Табрикоти президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба муносибати Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ
Ҳамватанони гиромӣ, олимону кормандони азиз!
Ҳамасола 30- юми сентябр дар кишвари соҳибистиқлоламон Тоҷикистони азиз Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ бо шукуҳу шаҳомоти хосса таҷлил мегардад. Қайд кардан зарур аст, ки ин ташаббус аз соли 2009 дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти №664 "Дар бораи таҷлили зодрӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ" рӯи даст гирифта шуд.
Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ (Румӣ) соли 1207 дар шаҳри Балх ё дар Вахши Тоҷикистон ба дунё омадааст. Номаш Аҳмад Ҷалолуддин тахаллусаш ба Мавлавӣ машҳур аст. Падараш аз олимони Балх буд. Дар ибтидои ҳуҷуми муғулҳо ӯ бо волидайни худ аз Вахш ба Балху Самар – қанд ва Нишопур сафар кардааст. Баъдан оилаи онҳо аз Нишопур ба Ҳиҷоз мекӯчанд. Соли 1232 дар Қуния, назди Бурҳонуддин Муҳаққиқи Тирмизӣ илми тасаввуфро аз худ мекунад. Мавлоно Балхӣ соли 1273 дар Қунияи Рум вафот кардааст. Бузургтарин асари ӯ «Маснавии Маънавӣ», ки соли 1259 ба навиштаи ин асар сар кардааст ва зиёда аз 10 сол ба эҷоди ин асар машғул гаштааст. Мавзуи асосии ин асар масъалаҳои тасаввуф мебошад. Аз шоир ба мо 50-ҳазор байт, 1600 рубоӣ боқӣ мондааст.
Оламе гарму пуршӯре туфонӣ, саршори ишқу меҳру сӯзу гудоз, ранҷе бархоста аз шавқу иштиёқ дар пардаи зеҳн зинда мешавад. Муҳаққиқон ба он назаранд, ки тамоми шаш дафтари “Маснавӣ” ба гунае иборат аз шарҳу тафсири ҳамин муқаддима пуршур аст. Бозгаште, ки танҳо аз роҳи ишқ, ишқи таҳаввулгарду комилсоз, инсонсоз, ҳастинофарин муяссар аст. Вале воқеат он аст, ки Мавлоно дар мақтаи муайне аз таълифи “Маснавӣ” оғоз кард, вале то он замон, замонаи иншоӣ ин шоҳкори гаронсанг тӯли солҳо дар бистари ғазалиёти дилошӯбе омода шуда буд. Ғазалиёте, ки дар “Девони шамс” ё “Девони кабир” фароҳм омадаанд.
Дар ибтидои замон дар перомуни рӯзгору ҷаҳони рангину пуррамзу нози Мавлоно ҳазорон мақолоту китобҳо таълиф шуда ва агар ҷамъоварӣ шавад, шояд китобхонаи бузурге шавад. Воқеан ҷозибае биловасф дар домани ҳар ғазале дар ҳоли ҷӯшиш аст, ки зеҳну қалбро, вуҷудро ба худ мекашад, равони инсонро нерӯе шодофарин, ҷунбанда, пуртаҳаррук медиҳад. Дунёи шигифтаангези андешаву афкор, калому гуфтори Мавлоно дар тӯли қарнҳо ҳамвора таваҷҷуҳи пажӯҳандагону донишмандони ақсои ҷаҳонро ба худ ҷалб намудааст. Ҳар яке аз ин дарёи ҳамеша хурушон дуру гавҳаре ёфта ва пеши азамату шукӯҳи кохи бузурги андеша ӯ сари эҳтирому таъзим фуруд овардааст.
Дар паҳнои адабиёти форсӣ мо шоирони бузурги соҳибдевони зиёд дорем. Шоироне, ки ашъорашон шабоҳатҳои зиёди мазмунӣ даранд. Ағлаб аз чақидаҳои зеҳни якдигар суд ҷустаанд, зери таъмири андешаву ҷаҳони фикрии якдигар мондаанд. Вале девони Мавлоно дар қиёс бо онҳо ҳоло ҳавои дигаре дорад.
Дар ин ҳошия бо ибтикори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон санаи 21-уми сентябри соли ҷорӣ як зумра олимони ҷавону муҳаққиқони осори Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ бо мақсади шиносоии бештар ба осору афкор ва шахсияти ин орифи бузург, донишманди беназир, нодираи илму адаби ҷаҳонӣ аз мавзеи боғи ба номи Ҷалолуддини Балхӣ ва хона-музейи ин чеҳраи тобноки олами илму маърифат воқеъ дар шаҳраки Балх, ки маркази маъмурии ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ мебошад, дидан карданд.
Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ муборак бошад ҳамдиёрони азиз!

ОЛИМОНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО ВАЗИФАДОРАНД, КИ ДАР ИҶРОИ СЕ ҲАДАФИ СТРАТЕГИИ ДАВЛАТ – ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ, РАҲОӢ АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ ВА ҲИФЗИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ МАМЛАКАТ НАҚШИ ФАЪОЛОНА ДОШТА БОШАНД.
News
Нашрияи мазкур, ки аз моҳи сентябри соли 2025 дар назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъсис ёфтааст, ҳадаф дорад равандҳои муосири рушди илм, навоварӣ ва комёбиҳои олимони ватаниро ба таври фарогир инъикос намояд.
Дар шумораи навбатӣ гузоришҳо оид ба рӯйдодҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва баррасии масъалаҳои мубрами рушди соҳаҳои гуногуни илм ҷой дода шудаанд.Нашрияи «Илм ва инноватсия» ба муаррифии дастовардҳои олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон равона гардида, барои ташвиқ ва рушди фарҳанги илмӣ дар ҷомеа мусоидат мекунад.
Мақолаи президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо ҳамин унвон дар Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзномаи "Ҷумҳурият" ба нашр расид.
7 январи соли 2026 № 3 (25 370)
6 январи соли 2026 дар маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҷлиси солонаи Шуъбаи илмҳои физикаву математика, химия, геология ва техникии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки аъзои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, роҳбарони муассисаҳои илмию тадқиқотии АМИТ доир гардид, ки дар он гузориши ноиби президенти АМИТ Амонзода И.Т. оид ба натиҷаҳои асосии фаъолияти илмӣ ва илмиву ташкилии Шуъбаи илмҳои физикаву математика, химия, геология ва техникии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026 мавриди баррасӣ, муҳокима ва тасдиқ қарор гирифт.
Дар гузориш аз ҷумла, зикр карда шуд, ки Шуъбаи илмҳои физикаву математика, химия, геология ва техникии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолияти илмӣ ва илмиву ташкилии худро дар соли 2025 тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин аз ҷониби Президиуми Академияи миллии илмҳо гузошта шудаанд дар доираи амалисозии Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030, инчунин тибқи самтҳои афзалиятноки илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ, техникӣ дар соли 2025 ба роҳ монда, нерӯи илмиро барои тараққӣ додани тадқиқоти илмии бунёдӣ ва амалӣ, ҳамоҳангсозии корҳои илмию тадқиқотии академӣ, соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ, амалӣ намудани сиёсати илмию техникӣ, таҳлили рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва илмиву технологии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳияи тавсияҳои дахлдор, омӯзиши дастовардҳои илм ва техноло¬гияи ҷаҳонӣ, мусоидат ба истифодаи ин дастовардҳо дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муайян кардану дастгирӣ намудани муҳаққиқони ҷавони лаёқатманд, мусоидат ба рушди эҷодии олимони ҷавон, тарбияи кадрҳои илмии тахассуси олӣ равона кард ва дар ин муддат ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.
Дар соли 2025 олимони Шуъбаи илмҳои физикаву математика, химия, геология ва техникии Академияи миллии илмҳо тадқиқотро аз рӯйи 34 мавзӯъ идома дода, натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд.
Аз рӯйи натиҷаҳои илмии бадастомада дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кормандони муассисаҳои илмии АМИТ зиёда аз 2270 кори илмӣ, аз ҷумла беш аз 30 китобу монография, маҷмӯаҳои илмӣ, брошюра, тавсиянома, 2220 мақолаҳои илмӣ ва илмию оммавӣ, аз онҳо 140- мақолаҳои Scopus; 182 – мақолаҳо дар маҷалаҳои тақризшавандаи КОА ФР; 353 - дар маҷалаҳои тақризшавандаи КОА ҶТ; 333 – мақолаҳо дар РИНС; 148 – мақолаҳо дар дигар маҷалаҳои ғайри тақризшавандаи КОА; 410 - мақолаҳои илмӣ-оммавӣ; 317 - фишурдаи баромадҳо дар конференсияҳои байналмилалӣ; 325 - фишурдаи баромадҳо дар конференсияҳои ҷумҳуриявӣ нашр намудаанд.
Дар соли 2025 аз тарафи олимони АМИТ 23 патент, аз он ҷумла 2 патенти Авруосиёгӣ ва 2 патенти Ҷумҳурии мардумии Чин ва 19 патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироот, инчунин 4 қарори мусбат оид ба додани патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироот ба даст оварда шуд.
Барои истифодаи амалӣ дар истеҳсолот 8 коркард ва таклифу тавсияҳои олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Дар ин сол инчунин, кормандони муассисаҳои зертобеъ дар корҳои тарғиботию ташвиқотӣ фаъолона ширкат варзида аз ҷониби онҳо 397 адад мақолаҳои илмӣ-омавӣ нашр шуда дар 487 барномаҳои телевизионӣ ва радиёии вобаста ба самти фаъолияташон иштирок намудаанд. Кормандони муассисаҳо дар ин сол дар 97 чорабинҳои гуногуни сатҳи АМИТ ва ҷумҳуриявӣ иштирок намудаанд.
Қайд кардан зарур аст, ки дар пешбурди таҳқиқоти илмӣ ва омода намудани кадрҳои соҳибдараҷа ва унвони илмидошта саҳми тамоми узви пайваста ва узви вобастаи АМИТ, ки дар Шуъбаи илмҳои физикаву математика, химия, геология ва техникӣ кору фаъолият менамоянд ниҳоят зиёд аст. Дар давоми соли 2025 онҳо 15- монография; 8- патент ва нахустпатент; 45- мақолаҳои Scopus; 30 – мақолаҳо дар маҷалаҳои тақризшавандаи КОА ФР; 69 - дар маҷалаҳои тақризшавандаи КОА ҶТ; 59 – мақолаҳо дар РИНС; 8 – мақолаҳо дар дигар маҷалаҳои ғайри тақризшавандаи КОА; 17 - мақолаҳои илмӣ-оммавӣ; 257 - фишурдаи баромадҳо дар конференсияҳои байналмилалӣ ва фишурдаи баромадҳо дар конференсияҳои ҷумҳуриявӣ нашр намуда 16 номзади илмро тайёр намудаанд.
Дар самти ҳамкориҳои байналмилалӣ бо муассисаҳои хориҷи кишвар 34 адад созишномаи ҳамкорӣ ва ёддоштҳо ба имзо расонида шудааст. Бо дигар ташкилот ва муассисаҳои илмии ҷумҳурӣ оид ба ҳамкорӣ 14 созишнома ва ёддошт ба имзо расидааст.
6 январи соли равон дар Шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фарматсевтии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷаласаи ҳисоботии солона бо иштироки аъзои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва кормандони шуъба баргузор гардид.
Дар ҷаласа ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, раиси Шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фарматсевтии АМИТ, доктори илмҳои тиб, профессор Ибодзода Саидмуқим Тиллохӯҷа бо маърӯзаи ҳисоботӣ баромад намуда, натиҷаҳои асосии фаъолияти илмӣ-тадқиқотии аъзои АМИТ ва кормандони шуъбаро дар давоми соли гузашта мавриди таҳлил қарор дод.
Дар маърӯза корҳои илмии дар давоми сол ба анҷом расонидаи аъзои АМИТ ва кормандони шуъба ва самтҳои афзалиятноки рушди минбаъдаи илми тиб баррасӣ гардиданд.
Зикр гардид, ки дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳои Раёсати АМИТ, фаъолияти илмӣ бояд бештар ба таҳияи лоиҳаҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар заминаи мавзуъҳои афзалиятнок, истифодаи васеъи технологияҳои муосир дар амалия, инчунин ҷорӣ намудани имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар равандҳои таҳқиқотӣ равона карда шавад. Ҳамзамон, таҳияи лоиҳаҳои илмӣ дар асоси омӯзиш ва истифодаи растаниҳои шифобахши ватанӣ дар доираи барномаҳои давлатӣ бояд мавриди назар бошанд.
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти илмӣ тақвияти ҳамкории илмӣ ва амалӣ, баланд бардоштани сифати таҳқиқоти илмӣ ва татбиқи натиҷаҳои онҳо дар соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин раванд, ҷалби мутахассисони ҷавонон ба корҳои илмӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва баланд бардоштани сатҳи касбии олимон аз масъалаҳои калидӣ арзёбӣ шуд.
Ҳамзамон, дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаи тасдиқгардидаи Раёсати АМИТ таъкид гардид, ки иштироки фаъолонаи олимони соҳа дар таҳия, такмил ва таҳрири китобҳои дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, миёнаи махсус ва олӣ бояд тақвият ёбад.
Дар ҷаласа аъзои АМИТ ва иштирокчиён вобаста ба масъалаҳои рушди илми тиб, роҳҳои баланд бардоштани самаранокии таҳқиқот, татбиқи навовариҳои илмӣ ва тақвияти ҳамкориҳои байнисоҳавӣ фикру мулоҳизаҳо ва пешниҳодҳои худро иброз намуданд.
1. Дар соли 2026 Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор карда шавад.
2. Низомнома, ҳайати комиссия ва ҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм -фурӯғи маърифат» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2 ва 3).
3. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, вазоратҳои фарҳанг, саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, оид ба таҳсилоти ибтиодӣ ва миёнаи касбӣ, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд доир гардидани Озмуни мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.
4. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ иҷрои талаботи амри мазкурро таъмин намуда, барои ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён, аспирантону докторантон ва қишрҳои дигари ҷомеа, ки ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, инчунин ихтироъкориву навоварӣ шавқу рағбат доранд, чораҷӯйӣ карда, ғолибонро бо ҷоиза ва омӯзгорони онҳоро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд гардонанд.
5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои соли 2026 пешбинӣ гардидаанд, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баргузории Озмуни мазкур 9 870 000 (нуҳ миллиону ҳаштсаду ҳафтод ҳазор) сомонӣ ба таври нақд ҷудо намояд.
6. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи мақсадноки маблағи ҷудошударо таъмин карда, оид ба хароҷоти анҷомдода ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.
7. Назорати иҷрои амри мазкур ба зиммаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарпарасти соҳа) гузошта шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
1 январи соли 2026
№АП-950
31 декабри соли 2025 мулоқоти роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷӣ ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сурат гирифт.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба таъсиси Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Инчунин, ҷонибҳо роҷеъ ба масоили ҳамкориҳои байналмилалии илмию фарҳангӣ мубодилаи афкор намуданд.
Иштироки намояндаи АМИТ дар семинари байналмилалӣ оид ба бостоншиносии рақамӣ дар шаҳри Сиани Ҷумҳурии мардумии Чин
Директори Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон дар назди Институтит таърих, бостоншиноӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши АМИТ Абдураҳмон Пӯлотов аз 16 то 25 декабри соли 2025 дар аввалин Курси омодасозии мутахассисони бостоншиносии рақамӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар Маркази таҳқиқоти муштарак оид ба бостоншиносии Роҳи Абрешими Донишгоҳи шимолу ғарбии Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, иштирок намуд.
Дар ҷараёни ин семинари омӯзишӣ иштирокчиён бо пешрафтатарин технологияҳои рақамӣ дар соҳаи бостоншиносӣ, аз ҷумла фотограмметрия, моделсозии сеандоза (3D), сканеркунии лазерӣ, коркарди маълумоти рақамӣ ва усулҳои муосири ҳифз ва муаррифии мероси фарҳангӣ шиносоӣ пайдо карданд.
Дар татбиқи барномаи омӯзишӣ ташкилотҳо ва ширкатҳои махсусгардонидашудаи технологӣ низ фаъолона саҳм гузошта, таҷҳизоти муосир ва роҳҳои амалӣ дар соҳаи харитасозии рақамӣ, сканеркунии сеандоза, моделсозии фазоӣ ва коркарди маълумоти геомасофавиро муаррифӣ намуданд. Ин ҳамкории илмӣ-технологӣ ба иштирокчиён имкон дод, ки донишҳои назариявиро мустақиман дар заминаи таҷрибаи амалӣ аз худ намоянд.
Ҳамзамон, дар семинари мазкур намояндагон ва бостоншиносони ҷавон аз кишварҳои ҳамсоя – Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Туркманистон низ иштирок намуда, дар фазои ҳамкории касбӣ ба табодули таҷриба ва донишҳои илмӣ пардохтанд.
Иштироки Абдураҳмон Пӯлотов дар ин чорабинии байналмилалӣ ҳамчун қадами муҳим дар самти ворид намудани технологияҳои муосири рақамӣ ба бостоншиносӣ ва фаъолияти осорхонавии Тоҷикистон арзёбӣ шуда, барои рушди ҳамкориҳои илмӣ-фарҳангӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Мардумии Чин заминаи мусоид фароҳам овард.