Skip to main content
312313

 

Ҳамдиёрони азиз, олимону кормандони соҳаи илми кишвар!

Бо эҳсосу самиммияти беандоза ҳамаи Шуморо ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — ҷашне, ки рамзи эҳтиром ба хизматҳои фарзанди фарзонаи миллат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад, аз номи раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон табрик мегӯям.

Тавре, ки маълум аст, Рӯзи Президент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо иди давлатӣ, балки рамзи таҳкими ваҳдати миллӣ, субот ва талош барои шукуфоии кишвар мебошад, ки ҳамасола дар сатҳи баланд аз ҷониби тамоми сокинони ҷумҳурӣ самимона ва бо садоқати хосса таҷлил карда шуда, дастовардҳои муҳимми кишварро дар давраи сипаригашта инъикос мекунад ва ҳамчун воситаи таҷассуми ҳувияти миллӣ ва сарвати фарҳангии халқи мо хизмат мекунад.

Рӯзи Президент аз ҷониби шаҳрвандон ҳамчун ифодаи самимии эҳтиром ба Пешвои муаззами миллат – Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки иродаи халқро барои таҳкими пояҳои истиқлол ва рушди давлатдории миллӣ ифода мекунад, самимона пазируфта шудааст.

Дар маҷмуъ, Рӯзи Президент дар Тоҷикистон ҷашни гуногунҷабҳаест, ки ҳувияти миллӣ, ҳифзу муаррифии мероси фарҳангӣ ва кӯшиши мардумро барои пойдории ваҳдат ифода мекунад. Ин рӯзест, ки шаҳрвандони Тоҷикистон садоқати худро ба арзишҳои миллӣ ва эътимоду боварии худро ба ояндаи дурахшони кишварамон изҳор мекунанд. Ин ҷашн дар руҳияи ваҳдат ва ҳамбастагӣ сурат мегирад, ки аҳаммияти нигаҳдорӣ ва пос доштани сулҳу субот дар кишварро, ки барои рушди пайваста ва таъмини некӯаҳволии шаҳрвандон зарур аст, таъкид месозад. Ин рӯз на танҳо нишонаи эҳтиром ба Президент, балки тантанаи ваҳдати миллӣ, хотираи таърихӣ ва назари нек ба ояндаи Тоҷикистони азиз мебошад.

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, чунонки маълум аст, ҳамчун рӯзи эътирофи нақши Сарвари давлат дар ташаккул ва рушди давлатдори миллии тоҷикон мебошад. Ин ҷашн соли 2010 ба ифтихори Пешвои муаззами миллат – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, ки давраи нави таърихи кишварро оғоз кард, таъсис дода шудааст.

Ҳамагон шоҳиди онем, ки Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон ба раванди бунёди давлатдории миллӣ сарчашма гузошт ва абармади сиёсӣ Раҳмонов Эмомалӣ Шарифович чун вакили ҷавон ва дорои таҷрибаи баланди корӣ ба майдони сиёсат ворид гардида, Раиси Шурои Олӣ интихоб шуд. Ин абармарди таърих миллатро аз марг ва давлатро аз парокандагӣ наҷот дода, кохи боҳашамати сулҳи тоҷиконро бунёд кард, низоми давлатдории муосирро асос гузошт ва тоҷиконро чун миллати дорои забон, фарҳанг ва таърихи қадима ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд. Аз ин ҷост, ки халқ ба ӯ унвони арзандатарин–Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллатро додааст.

Воқеан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд таҷрибаи хосаеро ба ҷаҳониён дар самти ҳалли осоиштаи низоъи шаҳрвандӣ ва муноқишаҳои сиёсӣ омӯзонанд. Ба ҳаҳониён собит намуданд, ки ақли солим, ҳадафи волои ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва бартарии манфиатҳои умумидавлатӣ нисбат ба манфиатҳои гурӯҳӣ метавонанд сулҳро дар мамлакат пойдор созанд. Хушбахтона, имрӯз Тоҷикистонро аксари давлатҳои дунё ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳамчун маркази сулҳу адолат мешиносанд ва ташаббусу пешниҳодҳои онро дар масъалаҳои умумибашарӣ ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд.

Боиси тазаккур аст, ки сарчашмаи пайдоиши институти президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки дар иҷлосияи мазкур маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд. Мақсад аз Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардани рӯзи 16 ноябр дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи Тоҷикистон марҳилаи нави муҳимми давлатӣ, яъне идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намудааст.

Аз ин рӯ, мо вазифадорем, ки ҳар як дастоварди Иҷлосияи ХVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳифз намоем, манфиатҳои умумимиллӣ-Истиқлоли давлатӣ, якдилӣ ва ҳамбастагии сокинони кишварро аз манфиатҳои шахсӣ, маҳаллӣ, гурӯҳӣ ва ҳизбӣ боло гузорем, дар пешрафти Ватани азизамон саҳмгузор бошем.

Мо бо Пешвои миллат ифтихор менамоем. Пешвои миллат ҳомии ҷавонон ва такягоҳи миллати тоҷдори тоҷик аст.

Бори дигар ҳамаи Шуморо ба ифтихори Рӯзи Президент табрик гуфта, бароятон саломатӣ, муваффақиятҳои нав ба нав, комёбиҳои илмиву эҷодӣ ва сарбаландӣ таманно намуда, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саодати ҷовидониро таманно менамоям.