Skip to main content

Имрӯз (21.02.2024) Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт аз Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳо”- и АМИТ дидан намуда, ҳамзамон бо олимону кормандони марказ вохӯрии судманд анҷом дод. Дар оғоз Президенти АМИТ Хушвахтзода Қ.Х. оид ба ҳисоботи пешниҳоднамудаи роҳбарияти Марказ ва аз корҳои баанҷомрасонидаи кормандони Марказ натиҷагирӣ намуда, баҳри баланд бардоштани корҳои ба Марказ нигаронидашуда ба масъулин дастурҳои зарӯрӣ доданд.

Ҳамзамон оид ба Соли 2025 соли умумиҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо эълон гардидан аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз 03.03.2021 ёдовар шуданд: Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба вазъи имрӯзаи пиряхҳои Тоҷикистон андешаронӣ намуда, вазъи ба ин монанд дар пиряхҳои Помир низ ба вуҷуд омада истодааст. Обшавии бузургтарин пиряхи воқеъ дар хушкӣ – пиряхи Федченко дар Тоҷикистон, ки зиёда аз 75 километр дарозӣ дорад, намунаи возеҳи ин гуфтаҳо мебошад. Дар ин рабт Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карданд, ки соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, санаи Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шавад ва пешниҳод пазируфта шудааст.

Президенти Аакадемияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба масъулини марказ оид ба амалӣ намудани корҳо дар ин самт дастуру супоришҳои мушаххас доданд.