва давлатдории демократию ҳуқуқию ҷавобгӯ мебошад. Дар қатори соҳаҳои ҳуқуқии хусусӣ ва оммавӣ, инчунин назарияи соҳаҳои ҳуқуқи комплексӣ рушд ёфт. Аз он ҷумла, ҳуқуқи соҳибкорӣ, ҳуқуқи замин, ҳуқуқи манзил, ҳуқуқӣ бонкӣ ва ғ.

Қайд кардан бамаврид аст, ки Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 феврали соли 2018 қабул карда шуд нақши муҳимро дар рушди мнбаъдаи илми ҳуқуқшиносии муосир бо дарназардошти такмили қонунгузорӣ гузошт. Бо назардошти талаботи Консепсия проблемаҳое, ки ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ таъсир мерасонад ё ин ки бояд дар оянда ба он таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад ба ақидаи мо чунинанд:

1. Ташкили муассисаи махсусе, ки бояд бевосита ба проблемаҳои мубрами илми ҳуқуқшиносӣ машғул шавад. Ба ҳайси он Институти давлат ва ҳуқуқ баромад карда метавонад, ки таъсисӣ онро Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028 пешбини менамояд. Дар шароити ҳозира илми ҳуқуқшиносиро дар кишвари мо асосан олимони алоҳида бо мактабҳои илмиашон, ё ин ки олимон дар донишгоҳу донишкадаҳо анҷом медиҳанд.

2. Мавҷуд набудани мактабҳои илмӣ оид ба як қатор равияҳо илмӣ, ба монанди ҳуқуқи меҳнатӣ, ҳуқуқи мурофиаи иқтисодӣ, ҳуқуқи мурофиаи гражданӣ, ҳуқуқи мурофиавии иқтисодӣ, криминалогия, криминалистика ва ғ. Дар баъзе соҳаҳои пешбарандаи илмӣ ҳуқуқшиносӣ, ҳатто номзадҳои илми ҳуқуқшиносӣ на танҳо ангуштшуморанд, балки вуҷуд надоранд, Аз инҷо таҳқиқотҳои илмии назаррас дар ин соҳаҳо вуҷуд надорад. Илми ҳуқуқшиносии муқоисавӣ, агарчанде, ки кафедраҳо дар ин соҳа таъсис дода шуда бошанд ҳам, бо сабаби мавҷуд набудани таълимӣ низомҳои ҳуқуқии гуногун ва набудани мутахассисоне, ки забонҳои хориҷро вобаста ба касбашон донанд рушд наёфтааст.

3. Кўшиш ба натиљанокии илмӣ ҳуқуқшиносӣ, яке аз масъалаи мубрами рушди илми ҳуқуқшиносии ҳозира мебошад. Бояд қайд намоем, ки агарчанде, категорияи «илми ҳуқуқшиносӣ» ва қонунгузорӣ бо ҳам дар алоқамандӣ қарор дошта бошанд ҳам, вале ҳаммаъно нестанд, зеро инкишофи ҳар яки онҳо ба қонуниятҳои ба худ хос итоат менамояд.

Доираи омӯзиши илми ҳуқуқшиносӣ аз омӯзиш, татбиқ, инчунин таҳия ва пешниҳоди таклифҳои илман асоснок оид ба такмили қонунгузорӣ низ иборат мебошад. Вале дараҷаи татбиқи дастовардҳои илмӣ ҳуқуқшносии ватанӣ дар фаъолияти ҳуқуқэъҷодкунӣ назаррас намебошад. Ба ин баъзе ҳолатҳо таъсир мерасонанд. Бахусус аз тарафи олимони мо бо назадошти рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ дар сари вақт интихоб накардани рисолаҳои илмӣ. Аз тарафи дигар бо сабабе, ки низоми ҳуқуқии кишвари мо ба низоми ҳуқуқии давлатҳои пасошуравӣ, бахусус Россия, Қазоқистон, Белорусия, Узбекистон ва дар ниҳояти кор Қирғизистон шабоҳат дорад, аксарияти масъалаҳое, ки дар рисолаҳои илмӣ ҳалли худро меёбанд, хело барвақт дар рисолаҳои илмии олимони баъзе аз ин кишварҳо, инчунин қонунгузории онҳо, бахусус Россия ҳалли худро ёфтаанд. Дар натиҷа пешниҳодҳое, ки дар рисолаҳои илмии олимони мо оид ба такмили қонунгузории кишвар карда мешаванд, дар аксарияти мавридҳо татбиқи худро дар қонунгузории мо наёфта, барои самаранокона амал намудани конунгузории кишвар мусоидат наменамоянд.

4. Минбаъд илми ҳуқуқшиносӣ таҳқиқотҳои худро бояд бо дарназардошти раванди босуръати инкишофи муносибатњои ҳуқуқӣ дар кишвар ва ҷаҳонишавии он анҷом диҳад. Дар баробари воридшавии меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ба низоми ҳуқуқии миллӣ таносуб ва бо ҳам мутобиқ намудани меъёрҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқи миллӣ яке аз масъалаҳои актуалӣ ба шумор меравад. Таъсири низомҳои ҳуқуқӣ дигар, аз ҷумла англо-саксонӣ, континенталӣ, осиёӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба низоми ҳуқуқии миллии мо зиёд аст. Аз ин лиҳоз, меъёрҳои ҳуқуқии низомҳои зикршударо дар асоси таҳлили илмии ҳамаҷониба ва бо дарназардошти зарурияти танзимнамоии муносибатҳои ҷамъиятӣ дар кишварамон истифода намудан зарур мебошад.

5. Таҳлилҳои ва таҳқиқотҳои илмӣ дар илми ҳуқуқшиносии тоҷик бояд дар асос ва бо дарназардошти бартараф намудани мухолифат ва номутобиқатии дохилӣ, инчунин номуайянии (холигии) меъёрҳои қонунгузории амалкунанда, ки татбиқи онҳоро дар амал душвор мегардонанд амалӣ карда шавад. Илмӣ ҳуқуқшиносӣ бояд оид ба ин масъала таҳлилҳои назаррас ва таклифҳои судмандро пешниҳод намояд.

6. Проблемаи дигари таълим ва илмӣ ҳуқуқшиносӣ гузариш аз мафҳуми “ҳуқуқшиносӣ” ба мафҳуми “юриспруденсия” мебошад. Ба ҳамаи олимони ҳуқуқшинос маълум аст, ки фаҳмиши “юриспруденсия” нисбат ба “ҳуқуқшиносӣ” васеъ мебошад. Юриспруденсия бештар ба кушодани моҳияти нақши ҳуқуқшинос дар ҷамъият ва тайёр кардани он барои амалия равона карда шудааст. Аз ин ҷо муассисаҳои таълимии ҳуқуқшиносӣ на танҳо ҷои омӯзиши илмӣ ҳуқуқшиносӣ, балки муассисаи таълимие бошад, ки дар он ҷо ҳуқуқшиносони касбиро бояд тайёр намоянд. Яъне, таълимӣ донишҷӯёни ҳуқуқшинос бояд бо назардошти фаъолияти онҳо дар амал ба роҳ монда шавад. Пайвастани илм ба амал зарурияти замон мебошад. Хулосаи мазкур ба мо имконият медиҳад, ки аввало, қайд намоем, ки илми ҳуқуқшиносӣ ва амалияи он ба ҳам дар алоқамандӣ ва бо ҳам дар баҳам таъсирасони қарор доранд; сониян, дар омузиш ва инкишофи илм ва амалияи ҳуқуқшиносӣ бояд мавқеӣ ягонаи методологи ҷой дошта бошад; баъдан, илм бояд ба амалия бе ягон субъективизм пешниҳодҳо манзур намояд ва дар баробари ҳамин доираи зарурияти эъҷодиро муайян намояд. Аз ин ҷо амалияи ҳуқуқиро дар доираи фаъолияти мақомотҳои дахлдори он маҳдуд кардан қобили қабул намебошад.

Ҳамзамон бояд қайд намоем, ки дар шароити ҳозира доктринаи илмӣ ҳуқуқшиносӣ бояд дар асоси таҷрибаи таърихии худи мо, анъанаҳои илмии мактабҳои ҳуқуқшиносии олимони мо, ва бо дарназардошти аз худ намудани соҳаҳои алоҳидаи илми ҳуқушиносие, ки дар кишвари мо мавҷуд намебошад ташаккул ёбад. Барои барпо намудани он дарки мадели конститутсионии давлати ҳуқуқбунёд, ҳолати ҳуқуқии субъектҳо, таҳлили таҷрибаи ҷорӣ ва амали намудани низоми ҳуқуқи позетивӣ, баҳо додани вазъӣ ҳуқуқии шуурӣ ҷамъиятӣ ва дараҷаи маданияти ҳуқуқӣ зарур мебошад. Вақти он расидааст, ки доктринаи ҳуқуқиеро ба вуҷуд биёрем, ки ба мо имконият диҳад зуҳуроти ҳуқуқиро на танҳо аз нуқтаи назари асосҳои ҳуқуқи умумиинсондӯстӣ, табии ва позетивӣ, инчунин аз нуқтаи назари хусусиятҳои инфиродию таърихӣ, фарҳангӣ ва миллӣатасоснок ва мубрамияташ баҳо диҳем. Аз ин ҷо ҷаҳиши ҷаҳонбинии фарҳангӣ дар дониш, шарҳ ва тасдиқи унсурҳои ҳуқуқии ватанӣ зарур мебошад. Ин танҳо дар ҳолати озодии эъҷодӣ (методологӣ), ки Конститутсия ба мо имкон додааст бо мақсади барпо кардани тарзи ба худ хоси ҳуқуқӣ ба воситаи шиносшавӣ ба анъанаҳои фарҳангии чуқурӣ тамаддуни ҳуқуқи ватанӣ имконият дорад.

Ба ақидаи мо омили асосие, ки боиси боздорандаи мавқеии ақидаҳои илмии мустақил дар кишвари мо мегардад фикронии шахшуда, азхуд кардан ва талқин кардани танҳо таҷрибаи ҳуқуқии ғарб (хориҷӣ) мебошад. Дар рисолаҳои илмии эъфодкардашуда одатан ба ғояҳои илмии олимони хориҷӣ такя карда шуда, дастовардҳои гузашта ва имрӯзаи илми ҳуқуқшиносии кишвар ба назари эътибор гирифта намешавад. Истифодаи ақидаҳои олимони ғарб қобили қабул мебошад, вале онро ба дараҷае истифода бурдан, ки илми ҳуқуқшиносии тоҷик дар давоми мавҷудияташ коре накарда бошад, қобили қабул намебошад. Дар ҳамин замина кушиши бо таври косметики аз нав кардани он чизе, ки аз худ карда шудааст ё пайравӣ ба он карда мешавад равнақ меёбанд. Ҳангоми чунин муносибат дар бораи муносибати эъҷодкорона нисбат ба илм сухан рондан амри маҳол аст. То ба ҳол илми ҳуқуқшиносии тоҷик оид ба фаҳмиши ҳуқуқ муносибати объективонаро таҳия накардааст, тасавуроти ягона дар бораи моҳияти давлат, аз он ҷумла давлати миллӣ, қонуни ҳуқуқӣ ва амалинамоии ҳуқуқ вуҷуд надорад, фарқияти аниқ дар байни категорияҳои “низоми ҳуқуқӣ” ва “низоми ҳуқуқ” , “ҳуқуқи миллӣ” ва”низоми ҳуқуқи миллӣ”мавҷуд нест, таркиби низоми ҳуқуқӣ нофаҳмост, таҳлилҳои консептуалӣ дар бораи моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ, нақши шартнома дар танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ, масъалаҳои мубрами ҳуқуқи меросӣ, масъалаҳои ҳуқуқшиносии муқоисавӣ, танзими давлатии иқтисодиёт (соҳибкорӣ) ва ғ. мавҷуд нест. Таҳлили адабиёти ҳуқуқӣ ва рисолаҳои номзадию доктори нишон медиҳад, ки олимони ҳуқуқшиносӣ ватанӣ асосан баъзе ҷабҳаҳои донишҳои назариявиро, ба монанди таърихи давлат, инкишофи ҳуқуқ, меъёри ҳуқуқ, ҳуқуқвайронкунӣ, шуурнокии ҳуқуқӣ, фарҳанги ҳуқуқӣ, масъалаҳои оила, муносибатҳои шахсии ғайримолумулки, танзими ҳуқуқии иттиллоот, танзими ҳуқуқии масъалаҳои хизматрасонӣ ва ғ. мавриди таҳқиқи қарор додаанд. Ба проблемаҳои доктринаи ҳуқуқӣ, фаъолияти ҳуқуқӣ, идеологияи ҳуқуқӣ, фаҳмиши ҳуқуқӣ, қонуни ҳуқуқӣ, кафолати ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, ҷавобгарии ҳуқуқӣ, ҷавобгарии маънавӣ, фаъолияти давлат, ҷавобгарии давлат, қонуни миллӣ ва ғ. таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда намешавад. Дар бораи “Девони қозиёти Исмоили Сомонӣ” ҳамчун падидаи миллӣ то ба ҳол як таҳқиқоти мукаммали илмӣ навишта нашудааст. Ҳол он, ки низоми ҳуқуқи англо-саксонӣ ва исломӣ аз ҳамин падида манша мегирад. Дар дебочаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан дар бораи муқаддас будани ҳуқуқу озодиҳои инсон меравад, вале таҳқиқоти мушаххаси илмӣ дар бораи он, ки ин муқаддасот дар чӣ ифода меёбад мавҷуд нест.

Китобҳои дарсие, ки навишта мешаванд хело зиёданд. Онҳо характери умуми таълимӣ доранд. Ба дараҷаи таълим, яъне низоми ҳозираи таълим мутобиқат наменамоянд. Онҳо бояд барои низоми бакаловриат ва магистратура навишта шаванд ва ҷавобгӯ ба онҳо бошанд. Илми ҳуқуқшиносии тоҷик бояд бартарият ва камбудиҳои қонунгузории амалкунандаро дар алоқаманди ба воқеияти амалия таҳлил намуда, роҳ ва тарзҳои бартараф кардани онҳоро муайян, равиш, тарз ва шаклҳои барқарроршавӣ ва инкишофи сохти ҳозиразамони давлатӣ ҳуқуқиро дар кишвар, принсипҳо, институтҳо, меъёрҳо ва расмиятҳои волоияти ҳуқуқ, тартиботи ҳуқуқӣ ва давлати ҳуқуқбунёдро асоснок намояд.

Ҳамзамон, ҳолати илми ҳуқуқшиносӣ дар шароити ҳозира бояд бо дарназардошти воридшавии он ба ҳаёти иҷтимоию фарҳангӣ кишвар баҳо дода шавад. Илми ҳуқуқшиносии ватанӣ дар давоми мавҷудияти худ ба фарҳанги ҳуқуқӣ ва ғайриҳуқуқӣ таваҷҷуҳ дода, вале ба таъсири ҳуқуқ ба инкишофи мусбии фарҳанги умумӣ дар шаклҳои гуногуни зоҳиршавии он диққати ҷиддӣ надод. Бояд қайд намоем, ки дараҷаи фарҳангӣ, ки ба ягон қонун итоат наменамояд, муносибати одамонро дар ҳамаи соҳаҳо муайян менамояд. Барои ҳамин ҳам илми ҳуқуқшиносӣ бояд: авалло, ба талаботи фарҳангӣ умумӣ ва ҳуқуқӣ ҷавоб диҳад; сониян, анъанаҳои фарҳангии устуворро, ки манфиати миллату давлатро ифода менамояд дастгири намояд; баъдан, бо пешниҳодҳои дар доираи қонун худ ба фаъолияти пурсамари ҳокимияти давлатӣ барои бартараф кардани зуҳуротҳои шахшудаи арзишҳои фарҳангӣ, ки ба рушди ҷомеа расман мамониат менамояд, таъсир расонад[4].

Адабиёт:

1. Раҳимзода М. З. Илми ҳуқуқи соҳибкорӣ ҳамчун қисми таркибии илми ҳуқуқшиносӣ/Давлатшиносӣ ва ҳуқуқи инсон. 2019.-№4.- С.54-55.

2. Алексеев С. С. Восхождение к праву. Поиски и решения. – М., 2002.- С.17, 94.

3. Кризис права. История и современность : монография/ Л. Е. Лаптева, Р. А. Ромашов, И. Л. Честнов [и др.]. /под ред. В. В. Денисенко, М. А. Беляева, Е. Н. Тонкова. -Санкт-Петербург : Алетейя, 2018. -С.4-7.

4. Лазарев В. В. Юридическая наука: современное состояние, вызовы и перспективы (размышления теоретика) /«Lex russica», 2013. -№2. -С.181-191.

Раҳимзода Маҳмад Забир - узви вобастаи АМИТ, доктори илми ҳуқуқшиносӣ, профессор, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон