Skip to main content

Дар ҳошияи татбиқи “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030"

Тибқи гузориши коршиносони созмони Шаффофияти байналмилалӣ (Transparency International) баровардашуда, вазъи коррупсия дар баъзе кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо бадтар шуда, сатҳи он дар соли 2023 баландтарин дар беш аз даҳ соли охир баён гардидааст.

Ҳамзамон Созмони Шаффофияти байналмилалӣ дар гузориши солонаи худ таҳти унвони "Шохиси дарки коррупсия" (CPI) нашр кардааст. Он сатҳи фасоди бахшҳои давлатиро дар 180 кишвари ҷаҳон аз рӯи ҷадвал аз сифр (хеле баланд) то 100 (хеле паст) арзёбӣ кардааст.

Тибқи гузориши зикр гардида кишварҳои Аврупо, Дания соли шашум паиҳам аз ҳама баландтарини шохис бар зидди коррупсия номида шуд ва дар ин раддабандӣ ҷои аввалро ишғол кард. Дар ҷойҳои дуюм ва сеюм Финландия ва Зеландияи Нав ҷойгир шудаанд.

Бо вуҷуди ҷойгоҳи баланд дар феҳристи умумӣ, чанд кишвари демократӣ, аз қабили Шветсия (82), Нидерландия (79), Исландия (72) ва Британияи Кабир (71), аз замони нашри бори аввал дар соли 2012 баҳои пасттарини CPI гирифтаанд.

Флора Крессвелл, ҳамоҳангсози минтақавии созмони Transparency International дар Аврупои Ғарбӣ гуфт: «Пастшавии шохиси дарки коррупсия дар саросари минтақа дар Аврупои Ғарбӣ ва ИА нишон медиҳад, ки ҳукуматҳои Аврупо бояд дар мубориза бо коррупсия ва риояи волоияти қонун ҷиддитар кор кунанд.Кишварҳо бояд меъёрҳои худро баланд бардоранд ва меъёрҳои худро беҳтар иҷро кунанд, то мубориза бо коррупсияро тақвият бахшанд, низоми адлияро аз мудохила озод нигоҳ доранд ва аз вуруди гурӯҳҳои манфиатдори пурқувват ба сиёсат ҷилавгирӣ кунанд.»

Ба гуфтаи созмони Transparency International, дар беш аз чор се ҳиссаи кишварҳои минтақа мубориза бо коррупсия ё дар ҳоли таваққуф қарор гирифтааст ва ё нисбат ба пештара камтар фаъол ҳастанд.

Дар байни кишварҳои аврупоӣ холҳои баландтаринро Дания (90) дар боло зикршуда, Финландия (87) ва Норвегия (84) ва аз ҳама пасттаринро Венгрия (42), Руминия (46) ва Булғористон (45) ба даст овардаанд.

Аз 31 кишвари минтақа аз соли 2012 танҳо шаш кишвар рейтинги худро ба таври қобили мулоҳиза беҳтар кардаанд: амсоли Ҷумҳурии Чех (57), Эстония (76), Юнон (49), Латвия (60), Италия (56) ва Ирландия (77) ва ғайра.

Дар муқоиса бо натиҷаҳои CPI соли 2015, холҳои Австрия (71), Люксембург (78), Шветсия (82) ва Британияи Кабир (71) ба таври назаррас коҳиш ёфтанд.

Дар гузориш гуфта мешавад, ки Лаҳистон (54) дар даҳ соли охир ба далели «амалиёти ҳизби ҳокими собиқи Қонун ва Адолат (PiS) барои монополия кардани қудрат бар зарари манфиатҳои ҷамъиятӣ» ҳафт зина поин рафт. Он инчунин таъкид мекунад, ки Юнон (49) дар феҳристи соли 2023 ба далели мустақилияти заъфи низоми додгоҳиаш дар ҷои хеле паст қарор гирифтааст.

Шаффофияти Байналмилалӣ ҳамчунин ба як дастури ба тозагӣ пешниҳодшуда дар бораи мубориза бо фасоди Иттиҳодияи Аврупо ишора мекунад, ки дар сурати қабул шудан аз кишварҳои узв тақозо хоҳад кард, ки «ришвахорӣ аз хориҷи кишвар ҷиноят» мебошад.

Баъзе кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо аллакай ҳам пешниҳод ва ҳам талаби ришвахории хориҷиро ҷиноӣ кардаанд. Бо вуҷуди ин, онҳо ба муқобили мансабдорони хориҷӣ чорае наандешидаанд.

Бархе аз ҷанҷолҳои пурсарусадои коррупсионӣ дар таърихи нав ба “пулшӯӣ” тавассути бонкҳо дар кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо, аз қабили Дания (90), Олмон (78) ва Шветсия (82) дахл доранд. Нокомии ин ҳукуматҳо дар таъмини назорати муносиби сохторҳои бонкӣ яке аз сабабҳои таҳияи як ниҳоди нави мубориза бо “пулшӯӣ” дар сатҳи ИА мебошад.

Муаллифон инчунин дарёфтанд, ки Швейтсария (82), бо вуҷуди баҳои баланди худ дар CPI, эътибори худро ҳамчун яке аз «марказҳои шустушӯи пул»-и ҷаҳон аз даст надодааст, ки элитаи зидди коррупсионии хориҷӣ ба осонӣ метавонанд миёнаравҳоро барои таъсис ва идоракунии ширкатҳо ва эътимодҳо аз номи онҳо пайдо кунанд.

Аммо лоиҳаи қонун мавриди баррасӣ қарор дорад, ки ба зиммаи адвокатҳо ва дигар шахсони масъул ҷиҳати пешгирии амалиёти молиявии дорои хусусияти ҷиноятӣ ӯҳдадориҳои иловагӣ мегузорад.

Дар Ирландия (77), гузориш нишон дод, ки дастрасӣ ба феҳристҳои моликияти шахсӣ ниҳоят душвор аст ва мақомоти маҳаллӣ барои беҳтар кардани шаффофият имконият доранд.

Гузашта аз ин, тадқиқоти Transparency International муайян кардааст, ки дастрасӣ ба чунин маълумот барои ҷомеа, созмонҳои ғайридавлатӣ ва рӯзноманигорон дар саросари Иттиҳоди Аврупо ба таври қобили мулоҳиза маҳдуд шудааст.

Вақте, ки сухан дар бораи коррупсия меравад, қайд кардан зарур аст, ки «Стратегияи давлатии мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» фароҳам овардани фазои зиддикоррупсионӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқӣ ва фарҳанги зиддикоррупсионӣ, рафъи шароити умумии шаҳрвандон, аз байн бурдани ин омилҳо ва мубориза бо коррупсия падидаи манфӣ, мебошад.

Дар Тоҷикистон мубориза бо коррупсия яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳукумати кишвар ба шумор рафта, ба ин манзур ниҳодҳои дахлдор таъсис ёфта, асноди муҳим оид ба мубориза бо коррупсия таҳия ва қабул шудаанд.

Коррупсия яке аз хатарҳои асосии ҷомеа буда, монеъа барои рушди устувори давлат ва миллат шуда метавонад.

Ногуфта намонад, ки омилҳои коррупсия таҳдиди мустақим ба амнияти миллӣ буда, ба рушди институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, татбиқи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла ба ҳифзи иҷтимоӣ, муносибатҳои моликият, илму маориф зарар мерасонад.

Ҳамин тариқ, коррупсия ба рушди иқтисодиёт, низоми молиявӣ ва дар маҷмӯъ ба тамоми инфрасохтори давлат таъсири манфӣ мерасонад.

Таҷрибаи кишварҳои Аврупо дар мубориза бар зидди коррупсия барои кишварамон хеле муфид буда бояд барои пешгирии ин падидаи номатлуб мубориза бурда, шаффофият дар ҳамин самтҳо бояд нишон дода шавад. Бахусус назорати муносиби сохторҳои бонкӣ яке аз сабабҳои таҳияи як ниҳоди нави пулшӯӣ ва пешгири аз он мебошад, ки дар ин мубориза ба назар гирифта шавад. Ҳамчунин лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ба адвокатҳо ва дигар шахсони масъул ҷиҳати пешгирӣ амалиёти молиявии дорои хусусияти ҷиноятӣ “пулшӯӣ” уҳдадориҳо мегузорад, амалӣ гардад. Ҳоло шароити кунунии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ хело рушд карда истодааст, камбудиҳои дар ин роҳ бударо пешгирӣ менамояд ва дар сафи кишварҳои пешқадами мубориза бар зидди коррупсионӣ ҷои сазоворро мегирад. Саъю талошҳои амалигардидаи Тоҷикистон дар солҳои охир хело назаррас буда, умеди ояндаи дурахшони кишварамонро дар миёни ҷомеа боз ҳам меафзояд.

Воҳидова Санавбарбону - мудири шӯъбаи Аврупои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, доктори илмҳои таърих, профессор

Сарчашмаҳо:

Долорес Катанич (Dolores Katanich). Коррупция в Европе разрастается, согласно докладу Transparency International. 30.01.2024 (https://ru.euronews.com/business/2024/01/30/business-transoarency-international-c)

Закон Республики Таджикистан о борьбе с коррупцией. Министерство иностранных дел Республики Таджикистан. 01.03.2013. (https://mfa.tj/ru/main/view/2590/zakon-respubliki-tadzhikistan-o-borbe-s-korruptsiei)

Противодействие коррупции и реализация стратегий В ТНУ. Таджикский национальный университет. 02.12.2024 (https://tnu.tj/index.php/ru/protivodejstvie-korrupcii-i-realizacija-strategij-v-tnu/)