Дар суханронии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш санаи 1 сентябри соли 2024 дар бораи қонунҳои миллӣ иброз намуданд, ки: “Мо бояд бар зидди таҳдиду хатарҳои муосир – терроризму экстремизм, радикализм ва хурофоту таассуби динӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, инчунин, ифротишавии ҷомеа мубориза барем. Маҳз ба ҳамин хотир мо се қонуни миллӣ – “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва “Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”-ро қабул кардем, ки мардумамонро аз хавфу хатарҳои замони муосир эмин нигоҳ дорем, то онҳо дигарбора ба доми фиреби хоинони Ватану миллат гирифтор нашаванд. Бинобар ин, метавон гуфт, ки қонунҳои зикршуда на фақат ҷанбаи иҷтимоиву иқтисодӣ, балки аҳаммияти сиёсиву амниятӣ низ доранд. Зеро онҳо, пеш аз ҳама, ба ҳимояи манфиатҳои мардум равона гардида, василаи муҳимми таъмин намудани амнияти давлат ва оромии ҷомеа мебошанд”.
Дарвоқеъ, қабули Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 8 июни соли 2007, №272, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” аз 2 августа соли 2011, № 762 ва “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” аз 24 декабри соли 2022, № 1920 бо тақозои рушди ҷомеа буда, анъана ва ҷашну маросимро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд, ҳадаф, принсипҳо ва самтҳои тарбияи ватандӯстӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии онро муқаррар намуда, ба муносибатҳои вобаста ба ташкили заминаҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, таъмин ва танзими фаъолият дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон равона гардидаанд.
Бо назардошти ба нафъи ҷомеа мутобиқ намудани меъёрҳои қонун, бартараф намудани нуқсонҳои ҷойдошта ва устувор намудани масъулияти субъектони муносибатҳои ҳуқуқӣ ду қонуни миллӣ дар таҳрири нав қабул карда шуд. Аз ҷумла Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 19 июни соли 2024, № 499 ва “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” аз 20 июни соли 2024, № 2049.
Мақсади Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд иборат буда, онњо барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятӣ равона карда шудаанд. Қонуни мазкур аз 6 боб ва 22 модда иборат буда, фарогири муқаррароти умумӣ, салоҳият ва ваколатҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба танзими ҷашну маросим, танзими ҷашну маросим, тартиби хизматрасонӣ дар ҷашну маросим, уҳдадории шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин ҷалби аҳли ҷомеа ҳангоми гузарондани ҷашну маросим ва муқаррароти хотимавӣ мебошад. Қонуни мазкур нисбат ба мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, сарфи назар аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликият, ҳамчунин ба шахсони воқеӣ, новобаста ба вазъи иҷтимоию иқтисодии онҳо татбиқ мегардад. Намояндагони миллату халқият ва дину мазҳабҳои дигар ҷашну маросими худро дар асоси расму оинҳои худ метавонанд гузаронанд. Онҳо ҷашну маросими дар Қонун пешбинишударо бо риояи муқаррароти Қонун мегузаронанд. Дар моддаи 1 Қонуни 2 мафҳумҳое истифода мешавад, ки дарки онњо дониши ҳуқуқии ҷомеаро боло мебарад, амсоли маросим — маҷмуи амалҳои рамзӣ ва анъанавӣ, ки муносибати шахс ва гурӯҳҳои иҷтимоиро ба падидаҳои муҳимми ҳаёти фарҳангии ҷомеа ифода менамояд; ҷашн — таҷлили рўйдодҳо ва ё санаҳои таърихию фарҳангӣ, ҷамъиятӣ, касбӣ ва оилавӣ. Дар боби 3 Қонун муқаррароти махсус оид ба баргузор намудани ҷашнҳои расмӣ, зодрӯз, хатнасур ва маросими дигари вобаста ба таваллуди кӯдак, тӯйи домодию арӯсӣ, маросими ҳаҷ ва умра, маросими дафну азодорӣ дарҷ карда шудаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо сокинони деҳоти Ворухи шаҳри Исфара санаи 9 апрели соли 2021 оид ба риояи қатъии қонун зикр намуда буданд, ки: “Мувофиқи изҳороти созмонҳои байналмилалӣ, аллакай, аҳолии бист кишвари сайёра аз болоравии нархҳо ва камчинии маводи ғизоӣ ба гуруснагӣ ва фақру қашшоқӣ гирифтор шудаанд. Дар чунин шароит мо бояд аз тамоми имкониятҳо, аз ҷумла аз заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ самаранок истифода бурда, ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол кунем, дар ҳар як оила захираи озуқавориро таъмин намоем ва нагузорем, ки халқамон аз лиҳози таъминот бо маводи ғизоӣ танқисиву муҳтоҷӣ кашад. Бо дарназардошти вазъи зикршуда тамоми мардуми кишвар ва ҳар як оила бояд талаботи Қонуни миллӣ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим”–ро қатъӣ риоя намоянд ва ҳангоми баргузории маъракаву тӯйҳо ба зоҳирпарастиву зиёдаравӣ ва исрофкорӣ, махсусан, исрофи маводи ғизоӣ роҳ надиҳанд”.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» аз 20 июни соли 2024, № 2049 муносибатҳоро оид ба масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак бо мақсади таълиму тарбияи кӯдак дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ танзим намуда, ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак равона гардидааст. Қонуни мазкур аз 7 боб ва 25 модда иборат буда, дарбаргирандаи муқаррароти умумӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, салоҳият ва ваколати онҳо дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак, комиссияҳои ҷамъиятӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои падару модар ва шахсони онҳоро ивазкунанда дар таълиму тарбияи кӯдак, ҳуқуқу уҳдадориҳои муассисаи таълимӣ ва омӯзгор, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар самти таълиму тарбияи кӯдак, муқаррароти хотимавӣ мебошад. Дар моддаи 1 Қонун 7 мафҳумҳо истифода мешаванд, ба монанди вақти шабона — аз 1 апрел то 30 сентябр — аз соати 22:00 то соати 06:00 ва аз 1 октябр то 31 март — аз соати 20:00 то соати 06:00; кӯдак — шахсе, ки ба синни ҳаждаҳ нарасидааст; марказҳои дилхушӣ — клубҳои шабона, дискоклубҳо, толорҳои букмекерӣ ва марказҳои бозиҳои бурднок; масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак — уҳдадории шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар раванди таълиму тарбияи кӯдак; тарбия — раванди ҳадафмандонаи ба воя расондани кӯдак аз ҷониби падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда), муассисаи таълимӣ, ҷомеа ва ба зиндагии мустақилона омода намудани ӯ; таълим — фаъолияти муштараки падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда), омӯзгор ва муассисаи таълимӣ барои инкишофи кӯдак, донишомӯзӣ, такмили истеъдод, маҳорат, малака ва қобилияти фикрию ҷисмонии ӯ; шахсоне, ки падару модарро иваз мекунанд — васӣ, парастор, шахсоне, ки дар асоси шартнома кӯдакро тарбия мекунанд, намояндагони дигари қонунии онҳо, инчунин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дигаре, ки кӯдак воқеан таҳти таълиму тарбияи онҳо қарор дорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи модар санаи 7 марти соли 2024 нақши модарону занонро дар иҷрои қонун афзал дониста, такид намуда буданд, ки: “Иҷрои талаботи Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», дар рӯҳияи илму донишомӯзӣ, азхудкунии касбу ҳунар, ахлоқу одоби ҳамида ва эҳтироми калонсолон тарбия кардани фарзандон, инчунин, ба ҳаёти мустақилона омода намудани онҳо низ асосан ба зиммаи модарону занон қарор дорад. Албатта, дар ин масъалаҳо мардон, яъне падарон низ масъулияти зиёд доранд. Лекин дили фарзанд ва нияту нақшаи ӯро аз ҳама беҳтар модари мушфиқу меҳрубон мефаҳмад ва ҳис мекунад”.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” аз 16 декабри соли 2022, № 332 ҳадаф, принсипҳо ва самтҳои тарбияи ватандӯстӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии онро муқаррар карда, муносибатҳои вобаста ба ташкили заминаҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, таъмин ва танзими фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон муайян менамояд. Қонуни мазкур аз 5 боб ва 21 модда иборат буда, фарогири муқаррароти умумӣ, сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, таъмини фаъолият дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, ва муқаррароти хотимавӣ мебошад. Дар моддаи 1 Қонун 11 мафҳумҳо истифода мешаванд: Ватан - Тоҷикистон, кишвари азизу маҳбуб барои шахс, ҷомеаи иҷтимоӣ ё миллии одамон, ки онҳо мансубияташонро ба он ҳамчун шароити зарурии некуаҳволии худ медонанд; ватандӯстӣ - муҳаббати шахс ба Ватан, сарзамин ва халқ, ҳифз намудан аз душман ва ба манфиати онҳо содиқона хизмат кардан; дастгирии давлатии субъектҳои тарбияи ватандӯстӣ - маҷмуи чораҳои ташкилии таълимӣ, иттилоотӣ, молиявӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва чораҳои дигари аз тарафи мақомоти давлатӣ қабул ва амалишаванда, ки ба муҳайё намудани шароити мусоид барои кори ватандӯстӣ нигаронда шудаанд; мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон - мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сиёсати давлатиро дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон амалӣ менамояд; низоми тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон – маҷмуи субъектҳои тарбияи ватандӯстӣ, заминаи меъёрӣ-ҳуқуқӣ, маънавӣ-ахлоқии фаъолияти таълимӣ ва оммавию тарбиявӣ, инчунин маҷмуи тадбирҳо ҷиҳати ташаккули тафаккур ва ҳисси ватандӯстии шаҳрвандон; тарбия - падидаи иҷтимоӣ, фарҳангӣ, психологӣ ва педагогӣ, ки ҳамчун фаъолияти махсуси мақсадноки инсон барои рушди шахс ва ворид шудани ӯ ба ҷараёни зиндагии воқеӣ ва бунёди ҳаёти маданӣ равона гашта, барои танзими ҳаёти инсон ва пешрафти ҷомеа хизмат менамояд; тарбияи ватандӯстӣ - фаъолияти мураттаб ва мақсадноки мақомоти ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои (иттиҳодияҳои) ҷамъиятӣ, оила ва шаҳрвандон, ки барои ташаккули дарки баланди ватандӯстӣ дар тафаккури шаҳрвандон, ҳисси садоқат ба Ватан, омода будан ба адои қарзи шаҳрвандию уҳдадориҳои конститутсионӣ барои ҳимояи манфиатҳои Ватан нигаронда шудааст; тарбияи маънавӣ-ахлоқӣ - маҷмуи тадбирҳое, ки барои аз ҷониби шахс дарк намудани арзишҳои олӣ, ормонҳо, ҳадафҳо, раванд ва падидаҳои муҳими иҷтимоӣ дар ҳаёти воқеӣ, қобилияти ба роҳбарӣ гирифтани онҳо ҳамчун принсипҳои муайянкунанда ва мавқеъ дар фаъолияти амалию рафтор, ки ба хизмати сазовор ба Ватан равон карда шудааст; тарбияи шаҳрвандӣ-ватандӯстӣ - маҷмуи тадбирҳое, ки баҳри дар тафаккури шаҳрвандон тарбия намудани дарки зарурати бошууронаи хизмати фидокоронаю беғаразона ба Ватан зимни иҷрои вазифаҳои хизматӣ, меҳнатӣ ва ҷамъиятӣ, муҳаббат ба кишвари маҳбуб, ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ, риояи қонун, ахлоқи ҳамида, фарҳанги умумӣ, мавқеи амиқи шаҳрвандӣ, омодагии доимӣ барои адои қарзи конститутсионӣ ва уҳдадориҳои шаҳрвандӣ, ифтихор аз дастовард ва анъанаҳои ниёгон равон карда шудааст; тарбияи ҳарбию ватандӯстӣ - маҷмуи тадбирҳо, ки баҳри дар тафаккури шаҳрвандон ташаккул додани дарки бошууронаи ҳимояи Ватан, омодагӣ ба хизмати ҳарбӣ, тарбияи ҳисси ифтихор аз мансубият ба халқи худ, дастовардҳои он ва Қувваҳои мусаллаҳи кишвар, эҳтиром ба таърихи меҳан, хизмати ҳарбӣ, либоси низомӣ, ташаккули ҳисси ҳифзу ғанигардонии анъанаҳои пуршарафи ҳарбии ниёгон, абадигардонии хотираи муборизони дар роҳи ҳифзи Ватан ҳалокшуда нигаронда шудааст; ҳисси шаҳрвандӣ - ҷонибдории шахс аз манфиати давлат ва ҷомеа, низоми муносибат, рафтор ва фаъолияти ба он мувофиқ дар шароити давлат.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар санаи 9 марти соли 2024 нақши муҳими қонунҳои миллиро дар ҳимояи ҳуқуқҳои инсон иброз намуда, такид намуда буданд, ки: “Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳамчун арзиши олӣ муносибат намуда, барои амалӣ гардонидани онҳо усулу воситаҳои заруриро дар сохтори давлатӣ ташаккул дод. Таъсиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар назди Ҳукумат, Муассисаи давлатии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти мамлакат, Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам, қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», бақайдгирии 4 ҳазор иттиҳодияи динӣ, яъне масҷидҳо ва ташкили сафари дастҷамъонаи шаҳрвандон ба ҳаҷ ва умра аз ҷумлаи иқдомоти дар ин самт амалигардида мебошанд”.
Баъд аз таҳлил бояд иброз намуд, ки қонунҳои миллӣ дастовардҳои беназири замони истиқлол мебошанд ва ҳар як шаҳрванди кишвар бояд дар заминаи муқаррароти онҳо фаъолияти худро ба роҳ монад. Дар соли 2024 - Соли маърифати ҳуқуқӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки бо муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” пурра шинос шавад ва онҳоро дар зиндагии ҳаррӯза ҳамчун талаботи меъёрию ҳуқуқӣ риоя намояд.
Хуш ба ҳоли миллате дорад низоми зиндагӣ,
Тавбаи ҳар иллате дорад низоми зиндагӣ.
Аз ҳуқуқи волидону аз мароми поки мо,
Дар дили масъули қонун саргаҳи афлоки мо.
Волидонро мекунад қонуни мо арши вафо,
Осмонро мекунад афзуни мо арши сафо.
Ин ки танзиме зи расми зиндагӣ дорем мо,
Оре, оре, ҳастиро тобандагӣ дорем мо.
Тарбият, танзиму ҳикмат асли қонун асту бас,
Партави некон бигирӣ, васли қонун асту бас.
Дӯстдории Ватан дар пояҳои назми мо,
Сарфарозии Ватан дар ғояҳои азми мо.
Раҳнамои насли мо қонуну амри волидон,
Раҳкушои асли мо қонуну амри ормон.
Дониёро, бош фарзанди диёри орзу,
Сарзамини хешро бинмо баёзи обрӯ.
Сангинзод Дониёр Шомаҳмад,
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор