Пӯшидани либоси покизаю ороста ва бо тартиб нишонаи низоми фикрӣ ва завқи солимдоштаи инсонро ифода мекунад, зеро касе, ки аз парешонӣ ва ошуфтагӣ дур бувад, ба шакли пӯшиши худ аҳамият медиҳад. Либоси инсон бояд муаррифгари ҷинси ӯ бошад. Бинобар ин, яке аз авомили нишоту шодмонӣ равонӣ пӯшидани либоси фарқкунанда ба ҳисоб меравад. Истифода аз рангҳои нек дар либос асароти хубро дар афзоиши ҳаракат, фаъолият ва пешрафти кори кас такмил медиҳад ва дар саломатии рӯҳии шахсиятии афрод муассир хоҳад буд.
Аз маҷмӯи натиҷаи таҳқиқоте, ки олимони гуногун дар бораи либос анҷом додаанд, фаҳмида мешавад, ки либос посухгӯйи се ниёзи одамӣ аст. Яке ин ки ӯро аз сармою гармо ва барфу борон ҳифз мекунад. Дигар ин ки барои ҳифзи иффат ва шаъну шараф чун василае ба ӯ кумак мекунад. Саввумин бошад, баҳри оростагӣ ва зебоию виқор истифода мешавад.
Агар ба гурӯҳҳои гуногуни ҷомеа назар андозе, мебинем, ки либоси занон, мардон ва кӯдакон аз ҳам тафовут доранд. Пӯшоки мардуми деҳот аз пӯшоки мардуми шаҳрнишинон фарқ дорад. Занони хонанишин либосҳои мутафовит ба бар доранд ва либосе, ки занони коргар ба тан мекунанд, аз рӯйи таносуби кори хеш фарқ дорад. Аҳли табақоти мухталифи ҷомеа низ вобаста ба вазъи иқтисодӣ либосҳои гуногун мепӯшанд. Бешак, шароити иқлимии ҳар минтақа низ бар навъи либоси мардуми он таъсир мегузорад.
Албатта, маънии либос ба ҳама ошно буда, ниёзе ба таъриф надорад. Аммо, фарҳангро лозим аст, ки таърифу баррасӣ кунем ва мақсади худро аз фарҳанг баён кунем.Фарҳанг иборат аз кулли биниш ва нигариш аст, ки як ҷомеа нисбат ба ҷаҳон дорад . Ин биниш ва нигариш ҳамон маъноеро фаро мегирад, ки он ҷомеа барои ҳастии инсон қоил аст ва он ҳама арзишу равишҳои фарду ҷамъиятро дар бар дорад. Ба иборати дигар гӯем, фарҳанги як қавм дар вуҷуди мухталифи зиндагии онҳо, аз қабили саъат, иқтисод, идоракунӣ, шаҳрсозию меъморӣ ва ҳунар таҷалло мекунад. Фарҳанг ба манзалаи рӯҳест, ки дар колбуди тамаддуни он қавм ҷараён дорад.
Робитаи либос ва фарҳанг ба андозае қавӣ аст, ки вақте як хориҷӣ вориди муҳите мегардад, нахустин аломате, ки боиси шинохти ӯ мешавад, ҳамон либоси ӯст. Гӯё инсон ва либосаш бо якдигар суҳбат мекунанд ва ҳар фард ба забони либоси хеш худро муаррифӣ менамояд, ки ман кистам ва аз куҷоям?
Омилҳои муассири ба бар кардани пӯшокҳои гуногун аз ин қабил мебошанд:
1. Шароити муҳит ва ҷуғрофӣ;
2. Ҳолу аҳволи зиндагии сокинони ҷомеа;
3. Ҷанг ва вазъиятҳои сиёсӣ;
4. Шароит ва вазъи иқтисодӣ;
5. Одобу русум ва эътиқоди мазҳабӣ;
6. Низоми табақоти ҳукмфармо дар ҷомеа;
7. Равобити фарҳангӣ ва иқтисодию сиёсӣ бо кишварҳои ҳамсоя;
Инсоне, ки аз рангҳои равшан ва нек дар пӯшок истифода мекунад аз оромиши равонӣ бештар бархурд мегардад. Аз ин гуфтаҳо маълум мешавад, ки кайфият ва чӣ гунаи либос ҳам аз назари ранг, ҳам аз назари мудел ва ҳам аз назари оростагию фарқгузорӣ нишонаи шахсияти неки инсон аст. Басо афроде, бо пӯшидани навъи хосе аз либосҳо дучори таҳқири шахсияте мешаванд ва ба ҳама рафтору аъмолашон тағйир пайдо мекунад.
Дар кишвари азизамон пӯшидани либоси миллӣ дар қиёс бо ҷумҳуриҳои ҳамсоя бештар роиҷ аст. Зеро мо, тоҷикон анъанаҳои милии худро дорем ва ба арзишҳои миллӣ ҷонибдор мебошем. Аз маъруфтарин ва машҳуртарину маҳбубтарин либосҳои миллии мо, тоҷикон либоси чакан, атлас, зардӯзӣ ва гулдӯзиро метавон ном бурд. Либосҳои мазкур ҳар кадомашон таърихи тӯлонӣ доранд, ки дар тӯли он маҳбубияти худро то кунун нигоҳ доштаанд.
Аз сарчашмаҳо аён аст, ки тоҷикон ҳамчун миллати саноатӣ, шаҳрдор ва эҷодкор дар офариниши мероси бузурги тамаддуни башарият саҳми босазо гузоштаанд. Халқи тоҷик чун кошиф ва ихтироъкори абрешим, матоъҳои абрешимӣ, аз ҷумла атласи оламшумул дар ақсои олам шуҳратёр гаштааст. Ҳанӯз аз замонҳои қадим матоъҳои атласу адрас қимати баланд доштанду шоҳону сарватмандон ба ҳомиёну сарлашкарони худ ба нишони иззату икрои пироҳаншои зарбофти аз ҳамин матоъҳо омодашуда тақдим менамуданд.
Либоси миллӣ як рукни фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз гузаштагон аст, ки дар тӯли қарнҳо зебоиашро гум накардааст ва минбаъд низ гум нахоҳад кард. Солҳои охир таваҷҷуҳи роҳбари давлат ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби либоси миллӣ зиёд гардидааст. Зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат маҳсуб гашта, яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддуни миллатҳои гуногуни дунё либоси миллии онҳост. Вақте сухан аз либоси миллӣ меравад, ҳатман симои занон бо сару либоси хосаи зебо дар пеши назар меояд, чаро ки занро олиҳаи ҳусн мегӯянд.
Дар ҳақиқат, солҳои охир ташвиқу тарғиби фарҳанги ғайр ва бегонапарастии занону духтарон ба тадриҷ афзудааст, ки аз камандешии онҳо шаҳодат медиҳад. Пайдост, ки либоси миллӣ бозгӯкунандаи анъанаҳои миллӣ ва фарҳанги миллӣ мебошад. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки фарҳангу анъанаҳои аҷдодии хешро пос дорем. Нагузорем, то ин ки фарҳангу тамаддуни ҳазорсолаи миллати куҳанбунёди тоҷик омехтаи дигар фарҳангҳо гардад ва ё аз байн равад.
Фозилова Давлатбахт Миралибековна – номзади илмҳои физика ва математика ходими илмии Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ
Ҳакимова Зумрат Джамшедовна – ходими илмии Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ