
Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо ҷиҳати даргузашти доктори илмҳои филология, сарходими илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо Мардонӣ Тоҷиддин Нуриддин андуҳманд буда, ба хонадон ва наздикони устоди арҷманд сабру таҳаммул хоҳонем.
Устоди арҷманд Тоҷиддин Мардонӣ солиёни дарозест, ки ба кори фикрӣ иштиғол варзида, дар муҳит ва ҳавзаҳои фикрию мадании миллӣ ба сифати шахсияти матраҳи илмӣ соҳибэҳтиром буданд. Муҳимтар аз ҳама устод ҳамчун ховаршиноси номии миллию минтақавӣ дар муаррифии шоистаю боистаи равияи вежаи адабиёти дузабона муваффақият касб карда, миёни доираҳои илмию фаннии ватанию хориҷӣ мақом ва ҷойгоҳи муносиб дарёфанд. Аҳли илму адаби ватанӣ ва доираи васеи хонандагони дохилию хориҷӣ аз мазмуну муҳтавои мероси таҳқиқии эшон, минҷумла китобу рисола ва монографияҳои ихтисосии “Дузабонии арабию тоҷикӣ дар шеъри асрҳои 1Х-Х” (Душанбе: Маориф, 1993. -165 с.), “Носири Хусрав ва адабиёти арабзабон” (-Душанбе, 2005), “Шеъри Ибни Сино ба забони арабӣ” (Душанбе: Ирфон, 2006. -126 с.), “Равобити адабии халқҳои арабу тоҷик” (-Душанбе: Ирфон, 2006. -400 с.), “Саҳифаҳое аз равобити адабии Арабу Аҷам” (-Душанбе: Ирфон, 2010. -233 с.), “Рӯдакӣ ва адабиёти араб” (-Душанбе: Ирфон, 2010. -128 с.), “Таъсири шеъри арабӣ ба эҷодиёти шоирони форсу тоҷики асрҳои Х1-Х11” (-Душанбе: “Дониш”, 2020. -380 с.), “Влияние арабской поэзии на творчество персидско-таджикских поэтов Х1-Х11 вв.” (-Душанбе: “Дониш”, 2020. -382 стр.) ва амсоли инҳо хуб огоҳанд. Аз ин ҷост, ки силсилапажӯҳишҳои илмию ихтисосии устод Мардонӣ Тоҷиддин дар омӯзишу таҳқиқи адабиёти дузабона ва равобити адабии арабу Аҷам барои доираи васеи хонандагону муҳаққиқон ҳамчун сарчашмаи муътамади илмӣ ва таҳқиқӣ хидмат мекунанд. Махсусан, таҳқиқоти академии устод дар робита бо таъсири шеъри арабӣ ба ашъори шоирони маъруфи асрҳои ХI-ХII, ки ба забони русӣ таҳти унвони “Влияние арабской поэзии на творчество персидско-таджикских поэтов ХI-ХII вв.” (-Душанбе: “Дониш”, 2020) интишор гардидааст, дар байни ҷомеаи академию мадании миллӣ ҳамовозӣ пайдо кардааст.
Ба ин тартиб, устод дар баробари доштани вежагиҳои мунҳасир ба фарди ахлоқӣ, иҷтимоӣ, эҷодӣ, фарҳангӣ ва адабӣ, аз махсусиёти ихтисосӣ – дар сатҳи илмӣ-академӣ донистани забонҳои арабӣ, русӣ ва тоҷикӣ бархурдор буданд. Воқеан, кам касонеро аз ҷумлаи ховаршиносони маъруфи ватанӣ метавон пайдо кард, ки забонҳои арабию русиро дар сатҳи академӣ дониста бошад. Ин аст, ки устод на танҳо дар ҳавзаҳои фикрию илмии тоҷик, балки дар муҳитҳои шарқшиносии минтақавӣ ва русӣ низ ба унвони шахсияти матраҳи илмӣ эътибору эҳтиром дорад.
Устод Тоҷиддин Мардонӣ дар баробари омӯзишу таҳқиқи бардавом, ҳамчунин солҳо вазифаи пурмасъули Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳуриҳои Туркманистон ва Узбекистонро низ бар дӯш гирифта, аз тариқи кору фаъолияти дипломатӣ дар таҳкими равобити ҳасанаи мутақобила ва тақвияти сиёсати хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштаанд. Ин аст, ки ҳайати кормандони Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хидматҳои бедареғи Шуморо дар самти ховаршиносии ватанӣ ва дипломатияи миллӣ қадр мекунанд ва аз ҳамкории судманду самаранокатон эҳтироман арзи сипос менамоянд.
Раёсати АМИТ ва мудирияти Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бори дигар ба наздикону пайвандони устоди марҳум сабри ҷамил хоҳонанд.
Зиндаву ҷовид монд ҳар ки накӯном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.
Манзили охирататон обод бод устоди азиз.
27 декабри соли равон дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ташаббуси Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АМИТ ҳамоиши ҷумҳуриявии илмию назариявии “Таърихнигории таърихи халқи тоҷик ва масъалаҳои ҳалталаби он” бахшида ба 80 – умин солгарди доктори илмҳои таърих, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Академик Бобоҷон Ғафуров – Ҳайдаршо Пирумшоев баргузор гардид.
Нахуст ба кори ҳамоиш ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд Қаюм ҳусни оғоз бахшида, сухани муқаддимавиро ба президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт вогузор намуданд.
Дар оғоз президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ташрифи меҳмоноро хайрамақдам гуфта, соҳибҷашн Пирумшоев Ҳайдаршоро ба муносибати расидан ба синни мубораки 80 – солагӣ муборакбод намуда, оид ба ҳаёту фаъолияти таърихшинос ибрози андеша намуд.
Пирумшоев Ҳайдаршо яке аз шахсиятҳои шинохта ва муваффақи кишварамон буда, дар пешрафти илми тоҷик саҳми ниҳоят арзандаву муваффақонаи хешро гузоштааст, умри бобаракати хешро зоеъ нагузаронида дар таълифи асарҳои пурмуҳтавои таърихиву фалсафӣ ва тарбияи шогирдони пуртаҷрибаву кордон талош намудааст, дар кору фаъолият худро ҳамчу пайрави асили устоди хеш академик Мухторов Аҳрор нишон дода, муваффақ гардидааст.
Муҳаққиқ дар тайёр намудани мутахассисони илмӣ саҳми назаррас дошта, то ҳол зери роҳбарии ӯ 11 рисолаи докторӣ ва 23 рисолаи номзадӣ дифоъ шудааст.
Профессор Ҳ. Пирумшоев дар тӯли тамоми фаъолияти касбиаш кори илмиро аз омӯзгорӣ ҷудо накардааст. Ин буд, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 августи соли 2016 ба Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф сарфароз гардид.
Узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор Ҳайдаршо Пирумшоев барои офаридани асарҳои муҳими илмӣ дар соҳаи таърих ва таърихнигорӣ соли 2020 барандаи Ҷоизаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ва соли 2024 барандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи академик Бобоҷон Ғафуров гардидааст.
Дар идома Ҳамза Камол, Маҳмуд Маликов, Абдуқаҳҳор Саидов, Сайдалӣ Мухидинов оид ба ҳаёт ва фаъолияти илмии узви вобастаи АМИТ Пирумшоев Ҳайдаршо баромадҳо намуда, соҳибҷашнро муборакбод намуданд.
27-уми декабри соли 2024 дар шаҳри Душанбе маҷлиси нахустини Ситоди марказии пешазинтихоотии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҷараёни баргузории он аъзои Ситод, аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан», гурӯҳи номзадҳои ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи ҷумҳуриявӣ, кормандони Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ва дигар фаъолони ҳизб иштирок намуданд.
Ҷаласаро Сардори Ситоди марказии пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон - Неъматзода Маликшо Маҳмадшо кушода, таъкид дошт, ки ибтидои соли 2025 дар кишвари мо маъракаи муҳими сиёсӣ – Интихоботи Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ баргузор мегардад. Вобаста ба ин Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2024 ба тасвиб расида, мутобиқи он санаи 2 марти соли 2025 Рӯзи Интихобот муайян гардидааст.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон омодагиро ба ин маъракаи сиёсӣ ҳануз аз нимаи аввали соли равон оғоз намуда, вобаста ба он дар асоси дастуру тавсияҳои Раиси муаззами хеш як қатор корҳои муҳиму мушаххасро амалӣ гардонидааст. Анҷумани 15–ум, ки таҳти Раёсати Раиси муаззами ҳизб, санаи 18 декабри соли равон баргузор гардид муҳимтарин масъалаҳоро мавриди баррасӣ қарор дод, ки асоси онро омодагӣ ба Интихоботи Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар бар мегирад. Маҳз дар ҳамин Анҷуман Барномаи пешазинтихоботии ҳизб, ки фарогири тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа мебошад, тасдиқ гардида, ҳизб номзадҳои худро ба ҳавзаи ягонаи ҷумҳуриявӣ низ пешниҳод намуд.
Дар асоси рузномаи маҷлис сохтори Ситоди пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, нақшаи фаъолияти Ситоди марказии пешазинтихоботӣ дар давраи маъракаи пешазинтихоботии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, нақшаи баргузории маҷлисҳои кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаҳои интихоботии якмандатӣ, тасдиқ карда шуд. Ҳамчунин барои таблиғотчиён тавсияҳои Ситоди марказии пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пешниҳод гардид.
ТАҚДИМИ ТУҲФАҲОИ СОЛИНАВӢ БА МАЪЮБОН ВА НАВРАСОНИ ДОРОИ ИМКОНИЯТАШОН МАҲДУДИ НОҲИЯИ ДАНҒАРА
Мавриди зикри хос аст, ки дасти кумак дароз намудан ба ятимону бепарасторон ва наврасони дорои имкониятҳояшон маҳдуд дар фарҳанги миллати мо аз хислатҳои неки инсонӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз ҳамаи ин ғамхориву дастгириҳо аз сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад.
Имрӯз (27.12.2024) дар пайравӣ аз ин сиёсати оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба 85 нафар маъюбон ва наврасони дорои имконияташон маҳдуди ноҳияи Данғара туҳфаҳои солинавӣ расонида шуд.
Дар ин иқдоми хайрхоҳона Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара саҳми калон гузошта, дар якҷоягӣ бо роҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои маъюбон ва наврасони дорои имконияташон маҳдуд зиёфати идона ва барномаи рангини фарҳангӣ баргузор намуданд.
Дар идома муовини раиси ноҳияи Данғара, муовини президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Собирзода Нуралӣ Миралӣ, сардори раёсати магистратураи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қосимзода Солеҳ, доир ба дастгириву иқдомҳои хайрхоҳонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маъюбон ва наврасони дорои имконияташон маҳдуд суханронӣ намуданд.
Боиси тазаккур аст, ки бо роҳнамоӣ ва ташаббуси Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон узви вобастаи АМИТ, муҳтарам Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар доираи фаъолияти Шурои олимони ҷавони АМИТ курси “Роҳбарони сиёсӣ” ба роҳ монда шудааст.
Вобаста ба ин, санаи 25 декабри соли 2024 зимни нишасти шашуми ин иқдом дар толори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ, воқеъ дар шаҳраки Академия бо иштироки академики АМИТ Мирсаидов Улмас дар мавзуи “Илмат ба амал чу ёр гардад..” хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар раванди чорабинӣ Раиси Шурои олимони ҷавони АМИТ, мудири шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, н.и.ф., Зиёев Субҳиддин оид ба ҷанбаҳои гуногуни баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ҳувияти баланди миллӣ, дарки хештаншиносӣ ва эҳтиром гузоштан ба илму олимон сухан гуфта, аз ҳузури меҳмон истиқболи нек намуд.
Академик Улмас Мирсаидов ниҳоят маърӯзаи саривақтӣ ва муҳиму пурмуҳтаво ироа намуданд, ки аз ин сӯҳбат ҳозирин ва олимони ҷавони АМИТ бардоштҳои муфид гирифтанд.
Академик Мирсаидов У. қайд намуданд, ки дар замони Истиқлоли давлатӣ моро зарур аст, ки дар пешрафту тариққиёт ва муаррифии кишвари азизамон саҳмгузор бошем.
Пеш аз ҳама дониш омӯзем, ҷаҳонбинӣ ва зеҳнияту тафаккури илмиамонро тақвият бахшем, ба муқаддасоти миллӣ арҷ гузорем, аз таъриху фарҳангу забони пурғановатамон бархурдор бошем ва ҳамеша барои ҳифзи манфиатҳои давлатӣ, марзу буми кишвар, Истиқлолу Ваҳдати миллиамон омода бошем.
Дар байни экспонатҳои Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон меҳроби Ашт, ки мутаалиқи асри 10 мелодӣ мебошад, ҷои махсусро ишғол мекунад. Ин меҳроб яке аз нодиртарин ёдгориҳои гилин мебошад, ки то имрӯз боқӣ мондааст. Мехроби гилин кандакорӣ кардашудаи Ашт
Дар байни экспонатҳои Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон меҳроби Ашт, ки мутаалиқи асри 10 мелодӣ мебошад, ҷои махсусро ишғол мекунад. Ин меҳроб яке аз нодиртарин ёдгориҳои гилин мебошад, ки то имрӯз боқӣ мондааст. Мехроби гилин кандакорӣ кардашудаи Ашт борҳо диққати муҳаққиқонро ба худ ҷалб кардааст. Дар он, чун дар кандакории бадеии руичӯбии он замон, усули ғании ороишгарӣ бо дақиқии махсуси моҳиронаи бебаҳо бо эҷоди нақш омезиш ёфтааст. Дар қисмати болоӣ бо хатти куфӣ Сураи 23- уми Қуръон Сураи Муъминун ояти 1 ва 2 навишта шудааст.
(Қисмати болоии дарозиаш 8 см, бар-70 см умқ-30 см. Қисмати дарозиаш 107 см, бар-70см ғафсиаш-2-2,5)
Таърихи тамаддуни башарият аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҳамон халқе аз ҷаҳолату нести раҳо меёбад, ки наслҳои он соҳиби мафкура ва ҷаҳонбинии солим бошад. Мафкура ва ҷаҳонбинии солим ба рушди маънавиёти ҷомеа вобастагии амиқ дорад. Таҷрибаи ҳаёти инсоният собит намудааст, ки дар ҳама марҳилаҳои таърихӣ унсури асосии тамаддун ҷаҳонбинӣ ба шумор меравад. Ҷаҳонбинӣ аз илму дониш маншаъ гирифта, дар ташаккули шахс ва рушди он нақши меҳварӣ дорад.
Дар шумораи нави нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон "Минбари халқ" мақолаи президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт зери унвони "Мафкураи солим ва дониши мукаммал - омили муҳими рушди устувор ва амнияти ҷомеа нашр гардидааст. Дар мақолаи мазкур таҳлилҳо доир ба рушду пешрафти соҳаи илм дар замони соҳибистиқлолии кишвар оварда шудаанд.
Дар мақола зикр гардидааст, ки аҳамияти илму донишро ҳанӯз аз аҳди бостон мутафаккирони мухталиф, махсусан донишмандони тоҷик иброз намудаанд.
Воқеан ҳам тоҷикон, чун дигар халқҳои тамаддунофар, ба илму дониш аз ибтидо арҷ гузошта, дар марҳилаҳои мухталифи таърихӣ тавассути фарзандони фарзона дар рушду инкишофи илми ҷаҳонӣ саҳми муносиб гузоштаанд.
Гуфта шудааст, ки дар доираи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёре аз муассисаҳои илмӣ аз нав таъмир шуда, пояи моддию техникии онҳо барқарор гардид. Ҳамчунин, бо мақсади зиёд намудани теъдоди олимони ҷавон тадбирҳои судманд андешида шуданд.
Таъкид шудааст, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди роҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун муассисаи пешбарандаи соҳа ва тамоми олимон аз рӯзҳои нахуст вазифа гузоштанд, ки илм ба шароити нав мутобиқ карда шавад.
Имрӯзҳо зери сиёсати илмпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талошҳои ободкоронаи президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳамкориҳо бо ҳамтоёни хориҷӣ рушд ёфта, барои беҳтарсозии шароити кории олимону муҳаққиқони ҷавон марҳила ба марҳила ниҳодҳои пешбарандаи илмии дар тобеияти академиябуда, бо технологияҳои наву замонавӣ, муҷаҳаз шуда истодаанд.
Имрӯз (23.12.2024) бо мақсади дар амал татбиқ намудани илм дар истеҳсолот президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ, Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт аз муҷаҳазгардонии таҷҳизотҳои сейсмикӣ ва озмоишӣ дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки аз тарафи Бонки Умумиҷаҳонӣ дода шудааст дидан намуданд.
Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки аз соли 2022 дар Тоҷикистон дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Бонки Умумиҷаҳони “Тақвияти омодагӣ ба офатҳои табиӣ ва устуворӣ дар Тоҷикистон (PREPARED)” амали шуда истодааст.
Амали гардонидани зербанди 2.4. «Мустахкам намудани база барои таъмини устувории конструктивй ва сейсмикй (Укрепление базы для обеспечения конструкционной и сейсмической устойчивости)» лоихаи мазкур аз тарафи Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо идоракунии гуруҳи татбиқи лоиҳаҳои Вазорати молияи ҶТ иҷро шуда истодааст.
Дар марҳилаи аввали татбиқи зербанди 2.4. лоиҳаи PREPARED мустаҳкамкунии базаи моддию техникии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва ташкил намудани мушоҳидаҳои ларзиши замин, бинохо ва иншоотхо ҳангоми заминларзаҳои сахт ба нақша гирифта шудааст.
Айни замон тамоми таҷҳизоти ҳозиразамони зарури барои иҷрои зербанди 2.4. «Мустахкам намудани база барои таъмини устувории конструктивй ва сейсмикй» аз тарафи муассисаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба Институт ворид шудааст.
Умуман, ҳамаи таҷҳизоти ворид шуда аз назари таъиноташ вазифаҳои зеринро иҷро менамоянд. Таҷҳизоти сейсмики барои васл намудани дар баъзе бино ва иншоотҳои шаҳри Душанбе монанди дар Маҷмааи Истиқлол бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ насбкардашуда, аз он ҷумла дар дар бинои баландошёнаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 4 бинои баландошёнаи истиқоматӣ, 4 бинои иҷтимоӣ дар ҳар ноҳияи шаҳри Душанбе ва дар 4 иншооти нақлиётӣ (пул ва эстакадаҳо) пешбини гардидаанд.
Ҳамзамон дигар аз таҷҳизотҳои сейсмики барои васл намудани дар замини баъзе пойгоҳои сейсмикии Институт дар ҳудуди ҷумҳури ҷойгир шуда, таҷҳизоти сейсмикии сайёри барои муайян кардани хусусиятҳои динамикии ҳар гуна бино ва иншоот ҳам дар шаҳри Душанбе ҷойгир буда, ҳам дар дигар шаҳрҳо, таҷҳизоти санҷиши сифати масолеҳои сохтмони дар сохтмонҳо истифода бурда истода ва истифода шуда, таҷҳизоти идорави барои таъмини интиқоли маълумотҳо аз ҳамаи таҷҳизотҳои сейсмики насб мешуда ба маркази ягонаи маълумотҳо, коркард ва таҳлили маводҳои мушоҳидави ва санҷиши ба даст оварда шуда муҷаҳаз гардонида шуданд.
Инчунин, барои дар сатҳи баланд ва самаранок иҷрои корҳои мушоҳидавӣ ва санҷиши аз тарафи кормандони Институт ба мутахасисон ду автомобили – сабукрав ва боркаш аз тарафи лоиҳа дода шуд.
23 декабри соли равон бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар толори Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе)- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Соли 2025 - соли байналмиллалии ҳифзи пиряхҳо ва Рӯзи геологияи тоҷик мизи мудаввар баргузор гардид.
Зимни сухаронӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт таъкид дошт, ки тайи даҳсолаҳои охир обшавии босуръати пиряхҳо таҳти таъсири тағирёбии иқлим ба таҳдиди глобалии сайёра табдил ёфтааст. Тибқи пешгӯиҳои коршиносон, дар шароити тағйирёбандаи иқлим дар охири асри XXI сеяки пиряхҳои кураи Замин аз байн мераванд. Обшавии пиряхҳо мувозинати экологиро вайрон намуда, ба гардиши об дар сайёраи мо таҳдидҳои ҷиддӣ эҷод мекунанд. Дар минтақаҳои кӯҳӣ ин раванд боиси сар задани офатҳои табиӣ - обхезӣ, фаромадани тарма ва сел мегарданд, ки ҳисороти калони иқтисодӣ меоранд ва боиси талафоти ҷонӣ низ мегарданд.
Таъкид гардид, ки дар тули даҳсолаи охир ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба созмони бонуфузи ҷаҳонӣ Созмони Милали Муттаҳид ва дастгирӣ ёфтани онҳоаз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ моро водор мекунад, ки сари ин масъалаҳо андешида, баҳри дар амал татбиқ намудани ин масъалаҳои мубраму саривақтӣ кушиш ба харҷ диҳем.
Гуфта шуд, ки санаи 14 декабри соли 2022 Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатънома дар бораи эълон намудани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, қабул кард. Ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро 153 давлати узви ин созмон ҷонибдорӣ намуд. Қабули чунин як қатъномаи барои ҷомеаи муосири ҷаҳонӣ муҳиму муфид мояи ифтихору сарфарозии ҳамаи тоҷикони ҷаҳон гардид.