Skip to main content

24 апрели соли 2025 дар китобхонаи Мунтпунти шаҳри Брюссел сафорат дар ҳамбастагӣ бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи Лёвани Белгия ва Ассотсиатсияи тоҷикони Белгия “Диёр” мизи мудавварро дар мавзуи “Шоҳномаи Фирдавсӣ: осори беназири адабиёти ҷаҳон” ташкил намуд.

Доираи васеи олимон, намояндагони ниҳодҳои аврупоиву белгиягӣ, коршиносон, санъаткорон, сокинони шаҳри Брюссел, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамзабонони муқими Белгияву Нидерланд меҳмони ин маҳфил буданд.

Дар кори ин нишаст президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон профессор Қобилҷон Хушвахтзода, вакили Парлумони Аврупо Тиерӣ Марианӣ, узви Академияи аврупоии илмҳо ва санъат, профессори Донишгоҳи Лёван Ян Таверниер, профессори Донишгоҳи Лёван Элин Горрис, директори барномаҳои нашриёти “Ҷаҳони дипломатӣ” Алберто Туркстра, профессори Донишгоҳи Лювен Морган Журдайн, пажуҳишгар Офран Бадахшонӣ ва магистранти Донишгоҳи Озоди Брюссел Шоҳина Беҳзодзода суханронӣ намуданд.

Сухангуён “Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсиро дар ҳифзи ҳувияти миллӣ ва мероси ниёгон, ватандустӣ, арзишҳои инсондустиву сулҳпарварӣ, гуфтугуи тамаддунҳо ва рушди дипломатияи фарҳангӣ муҳим хонда, нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар эҳёи чеҳраҳои мондагор ва осори таърихиву фарҳангии миллати Тоҷик, махсусан зикр карданд.

Дар бахши дигари чорабинӣ мусиқинавози ҷавон Сипанд Додбеҳ санъати волои касбӣ ва мусиқии халқиро муаррифӣ намуд.

Дар толори бошукуҳи китобхона гушаи этнографӣ ташкил гардида, асарҳои классикӣ ва навору нигораҳо бахшида ба “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ба намоиш гузошта шуд.