Skip to main content

(Дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 28.12.2024)

Таҳсилоти томактабӣ яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи маориф маҳсуб ёфта, аз ҷониби роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам дастгирӣ меёбад. Бинобар ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 2010 дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ (24.04.2010) таъқид намуда буданд: «Имрӯз вақти он расидааст, ки ба зинаи аввали низоми маориф, яъне тарбияи томактабӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад, зеро дар муассисаҳои тарбияи томактабӣ хиштҳои нахустини бинои шахсият ва ҷаҳонбинии инсон гузошта мешаванд».

Дар даврони соҳибихтиёрии кишвар бо мақсади барқарор намудани муассисаҳои томактабӣ ва рушди минбаъдаи онҳо бо ташаббуси Пешвои миллат як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул ва дастраси муассисаҳои томактабӣ гардонида шуданд. Бори аввал дар мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ» (аз 28.12.2013, №1056) қабул гардид, ки заминаҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии рушди соҳаи томактабиро муайян менамояд.

Тавре Пешвои миллат дар ҳамон Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар (24.04.2010) воқеъбинона дарҷ намудаанд дар самти таҳсилоти томактабӣ аз имкониятҳои бахши хусусӣ ҳанӯз ба таври лозимӣ истифода бурда намешавад. Вобаста ба ин, Президенти кишвар дар Паёми соли 2015 (23.01.2015) Вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор карда буданд, ки бо ҷалби имкониятҳои ташкилоту созмонҳои ғайриҳукуматӣ, бахши хусусӣ ва шахсони эҳсонкор доир ба таъсиси шаклҳои алтернативии муассисаҳои томактабӣ, таъмиру таҷдид ва таҷҳизонидани онҳо тадбирҳои муассир андешанд. Дар самти рушди муассисаҳои томактабии хусусӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014, №295 Барномаи давлатии рушди муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020 тасдиқ гардида буд, ки самтҳои асосии рушд ва тадбирҳои дастгирии давлатии рушди соҳибкории хусусиро дар самти ташаккул ва рушди муассисаҳои томактабии хусусӣ муайян менамуд. Тибқи Барномаи мазкур дар давоми солҳои 2014-2018 бояд 675 муассисаҳои таҳсилоти томактабии хусусӣ ташкил карда мешуд. Аз рӯи маълумоти шуъбаи иттилоотии низоми идоракунии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, масалан, соли 2019 дар ҷумҳурӣ 60 маркази хусусии инкишофи кӯдак бо фарогирии 1551 ва 153 муассисаи томактабии хусусӣ фаъолият менамоянд.

Соли 1991 дар ҷумҳурӣ 944 муассисаи томактабӣ мавҷуд буд ва 141 496 кӯдакро фаро мегирифт, ки дар муқоиса бо соли 2020-ум дар он сол 308 муассиса ва 44 918 кӯдак зиёд буд. Тавре медонем дар кишварамон бо ба даст омадани истиқлоли давлатӣ ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба амал омада, он дар баробари дигар соҳаҳо, ба соҳаи таҳсилоти томактабӣ низ таъсири манфии худро расонид. Пас аз истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои мазкур тадриҷан меафзояд. Масалан, соли 2020 теъдоди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар ҷумҳурӣ ба 636 адад расида, дар онҳо 96578 кӯдак таълиму тарбия мегирифтанд, ки дар муқоиса бо соли 2017-ум 21 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва 3525 нафар кӯдак зиёд буд. Дар маҷмуъ, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ тавре дар Паёми имсола (28.12.2024) Пешвои миллат арз доштанд дар кишвар 262 муассисаи томактабӣ сохта, ба истифода дода шуд. Агар дар муассисаҳои томактабӣ дар соли 2013 даҳ фоизи кӯдакони синни томактабӣ тарбият мегирифтанд, дар соли таҳсили 2017-2018 фарогирии кӯдакони синни томактабӣ 14,5 фоиз, аз ҷумла дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 35 фоиз, вилоятҳои Хатлон 9 фоиз, Суғд 14,6 фоиз, шаҳри Душанбе 26,2 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ 8,3 фоизро ташкил медод.

Бо вуҷуди корҳои то имрӯз дар соҳаи маориф амалигардида, Пешвои миллат зимни ироаи Паёми имсола (28.12.2024) ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм ва роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш доданд, ки бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ва зиёд гардидани шумораи кӯдакону наврасон тадбирҳои мушаххас андешанд. Яъне дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо дарназардошти ҳадафи гузошташуда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабро таъмин намоянд. Роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар панҷ соли оянда, бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ, барои дар ҳар як маҳалли аҳолинишин, ки 100 оила зиндагӣ мекунад, ҳатман бунёд кардани як муассисаи томактабӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

То ин давра ҷиҳати ба мактаб омода намудани кӯдаконе, ки ба муассисаҳои таълимии томактабӣ фаро гирифта нашудаанд, бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 январи соли 2015, №783 «Дар бораи фарогирии кӯдакони синни 7-сола ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар моҳи август» Вазорати маориф ва илм Барномаи омода намудани кӯдакони 6 – 7-соларо ба таҳсил дар синфи 1 бо давраи таълимии якмоҳа таҳия намуд. Дар моҳи августи соли 2018 барои иҷрои талаботи барномаи мазкур дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ 219 530 кӯдак ба ин давраҳои таълимӣ фаро гирифта шуда, барои таҳсил дар мактаб омода гардидаанд.

Яке аз омилҳои баланд гардидани сифати таълиму тарбия таъмини муассисаҳои таълими томактабӣ бо кадрҳои соҳибтахассуси педагогӣ ба шумор меравад. Масъалаи таъминоти кадрӣ дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии кишвар тадриҷан ҳалли худро ёфт. Агар дар соли 2007 шумораи кормандони соҳаи омӯзгорӣ дар муассисаҳои томактабӣ 4711 нафарро ташкил дода бошанд, соли 2020 дар муассисаҳои томактабии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 11682 нафар мураббӣ фаъолият менамоянд, ки дар муқоиса 6971 нафар зиёд мебошанд. Дар баробари дастоварди мазкур дар «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» (аз 22.06.2019, № 316) таъқид мегардад, ки ҳарчанд муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бо кадрҳои педагогӣ таъмин бошанд ҳам, вале сатҳи омодагии касбии мутахассисон ба талабот ҷавобгӯ нест ва минбаъд беҳбудиро талаб менамояд.

Хуллас, аз таҳлилҳо бармеояд, ки роҳбарияти давлат бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо ба инкишофи зинаи таҳсилоти томактабӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, ҷиҳати рушду нумуи минбаъдаи он дар «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» (аз 22.06.2019, № 316) чунин самтҳо афзалиятнок шуморида мешаванд:

- зиёд намудани муассисаҳои томактабии давлатӣ;

- сохтмони бинои нави муассисаҳои томактабӣ;

- таъмиру таҷдид ва зиёд намудани ҷойҳо дар муассисаҳои томактабии амалкунанда;

- баргардондани муассисаҳои томактабие, ки аз рӯи таъйинот истифода намешаванд;

- таъсиси муссисаҳои томактабӣ дар заминаи бинои кӯҳнаи муассисаҳо, ки соҳиби бинои нав мешаванд;

- ба роҳ мондани механизми ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ;

- ҷудо намудани қитъаи замин ва муҳайё сохтани шароит ҷиҳати таъсиси муассисаҳои томактабии хусусӣ тибқи талаботи қонунгузорӣ;

- баланд бардоштани мақоми мураббӣ-омӯзгор;

- такмил додани низоми музди меҳнати мураббиёни муассисаҳои таълимии томактабӣ ва зина ба зина баланд бардоштани он;

- бунёди низоми марказҳои кӯмаки машваратӣ ва методӣ барои оилаҳое, ки кӯдакони синну соли томактабиро дар хона тарбия менамоянд.

Холинова Мижгона Муборакшоевна - н.и.ҳ., дотсент, мудири кафедраи назарияи давлат ва ҳуқуқи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон