Skip to main content

Ваҳдат ҳастии миллат ва пояи давлат аст! Ҳар давлату миллате, ки Ваҳдати миллиро ба даст меорад, метавонад ки дар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ пешрафт кунад ва мардумаш низ осуда зиндагӣ кунанд. Шукр аз он мекунем, ки бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ду ҷашни бузурги гаронарзиш, Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ ба даст омадааст, ки имрӯзҳо дар тамоми гушаву канори кишвари азизамон сулҳу амонӣ танинандоз аст.

Бо ин мақсад имрӯз (25.04.2024)бо ташаббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт роҳпаймоии идона ба муносибати ҷашни Ваҳдати миллӣ, ки ин ҳам як рамзи эҳтиром гузоштан ба парчами миллӣ – ҳамчун нишони сулҳу субот ва оромӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ ва Истиқлолияти Ватани маҳбуб – Тоҷикистони азиз мебошад баргузор гардид.

Дар роҳпаймоии идона олимону кормандон бо теъдоди 500 нафар иштирок намуда, аз самараи истиқлол ва Ваҳдати миллӣ, ки ҳамчун рамзи оромиву осоиштагии мардуми шарифи Тоҷикистон маҳсуб меёбад шукрона менамуданд.

Дар идома президенти Академияи милли илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар суханронии муқадимавии хеш ҳозиринро ба муносибати ҷашни Ваҳдати миллӣ табрику муборакбод намуда, таъкид дошт, ки Ваҳдат муҳимтарин арзиши ҷомеаи инсонӣ маҳсуб ёфта, кафолати зиндагии босубот ва шоиста мебошад. Аз таҷрибаи аксар миллатҳо ва вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ бармеояд, ки истиқлоли давлатӣ, озодӣ, соҳибихтиёрӣ ва ба ин монанд падидаҳои нодир дар заминаи ягонагӣ, якдилӣ ва дар умум ваҳдат таҳким меёбад. Ваҳдат калиди тамоми орзуву омол ва ормони ҳазорсолаи миллату халқиятҳо ба ҳисоб рафта, маҳз дар заминаи ин падидаи нодир метавон ба тамоми мақсадҳо ноил гардид. Ҳам таҷрибаи миллати тоҷик ва ҳам дигар халқҳо бори дигар дар давраи нави таърихӣ исбот намуд, ки бе ваҳдат нигаҳдошти истиқлоли миллӣ ва давлатӣ ғайримкон аст.

Дар идома бо қарори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои фаъолияти бисёрсола ва пурсамар дар академия ва дастовардҳои назараси илмӣ, тарбияи кадрҳои илмӣ ва тадбиқӣ дастовардҳои илмӣ дар соҳаҳои истеҳсолот, маориф ва фарҳанг ва ба ифтихори таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ кормандони илмии зерини муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо “Ифтихорнома” – и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамзамон дар ин рӯзи фараҳбахш барои болидарӯҳии иштирокдорони чорабинӣ барномаи рангини фарҳангиву фароғатӣ баргузор гардид.