Skip to main content

Ҳамдиёрони азиз, олимону кормандони соҳаи илм

Истиқлол нодиртарин падидаи таърихӣ дар ҳаёти миллату халқиятҳо маҳсуб ёфта, кафолат медиҳад, ки тамоми орзуву ормонҳо амалӣ гарданд. Ҳама халқу миллатҳо аз ибтидо то имрӯз баҳри ба даст овардани истиқлол талош намуда истодаанд. Оне ки истиқлол дорад, дар пайи таҳкимаш асту, оне ки аз ин падидаи нодир маҳрум мебошад, баҳри ноил гардидан талош менамояд. Сабаби аксари моҷароҳои сиёсие, ки дар таърихи инсоният ба амал омадаанд маҳз талошҳо баҳри ба даст овардан ва ё ҳифзи истиқлоли миллӣ буданд ва ҳастанд. Аз таҷрибаи таърихи инсоният бармеояд, ки на дар ҳама ҳолатҳо истиқлол кафили зиндагии шоистаи мардум гардидааст, ки ин албатта аз дарку фаҳмиши худи ҷомеа бармеояд. Яъне он миллате истиқлол дораду ба қадраш нарасидааст, наметавонад аз ин имконият баҳри ноил гардидан ба зиндагии шоиста истифода намояд.

Миллат ва ҷомеае, ки ба истиқлоли давлатӣ арҷ мегузорад, албатта дар роҳи расидан ба зиндагии шоиста муваффақ мегардад. Нишони арҷ гузоштан ба истиқлоли давлатӣ аз ҷониби қишрҳои мухталифи ҷомеа пеш аз ҳама иҷрои рисолати шаҳрандист. Ҳар шаҳрванде метавонад бо талошу меҳнати софдилона дар самти фаъолияти худ дар роҳи таҳкими истиқлоли давлатӣ саҳмгузор бошад. Омӯзгор бо донишу дарси хуб, донишҷӯ бо талошу заҳмат баҳри аз худ намудани асосҳои илму дониш, сохтмончӣ бо меҳнати ҳалол ва ғайра. Арҷгузорӣ ба истиқлол аз дарку фаҳмиш ва талошу заҳмати ҷомеа бармеояд. Ҳамон вақт истиқлол кафили зиндагии шоистаи мо мегардад, ки пеш аз ҳама худи мо рисолати касбӣ ва шаҳрвандиамонро аз будаш зиёд иҷро намоем.

Имрӯз бо мақсади баланд бардоштани маърифтаи ҷомеа дар заминаи илму дониш, ҳар як шаҳрванди кишварро лозим аст, ки фаъолияти худро бо дарназардошти талаботи замони муосир роҳандозӣ намуда, тамоми имконотро баҳри тарбияи насли бофарҳангу ватандӯст, ворисони арзандаи сарзамини аҷдодӣ, ҳамчунин омода намудани кадрҳои болаёқат ва ҷавобгу ба талаботи замони муосир равона созад.

Бо мақсади рӯҳбаланд қишри соҳибмаърифату зиёӣ ва дастгирии ин самти афзалиятноки ҷомеа ба мушкилоти сиёсӣ нигоҳ накарда, соли 1996 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо олимони мамлакат мулоқот намуданд. Маҳз ҳамин мулоқот бо доираҳои илмии кишвар боиси боз ҳам мукаммал гардидани фаъолияти олимон шуд. Дар ин вохурӣ Сарвари давлат тариқи суҳбати ошкоро ба донишмандону фозилони кишвар масъалаҳои мавҷудаи мушкилоти соҳаи илм ва муассисаҳои илмию таҳиқотиро дар давраи гузариш ва роҳҳои ҳаллу фасли мушкилоти соҳаро мавриди баррасӣ қарор дода, нақши тақдирсози илм ва нерӯи зеҳниву ақлонии ҷумҳуриро дар инкишофи босуботи иқтисоду фарҳанг ва ташаккули тафаккури созандаву ватандӯстонаи шаҳрвандон муҳим арзёбӣ намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди роҳбарияти Академияи миллии илмҳо ҳамчун муассисаи пешбарандаи соҳа ва тамоми олимон аз рӯзҳои нахуст вазифа гузоштанд, ки илм ба шароити нав мутобиқ карда шавад. Яъне тибқи талаботи ҳаёти иқтисодӣ ва моддию маънавии кишвар ба роҳ мондани фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ. Ба ҳамагон маълум аст, ки асри ХХI – асри рушди босуръати илму техника ва технологияҳои нав, зуҳӯри уфуқҳои нави илм ва таҳаввулоти ҷиддии илмию техникӣ мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама вохӯриҳо бо аҳли зиёи кишвар даъват менамоянд, ки олимону кормандони Академияи миллии илмҳо ва муассисаҳои таҳқиқотӣ дар самти пажӯҳиш, тарбияи кадрҳои илмӣ чораҳои самаранок андешида, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифат ва фаъолияти пурсамари илмӣ аз тамоми имконот истифода намоянд.

Ҷашни Истиқлоли давлатӣ муборак бошад ҳамватанони азиз!