Skip to main content

Дар нимаи дуюми солҳои 80-уми асри XX баъд аз саршавии равандҳои демократикунонии ҷомеа дар ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ҷунбишу созмонҳои миллӣ-демократӣ ба миён омаданд. Сиёсати ислоҳотҳои демократӣ ва махсусан «ошкорбаёнӣ», ки аз ҷониби роҳбарияти ҳизби коммунистӣ ба миён оварда шуд имоконият фароҳам овард, ки камбудиҳои сиёсати коммунистии замони шӯравӣ оид ба вазъи иҷтимоиву сиёсӣ, иктисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсати миллӣ дар ҷумҳуриҳои миллии ИҶШС дар ҷомеа баррасӣ ва муҳокима карда шаванд. Ҷунбишу созмонҳои миллӣ-демократии дар охири солҳои 80-ум ибтидои 90-ум Тоҷикистон ташкилёфта камбудиҳои дар ҷомеи ҷумҳурӣ ҷойдоштаро ба элитаи роҳбарикунандаи ҳизбию давлатии ҷумҳурӣ ва ҳизби коммунистӣ нисбат медоданд.

Дар охири солҳои 80-ум муборизаи ҷунбишу созмонҳои миллӣ-демократии ҷумҳурӣ барои истиклоли Тоҷикистон сар шуд. 24 августи соли 1990 дар Иҷлосияи дуюми Шўрои Олии ҶШС Тоҷикистон, бори аввал «Эъломияи истиқлоли Ҷумҳурии Шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ» (ИҶШС) қабул шуда буд. Вале ин ҳуҷҷат, истиқлоли комили мамлакатро пурра таъмин карда наметавонист.

Пас аз «табадуллот»-и бебарори Кумитаи давлатии вазъи фавқулода, ки коммунистони тундрав 19-21 августи соли 1991 дар шаҳри Москва ташкил намуданд, аз нав муборизаи ҷунбишу созмонҳои миллӣ-демократии Тоҷикистон барои истиқлоли комили Тоҷикистон аз Иттиҳоди Шӯравӣ авҷ гирифт. Гирдиҳамоиҳои серодам дар шаҳри Душанбе ва баъзе шаҳрҳои ҷумҳурӣ баргузор мегардиданд, ва эълон намудани истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистонро талаб мекарданд. Бо талаби тазоҳуркунандагони гирдиҳамоиҳо дар Душанбе Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шуд.

9 сентябри соли 1991 вакилони Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум ҳуҷҷати «Изҳорот дар бораи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро қабул намуданд. Ҳамин ҳуҷҷати таърихӣ қонунан Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба аҳли башар эълон кард.

Ба муносибати рӯзи ид бо ташаббуси мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва коллективҳои меҳнатӣ чораҳои ҷамъиятию сиёсӣ андешида мешаванд.

Парадҳои ҳарбӣ, салюти артиллерӣ ва оташбозӣ дар рӯзҳои ид мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо тартиби муайянкардаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷо оварда мешаванд.

Тоҷикистон марзубуми Оли Сомони ман аст,

Хоку покаш дар шабистони ман аст.

Тоҷикам ман Тоҷикистон кишварам,

Дар фазояш чун кабутар мепарам.

Худойбердизода Саидмири Убайдулло, н.и.т Ходими пешбари илмии Озмоишгоҳи

“Маводҳои Ба коррозия устувор”-и Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини АМИТ