Skip to main content
Талошу кӯшиш ва ҷустуҷӯву такопӯ ба хотири ба вуҷуд овардани меъёрҳои ахлоқӣ умре ба дарозои тамаддуни башарро дорад. Аз замоне, ки инсон ҳамчун мавҷуди дорои фикр, андеша ва хирад ба тафаккур намудан пардохтааст, тарбияи одобу ахлоқ яке аз мавзуъҳои муҳими ӯ будааст. Ва ин бадеҳист, зеро таълиму тарбия дар рӯҳияи одобу ахлоқи нек нахустин ва муҳимтарин омили саодату камоли одамӣ ва ҷомеаи инсонӣ аст.

Ниёгони мо низ аз давронҳои қадим ба таълиму тарбия аҳамияти бисёр медоданд. Хираду дониш ва одобу ахлоқ дар назди гузаштагони мо пурарзиштарин сифатҳои инсон ба шумор мерафт. Дар китоби «Авасто» ва дигар китобҳои фалсафию адабӣ гуфторҳои фаровоне дар бораи донишу адаб ёфт мешаванд ва ҳамин гуфторҳо, ки дар дарозои садаҳои дигар дар китобҳои гуногун ба тарзи мухталиф такрор шудаанд, нишондиҳандаи таваҷҷуҳи ниёгони мо ба таълиму тарбия ва гиромӣ будани мақоми донишу хираду адаб дар назди миллати мо мебошанд. Таълиму тарбия дар пеши ниёгони бостонии мо ин мафҳумро доштааст, ки ҳар инсоне бояд донишандӯзӣ намояд ва адабро фаро гирад, то соҳиби сифатҳову кирдори нек гардад ва тавонад барои ҷомеа узви муфиде ба шумор равад. Ин анъана баъдҳо низ идома ёфтааст.

Ин нукта басе ҷолиб аст, ки ҳамаи бузургони илму адаби мо омӯзгорон ва талқинкунандагони хираду дониш ва одобу ахлоқ буданд. Дар тамаддуни умумибашарӣ назири халқи тоҷикро ёфтан муҳол аст, ки бузургонаш ҳама, бидуни истисно, қисматҳои бузурге аз осори худро ба панду насиҳат дар боби ростӣ ва дурустӣ, некуӣ ва накукорӣ, адлу инсоф, беозорӣ, эҳсон ва мурувват, дӯстию рафоқат, ҳифзи обрӯ ва мавқеи инсонӣ бахшидаанд. Бузургтарин шоҳкори адабиёти ҷаҳонӣ, ифтихори тоҷикон ва тамоми форсизабонон «Шоҳнома»-и ҳаким Фирдавсӣ бо ситоиши Хирад оғоз мегардад. Чуноне ки Президент Эмомалӣ Раҳмон иброз намудааст, «тамоми осори гузаштагони моро – аз «Авасто» сар карда, то Рӯдакию Фир-давсӣ, Мавлавию Хайём, Носири Хисрав ва Хоҷа Камол, Саъдию Ҳофиз, Ҷомию Соиб, Сайидою Дониш ва садҳо дигар – маҷмуаи одобу ахлоқ номидан мумкин аст».

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини барқарор намудани сохти конститутсионӣ дар моҳи ноябри соли 1992, дар баробари иҷрои вазифаҳои душвори бунёду таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ба масъалаи таълиму тарбия аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Бо назардошти аҳамияти бузурги таълиму тарбия дар ташаккули инсони нави фаъолу созанда, дар солҳои гузашта силсилаи ҳуҷҷатҳои бунёдӣ, аз ҷумлаи «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020», «Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», тасвиб гардидаанд ва, муҳимтар аз ҳама, баъд аз муҳокимаи васеъ бо аҳли ҷомеаи кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти па-дару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул карда шуд, ки дар навъи худ беназир мебошад.

Боиси қаноатмандист, ки давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон барои пешбурди фаъолияти соҳаи маориф ҳамаи иқдоми лозимро анҷом медиҳад. Вале давлат бо иқдомҳои худ барои ниҳодҳои таълимиву омӯзишӣ шароиту омилҳои лозим эҷод мекунад, заминаҳои фаъолиятро муҳайё месозад ва роҳу равиши дурусти омӯзишу парваришро нишон медиҳад. Тарбияи саҳеҳ, шукуфо кардани истеъдодҳо ва ба сӯи камол ҳаракат додани насли наврас бошад, вазифаи ниҳодҳои тарбиятӣ – аз хонавода гирифта, то донишгоҳҳо – ва тамоми равшанфикрони ҷомеа мебошад. Бино бар ин, донишмандон, пажӯҳишгарон, таърихшиносон, ҳуқуқдонон, нависандагон, рӯзноманигорон ва ҳамаи соҳибназарони коршинос ва касоне, ки салоҳияти тарбияи афроди ҷомеаро доранд, дар ин заминаҳо аз ҳеҷ гуна кумак бояд дареғ накунанд.

Зиёда аз ду даҳсолаи гузашта пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар афкори иҷтимоии ҷумҳуриҳои собиқи ин давлати бузург ақидае устувор гаштааст, ки гӯё идеология як чизи нодаркор ва беаҳамият аст.

Шояд чунин андеша бар асари таблиғоти имрӯз андаке хомӯшшудаи сиёҳ кардани сиёсати Давлати Шӯравӣ ва идеологияи ҳизби коммунистӣ падид омада бошад, ҳарчанд ки муҳтавои ахлоқии идеологияи коммунистиро ғояҳои барои инсони заҳматкаш наздик – адолати иҷтимоӣ, баробарӣ ва бародарӣ – ташкил медиҳанд.

Намешавад аз баёни ин ҳақиқат худдорӣ кард, ки

кишвари бо меҳнату машаққати бобоён ва падарони мо бунёдшудаи шӯроҳо, бар хилофи даъвоҳои бадбинонаи «демократҳо»-и мубталои марази ниги-лизм, аз нуқтаи назари робитаҳои инсонӣ намунаи дӯстии воқеии халқҳо, бародарӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ буд. Имрӯз бо мушоҳидаи муносибатҳои хушунатомез миёни халқҳои бархе аз кишварҳои мустақил, даргириҳои милливу мазҳабии фурӯнишаста, вале ҳанӯз комилан хомӯшнашуда, одамон ба душворӣ бовар мекунанд, ки мафҳуми дӯстии халқҳо, ки имрӯз ба масобаи як афсона пазируфта мешавад, замоне воқеият дошт…

Ба ҳар ҳол воқеияти зиндагии иҷтимоиву сиёсӣ дар кишварҳои мо нишон медиҳад, ки идеология бо тағйир ёфтани сохти давлатдорӣ ва низоми иқтисодӣ аз байн намеравад, балки бо шаклу мазмуни дигар ва мутобиқ бо равандҳои сиёсӣ боқӣ мемонад. Яъне ки ҳар ҷомеа ва ҳар давлате ба ғояҳо, консепсияҳо, барномаҳое, ки тамоми гурӯҳҳо ва қишрҳои ҷомеаро дар атрофи масъалаҳои мубрами ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ муттаҳид намоянд, ниёз доранд.

Имрӯз муҳимтарин вазифае, ки миллати тоҷик ва миллату халқиятҳое, ки сарзамини меҳрпарвари тоҷиконро Ватани хеш медонанд, бояд анҷом диҳанд, ҳифзу таҳкими истиқлолият мебошад. Ин вазифаест, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон ба сифати ғояи миллӣ муайян намудааст.

Ҳифзи истиқлолияти миллӣ ин ҳифзи асолат, ҳувият, забон, расму оин, садоқату вафодорӣ ба арзишҳои фарҳангӣ ва риояи одобу ахлоқи миллӣ аст. Бино бар ин, имрӯз барои мо, тоҷикистониён, зарур аст, ки ин арзишҳои фарҳангиву маънавии халқамон – амонату мероси гаронбаҳои аҷдодиро – ба беҳтарин шакл ҳифз ва дар борварии он талош намуда, онро ба ояндагон супорем.

Ҳамон тавре ки дар ҷаҳони доимо дар тағйиру таҳаввул кишварҳо сари ҳар замоне ниёзманд ба иҷрои ислоҳот дар низомҳои сиёсиву иқтисодии худ мешаванд, ба ҳамин наҳв бо зарурати таҷдиди назар кардан дар низоми таълиму тарбия рӯ ба рӯ мегарданд. Бар ниёзмандии низоми тарбиявии кишвари мо ба як таҳаввули бунёдӣ суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, ки дар вохӯрӣ бахшида ба муҳокимаи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» баён доштааст, далолат мекунад: «Ҳоло равиши тарбиявии қисми зиёди падару модар ҳамон равиши тарбиявии суннатиест, ки дар гузашта дар фазои он худашон тарбия ёфтаанд. Бо ин равиш намешавад фарзандро барои замони муосир, замони рушди босуръати техника ва технологияи нав тарбия кард. Дар ин маврид, дар шароити ҷаҳонишавӣ моро зарур аст, ки на танҳо тарҳи тарбия, инчунин тарҳи таълимро ба таври куллӣ таҷдиди назар намоем».

Ҷолиб ин аст, ки Президенти кишвар дар ин ибрози назари худ «тарбия» ва «таълим»-ро ҳамчун ду фароянди алоҳида арзёбӣ менамояд. Зеро ин ду мафҳум – таълим ва тарбия – бо вуҷуди ин ки дар канори ҳам ба кор мераванд ва дарҳамтанидагии танготанге доранд, фарояндҳои гуногун мебошанд. Таълим дар луғат ба маънои ёд додан аст ва дар истилоҳ ба фароянде гуфта мешавад, ки вазифаи интиқоли донишро бо равишҳои гуногун бар уҳда дорад. Таълим, ки вожаи сохта аз калимаи илм аст, маънои интиқоли донишу иттилоъро аз устод ба шогирд, аз китобҳо ба мутолиакунанда ва, умуман, аз касе ба касе ифода менамояд. Бино бар ин, амри таълим ба ин маънӣ, ки, ба ҷуз омӯхтани маърифат, нақши дигаре надорад, фароянди маҳдуде ба ҳисоб меояд. Аммо тарбия фароянди бисёр густурда аст ва густураи он тамоми истеъдодҳо, қобилиятҳо ва ҳамаи ҷанбаҳои ҳастии инсонро ва ҳар гуна иқдомеро, ки барои покизаву беҳтар кардани ахлоқу рафтор сурат мепазирад, дар бар мегирад.

Тарбия бахшҳои фаровоне, монанди тарбияи баданӣ, тарбияи ақлонӣ, тарбияи ахлоқӣ, тарбияи равонӣ, тарбияи маданӣ, тарбияи динӣ ва ғайра, дорад, ки аз ин миён тарбияи ахлоқӣ барои такомули фард аҳамияти вижа дорад ва ба ҳамин сабаб ҳам аст, ки тарбия, пеш аз ҳама, фароянде марбут ба ахлоқ дарёфт мешавад.

Бо назардошти нақши тарбияи ахлоқӣ дар ташаккули насли наврас ва ба шахсиятҳои комил, огоҳ, боодобу бофарҳанг ба воя расонидани онҳо, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст: «Дар чунин шароит ва дар замоне, ки таблиғи рафтори зишт ва ба фарҳанги миллии мо бегона аз тариқи шабакаҳои иттилоотии

ҷаҳонӣ ва барномаҳои телевизионии хориҷӣ афзоиш ёфтааст, мо бояд тарбияи ахлоқиро дар навбати аввал гузорем ва бо истифода аз таҷрибаи нодири халқамон ба фарзандонамон адаб ёд диҳем».

Инсоният дар илму фановарӣ пешрафтҳои бузурге кардааст, вале барои дигаргунсозии шахсияти худи инсон низ бояд иқдомҳои бузурге ба амал оварда шаванд. Яъне ғановати маънавӣ барои комил шудани инсон бештар аз сарватҳои моддӣ аҳамият дорад. Ин иқдоми бузург ва ғановати маънавӣ ахлоқ аст. Зеро ахлоқ заминасози фарогирии дигар илму донишҳост. Бидуни шак, сабаби асосии фасоди ахлоқӣ, ки сояи сиёҳи худро бар тамоми ҷаҳон паҳн кардааст, нобаробарии рушди илму технология бо такомули ахлоқӣ аст. Бино бар ин, то замоне, ки дар ҷаҳон байни пешрафти илмиву фановарӣ ва камолоти ахлоқии инсон тавозун барқарор нашавад, наметавон интизор дошт, ки хатари заволи ҷомеаҳо бартараф шудааст.

Инсон ҳастии худро дар заминаи садоқат ва эътимод бар дигарон бино месозад. Ӯ ниёзманди робитаҳои пойдори дӯстона бо дигарон аст. Инсон мавҷуди иҷтимоӣ аст ва созандагиҳои фардии ӯ дар пайвастагии иҷтимоӣ ба арсаи зуҳур мерасанд. Ҳар фарде дорои вижагиҳоест, ки ин вижагиҳо заминасози зиндагии иҷтимоии ӯянд. Маҳз ба ҳамин иртиботи пойдор ва имкони эътимод ба дигарон аксари кулли одамон аҳамияти вижа медиҳанд. Ахлоқ ин тарзи андеша ва кирдори осеб нарасонидан ба хештан ва дигарон аст.

Появу асоси пешрафти маънавии инсон ахлоқ аст. Ахлоқ порсанги табиӣ ба фарҳанги моддии дунёи муосир аст, фарҳанге, ки дар ҳадди зиёд ғайриахлоқӣ аст.

Ҳадафу маънои зиндагӣ дар дунёи имрӯз барои бисёре аз одамон мубориза барои зинда мондан аст. Набояд саҳлангорона фикр кард, ки инсоният дар роҳи расидан ба рифоҳи умумӣ қуллаҳои баландеро фатҳ кардааст. Ба қуллаҳои саодату хушбахтии моддӣ шахсиятҳои алоҳида расидааанд. Он шахсиятҳое, ки кӯшиш мекунанд ба ҳама «роҳи дуруст»-и расидан ба «ояндаи дурахшон»-ро нишон диҳанд. Вале он назарияҳо ва усулҳои пайдо кардани «роҳи дуруст»-е, ки онҳо кашф кардаанд, барои бисёриҳо қобили фаҳму дарк нестанд. Бахши бештари аҳолии ҷаҳон ниёзманди як ҳақиқати содаву қобили дарк ва ҳадафҳои дастрас мебошад. Ин ҳадаф хеле наздик, равшан ва барои ҳама қобили дарк аст. Ва ин ҳадафро ном ахлоқ аст. Маҳз ахлоқ моликияти мондагор ва ғайриқобили мусодира аст.

Далели раднопазири ин, ки чунин мақулаи мавҳуме чун ахлоқ вуҷуди воқеӣ дорад ва ҳатто қобили андоза аст, аз арсаи ҳастӣ нопадид нашудани инсон аст. Тамоми қонунҳо ва созишномаҳои ҷамъиятӣ барои он ҳам ба иҷро мерасанд, ки бар усули ахлоқӣ бино шудаанд.

Мавҷуд набудани роҳнамоҳои ахлоқӣ боиси нобовариву тарси нохудогоҳона мегардад ва ин нобовариву тарс ба нафояи ахлоқ мубаддал мегардад.

Мақулаҳои «ҳақиқат», «ахлоқ», «инсон», «худо» дигар дар маркази таваҷҷуҳи ҷомеа қарор надоранд. Одамон амалан фақат аз «зиддиидеология»-ҳо ва «идеологияҳо»-и ҷойгузин(алтернативӣ) пайравӣ мекунанд. Мавзӯи суҳбатҳо аз зиндагӣ танҳо ҳасрат аз гузашта ва нигаронӣ аз оянда аст. Ва ба таври ҳайратоваре «имрӯз» ва «ҳоло» аз калом афтодааст.

Барои расидан ба фикре, ки ҳалли мушкилоти тамаддуни инсонӣ маҳз дар замони ҷорӣ бояд сурат гирад, бояд ба равшанӣ дарк кард, ки на бо ҳасрат ба гузашта ва на бо нигаронӣ аз оянда, балки бо ташвиши имрӯз бояд зист, зеро появу асоси «ояндаи дурахшон» имрӯз гузошта мешавад.

Ин вазъ баёнгари он аст, ки рӯз аз рӯз таъсири ғояҳои зиддибашарӣ пурзӯртару пурзӯртар мегардад. Ва аҷиб ин аст, ки бо ин ки ҳама аз зарари физояндаи ин идеологияи ғайриахлоқӣ воқифанд, муҳри хомӯшӣ ба лаб задаанд. Зиёда аз ин, сухан гуфтан дар ин бора нишонаи ақибмондагӣ ва мухолиф будан бо «арзишҳои демократия» дарёфт мегардад. Вале мо бояд ба худамон ва наздиконамон ин ҳақиқатро талқин кунем, ки ҳар заҳре позаҳр дорад ва ба муқобили идеологияи ғайриахлоқии «ба ҳар қимате кисаҳоро пур кардан», ки татбиқи амалиашро одамон дар тамоми ҷаҳон мебинанд, идеологияи ахлоқӣ вуҷуд дорад.

Идеологияи ахлоқӣ афкоре, ба монанди таблиғоти арзишҳои кишварҳои ғарбӣ, пучу бемоя нест, балки дорои андешаҳои пурмағз ва қобили даркест, ки моҳияти замонро бозтоб ва иродаи халқро баён медорад. Онҳое, ки муқобили ахлоқ ҳастанд, муқобили

халқанд. Подоши ахлоқии кирдори онҳо ин ифодаи иродаи халқ ва ҳамзамон ҳимояти онҳо аз нафрати халқ аст. Идеологияи ахлоқӣ афзори дорои қудрати бартар аз қудрати сиёсӣ аст, ки ҳокимияти давлатиро бо мардум пайванд медиҳад.

Роҳи ахлоқӣ, ки фардо ё пасфардо тамоми башар ногузир бо он хоҳад рафт, ҳамон роҳест, ки ҳастию тамаддуни навини башарӣ сохта хоҳад шуд. Ҳар ҷомеае дар дунёи имрӯз вазифадор аст, ки барои ахлоқӣ шудани аъзои худ кумак кунад. Ва ҳар кас дар роҳи аз худ ва дигарон парвардани инсони боахлоқ саҳм гузорад.

Идеологияи ахлоқӣ, ки дар ин саҳифаҳо чанд бор зикр шуд, мақулаи муҷарраду мавҳуме нест, балки назарияи то имрӯз баамалпайвастае дар кишвари бародарии Россия аст. Ва ҷолиб ин аст, ки базри ин назария ҳанӯз дар даврони шӯравӣ дар замини андешаи соҳибназарон афтодаву сипас дар солҳои баъдӣ ба шукуфоӣ расидааст.

Ҳанӯз аз замони бозсозии горбачёвӣ, ки косташавии ахлоқии кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, аз он даврон оғоз гаштааст, бисёре аз олимони соҳаҳои ҷомеашиносӣ, равоншиносӣ ва таълиму тарбия бо эҳсоси наздикшавии буҳрони шадиди маънавӣ ва таъсири харобиовари ин буҳрон ба ҳаёти ҷомеа барномаи тадбирҳои аз нигоҳи илмӣ асосноки пешгирии ҳаддалимкони оқибатҳои ногувори онро таҳия менамуданд.

Бар асоси барномаи азнавсозии ҳаёти маънавӣ ва ахлоқии ин донишмандон, ки дар тӯли солҳои навадуми асри ХХ ва оғози асри ХХI омода намуда буданд, дар Россия идеологияи ахлоқии фароҳизбӣ, фаромиллӣ ва фаромазҳабӣ таҳия гардид. Ҳадафи асосии ин идеологияи ахлоқӣ мубориза бо идеологияи бадқасдонаи сарватғундорӣ мебошад, ки имрӯз бар тамоми ҷаҳон ҳукм меронад ва мӯҷиби тамоми бадбахтиҳои дунёи кунунӣ аст.

Бавуҷудоварандагони ин идеология, ки баъдан ҷунбише бо номи «Довталабони роҳи ахлоқӣ» («Добровольцы нравственного пути»)-ро асос гузоштанд, одамони синну сол, мавқеияти иҷтимоӣ, миллат ва вобастагии ҳизбии гуногун мебошанд, ки онҳоро ғояи умумии ахлоқӣ муттаҳид намудааст. Ғояи ҷунбиши «Довталабони роҳи ахлоқӣ» – консепсияи эҳёи ахлоқиву маънавӣ – батадриҷ дар ҷомеа мавқеи вижа пайдо намуда, пас аз омӯзишу баррасии амиқ соли 2005 ҳамчун асоси ғоявии лоиҳаи «Институти ахлоқ», ки маҷмӯи якчанд созмонҳое бо ин ном мебошад, пазируфта шуд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Дар заминаи яке аз ин созмонҳо Шурои машваратии илмии давлатӣ-ҷамъиятӣ бунёд гардидааст, ки дар чорчӯби он, ҳамчун ниҳоди таркибӣ, Институти ахлоқ фаъолият менамояд.

Шурои машваратии илмии давлатӣ-ҷамъиятӣ ин афзори решадоркунии демократия бо корбурди усулҳои ахлоқӣ мебошад. Самаранокии кори Шуроро на танҳо коркунони босалоҳият, балки инчунин тарзи коргузориашон, ки дар рӯҳияи ахлоқӣ сурат мегирад, таъмин менамояд.

Имрӯз дар Шурои машваратии илмии давлатӣ-ҷамъиятӣ ниҳодҳои таркибии он, монанди Институти ахлоқ, Департаменти хидмати давлатӣ, Кумитаи политсияи ахлоқӣ, Шурои додгоҳи ахлоқӣ, фаъолият мекунанд.

Мутаассифона, дар маҳдудаи ин рисола имконияти муфассал сухан рондан дар бораи тамоми ҷузъиёти фаъолияти ин ниҳодҳоро надорем. Фақат бо зикри ин нукта иктифо мекунем, ки фаъолияти онҳо дар мутобиқат бо муқаррарот ва низомномаҳои вижа сурат мегирад ва дар ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ мунҳасиран ба усули ахлоқӣ такя мекунад.

Манзур аз овардани ин мисол аз иқдоми меҳанпарастона ва сазовори пайравии донишмандону соҳибназарони россиягӣ ин аст, ки мувофиқи мақсад хоҳад буд, агар равшанфикрони тоҷик низ барои таҳияи як чунин барномаи фарогири покизасозиву беҳтаргардонии ахлоқи миллӣ талош намоянд. Дар ин замина ҳатто мумкин аст нуктаҳои асосии назарияи мазкур, бо таҷдиди назар ва мувофиқ кардан бо вижагиҳои равандҳои ҷорӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон, пазируфта шаванд. Зеро ҳамаи кишварҳои пасошӯравӣ, бидуни истисно, новобаста аз дараҷаи рушду тавсеаи иқтисодӣ, ки яке андаке пештар ва дигаре каме дар ақиб қадам мезананд, бо якдигар умумиятҳои зиёде доранд ва ҳама бо чолишҳое, аз ҷумлаи зиндагии шукӯҳмандонаи ҷунуномези нахбагони ҳоким дар шароити камбизоатии мардуми одӣ, фасод дар ҳамаи қишрҳои зиндагӣ, ҷинояткорӣ, нашъамандӣ, коҳиши фарҳангӣ, табоҳии ахлоқии ҷавонону наврасон, гаравидани ҷавонон ба ҷунбишҳои иғвоангезу ифротгаро,

пошхӯрии оилаҳои ҷавон, хушунати хонаводагӣ, фасоди ахлоқии мансабдорон ва даҳҳо падидаҳои номатлубу нангини дигар, дастбагиребон ҳастанд.

Дар дунёи имрӯз кишварҳои пасошӯравӣ шояд бештар аз ҳар кишвари ҷаҳон дар маърази чолишҳои замони муосир қарор гирифтаанд. Зеро агар барои дигар кишварҳои ҷаҳон таъсирҳои манфии инқилоби саноатӣ, фароянди ҷаҳонишавӣ ва падидаи истеъмолгароӣ батадриҷ расида бошанд, ин ҳама селе аз мушкилот ба кишварҳои мо якбораву ногаҳон – чун офати осмонӣ – фурӯ омаданд. Ва ин ҳама дар шароите рух намуд, ки кишварҳои мо дар миёни мушкилиҳои сахту сангини зиёди марҳалаи гузариш аз як низоми сиёсиву иҷтимоӣ ба низоми комилан нави сиёсиву иҷтимоӣ даступо мезаданд. Вазъияти Тоҷикистон, ки, илова ба ҳамаи ин мушкилиҳо, гирифтори ҷанги шаҳрвандӣ шуд, боз ҳам вахимтар гардид. Ҷанги шаҳрвандӣ ҳодисаи моҳиятан ғайриахлоқӣ аст ва бунёди маънавии ҷомеаро дар ҳам мезанад ва бистарро барои зуҳури падидаҳои номатлуб фароҳам меоварад. Бино бар ин, костагии ахлоқие, ки дар ҷомеаи мо мушоҳида мешавад, аз бисёр ҷиҳат таъсири ҳарҷу марҷ ва буҳрони шадиди сиёсиву иҷтимоии сароғози истиқлолият аст.

Барои эмин мондан аз таъсири манфии раванди фарогири ҷаҳонишавӣ, ки хоҳу нохоҳ фосилаи замону вақт, сарҳадҳои маънавӣ ва асолати фарҳангии давлатдории миллиро тағйир медиҳад, тафаккури солими миллиро дар зеҳни ҷавонон инкишоф додан, арзишҳои миллии худро аз таҳдидҳои хатарбори тахрибкориву тундравӣ ҳифз кардан, ваҳдати миллиро таҳким бахшидан, амнияту суботи ҷомеаи кишварро мустаҳкам намудан, сатҳи огоҳии мардум, хусусан ҷавононро баланд бардоштан аз ҷумлаи корҳои доимӣ ва заҳматталаби сиёсати давлатдорӣ ва фарҳангии мо мебошанд. Ва дар ин замина бузургтарин иқдоме, ки бояд анҷом диҳем, ин покиза кардани фазои ҷамъиятии то ба ҳадде олуда ба фасоди ахлоқӣ ва пурбор кардани ҷаҳони маънавии аҳли ҷомеа, бавижа наврасону ҷавонон, бо дурдонаҳои ахлоқӣ аст. Зеро ҳар қадар тафаккури наврасону ҷавонон аз лиҳози ахлоқӣ неруманд бошад, давлат ва миллат низ ба ҳамон андоза неруманду тавоно мегарданд.