Мо бояд фаромӯш насозем, ки масъалаи об, бинобар аҳмияти ҳаётӣ ва хоса доштанаш, бояд ҳамеша чун масъалаи афзалиятнок боқӣ монад.
Эмомалӣ Раҳмон
Тавре ки маълум аст, об ва иқлим бо ҳам робитаи ногусастанӣ доранд, зеро тағйирёбии иқлим таъсири худро ба ҳаёт ва иқтисодиёт асосан тавассути захираҳои обӣ мерасонад. Обшавии пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар минтақаҳо боиси нигаронӣ буда, моро водор месозад, ки дар ин самт якҷоя бо коршиносони байналмилалӣ, ташкилотҳо, вазоратҳо ва дигар ниҳодҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ корҳои таблиғотӣ, ташвиқотӣ ва илмӣ бурда, бо истифода аз технологияи муосир обшавии онҳоро пешгирӣ намоем. Дар айни замон, бо сабаби гармшавии глобалӣ, таназзули пиряхҳо ба амал омада, онҳо назар ба он ки ташаккул ёбанд, бештар об мешаванд. Дигар омили муҳими тағйирёбии глобалии иқлим, ин таъсири он ба захипаҳои оби ширини ҷаҳон мебошад. Сайёраи мо имрӯз ба ҳолати душвори муҳити зист рӯ ба рӯ шуда истодааст ва бинобар ҳамин, масъалаи мазкур аз мубрамтарин масоили асри ХХI ба ҳисоб меравад.
Дастёбӣ ба амнияти энергетикӣ яке аз ҳадафҳои стратегии давлати мост. Ҳаҷми солонаи захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон беш аз 527 миллиард кВт соатро ташкил медиҳад, вале аз ин захираҳо ҳамагӣ 5-6 дарсад истифода мешавад. Бояд дар оянда тавлиди неруи барқ дар ҷумҳурӣ ба 57 миллиард кВт.соат расад, ки имкон медиҳад на танҳо ба истиқлоли энергетикии комил ноил шавем, балки қисме аз барқро ба Осиёи Марказӣ ва берун аз он содирот ва яке аз содиркунандагони бузурги захираҳои гидроэнергетикӣ дар минтақа гардем. Ҳукумати ҷумҳурӣ дар сохтмони неругоҳҳои хурду миёна низ талоши зиёд дорад, то дар канори он дар деҳот саноати барқиро барпо созад. Аз рӯи ҳисоби мутахассисон сохтани чунин неругоҳҳо аз ҷиҳати иқтисодӣ даромаднок буда, барои расидан ба ин ҳадаф ҳамаи шароит мавҷуд аст: ҳам неруи кории арзон, ҳам шароити табиию ҷуғрофии мусоид ва ҳам воситаҳо ва масолеҳи сохтмонии ватанӣ. Ин гуна неругоҳҳо дар муддати кӯтоҳ хароҷоташонро мебароранд. Ба ақидаи мутахассисон, танҳо аз худ кардани 10 дарсади захираи энергетикии рӯдҳои хурд дар манотиқи кӯҳсор, метавонад 70 дарсади деҳоти хурдро бо неруи барқ таъмин намояд.
Тоҷикистон мамлакати кӯҳсор дорои пиряхҳои бузург, дарёҳои пуртуғён, кӯлҳои зебо, захираҳои обҳои ширин, обанборҳо ва мӯъҷизаи дар олам машҳури табиат-кӯли Сарез мебошад. Бинобар ин, барои кишвари мо ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои об яке аз афзалиятҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби захираҳои бузурги об дар минтақа аст. Мутобиқи хулосаи коршиносон наздик ба 60 дарсади ҳаҷми солонаи сарчашмагирии дарёҳои ҳавзаи баҳри Арал ба қаламрави ҷумҳурии мо рост меояд ва ин обҳо дар маҷмуъ 845 миллиард метри мукааб захираро ба вуҷуд овардаанд. Аз ин ҷост, ки Тоҷикистон аз лиҳози захираҳои об дар миқёси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баъди Русия дар ҷои дуюм ва дар ҷаҳон баъди Чин, Русия, Амрико, Бразилия, Заир, Ҳиндустон ва Канада дар ҷои ҳаштум меистад, ки барои Тоҷикистон захираи бисёр азимест. Ташаббусҳои Роҳбари давлати мо дар самти об низ маҳз ба хотири истифодаи дурусти ҳамагонӣ аз захираҳои об ва расидани манфиати он ба тамоми минтақа, ҳатто ҷаҳон аст. Ин аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳалли масълаи обу иқлим таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад ва то имрӯз ташабусҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Созмони Миллали Муттаҳид амалӣ намудааст:
Соли байналмилалии оби тоза, 2003
Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», 2005-2015
Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013
Соли 2018-2028 “Об барои рушди устувор”
Соли 2025 соли байналмиллалӣ ҳифзи пиряхҳо
Вобаста ба ин, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд, ки: “Тағйирёбии глобалии иқлим ба сифати яке аз мушкилоти муосир, пеш аз ҳама, ба ҳолати пиряхҳо, захираҳои барф ва об таъсири манфӣ мерасонад. Ман оид ба ин масъала аз минбарҳои созмонҳои байналмилалӣ борҳо таъкид намуда будам. Ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб дарк мекунад, ки коҳиш ва харобшавии минбаъдаи обҳои нӯшокӣ дар сайёра метавонад аҳли башарро ба фалокатҳои зиёди ҷонӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дучор намояд. Аз ин лиҳоз, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ зарур меояд, ки барои ҳалли ин масоили экологӣ ҳарчи зудтар чораҳои зарурии муштаракро таҳия ва татбиқ намоянд”.
Имрӯз дар курраи Замин наздики як миллиард нафар одамон ба оби тозаи ошомиданӣ ва 2,6 миллиарди дигар ба шароити оддитарини санитарӣ дастрасӣ надоранд. Зиёда аз 80 мамлакат норасоии захираҳои обро эҳсос менамоянд. Дар як ҳафта 42000 нафар дар ҷаҳон аз бемориҳое, ки ба сифати пасти оби ошомиданӣ ва шароити ғайрисанитарӣ вобастаанд, мефавтанд, ки беш аз 90 дарсади онҳо кӯдакони то 5-сола мебошанд. Хушксолӣ ва биёбоншавӣ ҳаёти 1,2 миллиард мардуми дунёро таҳдид мекунад.
Метавон хулоса кард, ки бе ҳеҷ муболиғае ташабусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мешиносанд ва тавассути ӯ номи Тоҷикистон ва миллати тоҷик низ шуҳратёр гардидааст.
Ализода Исмоил, - ходими илмии Муассисаи давлатии илмии Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон