Яке аз вижагиҳои Паёми имсола, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2024 ироа гардид, ин тақвияти ҳамкории зич бо созмони махсусгардонидашудаи СММ дар соҳаи маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) мебошад.
Дар Паём чунин омадааст: «Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО ба хотири гиромидошту арҷгузорӣ ба нобиғаҳои миллат, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва муаррифии шоистаи онҳо дар арсаи байналмилалӣ талошҳои пайваста ба харҷ медиҳад. Моро зарур аст, ки ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати худ ва муаррифии боз ҳам бештари онҳоро дар арсаи байналмилалӣ ҳадафмандона идома диҳем».
Дар ин робита Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазоратҳои дахлдори ҷумҳурӣ супориш доданд, ки маводи заруриро вобаста ба таҷлили 2550 – солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир омода ва ба ЮНЕСКО пешниҳод намоянд.
Ин ташаббуси Пешвои миллат метавонад таваҷҷуҳи тамоми ҷомеаи ҷаҳонро ба миллати бунёнсози аввалин Эъломияи ҳуқуқи башар ва фарзанди барӯманди он - Куруши Кабир, ба таъриху фарҳанги ғанӣ ва санадҳои муҳимми таърихии он ҷалб намуда, ҳамчун василаи эҳтиром, эътироф ва риояи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хидмат намояд. Мо ин ташаббуси пурарзиши Пешвои миллатро саривақтӣ ва бисёр муҳим арзёбӣ намуда, онро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем.
Бояд тазаккур дод, ки Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир қутбнамои маънавӣ, сарчашма ва раҳнамои фарҳанги маънавии миллӣ ва умумибашарӣ, инъикоси ғояҳои демократияи аҷдодӣ, ваҳдати маънавӣ - пояи сулҳи шаҳрвандӣ, тинҷиву оромӣ ва шукуфоии кишварамон мебошад. Таҷрибаи ҷамъиятию сиёсии ниёгони мо дар бунёди давлатдорӣ ва татбиқи ҳокимияти одилона дар хотираи таърихии халқи тоҷик абадан нақш бастааст.
Аз Паём бармеояд, ки мо бояд нобиғаҳои миллати худро шиносем, гиромӣ дорем ва аз онҳо арҷгузорӣ намоем.
Куруши Кабир чӣ гуна шахсият буд?
Куруши Кабир (соли таваллуд 590, соли вафот 530 пеш аз мелод, соҳиби 5 фарзанд, падараш шоҳ Камбиси I, модараш шоҳзан Мандана) ба империяе асос гузошт, ки дар як муҳлати кӯтоҳ Лидия, Мод, Суғду Бохтар, Бобул, Байнаннахрайн, Сурия, Порт, Ҳиндустон ва ғайраро ба ҳайати империяи Ҳахоманишиён шомил сохт. Воқеан, империяи Ҳахоманишиён ба ҳамкории халқу миллатҳои гуногун, дину мазҳабҳо ва маданияту фарҳанги гуногун асос ёфта буд. Куруши Кабир тавонист, ки худуди давлати Ҳахоманишиёнро аз баҳри Миёназамин то Хоразм, аз Хоразм то Уқёнуси Ҳинд васеъ намояд ва дар умум ин империя дар се қитъа - Осиё, Аврупо ва Африқо ҷойгир буд.
Куруши Кабир пас аз ворид шудан ба шахри бошукӯҳи Бобул дар соли 539 то милод барои озодии миллатҳои гуногун фармоне содир кард, ки ба воситаи он ҳазорҳо нафар аз қайди асорати Бобулиҳо озод шуданд ва ба ватани худ баргаштанд. Куруши Кабир ҳамеша дар андешаи он буд, то чӣ амале анҷом дихад, ки пас аз ӯ мардумони гуногуни дар каламрави давлаташ истиқоматдошта осудаву ором зиндагӣ кунанд ва бо ҳам муттаҳид шаванд. Дар империяи бузурги Ҳахоманишиён, ки Куруши Кабир (559-530 п.м.) онро идора мекард, беш аз 70 халқу миллатҳои гуногун муттаҳид шуда буданд ва ба шарофати қабули Эъломияи ҳуқуқи башар ва дар асоси он ӯ тавонист ҳуқуқу озодиҳои онҳоро мавриди ҳифз қарор бидиҳад.
Куруши Кабир як мубашшири сулҳ, шахси башардӯст ва тарафдори ҳамзистии мусолиматомез, озодии адён, мудофеи ҳуқуқҳои инсон буд ва ба одобу русум ва эътиқоди этносҳои гуногуни давлаташ эҳтиром мегузошт.
Куруши Кабир кадом ҳуқуқу озодиҳои инсонро эълон намуд?
Дар Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир бори нахуст ҳуқуқ ба озодӣ (банди 2); ҳуқуқ ба озодии дину мазхаб ва тоату ибодат (банди 5); ҳуқуқ ба озодии ҳаракат ва интихоби ҷойи зист (банди 5); ҳуқуқ ба моликият (банди 3); ҳуқуқ ба адолати судӣ (банди 6); манъи шиканҷа (банди 2); ҳуқуқ ба озодии касбу кор (банди 5); эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои дигарон (банди 5) дарҷ гардидаанд.
Ҳуқуқҳое, ки тақрибан 2550 сол қабл Куруши Кабир дар Эъломияи худ муқаррар намуда буд, имрӯз ҷузъи асосии меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалиро ташкил дода, тавассути ин санадҳо вориди қонунҳои дохилидавлатии мамлакатҳои манотиқи мухталифи олам гаштаанд. Масалан, ҳуқуқ ба озодӣ (моддаи 3); ҳуқуқ ба моликият (моддаи 17); манъи шиканҷа (моддаи 7); манъи ғуломӣ ва ғуломфурушӣ (моддаи 8); ҳуқуқ ба интихоби озоди маҳалли зист (моддаи 12); ҳуқуқ ба адолати судӣ (моддаи 14); ҳуқуқ ба озодии дину мазҳаб (моддаи 18) ва дигар ҳуқуқҳои фитрӣ ва сиёсии муқаррарнамудаи Эъломияи умумии ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид (соли 1948) аз Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир (соли 539 пеш аз милод) маншаъ мегиранд.
Санади мазкур ақидаҳои инсонпарварона — баробарҳуқуқӣ, озодии эътиқоду динҳо, маънавият, таҳаммулпазирӣ, волоияти қонун, ваҳдати миллӣ, сулҳ, мубориза бар зидди зулму ситам ва ғайраро пешниҳод кардааст.
Ҳақ бар ҷониби Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар китоби худ «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» чунин қайд кардааст: "Шояд дар таърихи аҳди қадим ин эъломияи нахустин иқдомест сӯйи ҷомеаи дунявию адолатпарвар, ки дертар тавассути равшанфикрони Юнону Рим ба Аврупо роҳ ёфта, заминаи ҷомеаи ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва башардӯстонаро падид овард”.
Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир яке аз санадҳои қадимтарин, бунёдӣ ва консептуалӣ, сарчашмаи нодири ҳуқуқӣ-таърихии мардуми форсу тоҷик оид ба рушди давлатдорӣ мебошад, ки дар он кӯшиши таҳияи модели давлатдорӣ дар асоси арзишҳои маънавие, ки аз ҷониби ниёгони мо дар тӯли таърихи чандинҳазорсола гузошта шудааст, дарҷ ёфтааст.
Ин санад бузургтарин мероси маънавӣ дар миқёси умумибашарӣ мебошад. Ба шарофати ин санад халқи тоҷик дар тӯли ҳазорсолаҳо ҳуввияти худро ҳифз карда, дар заминаи меъёрҳо ва принсипҳои дар он дарҷёфта давлати ҳуқуқбунёди худро эъмор намуда истодааст. Ин санад ба халқи тоҷик дар роҳи миллат шудан ғизои маънавӣ дода, пуштибони ҳуқуқиву таърихӣ мебошад ва ҳамчун манбаи адонашавандаи илҳом ва нерӯи созандаи мардуми тоҷик хизмат хоҳад кард.
Барои таҷлили шоистаи 2550-солагии Эъломияи Куруши Кабир чӣ тадобире бояд гирифт?
Дар ин робита чанд пешниҳоди худро ироа менамоям. Аввал, дар шароити буҳрони фарҳангӣ ва маънавию мазҳабие, ки ҷаҳони муосирро фаро гирифтааст, ба мақсад мувофиқ ба назар мерасад, ки таҳлили илмӣ ва муқоисавию ҳуқуқии ин санад бо дигар санадҳои шабеҳи он гузаронида шавад. Таҳлили ин санад бояд дар робита бо равандҳои геополитикӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва маънавию мазҳабии ҷаҳонӣ ба таври васеъ ва амиқтар баррасӣ карда шавад, то ки он дар ҳаллу фасли масоили ҳоди ҷаҳони имрӯз саҳмгузор бошад. Олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бояд таҳқиқоти амиқи ин санадро гузаронанд ва ба он шарҳу тафсири илмӣ диҳанд, шабоҳатҳо ва фарқиятҳои байни онҳо, пеш аз ҳама дар заминаи ҳуқуқӣ, муайян карда шаванд ва таҳияи тавсияҳо барои татбиқи амалии онҳо дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ пешниҳод гарданд. Аз ин рӯ, Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир бояд ба феҳристи шоҳасарҳои мероси фарҳангии башарият шомил шавад. Ин ҳуҷҷат, ки ифодагари корнамоиҳои таърихии Куруши Кабир аст, бояд ба забонҳои асосии СММ тарҷума карда шавад.
Дуюм, бо иштироки давлатҳои Осиёи Марказӣ ва инчунин созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ – ЮНЕСКО, СҲИ, ЭКО, ИДМ, СҲШ ва ғайра, ки кишвари мо узви онҳо мебошад, бахусус, дар соли 2025 - соли раисии Тоҷикистон дар ИДМ, конференсияҳо ва симпозиумҳои байналмилалӣ бо даъвати коршиносони варзида оид ба ҳуқуқи инсон аз дигар кишварҳо ва созмону ташкилотҳои ҷаҳон доир гарданд. Маърӯзаҳо ва баромадҳои экспертон дар конференсия ва семинарҳо, инчунин мазмуни асосии муҳокимаҳо дар онҳо бояд дар шакли китоб ва буклетҳо ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр карда шаванд. Натиҷаи мубоҳисаҳои коршиносон бояд дар шакли тавсияҳо пешниҳод гардида, дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ интишор карда шаванд.
Ҳамин тавр, дар асари сиёсати хирадмандона ва созандаи Пешвои миллат дар арсаи байналмилалӣ, ки Паём ифодагари он мебошад, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳон ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ муаррифӣ мегардад. Бо муаррифии шоистаи нобиғаҳои миллати худ чун Куруши Кабир дар арсаи байналмилалӣ, гиромӣ доштан, арҷ гузоштан ва таҷлил намудани 2550 – солагии Эъломияи ҳуқуқи башари ӯ, ки бар эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ асос ёфтааст, халқи тоҷик як бори дигар ба ҷаҳониён ҳамчун як миллати тамаддунофар, сулҳдӯст, арҷгузори ҳуқуқ ва озодиҳои инсон будани худро собит менамояд.
Саидумар Раҷабов – мудири шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии ИФСҲ ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор.